ФАРЗОНА

 

                                                                СУРУДИ ДОНИШГОХ

 

 

Донишгохи мо,

Донишгохи мо,

Партави ирфон фишон дар рохи мо!

 

Эй зи иршодат музаффар рухи мо,

Эй зи анворат мунаввар рохи мо.

Бо хидоятхои ту дар шаш чихат,

Пар занад андешаи огохи мо.

 

Донишгохи мо,

Донишгохи мо,

Партави ирфон фишон дар рохи мо!

 

Дар чабинаш номи Мавлои Гафур,

Махмили мо меравад бар рохи дур.

Рах ба рах дар дурдасти чустучу,

Тушаи мо нур бошад, нур-нур.

 

Донишгохи мо,

Донишгохи мо,

Партави ирфон фишон дар рохи мо!

 

Кавкаби фардонамои мо туи,

Посухи чуну чарои мо туи.

 

Устодонат хама тимсоли Хизр,

Бехтарин оби бакои мо туи.

 

Донишгохи мо,

Донишгохи мо,

Партави ирфон фишон дар рохи мо!

 

Пур бувад таквими ту аз рузи ишк,

Рузхои офтобафрузи ишк.

Дар чавонизори гулгардони ту,

Зинда бодо сози ишку сузи ишк.

 

Донишгохи мо,

Донишгохи мо,

Партави ирфон фишон дар рохи мо!

 

Рухи миллатро вузуъи нав дихем,

Офтобашро тулуъи нав дихем.

Бо вучуди сабзи фардоофарин,

Точикистонро нумуъи нав дихем.

 

Донишгохи мо,

Донишгохи мо,

Партави ирфон фишон дар рохи мо!