ХУРРАМШАХР - ДДХ ба номи академик Б.ГАФУРОВ

 

Мачмааи варзишии Хуррамшахр. Нияту андешаи бунёди шахраки варзишиву фарогати дар рузхои тачлили 70-солагии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров ба миён омада буд. Хадаф аз бунёди ин шахрак фарохам овардани шароити мувофик ва мухити мусоид барои тарбия ва такомули чисмониву маънавии чавонони донишчу ба шумор мерафт. Ин нияти нек амалан кушише дар рохи сахм гирифтан дар татбики сиёсати Президенти мамлакат, Чаноби оли Э.Рахмон буд, ки «тандурустии чавононро тандурустии миллат» номида, «ба варзиш ва обутоби чисмони чалб намудани чавонон, тануманду солиму кавирух ба камол расонидани онхоро вазифаи мухими падару модарон, мактабхои тахсилоти умумиву оли ва тамоми чомеа» хисобида буд. Дар партави ин хидоят ва дастуроти сарвари давлат корхои сохтмони бо азми кави ва иродаи устувори чомеаи Донишгох огоз ёфтанд.

Бо назардошти мавзеъи нохамвор ва беобу гиёх будани макони бунёди шахрак дар мархилаи нахуст ичрои ду кори захматталаб ба мадди назар гузошта шуд. Якум - кандани чохи зеризамини бо хадафи таъмини об барои ободонии мавзеъ; дувум, хамвор кардани пастиву баландихои зиёд ва бардоштани харсангхои бузург аз майдончахои сохтмони.

Дар тули се мох бо кушиши мутахассисони сохаи об кандани чохи зеризамини бо умки 150 метр ба анчом расид. Хачм ва сифати обе, ки аз чох фаввора зад, барои корхои ободонии шахраки варзиши мувофик ва кофи буд. Бо максади омода намудани майдонхои варзишии шахрак 140 хазор м3 хоку шагал хамвор карда шуд.

Тархи умумии бунёди шахрак тахия гардид, ки он сохтмони майдони асосии варзишгох, майдончахои теннис, волейбол, гандбол, баскетбол, сохтмони фавворахо ва гулгаштхоро дар масохати 7 га пешбини мекард. Дар вусъати корхои сохтмони ва ободони дар радифи бинокорон накши дастони устодону донишчуёни донишгох хеле муассир буд.

Хар як узви чомеаи донишгох ширкатро дар бунёди шахрак карз ва вазифаи худ медонист. Натичаи дарки хамин матлаб буд, ки аглаби корхои бунёди шахрак ба таври хашари умумии устодону донишчуён сурат гирфт. Ба ин маъни, бунёди шахраки варзиши як мактаби тарбияи мехнатдусти ва ватандори гардид. Чомеаи донишгох бо ширкати фаъолона дар ичрои корхои сохтмони ва ободони аз имтихони ин мактаб бо сарбаланди гузашт ва ба кудрати созандагии худ эътимод пайдо кард.

Икдоми сохтмони шахраки варзиши ва чониби Хукумати чумхури ва шахсан Президенти мамлакат, Чаноби оли, Э.Рахмон дастгирии хамачониба пайдо кард. Бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлат, бо максади саривакт анчом додани корхои сохтмони сад хазор сомони маблаг чудо гардид. Ин тадбир суръати корхоро тезонид, ба бинокорон ва чомеаи донишгох неруву тавони тоза бахшид ва дар пешрафту анчоми ин мачмааи бошукух накши босазо гузошт. Хукумати вилояти Сугд низ чомеаи донишгохро дар бунёди ин шахраки варзиши пайваста дастгири менамуд.

Чомеаи устодону донишчуён ва бинокорон дар чавоби ин гамхорихо бо рухбаландии тамом чихати анчоми муваффаконаи корхои сохтмони камари химмат бубастанд. Махз матонату иродат ва ягонагиву якдилии онхо буд, ки корхои сохтмонии мачмааи варзиши дар фурсати хеле кутох ба анчом расида, ин мазрааи беобу бехосил ба замини сабзу хуррам ва макони фарогату истирохати хакикии чавонон мубаддал гардид.

Дар заминаи бунёди шахраки варзиши дар масохати 8000 м2 гулу сабза ва дарахтон парвариш карда шуда, дар дарозои 120 м силсилаи фавворахо бунёд ёфтанд. Дар майдони асосии варзишгох барои 2500 нафар ва дар майдони теннисбози барои 400 нафар нишастгоххо сохта шуда, худуди 5000 м2 роххои дохили шахрак мумфарш гардиданд.

Барои анчоми корхои бунёдкори масраф шудани беш аз 300 тонна семент низ ба вусъати корхои сохтмониву ободони дар шахрак ишорат мекунад.

Маросими ифтитохи шахраки варзишии Хуррамшахр 30 марти соли 2004 бо ширкати раиси вилояти Сугд К.Р.Косимов сурат гирифт.

