Гаффорова Умеда Абдуллоевна (19.04.1964, ш.Душанбе), шаркшинос-филолог, доктори илмхои филологи (2005). Факултаи забонхои шарки ДДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1985). Аспиранти кафедраи филологияи араби ДДТ (1985-90), ходими хурди илмии шуъбаи тамаддуни Осиёи Марказии Пажухишгохи шаркшиносии АУ ЧТ (1990-92), дотсенти кафедраи забоншиносии умуми ва таърихи забон (1992-98), дотсенти кафедраи адабиёти классикии точик (1998-99), мудири кафедраи филологияи араб (1999-2002), нахустин декани факултаи забонхои шарк (2002-06), профессори кафедраи филологияи араб (аз с.2006), мудири кафедраи грамматикаи забони араби (2006-07), ноибректори ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров оид ба робитахои байналхалки (аз с.2007). Муаллифи 2 монография, дастурхои таълими-методи ва беш аз 60 маколаи илми-тахкикоти оид ба масоили шаркшиноси, робитахои адабиву фархангии арабу ачам аст. У дар тахияи матни «Таърихи Табари» (Д., 2000, ч.2), «Девони Махфи» (Хучанд, 1998), тарчумаи китоби «Фозилони Хучанд»-и Райхона Хотун (Хучанд, 2000) хиссагузор аст. Иштироккунандаи як катор конфронсу хамоишхои байналхалки (Душанбе, 1996; Табрез, 1996; Техрон, 1999, 2001; Арок, 2002; Дехли, 2006; Хучанд, 2007) мебошад.

Осор: Арабское красноречие (хутба) в ранние века ислама. -Худжанд: Гос. из-во им. Р.Джалила, 1995; Киссахои Куръон дар «Тарчумаи тафсири Табари» (тахкики мукоисави-таърихи). -Хучанд: Ношир, 2004.

"Муфассалтар"