Хобилов Толибчон Кодирович (09.05.1953, ш.Конибодом), биолог, доктори илмхои биологи (1993), профессор (1994). Узви вобастаи шуъбаи точикистонии Академияи байналхалкии макотиби оли (1999), академики шуъбаи точикистонии Академияи байналхалкии макотиби оли (2002). Донишгохи давлатии Ленинградро хатм кардааст (1975). Сарлаборанти кафедраи зоология (1975-77), ассистент (1977-79), сармуаллим (1979-83), дотсент, мудири кафедраи зоологияи ДДОЛ-ДДХ (1984-93), профессор, мудири кафедраи зоология (1995), ноибректор оид ба илм (1995-2001), ноибректор оид ба таълими ДДХ ба номи академик Б.Гафуров (аз с.2001). Узви Шурои дифои рисолахои номзади дар назди Пажухишгохи зоологияи АУ ЧТ, узви Шурои дифои рисолахои доктори дар назди Пажухишгохи зоологияи АУ ЧУ (1992-96), узви Чамъияти териологии Русия (1991), узви Чамъияти биологхои Амрико (1997), узви комиссия оид ба хайвоноти нодир ва нестшудаистодаи Иттифоки байналхалкии мухофизати табиат (Женева, 2001). Муаллифи зиёда аз 70 асари илми, 2 монография оид ба масоили мухталифи экология ва биология, аз чумла 35 маколаи илмиаш дар хорича аз чоп баромадааст. Иштироккунандаи хамоишхо ва конфронсхои байналхалки дар Саутгемптон (Англия, 1995), Велдховен (Нидерландия, 1996), Люксембург (1996), Бостон (ИМА, 1997), Акапулко (Мексика, 1997), Пиренополис (Бразилия, 1998), Краков (Полша, 1999), Куала Лумпур (Малазия, 2001), Бангкок (Таиланд, 2004), Техрон (Чумхурии исломии Эрон, 2007); Олмон (2007).

Осор: Фауна Республики Таджикистан. Т.ХХ (Рукокрылые). Ч.VII. -Д., Фауна Республики Таджикистан. Т.ХХ (Рукокрылые). Ч.VIII. -Д.,2003.

 

"Муфассалтар"