Кумитаи муттахидаи иттифоки касабаи донишгох. Иттифоки касаба хамчун ташкилоти чамъияти баробари таъсиси Донишкадаи давлатии омузгории шахри Ленинобод ба фаъолият шуруъ намуд. Дар аввал ташкилоти мазкур мустакилона фаъолият мебурд. Баъдан самтхои фаъолияти худро бо низоми кории раёсати донишкада ва баъдан донишгох хамоханг кард.

Кумитаи муттахидаи иттифоки касаба айни хол беш аз 12 хазор нафар аъзо дорад, ки онхо аз хисоби устодону донишчуён ба ин ташкилот шомил гардидаанд.

Максад, вазифа, хукук ва ухдадорихои Кумитаи муттахидаи иттифоки касабаро конунгузории Чумхурии Точикистон, Оиннома, Барнома ва Низомномаи иттифоки касаба муайян мекунанд.

Вазифахои асосии Кумитаи муттахидаи иттифоки касаба химояи хукуку имтиёзхои конунии кормандон махсуб мешавад. Гузашта аз ин, ташкилоти мазкур чихати ташкили шароити мехнат, манзил, тартиб ва речаи кор, меъёр ва маош бо маъмурияти донишгох хамкориро ба рох мемонад. Баробари ин, ба риояи конунгузори оид ба мехнат барои кабул ба кор ва озод кардан аз кор мусоидат менамояд. Халлу фасли мачмуи бахсу мунозирахои мехнатиро хамрох бо маъмурияти донишгох ба рох мемонад.

Яке аз мухимтарин вазифахои кумитаи муттахидаи иттифоки касаба иборат аз он аст, ки аз номи чомеаи мехнати ба шартнома имзо мегузорад. Кумита ташкили хифзи саломатии кормандон, донишчуён, ёрии модди ба ятимон, нафакахурон ва оилахои камбизоатро таъмин менамояд.

Иттифоки касаба аз интихои солхои 70-уми асри гузашта ташкилоти устодону кормандон ва хам донишчуёнро муттахид намуда, номи кумитаи муттахидаи иттифоки касабаро гирифт. Солхои гуногун Т.К.Курбонов, А.Н.Набиев, Е.Н.Кривашеева, З.Н.Умеренкова, А.Ш.Шарипов, М.И.Шамсиддинов сарварии ин ташкилотро ба ухда доштанд.

Аз соли 2003 то хол раиси кумитаи муттахидаи иттифоки касаба дотсент М.С.Мироватов мебошад. Дар ин давра дар фаъолияти кумитаи муттахидаи иттифоки касаба дигаргунихои кулли ба вукуъ пайваст. Теъдоди зиёди кормандону донишчуёни донишгох аз роххатхои истирохати истифода намуда, кисмате аз донишчуёни дигар бо хобгоххои замонави таъмин гардиданд. Махсусан, донишчуёни бо квотаи президенти ба донишгох дохилшуда аз чунин як хобгохи чудогонаи мучаххази замонави бархурдор мебошанд. Зиёда аз 52 нафар устоди донишгох бо манзили истикомати таъмин гардиданд.