Фаъолияти кории  ШУЪБАИ ИЛМИЮ ТАДКИКОТИ аз руи НИЗОМНОМА, ки он ба  ОИННОМАИ ДДХ ба номи академик Б.Г.Гафуров замима шудааст ба рох монда мешавад

Дар Шурои олимони шудааст ДДХ ба номи академик Б.F.Fафуров

аз 6 майи соли 1999 тасдиr, протоколи № 10

 

  -----***------

Пешрафту инкишофи тадкикотхои илми яке аз хадафхои асоси ва вазифахои мухими мактабхои оли ба шумор меравад.

Бино бар ин гузаронидани тадкикотхои илми ва тачрибавию конструктори як рукни фаъолияти мактабхои оли махсуб мешавад. Ташкили корхои илмию тадкикоти дар микёси Донишгох, татбики дастовардхои навини илм дар раванди таълим, нируманд гардонидани макоми илми дар халли вазифахои таълиму тарбия, истифодаи самаранокии иктидор ва имконоти илми - техникии мактабхои оли дар халли вазифахои аввалиндарачаи хочагии халк, вусъат бахшидани хамкории илми бо доирахои илмии хоричи такозо дорад, ки дар сохтори мактаби оли шуъбаи илмию тадкикоти (ШИТ) вучуд дошта бошад.

 

Фасл ва бахшхои  фаъолияти кории Шуъбаи илмию тадкикоти:

 

ФАСЛИ I. ВАЗИФА ВА ХАДАФХОИ АСОСИИ ШИТ

1.       Ташкил ва танзими корхои илмию тадкикоти ва тачрибавиву лоихавие, ки ба инкишофи илму техника мусоидат менамояд;

2.       Ба раванди таълим ворид кардани натичаву дастовардхои олимони донишгох, мусоидат ба таъмини ягонагии раванди таълим, тадкикоти  илми ва тарбия дар Донишгох;

3.       Тахкик  ва барномарезии фаъолияти илмии Донишгох

4.       Мусоидат ба тайёр кардани кадрхои баландихтисоси сохиби дарачаву унвонхои илми аз тарики ташкил ва танзими фаъолияти аспирантура, коромузи, рухсатии эчоди, докторантура, такмили ихтисос, бозомузи ва uайра.

5.       Тавсиаи равобит ва хамкорихои илмиву фанни бо донишгоху донишкада ва муассисахои илмии ватаниву хоричи.

6.       Татбики дастоварду натичахои тадкикоти илми дар сохахои марбутаи хочагии халк.

7.       Тахкими пояхои илмиву методии раванди таълиму тадрис

ФАСЛИ II. САМТХОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШИТ

1.       Рохбари ва назорати раванди ичрои тадкикотхои илми, тачрибави ва лоихави

2.       Тахияи накшаи кории ШИТ ва тасдики он

3.       Барномарези ва ташкилу гузаронидани чорабинихои илми, аз чумла конфронс, симпозиум ва чаласахои илмии мухталиф.

4.       Сарвари ба фаъолияти Шурои олимони чавон ва Чамъияти илмии донишчуён.

5.       Тартибу ташкили хайати Шурои табъу нашри факултахову Донишгох ва мусоидат ба чопи асархои илмиву методии устодони Донишгох

6.       Ташкил ва назорати чараени ичрои мавзуъхои илмию тадкикотии кафедрави ва супоришии Вазорати Маориф.

7.       Тахияи хисоботхои мавсимиву солонаи илми ва пешниходи онхо ба Шурои олимони Донишгох, Вазорати Маориф ва макомоти дахлдор.

8.       Ташкил ва назорати фаъолияти марказхои илмии Донишгох.

9.       Ба кайд гирифтани натичахои КИТ (патентхо ва шаходатномахои муаллифи)

10.   Тахия ва ба нашр расонидани ракамхои навбатии бахшхои чамъиятшиноси ва фанхои табииву иктисодии мачаллаи «Номаи Донишгох» («Ученые записки»)

11.   Мусоидат ба фаъолияти муназзами матбаъа ва нашриёти «Нури маърифат»-и Донишгох.

12.   Мусоидат ба нашри саривактии рузномаи бисёрададаи «Нури маърифат»

13.   Танзим ва назорати  фаъолияти китобхонаи марказии Донишгох ва бахшхои он.

14.   Мусоидат ба таъмини хазинаи  китобхонаи марказии Донишгох бо адабиёти  илмиву таълими.

