Осорхонаи таърихии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров яке аз мухимтарин зергурухи Донишгох махсуб меёбад. То  кушодашави осорхона корхои зиеди чустучуиро профессор Дун А.З. ва дотсент А.П.Войченко дар бойгонихои вилояти ва инфиродии шахсони алохидаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров анчом дода, бештар аз 1000 экспонатхо;- хуччатхо, дастнависхо, расмхо, асархои илми, китобхо, нишонахо ва г. чамъ намудаанд.

Осорхона 11 декабри соли 1982 ба муносибати чашни 50-солагии ДДОЛ ба номи С.М.Киров ботантана  дар бинои имрузаи факултаи филологияи точик кушода мешавад.

Осорхона аз соли 1991 (аз 13.06.1991, №УП-151) хамчун осорхонаи таърихии ДДХ ва вакто, ки бо   карори  Хукумати Чумхурии Точикистон аз 26-уми апрели соли 1997, №172 ба Донишгохи давлатии Хучанд  номи академик Б.Г.Гафуров дода шуд хамзамон осорхонаи таърихии вай низ ба номи академик Б.Гафуров номгузори карда мешавад.

Соли 2002  дар арафаи чашнгирии 70-солагии Донишгохи давлатии Хучанд  номи академик Б.Г.Гафуров осорхона бори дуввум аз нав тармим ва мучаххаз карда мешавад. Алхол дар осорхона 2600 экспонатхо махфуз аст. Экспонатхои осорхона Донишгохи имрузаро аз соли 1932 акс медиханд. Дар катори деворнигорахо ташрифи солномавии президенти ЧТ Эмомали Рахмон чои махсусро ишгол менамояд.

Зиёда аз ин бахшида ба 60-солагии Иди галаба дар ЧБВ деворнигоре доир ба чанговароне, ки аз микеси Донишгох дар солхои 1941-1945 чангидаанд ва чоннисорихо кардаанд ба маърази намоиш гузошта шудааст, ки он дар озмуни масштаби вилояти Сугд сазовори чои саввум гаштааст. Масохати умумии осорхона 75 м2 ташкил медихад.  

***

 

Файзуллоев Мухиддинчон (28.03.1951, ш.Ленинобод), муаррих, этнолог, номзади илмхои таърих (1987), дотсент (1993). Факултаи таърихи Донишгохи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносовро хатм кардааст (1974). Сарлаборант, корманди хурди илмии Пажухишгохи таърих, археология ва этнографияи АУ ЧШС Точикистон (1974-77), мудири шуъбаи корхои оммави-маърифати (1977-79), корманди илмии фонди музеи таърихию кишваршиносии в.Ленинобод (1979-82), мухаккик-коромузи кафедраи этнология (1982-83), аспиранти кафедраи этнологияи Донишгохи давлатии Маскав (1983-86), мудири шуъбаи таърихи тоинкилобии музеи таърихию кишваршиносии в.Ленинобод (1987-89), сармуаллими кафедраи чомеашиносии БХДТТ ба номи М.С.Осими (1989-93), дотсенти кафедраи таърихи кадимтарин ва асрхои миёнаи факултаи таърих (1993-99), ноибдекани шуъбаи гоибона (1994-95), декани факултаи таърих (1995-99), корманди калони илми (1999-2001), дотсенти кафедраи археология ва этнографияи халки точик (2001-05), мудири хамин кафедраи ДДХ (аз с.2005), директории осорхонаи ДДХ (2002). Дар экспедитсияхои сершумори археологию этнографи дар хайъати экспедитсияи комплексии археологии Точикистони Шимолии Пажухишгохи таърих, археология ва этнографияи АУ ЧШС Точикистон (1969, 1974-78), экспедитсияи комплексии Осиёи Миёнагии Донишгохи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар в.Ленинобод, н-хои Дангара, Совет, Кулоб, Восеъ, ш.Норак, в.Намангон (ЧУ), н.Боткент (ЧК), н.Солигалически в.Кострома (ФР) иштирок кардааст. Муаллифи беш аз 30 асари илми, илми-оммави оид ба масоили таърихи халки точик, этнографияи точик, музейшиноси, таърихи фарханг, таърихи хочагидории анъанавии точикон аст. Иштироккунандаи конфронсхои чумхурияви ва байналхалки (Маскав, 1994; Душанбе, 2005).

Осор: Методические указания, тематика контрольных работ и программа по основам экономической теории. -Худжанд, 1998 (в соавт.); Музейшиноси (рахнамои таълим). -Хучанд, 2003; Асосхои этнология (рахнамои таълим). -Хучанд, 2002;

***

 

Энгуразова Ирина Аминовна (14.11.1930, ш.Тошканд), китобшинос. Техникуми маданиву маърифатии Тошкандро хатм кардааст (1953). Корманди шуъбаи гоибона (1953-56), архивариус (1956-57), нозири шуъбаи кадрхо (1957-60) мудири умури ДДОЛ (1960), мудири бахши коргузори (1962-64), сарнозири шуъбаи кадрхо (1965-68), соли 1984 ба вазифаи сарнозир оид ба шуъбаи махсуси ДДОЛ-ДДХ гузаронида шудааст. Аз соли 1996 дар осорхонаи донишгох кор мекунад.

***