«Ба кайд гирифта шудааст»

Идораи нотариалии

давлатии вилояти Сугд

 Фехристи №____

аз «____»___________ соли 2008

Нотариуси давлати

 

______________

 

 

 

«Тасдик мекунам»

Вазири маорифи

Чумхурии Точикистон профессор А.Рахмонов

 

__________________

 

 

 

 

 

 

 

 

ОИННОМАИ

ДОНИШГОХИ ДАВЛАТИИ ХУЧАНД

 БА НОМИ АКАДЕМИК  Б.Г.ГАФУРОВ

 

(дар тахрири нав)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ХУЧАНД - 2008

 

 

Макоми Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Г.Гафуров дар номи он ифода ёфтааст. Номи Донишгох хангоми таъсисёбиаш (апрели соли 1932 ) чун донишкадаи олии  омузгори мукаррар шуда, тибки фармони Президенти Чумхурии Точикистон  аз 13-уми июни соли 1991, №УП-151 он ба Донишгохи давлатии Хучанд табдил ёфт. Бо   карори  Хукумати Чумхурии Точикистон аз 26-уми апрели соли 1997, №172 ба Донишгохи давлатии Хучанд  номи академик Б.Г.Гафуров дода шуд.

 

ФАСЛИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 

1. Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Г.Гафуров тибки Конститутсия (Сарконун)-и Чумхурии Точикистон, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими» ва карори  Хукумати Чумхурии  Точикистон «Дар бораи тасдики Низомномаи намунави оид ба муассисаи таълимии тахсилоти олии касбии  Чумхурии Точикистон» аз 1-уми августи соли 2005, №264 амал мекунад.

2. Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Г.Гафуров муассисаи таълимии дорои макоми шахси хукуки буда, барномахои таълимии тахсилоти олии касбиро аз руи стандартхои давлатии тахсилот муайян, равияхои тахсилот ва дарачахои маърифати–тахассусиро татбик намуда, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шахрвандонро мувофики максад, шавку завк, кобилият ва талаботи меъёрии сохаи тахсилоти олии касби таъмин ва фаъолияти илми, илми-методиро амали мегардонад.

3. Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Г.Гафуров шахси хукуки буда, ба муассисаи гайритичорати мансуб мебошад.

4. Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Г.Гафуров, ки аз тарафи давлат таъсис ёфтааст, аз бучети давлат ва дигар манбаъхо маблаггузори мешавад, ба муассисаи таълимии тахсилоти олии давлати мансуб буда, ба Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон тобеъ мебошад.

 

Номи пурраи Донишгох:

Ба забони точики

- Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Г.Гафуров;

Ба забони англиси

- Khгjand Statу Гnivукsity namуd aftук acad.И.G.Gafгкov;

Ба забони руси

-  Худжандский государственный университет имени академика  Б.Г.Гафурова.

Сурогаи хукуки ва вокеи

- Чумхурии Точикистон, вилояти Сугд, шахри Хучанд, гузаргохи Б.Мавлонбеков, 1.

5. Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Г.Гафуров(минбаъд - Донишгох),   мухри худро бо тасвири нишони давлати ва номи Донишгох, хамчунин штамп ва баланси мустакили худро дорад.

6. Донишгох муассисаи олии таълимие мебошад, ки:

- барномахои таълимии тахсилоти оли ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз руи доираи васеи ихтисосхо амали мегардонад;

- кормандони баландихтисос, илми ва илмиву омузгориро тайёр намуда, бозомузи ва такмили донишу ихтисоси онхоро таъмин мекунад;

- дар сохахои гуногуни илм тадкикоти бунёди ва амали анчом медихад;

- дар сохахои фаъолияташ маркази пешбари илми ва методи мебошад.

7. Таълими шахрвандон дар  Донишгох мувофики фармоиши давлат дар асоси озмун ройгон ва гайриройгон амали карда мешавад.

8. Донишгох хукук дорад, ки дар доираи мукаррарнамудаи ичозатнома (литзенсия)  илова ба ичрои супориши давлати мутахассисонро дар асоси шартномахои дахлдор бо шахсони хукуки ва вокеи тайёр намояд.

9. Донишгох дар фаъолияти худ хадафхои зеринро пайгири мекунад:

- каноатбахш намудани талаботи шахсият дар инкишофи зехни, фарханги ва маънави бо рохи гирифтани тахсилоти оли ва ё тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

- сахм гузоштан дар рушди илму фарханг аз тарики тадкикоти илми ва фаъолияти эчодии кормандони илми – педагоги ва таълимгирандагон, истифодаи натичахои бадастомада дар раванди таълим ва истехсолот;

- тайёр кардан, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандони тахсилоти олидор ва кормандони илми – педагогии дорои дарачаи тахассуси оли;

- дар тафаккури донишчуён ташаккул додани мавкеи шахрванди, кобилияти мехнати ва хаёти дар шароити тамаддуни муосир;

- нигахдори ва афзун намудани арзишхои милли, ахлоки, фарханги ва илмии чомеа;

- пахн намудани дониш дар миёни мардум ва боло бурдани сатхи маърифати ва фархангии он;

- таъмини шароити мусоид чихати ташкил ва гузаронидани тачрибахои истехсоли ва педагоги.

10. Донишгох ба хама гуна фаъолияти дигар, ки ба конунхои Чумхурии Точикистон мухолиф нест, хукук дорад.

