Нашриёти «Нури маърифат» аз мохи сентябри с.2001 фаъолият дорад. Кори Н. аз огози таъсис дар самтхои зерин ба рох монда шудааст.

Самти аввал, чопи рахнамои таълим, дастуру васоити гуногуни методи барои донишчуён. Дар ин самт то соли 2007 беш аз 550 номгуй рахнамои таълим тахия шудааст.

Самти дувуми фаъолияти Н. тахия ва чопи рисолахои илмии устодону аспирантон ва унвончуёни Донишгох, инчунин осори олимони шинохтаи чумхури, ки барои раванди таълим заруранд, ба хисоб меравад.

Самти сеюм ба чоп омада сохтани осори ниёкон аст. Дар ин самт Н. силсиласарахои зеринро аз чоп баровард: силсилаи фархангхои тафсирии куруни вустои форсу точик тахти унвони умумии «Ганчи сухан». Дар ин силсила аз китобхое, ки ба нашр расидаанд, «Фахри Каввос»-и Фахриддин Муборакшох Каввоси Газнави ва «Сурмаи сулаймони»-и Такиуддин Авхадии Балёниро метавон зикр кард; Силсилаи дувум унвони «Сад газал»-ро дорад ва тавре ки аз номаш пайдост, сад газали ин ё он шоири маъруфи адабиёти форсу точикро дарбар мегирад. Дастовардхои нахустини ин силсила нашри «Сад газал»-и Мавлоно Чалолуддини Руми, Лоик, Гулрухсор махсуб мешавад. Хамчунин то хол дар Н. «Газалиёти форси»-и Мирзо Асадулло Голиб, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Мероси Оли Сомон» (наср), «Катрае аз Мулиён»- мачмуаи сечилдаи ашъори Фарзона ва гайра аз чоп баромадаанд.

Дар тули фаъолияти Н. ходимони адаби Мукаддас Хочаева, Абдурасул Юнусов, Анвар Олимов, мусаххех Мадина Хакимхочаева, хамчунин Машхура Хасанова ва Махфуза Маннонова дар кори он сахм гузоштаанд. Аз с.2001 вазифаи директории Н.-ро А. Самеев ба ухда дорад.

 

Нашрияи донишгохии «Нури маърифат» 41 сол мукаддам-25 октябри соли 1965 бори аввал бо номи «Махорати педагоги» ба нашр расидааст. Дар зарфи ин солхо рузнома хамчун чароги фурузандаи илму дониш, маърифат ва ирфони Донишгох дар таргибу ташвики хаёти вокеии он сахми босазо гузоштааст. Дар ибтидо мачмуи корхои тайёрии барориши онро рохбарияти Донишгох ба ухдаи рузноманигорони сохибтачриба ва адабиётшиносони бомахорат шодравон Ахмадчон Усмонов ва Александр Зиновйевич Дун гузошта буданд. Шумораи аввалини он, ки сифатан ва хам мазмунан хеле хуб ба табъ расида буд, дар сахрохои пахтазори нохияи Нов (имруза Спитамен) аз чониби чомеаи хамонвактаи Донишгох мавриди истикбол карор гирифт. Солхои 1966-68 вазифаи мухаририи рузномаро Шавкат Охунов, 1968-69 Аличон Солиев, 1970-72 Саъдулло Асадуллоев ва Хафиза Наимова, аз соли 1973 то соли 1975 Абдукодир Зохидов, аз шумораи 1975 Абдуманнон Насриддинов, 1976 Абдусаттор Абдукодиров, 1976-78 Мавлуда Шарифова ба сифати мухаррири рузнома фаъолият доштанд. Тули с.-хои 1973 – 94 ба хайси мухаррири бахши русии рузнома Элза Гавриловна Сой фаъолият бурдааст.

Рузнома инъикоси вокеии хаёти илмиву таълимии Донишгохро дар маркази асосии фаъолияти худ карор дода, ба бедории афкори донишчуён ва ба раванди бозёфтхои нави илми чалб намудани онхо мусоидат мекунад. Дар сахифахои он мусохибахо бо олимону донишмандони шинохта  чун академик Бобочон Гафуров И.С.Брагинский, М.Осими, шоиру нависандагон Мирзо Турсунзода, Боки Рахимзода, Рахим Чалил ба чоп расидаанд. Хамчунин чакидахои нависандагону шоирони муосири мо, аз чумла Озод Аминзода, Доро Начот, Фарзона, Ахмадчони Рахматзод ва дигарон дар рузнома нашр мешуданд.

Баъд аз табдили Донишкадаи омузгори ба Донишгохи давлатии Хучанд дар соли 1992 рузномаи “Махорати педагоги” номи “Нури маърифат ”-ро гирифт.

Шумораи аввалини рузнома тахти назари А.Дун ва Х.Наимова баромад. Аз с.1978 Зебо Абдуллоева ба сифати сармухаррири рузнома ифои вазифа мекунад.

Аз с.2001 фаъолияти рузнома тачдид гардида, он бо тархи наву замонави дар хачми 16 сахифа ба нашр мерасад. Тули солхои 2001- 2006 дар густариши фаъолияти рузнома Нурали Нуров, Бахром Мирсаидов, Фируз Чумаев, Бахтиёр Файзуллоев, Махфуза Носирова, Угулой Коситова ва дигарон сахм гузошта истодаанд.  

Алхол нашрияи донишгохии “Нури маърифат” мохе як маротиба манзури хонандагон мегардад.