Шуъбаи таълим хамсоли Донишгох буда, вай чун чузъу томи асосии сохтории Донишгох идораи раванди таълимро амали мегардонад.

Шуъба вазифахояшро тибки Оинномаи Донишгох ва Низомномаи шуъба чун дастурхои хизмати амали намуда, ба манфиати ташкили мусоиди раванди таълим фаъолияти хамаи чузъутомхои сохтории Донишгохро ба хам мутобик месозад.

Шуъба тибки ва накшаи кории тасдикгардида фаъолият мебарад.

Дар назди шуъба Шурои марказии таълими-методи амал мекунад, ки ба баланд бардоштани савияи донишандузии донишчуён, такмили раванди чараёни таълим, тахияи маводхои таълими-методи сахмгузор мебошад. Ба хайати он устодони варзидаю сохибунвон ва аълочиёни маорифи Чумхурии Точикистон аз ихтисосхои мухталиф шомиланд.

Дар Донишгох 5 сол мешавад, ки ислохоти раванди таълим ба амал бароварда шуда истодааст ва мавкеи шуъбаи таълим дар он хеле назаррас мебошад. Таи солхои ислохот барои хамаи ихтисосхои амалкунандаи Донишгох мачмуи лексияхо - рахнамои таълим аз чоп бароварда дастраси мухассилин гардонида шуд. Дар назди шуъба аз хисоби омузгорони варзидаи Донишгох гурухи алохидаи кори таъсис дода шудааст, ки тахсили накшахои таълими ба зиммаи ин гурух вогузор карда шудааст. Бо ибтикори гурухи мазкур барои хамаи ихтисосхои амалкунандаи Донишгох (41 ихтисос) накшахои таълими мураттаб карда, мавриди истифода карор дорад.

Шуъбаи таълим хамасола дар огози соли тахсил барои факултахо  накшаи чорабинихои таълими-методи тахия намуда, аз рафти ичроиши ин чорабинихо, риояи чадвали дарси, рафти сессияхои санчишию имтихони, ичроиши сарбории омузгорон, рафти иштирок ба дарсхои хамдигар, ташкили дарсхои кушод, ташкили дарсхои инфироди ва мустакилона, тахияи фармонхои аз курс ба курс гузарони назорат мебарад.

Ба максади муайян кардану зери назорат гирифтани савияи донишандузии донишчуён шуъба дар давоми соли тахсил байни мухассилин аз хамаи фанхо корхои санчиши гузаронида, натичаи онхоро мавриди мухокима карор медихад.

Алхол дар шуъба 10 корманд фаъолият мебарад. Аз аввал то имруз шуъбаро шахсони зерин сарвари намуданд: Б.А.Хочибоева, А.И.Шапкин, А.П.Войченко, А.В.Баянов, Э.В.Хакимова, Г.Х.Усмонов, Р.Р.Назаров, З.П.Рахмонов, М.У.Улмасов.