11. Донишгох хачм ва сохтори кабулро мутобики ичозатнома барои пешбурди фаъолияти таълими дар мувофика бо Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

12. Донишгох алхол аз руи ихтисосхои зерин мутахассис тайёр мекунад:


 

 

ИХТИСОСХО

ШИФР

1

Физикаю математика

010401

2

Радиофизика ва электроника

0715

3

Мошинхо, комплексхо, системахо ва шабакахо

2201

4

Технология ва сохибкори

0306

5

Физика

0104

6

Математика-физика

010101

7

Математика-информатика

0101

8

Математика

0101

9

Информатика

0301

10

Математикаи татбики (амали)

0102

11

Биология-химия

0116

12

Чугрофия-биология

0125

13

Экология

0131

14

Демография ва ахолишиноси

0125

15

Биология

0116

16

Чугрофия

0125

17

Химия

0110

18

Таърих ва хукук

0207

19

Таърих

0207

20

Забони англиси-олмони

0218

21

Забони англиси  (тарчумони)

0217

22

Забони англиси

0218

23

Забони олмони

0218

24

Педагогика ва психологияи томактаби

0311

25

Педагогика ва методикаи таълими ибтидои

0312

26

Психология

0204

27

Тарбияи чисмони ва варзиш

0223

28

Санъати тасвири ва накшакаши

0308

29

Санъати ороиши амали ва хунархои халки

0523

30

Забон ва адабиёти рус, забони англиси

0217

31

Забон ва адабиёти рус

0217

32

Филология.Забон ва адабиёти рус дар мактабхои милли

0217

33

Забон ва адабиёти узбек

0217

34

Забон ва адабиёти узбек-забони англиси

0217

35

Системахои автоматикунонидаи коркарди ахборот ва идора

2202

36

Таъминоти барномавии техникаи хисоббарор ва сист.авт.

2204

37

Ташкил ва технологияи хифзи ахбор

2206

38

Иктисодиёт ва идоракуни дар сохаи маориф

0608

39

Менечмент

0612

40

Маркетинг

0615

41

Забони араби

0228

42

Забони форси

0228

43

Хукукшинос-омузгор

0211

44

Системахои иттилооти дар иктисодиёт

0719

45

Тачхизот ва воситахои электрони

2003

46

Системахои бисёршабакавии телекоммуникатсиони

2010

47

Системахои балоихагирии автоматикунонидашуда

2203

48

Забон ва адабиёти точик-забони англиси

0217

49

Забон ва адабиёти точик-забон ва адабиёти рус дар мактабхои милли

0217

50

Забон ва адабиёти точик дар мактабхои узбеки

0217

51

Рузноманигори

0214

52

Забон ва адабиёти точик

0217

53

Санъати вокали. Санъати сарояндагии анъанави

0510

54

Санъати вокали. Санъати сарояндагии мардуми

0510

55

Санъати навозандагии анъанави 

0509

56

Санъати тасвири

0518

57

Санъати хайкалтароши (Скулптура)

0520

58

Махорати  актёри

0501

59

Мусикишиноси

0514

 

13. Донишгох, ки аккредитатсияи давлати дорад, ба шахсоне, ки тахсилро аз руи накшаи таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими анчом додаанд ва аз аттестатсияи чамъбасти гузаштаанд, дар бораи тахсилоти марбута хуччати намунаи давлати, ки шаклашро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик кардааст, медихад.

14. Дар Донишгох зинахои зерини тахсилоти олии касби мукаррар шудааст:

- тахсилоти олии касбии зинаи бакалавр, - ба шахрванде дода мешавад, ки бомуваффакият аз аттестатсияи чамъбастии тахассуси «бакалавр» гузаштааст;

- тахсилоти олии касбии зинаи мутахассис, - ба шахрванде дода мешавад, ки бомуваффакият аз аттестатсияи чамъбастии тахассуси «мутахассис» гузаштааст;

- тахсилоти олии касбии зинаи магистр, - ба шахрванде дода мешавад, ки бомуваффакият аз аттестатсияи чамъбастии дарачаи «магистр» гузаштааст.

15. Шахсоне, ки тахсилро аз руи барномаи асосии тахсилоти олии касби ба итмом нарасонидаанд, вале аз аттестатсияи мобайни бомуваффакият гузаштаанд (на кам аз ду соли тахсил), тахсилоти онхо хамчун тахсилоти олии касбии нопурра эътироф ва бо додани хуччат тасдик карда мешавад. Ба шахсоне, ки омузиши барномахои асосии таълимии тахсилоти олии касбиро ба итмом нарасонидаанд, хуччатхои академии намунаи мукарраршуда дода мешавад.

 16. Мухлати азхудкунии барномахои асосии тахсилоти олии касби чунин мукаррар шудааст:

- барои гирифтани ихтисоси «бакалавр» на камтар аз чор сол;

- барои гирифтани ихтисоси «мутахассис» на камтар аз панч сол, ба истиснои холатхое, ки мувофики стандартхои давлатии тахсилот пешбини шудаанд;

- барои гирифтани дарачаи «магистр» на кам аз ду сол баъди бакалавриат.

17. Донишгох дорои факултахо, кафедрахо, муассисахои илми-тадкикоти, магистратура, аспирантура, докторантура, чузъхои таълимии тахсилоти касбии иловаги, китобхона, хочагии таълимию тачрибави, марказхои таълимию методи, чузъхои хочаги, истехсоли ва ёрирасон мебошад, ки дар асоси Низомномаи Донишгох амал мекунанд.

 

ФАСЛИ II.

