Зохидов Низомиддин (08.06.1957, ч.Пулодони н.Конибодом), шаркшинос, доктори илмхои филологи (2004), профессор (2005). Аълочии маорифи ЧТ (2004). Факултаи шаркшиносии ДДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1979). Фаъолияти мехнатиаш ба сифати тарчумони забони араби дар ш.Багдоди Чумхурии Ирок огоз гардидааст (1979-81). Соли 1981 дар Пажухишгохи забон ва адабиёти АУ ЧШС Точикистон ба кор шуруъ кард. Мухаккик-коромузи шуъбаи ленинградии Пажухишгохи шаркшиносии АУ ИЧШС (1983-84), аспиранти АУ ЧШС Точикистон (1984-87), корманди илми (1988-90), котиби илмии хамин Пажухишгох (1990-92), сарвари шуъбаи тадкикоти филологии Маркази илмии хучандии АУ ЧТ (1992-97), чонишини директор (1998-99), директори Маркази пажухиши тамаддуни давраи Сомониёни ДДХ ба номи академик Б.Гафуров (1999-2000), ноибректор оид ба корхои тарбия (2000-01), ноибректор оид ба корхои илм (аз с.2001). Дар тахкику баррасии масъалахои адабиёти арабизабони халкхои эрони, равобити Арабу Ачам ва таъриху фарханги ахди Сомониён беш аз 100 макола ва шаш рисолаи илми таълиф кардааст, ки кисме аз онхо дар Русия, Эрон ва кишвархои дигар ба чоп расидаанд. З. дар рисолахои хеш ва силсилаи маколахояш офаридахои адибону шоирони арабизабони эронинажоди карнхои нахусти исломро мавриди барраси карор дода, як кисми таркибии адабиёти форсу точик будани онро ба субут расонидааст. Иштироккунандаи конфронс ва хамоишхои илми дар Ленинград (1984), Техрон (1997,2005), Токио (2002), Маскав (2004), Кохира (2006), Алмаато (2006). Барои китоби дучилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» (бо хаммуаллиф) сохиби Чоизаи адабии ба номи Камоли Хучанди (1999) ва китоби «Насри арабизабони адабиёти форсу точик дар асрхои VIII-IЧ» сохиби Чоизаи ба номи Аълохон Афсахзод (2005) гардидааст. Узви Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Чумхурии Точикистон (аз с. 2004).

Осор: Арабоязычный период персидско-таджикской литературы VIII-IЧ вв. -Д.: Дониш, 1993; Адабиёти арабизабони форсу точик аз истилои араб то ахди Сомониён. -Хучанд: Ношир, 1999; Давраи арабизабони дар адабиёти форсии садахои 2-3 хичрии камари. -Техрон, 1380; Насри арабизабони форсу точик дар асрхои VIII-IЧ. -Хучанд: Нури маърифат, 2004 ва гайра.

 

 

"Муфассалтар"