НИЗОМНОМАИ ШУЪБАИ АСПИРАНТУРАИ ДОНИШГОХИ ДАВЛАТИИ ХУЧАНД ба номи академик Б.Г.Гафуров

(ДАР ШУРОИ ОЛИМОН АЗ САНАИ 6.05.1999 бо  КАРОРИ №10 ТАСДИК

КАРДА ШУДААСТ)

 

Аспирантураи назди  мактабхои оли дар баробари муассиса ва ташкилотхои илми-тадкикоти кисми таркибии системаи ягонаи парвариши  утахассисон ба  шумор омада,  шакли асосии тайер кардани мутахассисони илми ва илмиву педагоги мебошад.

Аспирантура василаи асосии афзоиши сафи мутахассисон аст, зеро кисми бештари олимон дар аспирантура камол меёбанд.

Аспиантура- шакли  максаднок ва муташакклилонаи парвариши мутахассисон барои  сохахои зарурии хочагии халк ба хисоб меравад.

Давлат имконият дорад парвариши мутахассисонро аз тарики аспиранту-

ра ба амал бароварад. Аспирантура ба  аспирантхо  роху  усул ва воситахои тадкикоти-илми, инкишофи малакоти мустакилонаро дар чодаи баланд бурдани сатхи  корхои илми-педагоги ва тарбияви меомузонад.

Тайер кардани аспирантон дар сохахои гуногуни илм, мутобики  номгуи амалкунандаи ихтисосхои кормандони илми ба амал бароварда мешавад.

Аспирантура дар шакли берун аз истехсолот ба намуди шуъбаи  рузона ва дар пайвастаги бо истехсолот ба тарики шуъбаи гоибона амал мекунад. Тахсил дар шуъбаи рузона се сол ва дар шуъбаи гоибона  чор  солро  дар бар мегирад.

Масулияти рохбари ва назорат бар фаолияти аспирантурахои  мактабхои  оли,  муассисахои  сохавии ва илми тадкикиотии вазорати маориф ва академияи улум вогузор шудааст. Чобачокунии аспирантура  аз  тарафи мактабхои оли,муассисахои илми-тадкикоти дар асоси озмун амали гардонида мешавад.

2.Ба аспирантураи аз истехсолот чудо шахсони синнашон на аз 35 боло ва дар аспирантураи бо истехсолот якчоя шахсони синнашон на аз 45 боло аз хисобои хатмкардагони мактабхои оли ва дорои кобилияти илмиву эчоди кабул карда мешаванд. Мутахассисони хочагии халк,ки ба аспирантура дохил мешаванд, бояд дар сохаи худ собикаи кории дусола дошта бошанд ва аз руи ихтисоси худ баъди ду соли хатми мактаби оли кор  карда  бошанд.

Мутахассисони чавон дар имтихони озмуни факат баъди хатми  мактаби оли бо тавсияи шурохои илми иштирок карда метавонанд.

Хатмкардахои мактабхои олии гоибона ва шабона,  ки тачрибаи  кории дусола аз руи ихтсос доранд,  баъди хатми мактабхои оли бо тавсияи шурохоии илмии мактабхои оли кабул карда мешаванд.

Барои кабул  ба  аспирантура коммисияи кабул тахти рохбарии ректор (ноибректори) мактаби оли е рохбари  муассисаи  илми-тадкикоти  ташкил карда мешавад. Аъзоени коммисияи кабул аз тарафи ректори мактаби оли е рохбари ташкилоти илмии-тадкикоти аз хисоби рохбарони кафедрахо, шуъбахо, секторхо,лабараторияхо, факултетхо хамчунин рохбарони илмии аспирантон таъин карда мешаванд. Ба хайати коммисия  хамчун  намояндагони ташкилотхои чамъияти дохил карда мешавад.

Карор дар бораи ичозат ба имтихонхои кабули аспирантура аз тарафи коммисияи кабул бо назардошти хулосаи рохбари илми ва хулосахои ректору хисоботхои пешниходшуда ба дохилшаванда дар муддати як хафта манзур карда мешавад.  Ба шахсони аз тарафи мактабхои оли ба аспирантура тавсияшуда стипендияи думоха дода мешавад .