ТАРТИБИ ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИХИ

ВА БАРХАМДИХИИ ДОНИШГОХ

 

18. Донишгох бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис, аз нав ташкил ва бархам дода мешавад.

19. Донишгох мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон аз лахзаи ба кайди давлати гирифтани он таъсисшуда хисобида мешавад.

20. Хукуки татбики накшахо ва барномахои таълимии тахсилоти оли ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва имтиёзхои пешбининамудаи конунгузори аз лахзаи ба Донишгох додани ичозатнома (литзенсия) амали мешавад.

 

ФАСЛИ III. ХУКУК ВА ВАЗИФАХОИ ДОНИШГОХ

 

21. Донишгох  дар кабули карорхо ва амали намудани фаъолияташ, ки аз Оинномаи он бармеояд, худмухтор ва мустакил аст.

22. Донишгох дар интихоб ва чобачогузории кадрхо, фаъолияти таълими, илми, молиявию хочаги ва дигар фаъолият мутобики конунгузории ЧумхурииТочикистон ва Оинномааш мустакил аст.

23. Донишгох дар мувофика бо Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон метавонад таълимро дар асоси сохтори таълими кредити ташкил ва чори намояд.

24. Барои ичрои вазифахои худ Донишгох хукук дорад, ки:

- шаклхои ташкил ва хавасмандкунии мехнатро, ки метавонад истифодаи самарабахши иктидори зехнии кормандони илмию омузгори, таълимии ёрирасон, идориву хочаги, донишчуён, докторантхо ва аспирантхоро таъмин намояд, худ мустакилона муайян кунад;

- дар асоси шартнома олимону мутахассисони баландихтисосро ба кори илмиву омузгори кабул намояд, намояндагони марказхои пешбари таълими, аз чумла марказхои хоричиро ба кор чалб созад;

- маблаги тахсили донишчуён, аз чумла донишчуёни хоричиро дар асоси шартнома таъин кунад, хамчунин арзиши махсули илми ва навъхои дигари махсули худро муайян намояд;

- тачхизот, олот, мавод ва китобхоро аз як хисоб ба хисоби дигар интикол бидихад ва ё фурушад, васоити асосии кухна ва ё аз кор баромадаро аз хисобхо сокит кунад;

- тачхизоти зарури ва дигар захирахои моддии корхонахои давлати ё тичоратиро аз хисоби худ ва ё аз хисоби маблагхое, ки ба Донишгох тахсис шудаанд, харидори намояд, ба ичора бигирад ва ё супориш дихад, моликияти зехни ва ё намудхои дигари моликият, махсули фаъолияти хочагидори ё шаклхои дигари фаъолият, даромадхои худ, хамчунин молу мулкеро, ки дар асосхои дигари ба конунхои чори мухолиф набуда ба даст омадаанд, истифода ва сохиби кунад;

- аз номи худ шартномахо бандад, хакки шахсии моливу гайримоли ба даст оварад, дар суд ва суди иктисоди даъвогар ва чавобгар бошад;

- ба иттифокхо, ассотсиатсияхо ва дигар  иттиходияхо дохил гардад;

- сохтмони асоси ва бозсозии фондхои асосиро амали намояд;

- пойгохи модди, шабакаи муассисахои тандурусти, муоличави, фарханги, маиши ва дигар таъсисот, корхонахо ва созмонхои хуроки умумиро инкишоф дихад;

- аз худ кардану бегона намудан, доду гирифти муассисот ва хамчунин дигар амволи собиту гайрисобитро ба ичора дар худуди Чумхурии Точикистон ва хорич аз он амали гардонад.

- баробари маблаги бучави маблаги аз ашхос ва ташкилоти дигар ба даст омадаро чихати такмили пойгохи модди ва техники, пардохти музди мехнат, хавасмандии модди, бехтар намудани шароити маишии донишчўён, кормандони донишгох, коршиносони даъватшуда, хамчунин барои корхои дигар, ки тибки ин Оиннома пешбини шудаанд, бо салохдиди худ харч намояд;

- дар хама гуна намудхои муассисахои бонки дар тамоми кишвархо хисобхои чори ва мухосиботи кушояд, доду гирифти вом (карз)-ро амали гардонад;

- фаъолияти нашриро ба рох монад;

- бо таъсис ва ташкили сохторхои марбута, истехсол ва фуруши махсулоти илми, илми- техники, илми-истехсоли ва махсулоти талаботи халк фаъолияти тичоративу миёнарави ва амалиёти содиротиву воридотиро, аз чумла бо маъхазхои моликияти зехни ба чо орад;

- ба донишмандони хоричи, коршиносон, ходимони сиёсиву чамъияти унвони ифтихории доктори илми Донишгох дихад.

 

ФАСЛИ IV. КАБУЛ БА  ДОНИШГОХ

ВА ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ

ТАХСИЛОТИ ОЛИ ВА ТАХСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД

 АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМИ

 

25. Кабул, хорич ва баркарор намудани донишчуён, дарёфти маълумоти дуввум тибки Конуни   Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф», Конуни   Чумхурии Точикистон «Дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими» ва Низомномаи Донишгох танзим мегардад.

26. Ба донишчуёни Донишгох билети донишчуи ва дафтарчаи санчишу имтихонотии намунаи мукарраргардида дода мешавад.