15.   Танзими раванди фаъолияти шуъбаи аспиратура.

16.   Ташкил ва танзими фаъолияти шурохои дифоъи рисолахои номзади .

17.   Чамъбасти натичахои солонаи КИТ ва тахияи пешниход ба раёсати Донишгох доир ба хавасмандгардонии олимони бехтарин, аспирантон ва унвончуён.

18.   Ташкили хамкорихои илми бо доирахои илмии ватаниву хоричи, тахияи шартномахо доир  ба хамкории илми ва тайер кардани кадрхои баландихтисос.

19.   Тарuиб ва ташвики дастовардхои олимони Донишгох.

20.   Татбики натичахои КИТ дар хочагии халк.

ФАСЛИ III. РОБИТАХОИ ТАРАФАЙНИ ШИТ БО ДОИРАХОИ ИЛМИИ ВАТАНИВУ ХОРИЧИ

Робитахои тарафайни ШИТ бо доирахои илмии ватаниву хоричи пеш аз хама ин вусъат додани робитахои илми бо ташкилотхою муассисахо, идорахо ва Академияи Улум, вазоратхо, донишгоху донишкадахои Чумхурии Точикистон ва берун аз марзи он ба шумор рафта намудхои зерини корро дар бар мегирад;

- гузаронидани тадкикоти якчоя ва тахияи лоихахо;

-тахвил ва ба фуруш баровардани махорати илми-техникии хеш  дар  бозорхои хоричи дар асоси шартномаи бевосита е тавассути фирмахо;

-мутобики тартиби чори фурухтани литзензияхо, "ноу-хау" ва чузвхои дигари моликияти интеллектуали;

-чалб намудани инвестисияхои хоричи ва  амали  гардонидани  лоихахои илми;

-мувофики тартиботи мукаррари хариди дастгоххои илмии нодир,  асбобу маводхо аз бозори хоричи;

-табодули тарафайн, тайернамои ва коромузии кадрхои илми;

-гузаронидани конфронсу семинархои байналхалхи,вохурихои расми;

-нашри якчояи натичахои тадкикотхои ба амал овардашуда.

 

ФАСЛИ IV. ХАЙАТИ КОРИ БАРОИ  ИЧРОИ КОРХОИ ИЛМИЮ ТАДКИКОТИ

-          Профессорон,

-          Досентон, 

-          Муаллимон,

-          Ассистентхо,

-           Хайати коркунони ёрирасони таълими ва техники,

-          Аспирантон,

-          Донишчуён

ЭЗОХОТ: 1. Ичрои КИТ-и  созишномавию шартномаи хочаги дошта берун аз сарбории таълими аст.

2. ШИТ махсусан ба корхои илми-тадкикотии созишномавию шартномаи хочаги этибори махсус зохир менамояд.

3. ШИТ оиди ташкилу тартиби созишномахо ва шартномахои хочаги дастурхо пешниход менамояд. (китоби "Высшая школа" №2-1978, моддахои 18-40, сах. 104-106)

4. Дар назди ШИТ хуччатхо, хисоботи созишномахо ва шартномахои хочаги омода ва нигахдори карда мешавад.

  

Сардори ШИТ ДДХ ба номи академик Б.Гафуров Т.М.Турдиев

 

Шуъбаи илми-тадкикоти. Фаъолияти мухталиф ва гуногунчабхаи илми-тадкикотиро дар Донишгох танзим менамояд. Он соли 1991 баъди ба Донишгох табдил ёфтани Донишкадаи давлатии омузгории шахри Хучанд таъсис ёфтааст. Нахуст хамчун сектори илми-тадкикоти амал карда, аз с.2001 ба шуъбаи илми-тадкикоти табдил ёфт. Дар чараёни фаъолияти шуъба ичрои мавзуъхои супоришии Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон, баргузории конфронсхои илми, таъмини ичрои накшахои марбут ба фаъолияти илми, аз чумла Барномаи дурнамои корхои тадкикоти илми, накшаи тайёр кардани кадрхои сохибунвон ва амсоли ин пешбини шудааст. Хамзамон, кори Шурои олимони чавон ва Чамъияти илмии донишчуён низ бо фаъолияти шуъба хамоханг карда мешавад. Танзими семинархои илми ва махфилхои илмии донишчуён низ дар шумори масоили мухими низоми фаъолияти шуъбаи илми карор доранд.