Он руз вокеан на танхо донишгох, балки маркази вилоят ба идгохи хакики табдил ёфта буд. Дар табрикоти раиси вилоят ифтитохи ин мачмааи бошукух хамчун падидаи фарахбахш дар хаёти чавонони мамлакат арзёби гардид. Хамзамон таъкид шуд, ки «ин варзишгох барои парвариши варзишгарони сохибхунар, тарбияи ватандустию чисмонии чавонони шахру вилоят накши мухим мегузорад, дар андак муддат ба шахраки хакикии вахдату дусти ва фарогативу истирохатии чавонон, ба макони тантанахои фарханги-маърифати табдил хохад ёфт».

Ин нияти начиб ва умеди сабзи сарвари вилоят дар огози фаъолияти мачмааи варзиши чомаи амал пушид. Худи хамон руз як махфили бошукухи идона бахшида ба ифтитохи шахраки варзиши, ки бо рахпаймоии шукухманди устодону донишчуён, барномахои чолиби консерти ва хунарнамоии дастахои санъаткорони вилоят Спартакиадаи донишчуёни донишгох огоз ёфт, баргузор гардид.

Дар вазъияти ботантана парчами ин чорабинии бонуфузи варзиши аз чониби донишчуён - кахрамонхои варзиш барафрошта шуд. Бори нахуст дар хамин махфил аз чониби шогирдони донишгох Суруди донишгох садо дод.

Ректори донишгох, профессор Н.Ю.Салимов бунёди шахраки варзиширо намунаи татбики сиёсати хаётофарини Президенти мамлакат, Чаноби оли Э.Рахмон муаррифи намуда, омодагии чомеаи донишгохро барои хидмат дар рохи сарсабзиву шукуфоии кишвари азизамон таъкид сохт.

Номгузории шахраки варзиши ба «Хуррамшахр» бо ташаббуси раиси вилоят, К.Р.Косимов сурат гирифт. Бо ин икдоми раиси вилоят яке аз номхои таърихии ганчинаи безаволи адабиёти классикии форсу точик «Шохнома»-и хаким Абулкосими Фирдавси эхё гардид ва байти зерини ин шоири бузург маънии чадид пайдо кард:

Биёрост шахре ба сони бихишт,

Ба хомун гулу сунбулу лола кишт.

Тачрибаи давлатдории навини точикон дар тули солхои Истиклолият собит сохт, ки хар кучое кадами мубораки Чаноби оли Э.Рахмон бирасад, он чо шукуфоиву сарсабзи ва бунёдкориву ободони ривоч хохад ёфт. Ташрифи Чаноби оли Э.Рахмон ба Хуррамшахр, ки 14 июли соли 2004 сурат гирифт, далели мучассами ин матлаб аст.

Дар мулокоте, ки сарвари давлат бо чомеаи Донишгох доир намуд, устодону донишчуён бо изхори сарафрози ва сипос аз кумакхои бегаразонаи сарвари давлат дар бунёди ин мачмаа ёдовар шуданд.

Сарвари давлат зимни шиносои бо вусъати Хуррамшахр ва майдончахои алохидаи варзишии он каноатманди хосил намуда, таъкид кард, ки ин иншооти фархангиву варзиши бояд барои гузаронидани чорабинихои варзиши миёни варзишгарони манотики гуногуни чумхури ва тахкими равобити дусти ва хамкори миёни онхо хизмат намояд.

Чаноби оли аз вазъи зиндагии устодон, сатхи маърифатноки ва донишандузии донишчуён пурсон шуда, кайд намуд, ки насли чавони кишвар бояд аз донишхои замонави бахравар бошад. Имруз фурсате фаро расидааст, ки донишчуёни мо бехтарин равишхои омузиши забонхои хоричиро азбар намуда, усулхои муосири истифодаи технологияи чадидро биомузанд.

Сарвари давлат тарбияи чавонони сохибмаърифатро яке аз масъалахои асосии чомеаи муосир арзёби намуда, таъкид бар он дошт, ки дар навбати худ Хукумати чумхури тамоми чораву тадбирхоро чихати бехтар намудани вазъи таълиму тарбия андешида, барои кормандони сохаи илму маориф ва фарханг шароити мусоиди зиндагиву фаъолият фарохам меоварад.

Ташрифи Чаноби оли Э.Рахмон ба Хуррмашахр намунаи барчастаи гамхории сарвари давлат нисбат ба рушди сохаи маориф ва бехдошти вазъи ичтимоии кормандони соха махсуб мешавад.

Имруз ободии Хуррамшахр, рангомезии гулхои муанбар ва мулаввани он, нумуи дарахтони гуногунаш, таровати сабзахояш аз афзудани анбухи зебоихо дар як канораи Хучандшахри бостони, зухури гулистоне дар сангистони нообод ва кудрати бунёдкори дастхои инсон накл мекунад