3.Довталабони аспирантура  аз  руи  ихтисосхои фалсафа, як забони хоричи ва ихтисос дар хачми барномаи мактаби  оли  имтихони  дохилшави месупоранд. Такроран супоридани имтихон манъ аст. Шахсоне, ки имтихони номзади супоридаанд дар вакти кабул ба аспирантура аз ду имтихон  озод мешаванд,  ба шарте,  ки аз вакти супоридани имтихонхо 5 сол нагузашта бошад.  Кабули имтихонхо бар зиммаи коммисияе,ки бо  фармоиши  ректори мактаби оли ва рохбари ташкилоти илми-тадкикоти ташкил ефтааст гузошта мешавад.Ба хайати коммиссия профессор е доктори илм дохил шомил  мешаванд. Ба шахсоне,ки имтихони кабул месупоранд, рухсати иловагии 30 руза дода мешавад.

Дохилшавандагон ба  аспирантура  ба  гирифтани  рухсатии  иловагии музднок соле як маротиба хак доранд.

Кабули ба аспирантура аз руи фармони ректори мактаби оли е рохбари муассисаи  илми-  тадкикоти дар асоси речаи кабули аспирантхо тибки ихтисосхо ба амал бароварда мешавад. дохил шудан е нашудан ба аспирантура дар муддати 5 руз баъди карори коммиссияи кабул хафта то саршавии тахсил ба  довталаб  хабар  дода мешавад,ва на дертар аз 2 хафта то саршавии тахсил.

Рохбари ташкилоту муассисахо вазифадоранд, ки шахсони ба аспирантура дохил шударо аз кор озод намоянд. Асоси фармон бояд нухсаи фармони ба аспирантура дохил шудан бошад. Ба хар  як  аспирант аз хисоби профессор е доктори илм рохбари илми таъин карда мешавад. Дар холатхои алохида рохбари илми бо карори шурои илми аз хисоби номзади илм таъин мешавад.

Дар холатхои алохида 2 рохбари илми таъин карда мешавад,ки  яке  аз онхо номзади илм буда метавонад.

Масъулияти ичро  шудани  диссертацияхо пурра бар ухдаи рохбари илми мебошад.

Микдори аспирантоне,  ки ба як рохбари илми тааллук доранд,бояд аз 5 нафар зиед  набошад.  Ба аспирантхое,  ки аз истехсолот чудо мехонанд,    степендияи дода мешавад ва онхо ба таътили думоха хак доранд.

Ба шахсоне, ки дар аспирантура аз истехсолот чудо нашуда тахсил мекунанд, рухсатии якмохаи иловагии музднок аз чои кор дода мешавад.

Ба аспирантхои фаъол бо ичозати ректори донишгох дар хачми 50%  барои фаъолияти педагоги ичозат дода мешавад.

Донишгох ва муассисаи илми ухдадор аст барои тайер кардани мутахассисон баъзан модди фарохам оварад. Аспирант хангоми тадкикот аз руи мавзуи рисолааш барои фаъолият дар  лаборатория, кабинет, китобхона, архив, хамчунин ба рухсатии илми ва ба экспедицияи якчоя бо рохбари илми хукук дорад.

Барои аспирантон аз фалсафа, забони хоричи, ихтисоси педагогика-психология ва МЭХ дарсхо ташкил карда мешавад. Барои аспирантони шуъбаи рузона он маблаге, ки барои чопи мошини муковабанди зиед кардани автореферат  сарф  мешавад,аз  тарафи  донишгох пардохта мешавад.

Аспирант дар муддати тахсил дар аспирантура бояд а) имтихонхои  фалсафа, забони хоричи ва ихтисосро супорад; б) бояд дар мухлаташ рисолаи номзадиро дифо кунад ё ба шуро барои дифо пешкаш кунад.

Аспирант бояд  оиди  ичроиши плани инфиродии худ дар назди кафедра,  рохбари илмии худ дар як сол ду маротиба хисобот дихад ва аз  аттестация гузарад.  Аттестацияи аспирант аз тарафи декани факултет,  ректори донишгох тасдик карда мешавад.  Аспиранте,  ки кобилияти илми надорад, бе  сабаб  накшаи инфиродии худро ичро накардааст аз аспирантура хорич карда мешавад.

Аспиранти шуъбаи  рузона пас аз хатми аспирантура бояд дар кафедраи донишгохе, ки уро пешбари кардааст бояд 3 сол кор кунад.  Аспиранте,ки дар мухлаташ  рисолои  илми дифо кардааст ва он шахсоне,  ки пас аз дусоли собикаи кори ба аспирантура дохил шуда онро  хатмкардаанду,  вале рисолаи номзадиро дифо накарданд барои гирифтани чургонпули хамчун мутахассиси чавон хак дорад.

УНВОНЧУ-онхое, ки бо баробари кор кардан ба таври мустакилона бо таълифи рисолаи илми машгул мебошанд ва ин усул низ яке аз манбаи  мухими тайёр кардани мутахассисон башумор меояд.  Аз ин тарик сеяки номзадхои илм хар сол рисолахои номзадии худро ба дифо омода месозанд.

