Шуъбаи робитахои байналхалкии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров с.2000 ташкил шудааст. Рохбари аввалини он номзади илмхои филологи, дотсент Р.Рахматова таъйин гардид. Аз мохи апрели с.2007 ин шуъба тахти сарварии ноибректори бахши робитахои байналхалки доктори илмхои филологи, профессор У.А.Гаффорова фаъолият мебарад. Шуъбаи робитахои байналхалки бо масъалахои ба рох мондан ва густариш додани шаклхои гуногуни хамкории Донишгох бо марказхои илми ва донишгоххои кишвархои мухталифи чахон, сафоратхонахо ва ташкилотхои байналхалки, хамчунин мусоидат барои бакайдгирии донишчуёне, ки аз хоричаи дуру наздик дар Донишгох тахсил менамоянд, машгул аст. Алхол ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров бо Донишгохи аграрии Пекин (Хитой), Донишгохи давлатии иктисодиёт, омор ва иттилооти Маскав (Русия), Донишгохи давлатии Санкт-Петербург (Русия), Донишгохи Мичигани Гарби (ИМА), Донишгохи давлатии миллии радиоэлетроникаи Харков (Украина), Донишгохи давлатии Уш (Киргизистон), Донишгохи давлатии Гулистон (Узбекистон), Пажухишгохи забон ва адабиёти ба номи А.Навои (Узбекистон), Маркази омузиши олии Махёр (Чумхурии исломии Эрон), шуъбаи робитахои чамъиятии сафоратхонаи ИМА дар Точикистон, барномаи «Инсоншиноси»-и фонди Окохон аз руи шартномахо хамкори менамояд. Хамчунин донишгох бо ройзании фархангии Чумхурии исломии Эрон, ташкилотхои байналхалкии сершумор, аз чумла хазинахои «Окохон», «Сорос», АКСЕЛС, ташкилоти амният ва хамкори дар Аврупо (ОБСЕ), ЮНИСЕФ, ДААД (Олмон), Пажухишгохи мутолиоти исмоилии Лондон ва гайра робитахо баркарор намудааст. Ба донишчуёни донишгох сафорати Эрон дар ЧТ, хазинаи «Сорос» борхо воситахои техникии таълим (компутархо) ва адабиёти навтарин эхдо намудаанд. Дар солхои охир сафи устодон, аспирантон, мухаккикон-коромузони чавон, донишчуёни факултахое, ки аз руи озмунхои мухталиф барои тачрибаомузи, идомаи тахсил, корхои тахкикоти илми ё иштирок дар ягон чорабинии байналхалки, аз чумла конфронсу симпозиум ва фестивалхо ба кишвархои хоричи, аз чумла ба ИМА, Олмон, Чумхурии Арабии Миср, Индонезия, Норвегия, Русия, Шветсия, Киргизистон, Казокистон, Чумхурии исломии Эрон ва г. сафар менамоянд, торафт меафзояд. Шуъбаи робитахои байналхалки дар ин чода ба воситаи хамкори бо сафоратхову ташкилотхои байналхалки чихати дастрас намудани иттилооти зарури оид ба барномахову озмунхо ба устодону донишчуён ёрии амалии худро мерасонад.