Факултаи забонхои хоричи кухантарин маркази таълими забонхо дар донишгох ва вилоят ба шумор рафта, соли тахсили 1955-56 аз шуъбаи забонхои хоричии факултаи таъриху филологияи ДДОЛ ба факултаи мустакил табдил ёфтааст. Солхои аввали таъсисёбиаш дар факулта як шуъба мавчуд буд ва дар он аз руи як ихтисос - муаллими забони англиси таълим медоданд. Аз мохи августи с.1963 тахсил аз руи 2 ихтисос - англиси ва олмони сурат гирифт, ки ин ба ташкилёбии шуъбаи олмони асос гузошт. Декани аввали факулта А.Зокиров буда, аз соли 1957 Д.М.Шпринберг ин вазифаро ичро кардааст. Ба тадричан васеъ шудани кафедра ва сафи донишчуён карори Шурои Вазирони ИЧШС аз 27 маи соли 1961 «Оид ба бехтар намудани омузиши забонхои хоричи» мусоидат кардааст. Соли 1967 дар факулта аллакай 3 кафедра амал мекард:

1.Кафедраи инкишофи нутки шифохи ва хатти

2.Кафедраи забони олмони

3.Кафедраи забонхои хоричи барои факултахои гайритахассуси

Дар тули ним аср факултаи забонхои хоричи ба маркази омодасозии кадрхои сохибихтисос табдил ёфт, ки дар он сахми деканхои факулта, номзади илмхои педагоги, шодравон Д.М.Шпринберг, номзади илмхои филологи В.А.Бирюков, доктори илмхои филологи, профессор М.Н.Азимова, номзади илмхои филологи С.Ч.Чалолов, мудирони кафедрахо, номзади илмхои педагоги А.М.Михайлов, номзади илмхои филологи Р.А.Турабоева ва дигарон калон аст. Имруз дар факулта 5 кафедраи тахассуси ва 2 кафедраи умумидонишгохи фаъолият дорад:

Кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англиси;

      Кафедраи назария ва амалияи забони англиси;

      Кафедраи грамматика ва тарчума;

      Кафедраи ихтисоси дуюм ва усули таълим;

      Кафедраи забони олмони;

      Кафедраи забони англиси барои фанхои дакик;

      Кафедраи забони англиси барои фанхои гуманитари;

Дар ин кафедрахо зиёда аз 140 нафар муаллимони собикадор ва чавони болаёкат барои тайёр намудани мутахассисони чавобгуи стандарти давлати камари химмат бастаанд. Устодони факулта машгулиятхои амалиро бо истифода аз усулхои нави коммуникативию интерактивии таълим гани мегардонанд. Устодон Н.П.Пивоварова, Н.С.Тошматова, М.М.Рачабова, М.А.Масаидова, М.М.Юнусова, М.А.Бобохучаева, М.Сулаймонова пешсафанд. Устодони собикадор, номзадхои илм К.У.Усмонов, А.Б.Бойматов, А.Б.Шарипов, М.Н. Неъматуллоева, А.Г.Мулкичониён, М.А.Абдуллоева, М.А.Зикриёева, В.Г.Хасанов, В.В.Хасанов ва дигарон бо лексияхои пурмазмун дониши филологии мухассилинро васеъ намуда, чахони тасаввуроти забоншиносии ононро гани гардонида, шавку рагбаташонро барои боз хам хубтар аз худ намудани забонхои хоричи бедор менамоянд.

Дар 80 гурухи академики 1186 нафар толибилм дониш меомузанд. Факулта пештар аз руи 2 ихтисос: омузгори забони англиси-олмони ва тарчумони англиси-араби мутахассис тайёр менамояд. Аз соли хониши 2006-2007 мутахассисон танхо аз руи як ихтисос - омузгори забони англиси-олмони тайёр карда мешаванд.

Хатмкунандагони факулта на танхо дар мактабхои миёна, балки дар сохахои гуногуни чомеаи чумхури, аз чумла дар ташкилотхои гайридавлатию байналмилали адои вазифа менамоянд. Дар факулта барои бехтар фаро гирифтани забонхои хоричи шароити хуб фарохам оварда шудааст. Утокхои фаннии кафедрахо бо маводи таълими, овезаю схема, китобу дастурхои методи мучаххаз гардидаанд. Инчунин утоки компутари бо маводи таълими мавчуд аст, ки барои гани гардонидани мазмуни таълим равона шудааст.

Чаласаву махфилхои фанни ва махфили донандагони забони англиси хеле шавковару хотирмон мегузаранд. Бахусус, ба максади ичрои фармони Вазорати маорифи ЧТ бахшида ба чашнворахои ниёкон ва адибони муосир дар факулта чорабинихо ба забони англиси гузаронида мешаванд.

Фаъолияти тадкикоти илмии факулта низ дар сатхи назаррас карор дорад. Фаъолияти олимон А.М.Михайлов, Д.М.Шпринберг, В.М.Окунев, В.А.Бирюков, Т.К.Сатторов, М.Курбонов, М.Н.Азимова, С.Ч.Чалолов, К.У.Усмонов, М.Н.Неъматуллоева, А.Ш.Шарипов, А.М.Бойматов, А.Г.Мулкичониён, М.Юсупова ва дигарон аз руи равияву масоили мухими илми сурат мегиранд. Устодони факулта то имруз даххо монография ва садхо маколахои илми чоп кардаанд.

Хамчунин устодони факулта якчанд дастуруламал ва рахнамои таълими тахия кардаанд, ки онхоро омўзгорон ва толибилмон дар дарсхои амаливу лексиони чун маводи таълимии иловаги истифода мебаранд.