27. Донишчуёни  Донишгох хукук доранд:

- дар ташаккули мазмуну мундаричаи тахсилоти худ тибки талаботи стандартхои давлатии тахсилоти олии касби иштирок намоянд;

- курсхои факултативиеро, ки аз тарафи факулта ва кафедрахои дахлдор пешниход мешаванд, интихоб намоянд;

- дар мухокима ва халли масъалахои мухимтарини фаъолияти Донишгох бевосита ва ё тавассути узвият дар иттиходияхои чамъияти ва макомоти идории Донишгох  иштирок намоянд;

- аз хидмати китобхонахо, васоили иттилоот, чузъхои таълими, илми, муоличави ва монанди инхо тибки тартиботи мукарраркардаи Оинномаи Донишгох  бепул  истифода баранд;

 - дар хамаи намудхои корхои илми- тадкикоти, конфронсхо, симпозиумхо, махфилхо ва озмунхо иштирок намоянд;

 - корхои илмии худро барои чоп, аз чумла дар нашрияхои Донишгох пешниход кунанд;

 - аз болои фармон ва амрхои рохбарияти Донишгох тибки тартиботи мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят кунанд.

28. Донишчуёне, ки аз санчиши фанхои дар накшаи таълимии соли чори нагузаштаанд, ба курси боло гузаронида намешаванд.

29. Донишчуёне, ки хамаи талаботи накшаи таълимиро ичро кардаанд, ба аттестатсияи давлатии чамъбасти рох дода шуда, мувофики натичаи он масъалаи ба хатмкунанда додани тахассуси муносиб ва дипломи маълумоти оли хал карда мешавад. Дар замимаи диплом кулли фанхои чамъбасти, ки донишчу дар тули тахсилаш дар Донишгох омухтааст, тазаккур меёбанд.

30. Ба донишчуе, ки на кам аз 75 фоизи фанхои накшаи таълимиро бо бахои «аъло» супоридааст ва аз фанхои бокимонда бахои  «хуб» гирифта, аз аттестатсияи чамъбастии давлати бахои «аъло» гирифтааст, дипломи аъло дода мешавад.

Хатмкунандаи дипломи аъло гирифта имтиёзхое дорад, ки онхо дар коидахои амалкунанда зикр шудаанд.

31. Барои комёбихо дар тахсил, иштироки фаъолона дар корхои илмию тадкикоти донишчуён мувофики Оинномаи Донишгох аз лихози моддию маънави хавасманд гардонида мешаванд.

32. Донишчу аз Донишгох дар холатхои зерин хорич карда мешавад:

-               бинобар вазъи саломати, дар асоси маълумотномаи комиссияи тибби- машварати;

-               бо сабаби ба дигар муассисаи таълими гузаштан;

-               бо сабаби ба дарсхо бесабаб иштирок накардан (на камтар аз 36 соат  дар нимсола);

-               барои карзхои академи;

-               дар холати саривакт пардохт накардани маблаги тахсил тибки шартнома;

-                дар холати саривакт насупоридани аз се ё зиёда аз он санчишу имтихонхо;

-               барои содир кардани чиноят;

-               барои вайрон кардани тартиботи дохили ва Оинномаи Донишгох;

-               дар холати ба таълим шуруъ накардани донишчу баъд аз рухсатии академики.

33. Донишчуён ухдадоранд, ки донишхои назарияви, махорати амали ва усулхои тадкикотии муосирро аз худ намоянд, саривакт тамоми супоришхоро аз руи накша  ва барномаи таълими ичро намоянд, арзишхои милли, умумибашари, маънавиро эхтиром намоянд, Оинномаи Донишгох, коидахои зист ва дигар талаботро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, риоя намоянд.

34. Ба донишчуёни шуъбаи гоибонаи Донишгох ташкилоти кордиханда як бор дар соли тахсил харчи рафту омадро то махалли Донишгох барои ичрои корхои лаборатори, супоридани санчишу имтихонот ва хамчунин барои супоридани имтихоноти давлати, навиштан ва дифои лоихаи дипломи мепардозад.

35. Корхонахо, ташкилоту муассисахо, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва шакли моликияташон барои кормандони худ, ки дар баробари кор дар Донишгох тахсил мекунанд, дар шартномаи коллективи ё шартномаи мехнати дароз кардани мухлати рухсатихои иловаги, додани рухсатии бо пардохти маош ба чои рухсатии бе пардохти маош ва имтиёзхои дигар пешбини карда метавонанд.

36. Ба донишчуёни шуъбаи гоибона, ки  дар баробари тахсил кор мекунанд, барои супоридани санчишу имтихонот понздах рузи таквими дар соли тахсил, барои навиштан ва дифои лоихаи (кори) дипломи якчоя бо супоридани имтихоноти давлати- чор мох, барои супоридани имтихоноти давлати як мох мухлат дода мешавад.

 

ФАСЛИ  V. КОРМАНДОНИ ДОНИШГОХ,

ХУКУК ВА ВАЗИФАХОИ ОНХО

 

37. Дар Донишгох вазифахои кормандони илмию омузгори (хайати профессорону муаллимон, кормандони илми), мухандисиву техники, маъмурию хочаги, истехсоли, таълимию ёрирасон ва гайра пешбини гардидаанд.

38. Ба хайати профессорону муаллимон вазифахои декани факулта, мудири кафедра, профессор, дотсент, сармуаллим, муаллим, ассистент мансубанд.