Назорати ичрои Барномаи дурнамои корхои тадкикоти илми, ки барои панч сол як маротиба кабул ва дар Шурои Олимони донишгох тасдик мегардад, мухимтарин самти фаъолияти шуъбаи илм махсуб мегардад. Агар то с.2005 аз чониби кафедра ва факултахо беш аз 350 мавзуъот ба мехвари тахкик гузошта шуда бошад, бо максади танзими дуруст ва ичрои корхои мушаххас дар барномаи дурнамои корхои тадкикоти илми ин шумора ба 56 мавзуи мухташам ва бисёрчабхаи илми расонида шуд.

Хамасола, аз чониби шуъба беш аз 30 конфронсхои илмии сатхи мухталиф доир мегардад. Аз чумла, бори аввал с.2007 ба истикболи 800-солагии Мавлоно Чалолуддини Руми нахустин хамоиши байналхалки тахти унвони «Руми-Гуте: Муколамаи фархангхо» доир шуд, ки дар он аз кишвархои Олмону Эрон, Узбекистон ва гайра пажухишгарон ширкат ва суханрони намуданд. Бахшида ба чашну санахои мухими таърихи бошад, баргузории конфронсхои чумхурияви ва вилояти аз мухимтарин самтхои фаъолияти шуъба махсуб мешавад.

Аз огози фаъолият то имруз вазифаи мудирии онро Р.Ахмадов, Г.Х.Усмонов, Т.Турдиев ба ухда доштанд. Аз с.2001 номзади илмхои филологи Н.Нуров дар вазифаи мудири шуъба кор мекунад. Дар танзими кори шуъба хамзамон дар солхои мухталифи фаъолияти он кормандоне чун М.Мухаммадчонов, З.Чаркинзода, М.Умарова, М.Сатторова ва дигарон сахм гузоштанд.

Дар назди шуъбаи илми донишгох нашри фаслномаи «Номаи Донишгох» дар бахшхои гуманитари ва табиатшиноси ба рох монда шудааст, ки соле ду маротиба ба нашр мерасанд. Хамзамон, фаъолияти табъу нашри Донишгох низ аз чониби шуъбаи илм ба танзим дароварда мешавад, ки барои ин Шурои табъу нашр фаъолият мекунад. Он аз вохидхои сохтории дохили шуъбаи илм ба шумор рафта, мохе як маротиба чаласахои худро оид ба тавсияи асархои илми, китобхои дарси, дастурхои таълими доир менамояд.

 

***

«ТАСДИК МЕКУНАМ»

ноибректори кисми илмииДДХ ба номи академик Б.Гафуров

_______ Хабилов Т.К.

«2» феврали 2001

  

НАКШАИ

КОРИИ ШУЪБАИ ИЛМИЮ ТАДКИКОТИИ ДДХ БА НОМИ

АКАДЕМИК Б.ГАФУРОВ БАРОИ СОЛИ 2001

 

 № б\т

Номгуи чорабинихо

Масъул (он)

Мухлат

1

2

3

4

1

Тартиб додани накшаи кории ШИТ ДДХ ва тасдики он

Хабилов Т.К.

Турдиев Т.М.

Январ

2

Ба тартиб даровардани (бо тагиротхои воридгашта) барномахои дурнамои илми ва тасдики он

Турдиев Т.М.

Дар давоми сол

3

Тартиб додани накшаи конфронсхои сатххои мухталиф. Ташкилу гузаронидани конфронсхои илми.

Ноибдеканони кисми илми,

Турдиев Т.М.

Июн

4

Мусоидат ба тартиби накшаи ШОЧ, ЧИД  ва назорати он

Хабилов Т.К.

Хочаев М. Турдиев Т.

январ

5

Ба кайдгирии ;

 

 

 

Турдиев Т.М.

 

 

 

Декабр

 

- теъдоди докторони илм

 

- теъдоди профессорон

 

- теъдоди номзадхои илм

 

- теъдоди ходимони илми

 

- теъдоди рухсатихои эчодии 3 моха ва 6-моха

 

- теъдоди унвончуён

 

- мусофиратхои илми

6

Тартибу ташкили хайати Шурои таъбу нашри (ШТН) факултаву Донишгох ва назорати интишори асархо. Ба хисобгирии асархои илмии устодон ва омузгорони Донишгох;

-          Монография

-          Китоби дарси

-          Брошюра

-          Дастури методи

-          Маколахои илми

-          Фишурдахо

Сарварони факултахо, мудирони кафедрахо

Умарова М.

Декабр

7

Кор бо мавзуъхои супоришии ВМ (тартибу ташкили хуччатгузори)

Рохбарони мавзуъхои супориши,

Турдиев Т.М.

