Маркази омузиши забонхои русивуанглиси ва технологияи компутари. Бахри ичрои фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 4 апрели соли 2003 оид ба таълими забонхои русиву англиси ва технологияи компутари бо карори №10 Шурои олимони факулта аз 10.05.2003 дар назди донишгох Маркази омузиши забонхои русиву англиси ва технологияи компутари (МОЗРАТК) таъсис дода шуд.

Хадафи асосии марказ такмили мундарича, рох ва усулхои таълими забонхои русиву англиси ва технологияи компутари дар макотиби миёна ва олии вилояти Сугд мебошад.

Бо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б. Гафуров рохбарии марказ ба души дотсенти кафедраи усули таълимии забонхои хоричи А.Б.Бойматов гузошта шудааст.

Дар марказ дотсентон Б.М.Осимова, А.Абдуллоев, омузгорон М.Азимова, Н.Шодмонова ва дигарон фаъолият мебаранд. Дар тули солхои фаъолияти худ кормандони марказ як катор корхои таълими ва методи ба анчом расониданд.

Дар марказ семинари методии доимоамалкунанда ташкил карда шудааст, ки дар он омузгорони чавони факултахои забонхои русиву англиси сатхи дониши касбии худро баланд мебардоранд.

Хар сол дар вакти таътилхои зимистона ва тобистонаи мактабхои миёна 10-15 омузгори забони русиву англиси дар марказ курси такмили ихтисос мегузаранд.

Бо ташаббуси кормандони МОЗРАТК дар факултахои гайритахассусии ДДХ озмун, шабнишини, санчиш ва викторинахо гузаронида мешаванд.

Кормандони МОЗРАТК дар таълифи барномаю рохнамохои таълим ва китобхои дарсии забони русиву англиси фаъолона иштирок карда истодаанд.

Таълими саводи компутари дар марказ бо рохбарии дотсент А.Абдуллоев хеле пурсамар ташкил карда шудааст.

Аз хизмати компутар ва хати интернети марказ хар сол садхо нафар донишчуён, аспирантон ва омузгорон бахраманд мешаванд.