39. Ишгол намудани хамаи вазифахои кормандони илми-омузгори, ба истиснои вазифахои муовини ректор ва декани факулта, мувофики шартномаи мехнати, ки ба мухлати то 5 сол имзо карда мешавад, сурат мегирад. Хангоми ишголи вазифахои кормандони илмию омузгори пеш аз имзои шартномаи мехнати интихоби озмуни гузаронида мешавад. Низомнома оид ба тартиби ишголи вазифахои нишондодашуда аз чониби макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф тахия мегардад.

40. Омузгорони Донишгох тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон рузи кори 6 - соата, хафтаи кори кутохкардашуда ва рухсатии дарозмуддати мехнатии музднок доранд.

Сарбории таълимии профессорону омузгорон аз тарафи Донишгох мустакилона бо назардошти тахассус ва хусусиятхои фаъолияти онхо муайян шуда, наметавонад зиёда аз 800 соати таълимиро дар давоми соли хониш ташкил дихад.

41. Кормандони илмию омузгории Донишгох хукук доранд:

- бо тартиби мукарраргардида ба шурои илмии Донишгох интихоб кунанд ва интихоб шаванд;

- дар мухокима ва халлу фасли масъалахои бо фаъолияти Донишгох алокаманд ширкат намоянд;

- аз хадамоти китобхонахо, васоили иттилооти, шуъбахои илму таълим ва хамчунин аз хадамоти шуъбахои ичтимоию маиши, табобати ва шуъбахои дигари сохторхои Донишгох мувофики Оинномаи он ва (ё) шартномаи коллективи ба таври ройгон истифода баранд;

- мазмуни курсхои таълимиро мутобики стандартхои давлатии таълимии тахсилоти оли ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимии тахсилоти оли муайян кунанд;

- тарзу усул ва воситахои таълимро, ки сифати баланди раванди таълимро таъмин менамоянд, интихоб намоянд.

42. Кормандони илми – омузгории Донишгох ухдадоранд:

- самаранокии  раванди кори омузгори ва илмиро таъмин кунанд;

- Оинномаи Донишгохро риоя намоянд;

- хангоми бахогузори ба дониши донишчуён вокеъбинона рафтор кунанд;

- донишомузонро дар рухияи мустакилият, ташаббускори тарбия кунанд, кобилияти эчодии онхоро инкишоф диханд;

- арзишхои милли, умумибашари ва ахлокиву маънавиро эхтиром намоянд;

- барои такмили ихтисоси худ пайваста чидду чахд намоянд.

43. Кормандони илмии  Донишгох хукук доранд усулхо ва воситахои гузаронидани тадкикотхои илмиеро, ки ба талаботхои бехатари чавоб медиханд, ба кобилияти инфиродии онхо бештар мувофиканд ва сифати баланди тахкикоти илмиро таъмин менамоянд, интихоб намоянд.

44. Хукуку  ухдадорихои кормандони маъмурию хочаги, мухандисию техники, истехсоли, таълимию ёридиханда ва дигар кормандони Донишгохро конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва Оинномаи Донишгох муайян мекунанд.

 

ФАСЛИ VI. ИДОРАКУНИИ ДОНИШГОХ

 

45. Идоракунии Донишгох мувофики тартиби мукаррарнамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукуки ва Оинномаи Донишгох ба амал бароварда мешавад.

46. Оинномаи Донишгох аз тарафи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон (мачлиси умумии муассисон) тасдик карда мешавад ва мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайди давлати гирифта мешавад.

47. Рохбарии умумии Донишгохро Шурои олимон, рохбарии бевоситаро ректор  амали менамояд. Мухлати ваколатхои Шурои олимон наметавонад аз 5 сол зиёд бошад. Интихоби пеш аз мухлати Шурои олимон бо талаби на кам аз нисфи аъзо, инчунин дар холатхои пешбининамудаи Оинномаи Донишгох гузаронида мешавад. Ба хайати Шурои олимон намояндагони тамоми гуруххои кормандон ва донишчуёни Донишгох, созмонхо ва дигар ташкилотхои чамъияти интихоб шуда метавонанд.

48. Шурои олимони Донишгох:

- хисоботи солонаи ректорро мешунавад ва тасдик менамояд;

- масъалахои асосии таълими, илми, тарбияви ва тараккиёти иктисоди ва ичтимоии Донишгохро  мавриди барраси карор медихад.

Карори Шурои олимон баъди тасдик шуданаш аз чониби  ректор эътибор пайдо мекунад.

49. Шурои олимон оид ба кулли масъалахои ташкили раванди таълиму тарбия карорхо кабул менамояд;

- масъалахои таъсис ва бархам додани лаборатория, кафедра ва факултахоро мувофики талаботи муайянкардаи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон хал менамояд;

- накшаи тадкикотхои илмиро тасдик мекунад;

- сатмхои истифодаи фондхои тараккиёти истехсоли ва ичтимоиро муайян месозад;

- масъалахои ишголи вазифахои хайъати профессорону муаллимон ва ходимони илмиро мавриди барраси карор медихад.

50. Дар Донишгох вобаста ба самтхои гуногуни фаъолияти он шурохои дигар низ таъсис дода мешаванд.

Тартиби  интихоби вакилони мачлиси умуми  (конфронс)-ро шурои амалкунанда бо иштироки хамаи гуруххои  кормандон, созмонхои чамъияти ва донишчуён муайян менамояд, ки дар ин маврид намояндагони аъзои шурои олимон  набояд аз 30 %-и   шумораи умумии вакилон зиёд бошад.   

51. Рохбарии бевоситаи Донишгохро ректор амали менамояд.

