Маркази пажухиши тамаддуни давраи Сомониён. Мохи январи с.1998 бо ибтикори чанд тан аз донишмандони чавони факултаи суханшиноси бо сардории Н.Ю.Салимов (холо ректори ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров) Маркази пажухиши тамаддуни давраи Сомониён таъсис ёфт. Хадаф ва максадхои М. интишори мутуни адабиву таърихии марбут ба ахди Сомониён, таълифи рисолахои илми перомуни таърихи Оли Сомон, амирону вузаро ва ашхоси маъруфи он ахд, низоми давлатдории эшон ва нахзатхои фархангии ин давраи шукухманди халки точик ва аз ин тарик фарохам овардани пойгохи шоиста барои шинохтани хувияти милли, ошно гардидани хонандаи точик бо дастовардхои ниёгони шарафманди хеш аст. Зимнан таъсиси М. ва чопи силсилаи рисолахои илми дар чодаи амали намудани карорхои раиси ЧТ ва Хукумати он дар бораи тачлили чашни 1100- солагии таъсиси давлати Сомониён чавоби шоистаи олимони ДДХ буд, зеро кормандони М. дар тули наздик чор соли фаъолияти хеш (с.-хои 1998-2002) 13 асари илмиро дар хачми беш аз 300 чузъи шартии чопи мунташир сохтанд, ки «Амир Исмоили Сомони»-и С.А. Абдуллоев, асари дучилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» (мураттибон С.А. Абдуллоев, Н.Ю. Салимов, Н. Зохидов, Н. Гиёсов, А. Хасанов), «Амирони Сомони»-ву «Фарханги Сомониён»-и С.А. Абдуллоев, «Адабиёти арабизабони форсу точик аз истилои араб то ахди Сомониён»-и Н.Ш. Зохидов, «Дурри дарёи дари ва шеваи шимоли»-и А.А. Хасанов ва гайрахо аз чумлаи онхоянд.

Дар самтгирии чараёни кори М. ва тархрезии накшахои кори он сахми нахустдиректори он- Н.Ю. Салимов ва дастгирии собик ректори ДДХ профессор С.А. Абдуллоев басо калон аст. Махз ба туфайли кобилияти ташкилотчигии Н.Ю. Салимов имконияти ба кори илмии М. чалб намудани бехтарин олимони шаркшиноси дар хавзаи илмии Маскаву Санкт- Петербургу Душанбе тарбияёфта ва собикаи кори дар хоричи кишвар доштаро фарохам овард.

Дар тули фаъолияти М. Н.Ю.Салимов, Н.Ш.Зохидов, Н.Гиёсов директори он буданд. Аз с.2007 ин вазифа ба души А.А. Хасанов вогузор шудааст.

Дар солхои минбаъда низ фаъолияти илмии М. идома ёфта, якчанд осори илми ва мутуни адаби нашр гардиданд, ки асархои «Мероси Оли Сомон»-и Н.Ю. Салимов, «Рудаки»-и А. Насриддинов, китоби дучилдаи «Тарчумаи Тафсири Табари»-и Мухаммад Чарири Табари (муаллифони сарсухан, фарохамоварандагони матн, хавоши Н.Ю. Салимов, Н. Зохидов, Н. Гиёсов, А. Хасанов, А. Самеев) аз чумлаи онхоянд. Алхол кормандони М. машгули таълифи «Донишномаи Сомониён» хастанд.

Чанде аз рисолахои илмии кормандони М., амсоли «Амир Исмоили Сомони»-и С.А. Абдуллоев, «Адабиёти арабизабони форсу точик аз истилои араб то ахди Сомониён»-и Н.Ш. Зохидов дар Чумхурии Исломии Эрон нашр гардидаанд.

С.А. Абдуллоев барои асари «Исмоили Сомони» чоизаи Исмоили Сомони ва мураттибони китоби дучилдаи «Сомониён дар оинаи таърих»-и С.А. Абдуллоев, Н.Ю. Салимов, Н. Зохидов, Н. Гиёсов, А. Хасанов барандагони чоизаи ба номи Камоли Хучанди гаштаанд. М. бо Ифтихорномаи Хукумати вилояти Сугд мукофотонида шудааст.

М. корхои тадкикоти илмии донишгохро на танхо дар сатхи баланд карор дод, балки дар илми таърихомузии точик, алалхусус дар омузиши давраи асримиёнагии он ва марбут ба давраи Оли Сомон сахифаи тозае кушод.

Алхол дар М. ду сарходими илми, ду ходими пешбари илми, чор ходими хурди илми кор мекунанд.

Дар назди М. китобхона ва «Хонаи Эрон» амал мекунад.

