Китобхонаи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Гафуров яке аз калонтарин китобхонахо дар байни мактабхои олии вилояти Сугд махсуб меёбад. Китобхона 20 ноябри соли 1932  таъсис ёфтааст. Дар китобхона хамаи нашрияхои чумхурияви, аз он чумла китобхо, нашрияхои давраги, инчунин нашрияхои мухими маркази ва чумхурияхои дигар чамъ оварда мешавад. Китобхона оид ба сохаи асосии дониш фонди бои адабиёти ватаниву хоричи дорад ва фонди худро аз хисоби нашрияхои ватаниву хоричи мунтазам гани мегардонад.

 Хазинаи китобхона характери универсали дорад. Дар он хамаи намуди нашрияхо - оммави-сиёси, куллиёти калассикони адабиёти ватани ва хоричи, нашрияхои илми, китобхои дарси, нашрияхои алохидаи асархои бадеи ва гайра мавчуданд.

Китобхона шуъбахо ва зершуъбахои зеринро дар бар мегирад:

- Шуъбаи хазинаи асосии китобдор ва обунаю дастраснамоии асархо;

- Шуъбаи махзани асархо;

- Шуъбаи хазинаи китобхои толори хониш ва матбуоти даври;

1. Зершуъба дар факултаи филологияи точик,

2. Зершуъба дар факултаи забонхои хоричи,

3. Зершуъба дар факултаи таърих,

4. Зершуъба дар хобгохи №2-4,

5. Зершуъба дар хобгохи №9,

6. Зершуъбаи хазинаи китобхои СОРОС,

     7. Зершуъбаи хазинаи асархои нодир.

-Шуъбаи таъмин  ва коркарди  асархо;

-Шуъбаи китобшиноси (библиография), хидмати иттилооти, чустучуй ва маълумотдихи;

Соли 2002 дар заминаи китобхонаи марказии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров Китобхонаи электрони (КЭ) ва Маркази компутери (МК) таъсис дода шуд.

       Китобхона тарики электрони дар мубодилаи китоби дохили мамлакат ва берун аз он иштирок мекунад. Вазифаи асосии ин самти кор гани намудани хазинаи китобхона бо асархои электрони аст.

Дар китобхона системаи фехристи адабиёт ташкил карда шудааст. Хонандагон аз фехристи алифбоии китобхо, нашрияхои давраги, нашрияхои давомдор, ки бо забонхои руси, точики ва инчунин забонхои хоричи чоп шудаанд, истифода мебаранд. Хамаи китоб, нашрияхои даврагии фонди китобхона дар фехристи калони алифбои акс ёфтаанд. Коркунони китобхона ба хонандагон дар чустучу ва дарёфт кардани адабиёти зарури маслихатхо медиханд. Дар заминаи бинои асосии китобхона (бидуни кироатхонахои зершуъбахо) барои 100 нафар кироатхонаи калон ва барои 20 нафар кироатхонаи хурд мавчуд аст. Имрузхо китобдорони китобхона ба беш аз 8000 хонандагон, аз чумла 1602 нафар донишчуёни  гоибхон хизмат мерасонанд.