Унвончу шахсе шуда метавонад, ки маълуоти оли ва на кам аз ду сол тачрибаи кори оид ба ихтисос дошта бошад.

Унвончу ба мактаби оли,  ташкилотхои илми-тадкикоти,  ки аз ихтисосхои зарури  аспирантура дорад,  бо максади омузиши амики назарияхои фалсафа, забони хоричи ва номгуи фанхои махсус, тайер ва химоя намудани рисолахои номзади,  вобаста карда мешавад.  Мухлати умумии фаъолият ба хайси унвончу набояд аз панч сол бештар бошад. Дар як вакт дар якчанд мактабхои оли ва ё муассисахои илми-тадкикоти ва дигар ташкилотхо ва фаъолияти унвончи ичозат дода намешавад.

Ашхосе, ки мухлати тахсилро ба сифати унвончу пурра истифода кардааст, хукуки такроран вобаста шуданро надоранд.

Дар асоси Низомнома- унвончу бояд барои вобасташави ба мактаби оли, муассисаи илми -тадкикоти ё ташкилотхо ба номи  рохбари  он  ариза  ва хуччатхои зерин:  варакаи шахсии ба кайдгирии кадрхо,тарчумаи хол, руйхати корхои илмии интишоршуда,  хислатнома,  накшаи муфассали  рисолаи илми, дар мавриди супоридани имтихонхои номзади шаходатномаи имтихонот, шиноснома ва дипломи хатми мактаби олиро пешниход намояд.  Рохбари донишгох, муассисаи илми- тадкикти дар асоси аризаи унвончу уро ба кафедраи дахлдор вобаста менамояд.  Дар шурои  донишгох  мавзуъ ва рохбари илмии унвончу тасдик карда мешавад.

Унвончу дар як сол як маротиба дар мухлатихои аз тарафи  рохбарони донишгох, мукарар шуда оиди накшаи инфиродии худ хисобот медихад.

Мувофики накшаи инфироди унвончу аз дастгоххои зарури,  кабинетхо, китобхонахо ва  гайрахо, ки дар чои вобасташудааш мавчуд мебошад, истифода мебарад.Инчунин хангоми супоридани имтихонхои номзади барои гирифтани консултация хак дорад.

Рохбарони мактабхои оли, муассисахои илми-тадкикоти, ташкилотхо, ки дар онхо унвончуён фаъолият мебаранд,  ба онхо ери расонида   шароитхои заруриро барои кор бо рисолаи илми мухайё месозанд.

Ташкил, ба хисобгириву назорати кори унвончу аз тарафи шуъбаи аспирантура дар чойхои таиншудаашон ба рох монда мешавад.

Унвончуе, ки накшаи инфиродиро ичро накардааст, хорич карда мешавад.

Ба рохбари илмии унвончу дар як сол ба андозаи бештар аз 25 соат музд дода мешавад.

Ба унвончуе, ки корхояшро бо муваффакият ичро менамояд, барои пурра ба охир расонидани рисолаи номзади рухсатии семохаи эчоди дода мешавад.

 

***

Шуъбаи аспирантураи ДДХ дар асоси карори мушовараи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон мохи апрели с.1993 таъсис ёфта, аз августи с.1993 ба фаъолият огоз кардааст. Мудирони шуъба аз огоз то с.1996 Г.М.Каримова, Ф.Ганиев ва Ф.Очилова буданд. Аз мохи декабри с.1996 ин вазифаро номзади илмхои химия, дотсент М.Т.Каримова дар ухда дорад.