 

Маркази тадкикотии гуманитарии ЮНЕСКО то имруз бо унвонхои зерин фаъолият дошт: Пажухишгохи тадкикоти гуманитарии ЮНЕСКО (1996-98), кафедраи илми-тадкикотии ЮНЕСКО (1998-2002), аз мохи феврали с.2002 Маркази тадкикоти гуманитарии ЮНЕСКО-и ДДХ ба номи академик Б.Гафуров. Маркази илми аз руи 3 проблема ва 13 мавзуъ  тадкикоти илми мебарад. 1. Шарку Гарб дар робита ва хамкории мутакобила; 2. Таърихи урбанизатсияи Шарк; 3. Таърих ва маданияти Осиёи Марказии асри ХХ дар сарчашмахо ва осори тадкикоти; 4. Тахкики гуманитарии муносибатхои нави истехсоливу бозаргони дар Точикистон; 5. Энсиклопедияи шахрхо, нохияхо, махалхои истикомати, корхонахои истехсоливу аграри, зиндагиномаи инсонхои начиб; 6. Инсон, фарханг ва мухити зист; 7. Замони нав дар хуччатхои мустанад ва осори асли. 8. Тахкику омузиши комплексии дипломатикаи точик.

Рохбари Маркази илми доктори илмхои таърих, академики АУ ЧТ Нуъмон Неъматович Неъматов аст. Тули солхои мавчудияташ дар Марказ олимони варзида, муаррихон ва мухаккикон, ба монанди С.Абдуллоев, Х.Холчураев, Х.Абдуллозода, М.Хочаева, С.Марофиев, А.Кодиров, Н.Салимов, А.Чураев, У.Гаффорова фаъолият доштанд. Маркази тадкикоти гуманитарии ЮНЕСКО нашрияи худро дорад, ки соле як маротиба бо ду забон тахти унвони «Тадкикоти гуманитарии Осиёи Маркази» («Центрально-Азиатские гуманитарные исследования») (сармухаррир Н.Салимов ва сармухаррири илми Н.Неъматов) нашр мешавад. То имруз 7 шумора чоп шудааст, ки дар мачмуъ 70 чузъи чопиро дар бар мегирад. Тибки накша Маркази илми дар тайёр кардани номзадхои илм аз «Таърихи Ватан» сахми худро мегузорад. Унвончуён Шавкат Шарипов, Владимир Воднев, Тутинисо Мирбобоева зери рохбарии академик Н.Неъматов рисолахои номзади ба дифоъ расонданд.

Монографияи дастачамъии «Ариана и Арйанведжа (история и цивилизация)», зери тахрири академик Н.Неъматов омода ва нашр карда шуд, ки яке аз дастовардхои калонтарини марказ махсуб мегардад. Дар он тадкикоти чолиби олимон Н.Неъматов, Р.Мукимов, Н.Хакимов, В.Воднев, А.Мандельштам оид ба таърих ва тамаддуни ориёихо гирд оварда шудааст.

Хайъати имрузаи Маркази илми:

1. Неъматов Нуъмон Неъматович – доктори илмхои таърих, профессор, академики АУ ЧТ.- рохбари Маркази илми.

2. Хочаев Мунирхон Хомидович - номзади илмхои география, дотсент, ходими пешбари илми, муовини Маркази илми, котиби масъули нашрияи «Тадкикоти гуманитарии Осиёи Маркази».

3.  Шарипов Шавкат - номзади илмхои таърих, дотсент, ходими пешбари илми, котиби илмии Шурои диссертатсионии «Таърихи Ватан».

4. Рахимов Набичон Турдиалиевич - номзади илмхои таърих, дотсент, ходими пешбари илми, масъули осорхонаи «Археология ва фортификатсия»-и назди Маркази илми.

5. Воднев Владимир Владимирович – номзади илмхои таърих, ходими пешбари илми, узви хайати тахририяи нашрияи «Тадкикоти гуманитарии Осиёи Маркази».

6. Гозиева Робия – ходими хурди илми.

Маркази илми аз диди нав тахкик кардани таърихнигори ва чомеашиносии замони гузашта ва имрузаи Чумхурии Точикистон ва Осиёи Марказиро  яке аз вазифахои асосии худ мешуморад. Солхои 1998-1999 ходимони илмии Марказ дар омода ва ба нашр расонидани «Худжанд: Энциклопедия» (-Хучанд, 1999.-928с.) фаъолона иштирок намуданд. Ин асари дастчамъонаи олимон ба 1100-солагии давлати Сомониён бахшида шудааст. Дар тахияи маводи ин асар академик Н.Неъматов, А.Кодиров, С.Ш.Марофиев, Н.Рахимов сахмгузори кардаанд.

Дар назди Маркази илми китобхонаи илми амал мекунад, ки он ба ходимони илмии Марказ ва мухассилину омузгорони бахши таърих ва факултахои гуманитарии мактабхои олии шахри Хучанд хидмат мерасонад. Осорхонаи «Археология ва фортификатсия»-и назди Марказ (масъул номзади илмхои таърих  Н.Т.Рахимов) дар тарбияи маънави, ахлоки ва фархангии насли наврас ва сокинони диёрамон хисса мегузорад ва онхоро аз гузаштаи халки хеш огох месозад.