Шуъбаи тахлил ва ояндабини раванди таълим мохи октябри с.2005 таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии шуъба омузиш ва тахлили усулхои нави таълим дар макотиби олии ватани ва кишвархои мутаракки ва татбики онхо дар Донишгох мебошад.

Дар тули фаъолияти дусолаи худ кормандони шуъба барои дар раванди таълими Донишгох ворид намудани технологияи нави таълим - системаи кредитии тахсилот, ки дар аксар муассисахои тахсилотии олии кишвархои мутаракки чори аст, кушиш ба харч дода истодаанд. Дар самтхои асосии фаъолияти Донишгох, ки ба бехтар намудани раванди таълим нигаронида шудаанд, дар хамкори бо шуъбаи таълим ва дигар сохторхои марбута бахри дар амал татбик намудани карор, фармону дастур ва супоришхои Хукумати ЧТ ва раёсати Донишгох, аз чумла тахияи накша ва барномахои таълим, чопи дастурхои таълимиву методи, доир намудани семинар-машварат, мизхои мудаввар ва дигар тадбирхои мушаххас андешида шудаанд.