Мунтазам

8

Татбики карорхои Шурои олимон ва раёсати ДДХ

Хабилов Т.К.

Турдиев Т.М.

Мунтазам

9

Тартибу ташкили накша ва бехдошту назорати кори махфилхо ва семинархои илми

Ноибдеканони кисми илми ва рохбарони семинархои илми

Июн

10

Мустахкам намудани базаи модди-техники ШИТ

Хабилов Т.К.

Турдиев Т.

Дар давоми сол

11

Тахлилу тахияи хисоботи илмии Донишгох.

Ноибдеканони кисми илми. ШИТ

Декабр

12

Тартибу ташкили фехристи ягонаи хуччатгузории бахши илм.

Хабилов Т.К.Турдиев Т.

Дар давоми сол

13

Бехдошти фаъолияти китобхонаи марказии Донишгох ва назорати он

Хабилов Т.К.

Турдиев Т.М.

Мунтазам

14

Бо истифода аз имкониятхои молиявии Донишгох ва хазинахои байналмилали (СОРОС, САДА, ОГОХОН) таъмин намудани китобхонаи марказии Донишгох бо адабиёти таълимии зарури

Раесати ДДХ

Кисми илми

Дар давоми сол

15

Пурра кардани хазинаи китобхонаи маркази аз хисоби асархои олимону устодони Донишгох

Муаллифон и асархо,

Кисми илми

Мунтазам

16

Ташкили интернет-клуб дар китобхонаи маркази

Рохбарияти китобхона ва кисми илми.

Дар давоми сол

17

Назорати муттасили фаъолияти марказхои илмии Донишгох ва ичрои корхои илмиву тадкикотии онхо. Пешниходу баррасии фаъолияти марказхо дар чаласаи Шурои олимони Донишгох

Турдиев Т.М.

Дар давоами сол

18

Ба кайд гирифтани натичахои КИТ (патентхо, шаходатномахои муаллифи)

Турдиев Т.М.

Дар давоми сол

19

Тахия ва ба нашр расонидани ракамхои навбатии бахшхои чомеъашиноси, фаннхои табии ва иктисодии мачаллаи «Номаи Донишгох»

Султонов У.Бойматов А. Умарова М.

Дар давоми сол

20

Мусоидат ба фаъолияти муназзами матбаъа ва нашриёти «Нури марифат», бехдошти сифати чопи асархои олимони Донишгох.

Хабилов Т.К.

Турдиев Т.

Мунтазам

21

Мусоидат ба нашри саривактии рузномаи бисёртеъдодии «Нури маърифат», бехдошти сифати мазмун ва шакли рузнома.

Хабилов Т.К., Турдиев Т. Абдуллоева З., Нуров Н.,

 Мирсаидов Б.

Мунтазам

22

Таргиб ва ташвики дастовардхои олимони Донишгох тавассути воситахои ахбори умум, садо ва симо.

Кисми илми

Дар даваоми сол

23

Мусоидат ба тавсиаи равобит ва хамкорихои илми бо донишгоху донишкада, Академияи илмхо, марказхои илмии дохиливу хоричи

Хабилов Т.К.Турдиев Т.

Мунтазам

24

Таъсиси шурохои дифоъ доир ба ихтисосхои физика, забон ва адабиёт, таърихи Ватан, педагогикаи умуми ва иктисоди, таъмини фаъолияти муътадили Шурохои дифоъ

Раёсати ДДХ, Кисми илми

Дар давоми сол

25

Андешидани чорахо доир ба хавасмандгардонии унвончуён

Хабилов Т.К.

Турдиев Т.

Сентябр

26

Аз руи натичахои фаъолияти илми муайян кардани «Олими Сол». Хавасмандгардонии хайъати профессорону олимон аз руи меъёрхои тасдикшуда.(фармони ректори ДДХ тахти №128 аз 30.12.99)

Хабилов Т.К.

Турдиев Т.

Декабр

27

Тартибу ташкили чадвали сурогаи устодону омузгорони Донишгох

Турдиев Т.М

Декабр

28

Тахияи хисобот ва маълумотхои омори

-          Формаи №1

-          Маълумотхои омории ДДХ

-          Нишондодхои омори микёси факулта ва кафедрахои ДДХ

Турдиев Т.М

Декабр

 

 

Бо карори Шурои Олимони ДДХ ба номи академик Б.Гафуров № 5 аз 30 январи соли 2001 тасдик шудааст.