52. Ректори Донишгохро бо пешниходи  Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

53. Ректори Донишгох тамоми масъулияти вазъи раванди таълиму тарбия, корхои илми-тадкикоти ва фаъолияти молиявию хочагидориро ба ухда дорад.

Барои мавриди барраси карор додани масъалахои асосии фаъолияти Донишгох дар назди ректор ва бо рохбарии у ректорат таъсис дода мешавад, ки ба хайъати он тибки низомнома инхо шомил мегарданд: ректор (раис), муовинони ректор, намояндагони кумитаи махалли ва дигар кормандони донишгох.

54. Ба ректори Донишгох ишголи дигар вазифахои рохбарикунанда, ба гайр аз рохбарии илми ва илмию методи, дар дохили Донишгох ё берун аз он манъ аст. Ректор дар доираи салохияти худ амру фармонхо мебарорад, ки ичрои онхо барои хамаи кормандон ва донишчуёни Донишгох хатми мебошад.   

55. Ректор метавонад, ки ичрои кисме аз ваколатхои худро ба ухдаи муовинон ва дигар кормандони Донишгох вогузор намояд.

56. Муовинони ректори Донишгохро ректор аз чумлаи олимон ва  мутахассисони обруманде, ки дарачаи доктори илм ё номзади илм доранд, дар мувофика бо Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

57. Рохбарии факултаро декан ба ухда дорад, ки тибки Низомномаи факултаи муассисаи тахсилоти олии касбии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

58. Рохбарии кафедраро мудир ба ухда дорад, ки фаъолияти у тибки Низомномаи  кафедра амали карда мешавад.

59. Низомномахо дар бораи кафедрахо ва дигар сохторхои таркибии Донишгох дар асоси Низомномаи намунавии аз тарафи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон тасдик гардида тахия ва тасдик карда мешаванд.

60. Ба вазифаи ректор, муовинхо ва деканхои факултахо шахсони ба синни нафака нарасида пешбари карда мешаванд. 

61. Дар Донишгох Кумитаи муттахидаи иттифокхои касаба ва Созмони чавонон амал мекунанд. Донишгох бо ин ташкилоти чамъияти хамкори намуда, онхоро бо тачхизоту лавозимот таъмин менамояд.

62. Донишгох корхои хуччатнигориро мутобики дастури намунави, ки аз рўи низоми мукарраргардида тасдик шудааст, ба рох мемонад. Донишгох мувофики талаботи макомоти давлатии омор ба Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон хисобот пешниход менамояд.

 

ФАСЛИ VII. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИ ВА МЕТОДИ

 

63. Дар Донишгох вобаста ба мўхлат ва зинаи тайёрии касбии мутахассисон барномахои гуногуни таълимии тахсилоти олии касби, барномахои таълимии тахсилоти иловаги ва бозомўзии мутахассисон амали гардонида мешавад, ки ба он шуъбаи таълим рохбари менамояд.

64. Донишгох бо рохи ташкили максадноки чараёни таълим, интихоби шаклхо, методхо, воситахои таълим барои аз худ кардани барномахои таълимии касби аз чониби донишчўён шароити заруриро мухайё мекунад.

65. Донишгох мувофики низомномахои мавчуда накша ва чадвали раванди таълимро, аз чумла барои омўзиши инфиродии ашхоси алохида бо назардошти сатхи тайёрии пешаки ва кобилиятхои онхо тахия ва татбик мекунад.

66. Дар  Донишгох намудхои зерини машгулиятхои таълими мукаррар карда шудаанд: лексия, консултатсия, семинар, машгулияти амали, кори лаборатори, кори контроли, коллоквиум, кори мустакилона, тачрибаомўзи, тахияи лоихаи курси ва навиштани рисолаи дипломи. Донишгох метавонад  намудхои дигари корхои таълимиро низ амали намояд. Барои як чуфти машгулиятхои аудитори 80 дакика вакт мукаррар карда шудааст.

67. Донишчўёни шўъбаи рўзонаи Донишгох тибки тартиб ва андозаи мукарраршуда стипендияи давлати ё стипендияи аз тарафи корхонахо ва созмонхо мукарраршударо мегиранд.

68. Барои донишчуёни тахсили рўзона дар давоми соли тахсил на камтар аз ду маротиба таътил мукаррар карда шудааст, ки муддати умумии он 7-10 хафта мебошад.

69. Вазифаи тарбиявии донишгох, ки аз табиати башардўстонаи таълим, афзалияти арзишхои инсони бармеояд, дар фаъолияти якчояи таълими, илми, эчоди, истехсоли ва чамъиятии толибилмону омўзгорон татбик карда мешавад.

70. Донишгох дар интихоби системаи бахогузори, шаклхо, тартиби гузаронидани машгулиятхо, аттестатсияи донишчўён мустакил мебошад.

71. Тачрибахои таълими ва истехсоли, ки стандарти давлатии тахсилоти оли ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими пешбини намудааст, дар асоси шартномахои байни Донишгох ва корхона, муассиса ва ташкилотхо гузаронида  мешаванд. Мувофики ин шартномахо корхона, муассиса ва ташкилотхои мазкур новобаста аз шаклхои ташкилию хукукии худ барои гузаронидани тачрибаомўзии донишчуёни Донишгох чой ва шароит мухайё менамоянд.

72. Аз худ кардани накшаи таълимии Донишгох баъди аттестатсияи хатмии чамъбастии хатмкунандагон ба итмом мерасад.