Аспирантураи Донишгох аз руи ихтисосхои математика, физика, химия, таърих, география, филология, педагогика ва инчунин аз руи ихтисосхои техники ва иктисоди кадрхои педагогиро тайёр мекунад. Соли аввал, яъне с.1993 15 нафар аспирант аз руи 8 ихтисос ва аз огоз то имруз, яъне то с.2007 374 нафар ба аспирантура кабул карда шуданд. Вобаста ба такмили барномаи таълим ва ба назар гирифтани эхтиёчи кафедрахо дар аспирантура ихтисосхои нав матрах гардид. Холо аз руи 22 ихтисос дар шуъбаи аспирантура кадрхои илмии чавони сохибунвон тайёр карда мешаванд. Ба корхои илмии аспирантон докторхои илм, профессорон ва номзадхои илм, ки Шурои илми ичозат додааст, рохбари мекунанд. Зиёда аз 45 нафар доктору ва номзадони илми Донишгохамон рохбарони илмии аспирантон ва унвончуён мебошанд. Шуъбаи аспирантура бо максади ба аспирантура кабул намудани кадрхои болаёкат вазифаи мухаккик-коромузро ба  кор мебарад. Ва ба унвончуёне, ки корхои тадкикоти илми мебаранд, сарвари менамояд. Бояд кайд кард, ки дар донишгох ду Шурои дифоъ аз ихтисоси таърихи Ватан ва филологияи точик фаъолият дорад. Аспирантоне, ки дониши баланд доранд, накшаи инфиродиро дар вакташ ичро мекунанд ва аз натичаи рисоли  илмиашон дар конфронсхо баромад менамоянд, аз тарафи хукумати чумхури, хукумати вилоят ва ректори Донишгох кадрдони карда мешаванд. Аввалин гирандаи стипендияи президенти, аспирант Б.О.Хамдамов (аз ихтисоси адабиёти точик) буд. Баъдтар ба ин стипендия аспирантон О.Ч.Туйчиев (ихтисоси муодилахои дифференсионали), М.В.Кодирова (ихтисоси методикаи таълими накшаю расм), С.Н.Хакимхучаев (ихтисоси химияи пайвастагихои калонмолекула), Н.М.Точибоев (ихтисоси АКХ), Б.И.Боймирзоев (ихтисоси иктисодиёти сиёси), Р.М.Мансуров (ихтисоси методхои математики ва инструменталии иктисодиёт), П.Орифчонова (ихтисоси химияи органики), М.Неъматчонова (ихтисоси забоншиносии мукоисави, таърихи ва типологи), М.Саидов (ихтисоси забоншиносии мукоисави, таърихи ва типологи) сазовор гаштаанд.

Аспирантон М.М.Мирзоахмадов, Б.Г.Шеронов, З.Дадобоев ва Б.Мирсаидов ба стипендияи Саъдии Шерози, Ш.Хочаева, Т.Ризокулов стипендияи Султон Умари, М.Олимчонов, М.Хочаев, Г.Муродов, М.Сулаймонова, Ф.Гиёсова, М.Окилова, Н.Пулодов, Т.Звонникова, Ф.Насриддинов, М.Мавлонова, А.Рахимов ба стипендияи номии хукумати вилояти Хучанд, Т.Бобоева (аз ихтисоси адабиёти точик)  ба стипендияи ректори донишгох мушарраф гаштаанд.

Мувофики солхо теъдоди химояи рисолахои номзади ва доктори ба таври зайл аст:

1993 - 10 рисолаи номзади, 2 доктори

1994 - 10 рисолаи номзади, 1 доктори

1995 - 5 рисолаи номзади, 1 доктори

1996 - 12 рисолаи номзади, 3 доктори

1997 - 17 рисолаи номзади

1998 - 7 рисолаи номзади, 1 доктори

1999 - 10 рисолаи номзади, 2 доктори

2000 - 16 рисолаи номзади, 1 доктори

2001 - 3 рисолаи номзади

2002 - 28 рисолаи номзади, 3 доктори

2003 - 4 рисолаи номзади, 4 доктори

2004 - 29 рисолаи номзади, 4 доктори

2005 - 5 рисолаи номзади, 2 доктори

2006 - 26 рисолаи номзади, 4 доктори

2007 - 20 рисолаи номзади, 3 доктори

Бояд кайд кард, бо кумак ва дастгирии дигар ташкилотхо низ шуъбаи аспирантура ба тайёр кардани кадрхои чавон кушиш карда истодааст.

Шуъбаи аспирантура бо Донишгохи давлатии миллии Точикистон, пажухишгоххои АУ ЧТ, Пажухишгохи химияи ба номи В.И.Никитини ш.Душанбе, Пажухишгохи иктисодии Вазорати иктисод ва савдои ш.Душанбе, Донишгохи давлатии чустучуи геологии ба номи Серго Орчоникидзеи Маскав, Донишгохи давлатии идоракунии ш.Маскав, Пажухишгохи шаркшиносии АУ ФР, Донишгохи давлатии иктисодии ш.Санкт-Петербург, Донишгохи давлатии омузгории ш.Новосибирск, Донишгохи технологии Стокголми Швейтсария, Донишгохи муттахидаи тадкикоти ядроии ш.Дубнаи ФР ва бо донишгоххои Чумхурии Узбекистон хамкори дорад.

