Салимов Носир Юсуфович (03.12.1960, ш. Ленинобод) адабиётшиноси маъруфи точик ва ходими барчастаи чамъияти, доктори илмхои филологи (2002), профессор () узви вобастаи АУ ЧТ (2004) узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии ЧТ (2005), вакили Мачлиси вакилони халки вилояти Сугд даъватхои дувум ва савум), узви Иттифоки нависандагони Точикистон (1999), барандаи Чоизаи ба номи Камоли Хучанди (1999). Дастпарвари ДДОЛ ба номи С.М. Киров (1982). Ходими илмии сарредаксияи илмии ЭСТ (1982-84), аспиранти кафедраи адабиёти муосири точики ДДТ (1985-88), ходими адабии мачаллаи «Садои Шарк» (1988- 90), ходими илмии Пажухишгохи забон ва адабиёти ба номи Рудакии АУ ЧТ (1990-92), дотсенти кафедраи адабиёти муосири точики ДДХ ба номи академик Б, Гафуров (1992-96), мудири кафедраи адабиёти муосири точики ДДХ ба номи академик Б, Гафуров (1996-1998), ноибректори кисми илмии ДДХ ба номи академик Б, Гафуров (1999-2000), ноибректори бахши таълими ДДХ ба номи академик Б, Гафуров (2000-2001), ректори ДДХ ба номи академик Б, Гафуров (2001 то имруз). Мавзуи тадкикоти илмиаш «Мархалахои услуби ва тахаввули анвоъи наср дар адабиёти форсу точики асрхои миёна. Дар мачмуахои илми, мачаллаю  рузномахои ватанию хоричи  бештар аз 100 маколаи у рочеъ ба масъалахои мухими таърихи адабиёти  точик, хоса тадкики вижагихои услуби ва махсусиятхои анвоъи мутадовили насри классикии форсу точик, инчунин накду баррасии насри муосир ва амсоли ба табъ расидаанд. Махсули тахкикоти бисёрсолаи мавсуф дар монографияхои «Маърифати бадеии таърих», «Мероси Оли Сомон», «Мархалахои услуби ва тахаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу точик (асрхои IХ -ХIII инъикос ёфтаанд. Дар нашри ёдгорихои хатии асрхои миёна, аз чумла «Хазору як шаб» (чилдхои 1-2), «Сомониён дар оинаи таърих», «Мероси Оли Сомон», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Тарчумаи тафсири Табари» накши мухим гузоштааст. Хамчунин, осори нависандагони рус ва  булгорро бо номхои «Фикри хар кас ба кадри химмати уст» ва «Хикояхои А.П. Чехов»- ро тарчума намудааст.

Соли 1991 хамчун олими чавон барои силсилаи маколахо ба дарёфти шаходатномаи АУ Чумхурии Точикистон ва бо нишони Чумхурии Казокистон «Остона» сарфароз гардидааст.

 

Осор: Маърифати бадеии таърих. Хучанд, 1997., «Мархалахои услуби ва тахаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу точик (асрхои IХ -ХIII)». Хучанд: Нури маърифат, 2002.

 

<< Муфассалтар>>