73. Донишгох дар ташкилу  гузаронидани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон аз технологияи нав, шакл ва методхои пешкадами таълим  истифода менамояд.

74. Забони таълим дар Донишгох мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

75. Донишгох корхои таълими-методиро дар хамохангсози бо Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон  дар амал татбик мекунад.   

 

ФАСЛИ VIII. ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ

 

76. Донишгох дорои пойгохи пуркуввати илми-тадкикоти буда, дар сохахои гуногуни илм тахкикоти бунёди ва амали анчом медихад.

77. Фаъолияти илмии Донишгох хадафхои зеринро пайгири мекунад:

- тахкими пояхои илмиву методии раванди таълиму тарбия аз тарики ба раванди таълим ворид намудани натичаву дастовардхои илму технологияи муосир;

- таъмини ягонагии раванди таълим, илм ва тарбия дар Донишгох;

- ичрои корхои илмиву тадкикотии бунёди ва амали ва татбики натичахои онхо дар хочагии халки чумхури ва вилоят;

- тахияи китобхои дарси, дастур ва рохнамохои таълим барои макотиби тахсилоти оли ва миёнаи чумхури;

- тарбияи кадрхои сохибунвони илми ва илмиву омузгори аз тарики магистратура, аспирантура, докторантура ва шаклхои дигари тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

-  ташкили фаъолияти нашрияви чихати  таблигу таргиби донишу маърифати илми ва дастовардхои тахкикотиву эчоди;

- созмон додани чорабинихои илми (конфронс, симпозиум, семинар ва хамоишхои илми)-и донишгохи, вилояти, чумхурияви ва байналмилали чихати таъмини мухити самарабахши илми ва табодули тачрибаи тахкикоти;

- густариши хамкорихои илми бо доирахои илмии ватаниву хоричи.

78. Корхои илмиву тахкикоти, ки дар Донишгох бо назардошти афзалиятнокии онхо барои рушди хочагии халк гузаронида шуда, аз хисоби бучаи давлати, маблагхои аз ичрои шартномахо ба даст омада, карзхои бонки, грантхо, хайрияхо ва дигар сарчашмахои конуни маблаггузори мешаванд. Ичрои мавзуъхои супоришии аз чониби буча маблаггузоришаванда самти афзалиятноки фаъолияти илмии Донишгох махсуб мешавад.

79. Принсипи асосии фаъолияти илмии Донишгох хамгироии он бо чараёни таълим, инчунин бо илмхои сохави ва академи мебошад.

80. Донишгох корхои илмиву тахкикоти ва тачрибавиву эчодии худро аз руи барномаи дурнамо анчом медихад, ки он аз тарафи Шурои олимон тасдик мегардад.

81. Донишгох истифодаи окилона ва самараноки иктидор ва имконоти илмии мавчуда, сифати корхо ва бехатарии шароити мехнатро зимни ичрои корхои илмиву тахкикоти ва тачрибавиву эчоди таъмин менамояд.

82. Фаъолияти илми кисми таркибии раванди тарбияи мутахассисон махсуб шуда, ба он устодон, мухаккикони чавон ва донишчуён ба таври васеъ чалб карда мешаванд.

83. Корхои илми-тадкикоти ва тачрибавиву эчоди дар хамаи факултахо ва кафедрахои умумидонишгохи ичро мешаванд. Дар Донишгох бо карори Шурои олимон барои ичрои корхои илмиву тадкикоти хамчунин пажухишгоххо, марказхои илми, лаборатория ва гуруххои тахкикоти таъсис дода мешаванд. Фаъолияти илмии сохторхои Донишгохро шуъбаи илми-тадкикоти барномарези ва танзим менамояд.

 

ФАСЛИ IХ.  ФАЪОЛИЯТИ ТАРБИЯВИИ ДОНИШГОХ

 

84.  Корхои тарбияви дар Донишгох аз табиати башардўстонаи таълим, афзалияти арзишхои инсони бармеояд ва инкишофи фикри, равони, ахлоки ва тахассусии шахсияти донишчўёнро таъмин месозад, инчунин барои ташаккули илмиву эчоди ва бунёди хаёти солим мусоидат менамояд.

85. Корхои тарбияви дар хамаи факултахо ва кафедрахои умумидонишгохи амали мегарданд, ки дар мачмўъ сиёсати давлатиро дар раванди таълим, тарбия ва химояи ичтимоии донишчўён ифода мекунанд.

86. Самтхои асосии корхои тарбияви дар Донишгох аз инхо иборатанд:

- омўхтани муаммохои мухими хаёти моддиву маънавии донишчўён, шавку талаботи онхо, дарачаи инкишофи шахси;

- тахлили фаъолияти тарбиявии Донишгох, муайян намудани  мундаричаи корхои тарбияви бо назардошти теъдоди донишчўён, омўхтани тачрибаи пешкадам ва татбики онхо дар раванди таълиму тарбия;

- расонидани ёрии методи ба хайати устодону омўзгорон, мурраббиён ва дигар кормандон;

- талкину таргиби тарбияи хукуки, эстетики, экологи, ташкили шароит барои аз худ намудани донишхои илмиву амали, гиромидошту эхёи суннатхои милли ва умумибашари, мусоидат дар ташаккули худогохиву худшиносии милли;

- ташкили корхои варзиши ва солимгардони дар байни донишчўён ва омўзгорон, ташвики амалии маданияти тарбияи чисмони ва тарзи  хаёти солим.