***

«ТАСДИК МЕКУНАМ»

ноибректори ДДХ ба номи академик Б.Гафуров

_______  Т.К.Хабилов

«2» феврали 2001

 

 

НАКШАИ

КОРИИ ШУЪБАИ АСПИРАНТУРАИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ГАФУРОВ

БАРОИ СОЛИ 2001

б-т

Номгуи чорабинихо

Масъул (он)

Мухлат

1

Мураттаб сохтани хуччатхои аспирантон

Каримова М.Т.

Январ

2

Хисоботи солонаи аспирантон барои соли 2001

Каримова М.Т.

Январ

3

Тахия ва танзими чадвали дарси барои аспирантон

Каримова М.Т.

Декабр

4

Сухбат бо мудирони кафедрахо рочеъ ба интихоби мутахассисони сазовор барои аспирантура

Т.К.Хабилов.

Каримова М.Т.

Дар давоми сол

5

Ба хисобгирии давомоти аспирантон

Каримова М.Т.

Дар давоми сол

6

Муратаб сохтани накшаи коромузии солона (2001-2002)

Каримова М.Т.

Сентябр

7

Мухокимаи хисоботи солонаи коромузон ва пешниходи онхо ба аспирантура

Каримова М.Т.

Дар давоми сол

8

Ташкил ва гузаронидани имтихони кабул

Каримова М.Т.

Сентябр ва октябр

9

Мураттаб сохтани чадвали дарси барои аспирантони соли аввал дар соли хониши 2001-2001

Каримова М.Т.

Август,  ноябр

10

Назорат аз болои иштироки аспирантон ба курси фалсафа ва забонхои хоричи. Сухбат бо аспирантон ва мухаккик – коромузоне, ки ба машгулиятхо иштирок намекунанд.

Каримова М.Т.

Декабр

11

Тасдики накшаи кори, мавзуъ ва рохбари илми аспирантон.

Каримова М.Т.

Январ

12

Ба хисоб гирифтани талабномахо аз кафедраххо ва факултахо барои соли 2002–2003 ба вазифаи коромуз, аспирант ва ихтисосхои нав.

Каримова М.Т.

Январ

13

Сухбат бо рохбарони илмии аспирантони соли саввум

Т.К.Хабилов Каримова М.Т.

Феврал

14

Ташкил ва гузаронидани аттестатсияи аспирантон

Каримова М.Т.

Июн, декабр

15

Ташкил ва гузаронидани имтихони минимуми номзади

Т.К.Хабилов.

Каримова М.Т.

Июн,ноябр

16

Тартиб додани барнома, саволнома ва билетхои имтихони кабул (аспирантура)

Каримова М.Т.

Май, август

17

Ташкили семинар барои аспирантони соли 1-ум оид ба тартиб додани накшаи инфиродии аспирант

Каримова М.Т.

Ноябр

18

Сухбат бо мудирони кафедра ва сарварони факулта доир ба таксимоти аспирантони хатмкунанда.

Т.К.Хабилов Каримова М.Т.

Июн

19

Тайёр намудани шаходатномахои аспирантон, унвончуён ва коромуз-тадкикотчиён

Каримова М.Т.

Июл

20

Тартиб додани накшаи мушаххаси солонаи кабул ва хатмкунандагони шуъбаи аспирантура

Каримова М.Т.

Январ

21

Тайер намудани хисоботи омори барои соли 2001

Каримова М.Т.

25-декабр

22

Гузаронидани сухбат бо аспирантони соли 1-ум ва 2-юм оид ба ичроиши накшаи инфироди.

Т.К.Хабилов.

Каримова М.Т.

Дар давоми сол

23

Иштирок ба мухокимаи КИТ аспирантони соли  саввум ва чорум дар кафедрахои сохави

Каримова М.Т.

Сентябр, октябр

24

Бакайдгири ва аз кайдбарории дафтарчаи мехнатии аспирантон ва коромуз - тадкикотчиён

Каримова М.Т.

Сентябр, ноябр

25

Дохил намудани масъалахои рузмарраи аспиранатура  ба накшаи кории Шурои олимон ва раёсати ДДХ

Т.К.Хабилов Каримова М.Т.

Сентябр

26

Таргиби дастовардхои илмии аспирантон ва коромузони Донишгох дар воситахои ахбори умум

Каримова М.Т.

Дар давоми сол

27

Тахлили сабабхои хоричшудани аспирантон ва андешидани чорахои бартараф кардани он.

Каримова М.Т.

Ноябр

28

Пешниходи аспирантон ба идрорхои номи (идрорхои президенти, ба номи Саъди ва Султон Умари)

Каримова М.Т.

Ноябр

         

 

Бо карори Шурои Олимони ДДХ ба номи академик Б.Гафуров № 5 аз 30 январи соли 2001 тасдик шудааст.