Шурои собикадорони чангу мехнати донишгох. Дар ДДХ ба номи академик Б.Гафуров ташкилоти собикадорони чангу мехнат дар хамкори бо раёсат ва ташкилотхои дигари чамъиятии Донишгох дар чодаи тайёр кардани мутахассисони сохахои гуногуни хочагии халк пайгирона фаъолият мебарад.

Ташкилоти собикадорони чангу мехнати Донишгох ба хаёти чамъиятю сиёсии мамлакат, алахусус ба кори таълиму тарбияи чавонон, ки имрузу ояндаи миллатанд, бештар чалб намудани шахсиятхои дорои тачрибаи бои зиндаги, таргиби анъанахои бехтарини халк, гамхорию дастгирии собикадорони чангу мехнатро вазифаи мухим мешуморад.

Мохи январи с.2007 ба таъсиси Шурои собикадорони чангу мехнати донишгох 20 сол пур шуд (25 январи с.1987). Дар тули ин солхо ба Шуро ашхоси зерин сарвари кардаанд: М.И.Искандаров (1991-96), А.Н.Набиев (1996-2001), Х.Р.Саидов (2001-06), М.Исмоилов (аз с.2006).

Ташкилоти собикадорони Донишгох 13 ташкилоти ибтидоиро дар бар мегирад. Дар сафи он 3 нафар иштироккунандагони ЧБВ - А.Исмоилов, М.Орипов, Ю.А.Хошимов, 5 нафар иштироккунандагони амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар, 60 нафар дорандагони медали «Собикадори мехнат», 20 нафар нафакахурони дорои ахамияти чумхури, 170 нафар нафакахурон, даххо дорандагони ордену медал ва мукофотхои давлати, кормандони шоистаи Точикистон, докторон ва номзадхои илм, шахрвандони фахрии ш.Хучанд хаёт ва фаъолият доранд.

Шоистаи кайд аст, ки аз чумлаи собикадорони Донишгох шодравон профессор С.К.Каюмов раиси Шурои собикадорони чангу мехнати ш.Хучанд ва раиси Шурои собикадорони чангу мехнати в.Сугд, дотсент А.Н.Набиев раиси Шурои собикадорони чангу мехнати ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров, раиси Шурои собикадорони чангу мехнати ш.Хучанд, раиси Шурои собикадорони чангу мехнати в.Сугд интихоб шудаанд.

Ташкилоти собикадорони ДДХ ба номи академик Б.Гафуров ба Китоби фахри дохил гардид.

Анчумани «Чароги хидоят» таъсис ёфт, ки раиси он шодравон профессор Очилов Хамдам Гафурович буд. Иттиходияи чамъиятии хазинаи хайрияи «Мадад» низ фаъолият дорад.