87. Донишгох дар чараёни ташкили чорабинихои илми-оммави,   чамъомадхои фархангиву сиёси, фарогати, инчунин корхои сахрои  бо максади тарбия ва таргиби ахлоки неку шоиста  фаъолона ширкат меварзад.

 

ФАСЛИ Х. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОЧАГИИ ДОНИШГОХ

 

88. Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон  бо максади таъмини фаъолияти дар Оиннома пешбинишуда биною иншоот, амвол, тачхизот,  хамчунин дигар амволи зарурии истеъмоли, ичтимои, фарханги ва гайраро бо хукуки идораи оперативи ба Донишгох вобаста менамояд.

89. Донишгох  хукуки ихтиёрдори кардани маблагу амвол ва дигар намудхои моликиятеро, ки шахсони вокеи ва хукуки барояш тўхфа намудаанд, ба тарики хайрия додаанд, ё худ мерос мондаанд, самараи мехнати зехни ва эчодкориро, ки натичаи фаъолияти Донишгох мебошад, хамчунин даромад аз фаъолияти худ ва объектхои  аз хисоби ин даромад харидаашро доро аст.

90. Ваколатхои моликон дар бобати ихтиёрдори намудани амволи давлатии системаи тахсилоти оли ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими нисбати амволи моликияти давлати ба макоми  давлатии идораи маориф вобаста карда мешавад, ки ин ваколатхоро хамрохи макомоти махаллии ичроияи хокимияти давлати, ки муассисахои олии таълими дар ихтиёраш мебошанд, амали мегардонад.

91. Маблагро барои фаъолияти таълимии Донишгох макомоти давлатии идораи маориф  аз хисоби маблагхои бучети мутобики супориши давлати барои тайёр намудани мутахассисон, бозомўзи ва такмили ихтисоси кормандон дар асоси меъёрхои мукарраргардидаи давлати, аз чумла меъёрхои идорави, чудо мекунад.

92. Донишгох сохаву тартиби истифодаи маблагеро, ки аз хисоби бучет ва манбаъхои дигари манънакардаи конунгузори гирифтааст, мустакилона муайян мекунад.

93. Донишгох дар бонкхо ва ташкилотхои дигари карздихи суратхисобхо кушода метавонад. Донишгох ба воситаи суратхисоби ягона ва суратхисоби маблагхои гайрибучавии Хазинадории марказии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ва  шўъбахои махаллии он хизматрасони карда мешавад.

94. Донишгох мутобики Оинномаи худ дар сохаи таълим ва сохахои дигар, ба шарте ки он бар зиёни фаъолияти асосии он набошад, метавонад  фаъолияти пулиро ба рох монад.        

 

ФАСЛИ ХI. ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ

 БАХИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРИ

 

95. Донишгох натичахои фаъолияти молиявию мухосиботии худро ба хисоб мегирад, хисоботи омори ва мухосибиро дар шакли мукарраршуда пеш мебарад, ба Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон дар бораи маблагхои воридшуда ва масрафшуда хисобот пешниход менамояд.

96. Дар Донишгох бахисобгирии бухгалтери мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бахисобгирии бухгалтери», ки 14 майи соли 1999, №751 кабул шудааст, ба рох монда мешавад.

97. Амволи Донишгох, ўхдадорихои он ва муомилоти хочаги, ки дар раванди фаъолият амали мешаванд, объектхои бахисобгирии бухгалтери мебошанд.

98. Вазифахои асосии бахисобгирии бухгалтери иборатанд аз:

- тартиб додани ахбори пурра ва асосноккардашуда доир ба фаъолияти Донишгох ва вазъи амволи он;

- таъмини истифодабарандагони дохили ва берунии хисоботи бухгалтери бо ахбори зарури барои назорат бурдан аз болои риояи конунхо, амали гаштани муомилоти хочаги, мавчудият ва гардиши амвол, истифодаи захирахои модди, мехнати ва молияви, мутобики меъёрхо, нормативхо ва сметахои тасдикгардида;

- пешгири кардани натичахои манфии фаъолияти хочаги ва пайдо намудани захирахои дохили ва таъмини устувории молияви.

99. Ба хисобгирии бухгалтерии амвол ва муомилоти хочагии Донишгох бо пули миллии Чумхурии Точикистон – сомони сурат мегирад. Амволи Донишгох ба таври алохида ва доими ба хисоб гирифта мешавад. Тамоми муомилоти хочаги ва натичаи бакайдгири саривакт ва бо пурраги дар хисобхои бахисобгирии бухгалтери ба кайд гирифта мешаванд.

100. Барои Донишгох соли таквими аз 1 январ то 31 декабри соли хисоботи дониста мешавад, хисоботи хармоха ва семоха мобайни буда, бо чамъбасти афзоиши аз аввали соли хисоботи тартиб дода мешаванд ва онхоро ба макомоти болои дар мўхлатхои мукарраршуда ирсол мегарданд.

101. Шахсони рохбарикунандаи Донишгох барои вайрон кардани хисобот ва бахисобгирихои мукаррарнамудаи  конунгузори мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Оинномаи мазкури Донишгохи давлатии  Хучанд ба номи академик Б.Г.Гафуров дар тахрири нав дар чаласаи Шўрои олимони Донишгох аз 25-уми феврали соли 2008, №7 барраси ва барои тасдик ба Вазорати маорифи  Чумхурии Точикистон пешниход шудааст.

 

 

 

                            Раиси мачлис.            Ректор:                                           Н.Ю.Салимов