Номаи Донишгох - фаслномаи илмии олимони Донишгох мебошад, ки аз с.1948 нашр мешавад. Харчанд андешаи таъсиси ин фаслнома ба хукми минбари инъикоси дастовардхои илмии донишкадаи навтаъсис миёнахои солхои 30-юм пайдо шуда буд, аммо бо огози Чанги Бузурги Ватани имкони амали намудани ин фикри судманд махдуд гардид. Танхо баъд аз анчоми чанг шумораи аввалини фаслномаи Н.Д. с.1948 тахти унвони «Кайдхои олимон»-и Донишкадаи давлатии омузгории Ленинобод ба табъ расид, ки дар анчоми ин кор накши яке аз поягузорони Донишгох, мудири кафедраи ботаника, Ходими шоистаи илми Точикистон, Богдан Михайлович Комаров хеле бузург аст.

Дар шумораи аввалини «Кайдхои олимон» маводи зерин ба табъ расида буд: «Маводхо оид ба олами набототи атрофи Ленинобод ва каторкухи Мугул»-и Б. Комаров, ки бахше аз монографияи чорчилдаи ин олими номварро фаро мегирад; «Руёнидани ду хосили баланди картошка дар як сол дар нохияхои зироаткори обёришавандаи Осиёи Миёна», ки ба калами номзади илмхои кишоварзи Ф.Н.Харитонович тааллук дошт; Хамчунин маколахои сармуаллим А.О.Отаев «Алколлоидхо аз оилаи шурагихо, ки дар атрофии Ленинобод меруянд», сармуаллим Б.Я. Танатин «Оид ба муносибати азотобактер бо резосфераи пахта» ва гайра.

Тули солхои 1948-72 хамаги 42 шумораи «Кайдхои олимон» ба нашр расидааст. Аз с.1972 то с.1997 фаъолияти фаслнома бо сабабхои номаълум катъ гардида буд. Солхои 1997-98 ду шумораи кайдхои олимон тахти ракамхои 1 ва 2 ба табъ расид, вале пас аз ин нашри фаслнома то с.2002 боз катъ гардид.

Соли 2002 нашри ин фаслнома бо номи «Номаи Донишгох» идома ёфт ва дар тули солхои 2002-2007 дар бахшхои чомеашиноси ва илмхои дакику табиатшиноси мунтазам ба нашр мерасад. Дар ин фурсат хар ду бахши фаслнома 14 шумораги интишор ёфт. Дар нашри бахши чомеашиносии фаслнома А.Самеев ва бахши илмхои дакик ва табиатшиноси профессор А.Абдуманнонов сахмгузоранд.