Шуъбаи тичоратии Донишгох бо фармони №68-и ректори Донишгох аз 25-уми июни с.1999 таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии он аз донишчуёни ба тарики шартномави дохилшуда чамъовари намудани маблаги тахсил мебошад. Хар сол такрибан 30-40 фоизи мухассилин ба Донишгох ба тарики шартнома кабул мегарданд. Онхо хини дохилшави бо ректор шартнома мебанданд ва тибки он хар соли хониш маблаги мукарраршударо ба шуъбаи тичорати накдан ё ба тарики пулгузарони мепардозанд. Мухимтарин вазифаи шуъба зери назорат гирифтани вазъи пардохти маблаги шартнома, сари вакт чамъовари намудани он ва омода сохтани хисобот дар ин бобат барои раёсати Донишгох мебошад. Наздик 70 фоизи маблаги шартнома барои мохонаи омузгорону кормандони Донишгох масраф мегардад. 30 фоизи он барои мустахкам кардани пояи моддию техникии Донишгох, компутаронии чараёни таълим, таъмиру тармими бинохои таълимиву хобгоххо ва дигар иншооти дохили истифода мешавад. Хамчунин як кисми маблаги шартнома барои хавасмандкунии мухассилин ба хониши аъло ва кумакпули ба донишчуёни камбизоат сарф мегардад.

Фаъолияти шуъбаи тичорати хамеша зери назорати садорати Донишгох мебошад. Шуъба аз боби фаъолияти хеш ва вазъи пардохти маблаги шартнома дар факултахо соле ду маротиба дар чаласаи Шурои олимони Донишгох хисобот медихад.

Дар шуъбаи тичорати чор нафар - мудир, мухосиб, хазинадор ва нозир кор мекунанд. Феълан вазифаи мудири шуъбаро Аъзам Файзуллоев ичро мекунад. Манзура Каюмова - хазинадор ва Дилором Абдугаффорова нозири ба кайдгиранда мебошанд.

Ба фаъолияти умумии шуъба ноибректор оид ба корхои тичорати рохбари мекунад.