Дар давоми панч соли охир дах нафар устодони факулта аз руи масъалахои рузмарраи илми забоншиноси рисолахои номзади химоя намудаанд. Факулта бо Донишгохи давлатии лингвистии Маскав, Донишкадаи лингвистии АУ Русия (Санкт-Петербург), Донишгохи славянии Точикистону Русия ва г. робитаи илми дорад.

 

Кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англиси мохи апрели с.1987 дар заминаи кафедраи амалияи нутки дахони ва хаттии забони англиси таъсис ёфт ва то мохи майи с.1992 фаъолият дошт. Мудири нахустини он дотсент, номзади илмхои филологи М.Н.Азимова буд. Фаъолияти кафедра с.1992 катъ гардид ва муаллимони он ба кафедрахои навтаъсиси филологияи англиси №1 ва филологияи англиси №2 шомил шуданд. Мудирони ин кафедра дотсент М.Н.Азимова (1992), дотсент С.Ч.Чалолов (1992-95), сармуаллим М.Н.Неъматуллоева (1995-96), дотсент К.У.Усмонов (1996-97) буданд. Фаъолияти кафедраи забони англисии №1 ва №2 с.1997 катъ гардид ва дар асоси кафедраи №1 кафедраи фонетика ва лексикология ташкил ёфт. Ба ин кафедра дотсент М.Н.Неъматуллоева рохбари мекунад (аз с.1997). Кафедра таълими донишчуёни курсхои I, II, III-ро аз фанхои инкишофи нутк, грамматикаи амали, фонетикаи амали ва ихтисосхои омузгор-тарчумон ва омузгори англиси-араби таъмин менамояд. Устодони кафедра аз фанхои таърихи забони англиси, кишваршиноси, фонетикаи назари, лугатшиноси лексия мехонанд. Дар кафедра семнари илми-методи амал менамояд, ки он ба муаллимони чавон барои ташкили хуби фаъолият, сайкал додани махорати педагоги ва истифодаи сермахсули усулхои фаъолу коммуникативи дар раванди таълим кумак мерасонад. Устодони варзида, доктори илмхои филологи, профессор М.Н.Азимова, докторони илми педагоги, профессорон Т.Сатторов, Ф.К.Фузайлов, номзадхои илми филологи, дотсентон А.Б.Бойматов, А.Г.Мулкичониён, М.Н.Неъматуллоева, М.А.Бобохучаева, сармуаллимон Т.А.Пулодова, М.Г.Гайбуллоева, Н.П.Пивоварова, Т.З.Дорофеева, В.А.Бункова, Д.А.Каримова, муаллимони чавон Ш.Гиёсова, М.Т.Чалилова, М.Бобочонова, Ф.Чамолиддинова, Д.Исоева, С.Б.Косимова дар раванди тадрису таълим фаъолона иштирок мекунанд. Фаъолияти тадкикоти илмии устодони кафедра дар раванди такомул ва амалиёти вохидхои забон, дар системаи гуногунсохт ва истифодаи онхо дар чараёни таълим доманадор мебошад. Устодони кафедра дар конфронсхои чумхуриявию байналхалки фаъолона иштирок менамоянд ва дар солхои охир зиёда аз 10 монографияву рохнамо ва дастурхои таълимию методи таълиф кардаанд. Муаллимони чавон Д.А.Хайдарова ва У.Гадойбоева с.2007 дар ш.Душанбе рисолахои номзадии худро дифоъ карданд.

 

Кафедраи назария ва амалияи забони англиси бо максади такмили таълими грамматика 1 июни с.1998 таъсис ёфт. Каблан устодони кафедра дар дигар кафедрахои факултаи забонхои хоричи фаъолият мебурданд. Як кисми хайъати штатии кафедра аз хисоби хатмкунандагони с.1998 пурра гардид.

Холо дар кафедра 19 нафар омузгор, аз чумла 2 дотсент, 3 сармуаллим ва 14 ассистент ба таълиму тарбияи шогирдон машгуланд. Онхо аз фанхои таърихи адабиёти Англия, услубшиноси, сохти забони англиси, ташрехи матн, инкишофи нутк дар курсхои 4-5, грамматикаи матн, масоили мухталифи забоншиноси дарс мегуянд.

Фаъолияти тадкикоти илмии устодони кафедра дар ду самт чараён дорад:

1. Инкишоф ва амалиёти вохидхои забон дар системахои гуногуншакл;

2. Такмили чараёни таълиму тарбия дар факултахои тахассуси;

Кафедраи тарчума ва грамматикаи забони англиси. Кафедраи грамматика ва таърихи забони англиси аз мохи апрели с.1987 то майи с.1992 ба сифати як бахши факултаи забонхои хоричи фаъолият дошт, ки дотсент Р.А.Турабоева (1987-88), дотсент С.Чалолов (1988-89) ва дотсент К.Б.Маъмуров (1989-92) мудири он буданд. Мохи майи с.1992 фаъолияти кафедра катъ гардид ва омузгорон ба кафедрахои дигари навтаъсис (фонетика ва лексикологияи забони англиси, филологияи англисии №1, филологияи англисии №2) шомил шуданд.

Мохи сентябри с.1997 кафедраи тарчума ва услубшиносии забони англиси таъсис ёфт. Ба кафедра дотсент А.Бойматов (1997-99) ва сармуаллим С.П.Балтина (1999-2000) сарвари кардаанд. Мохи сентябри с.1997 кафедраи дигаре бо номи кафедраи грамматика ва типологияи мукоисавии забони англиси ва модари ба фаъолият огоз кард, ки сармуаллим М.Гайбуллоева (1997-99) ва дотсент М.Бобохучаева (1999-2000) мудирии онро бар душ доштанд.

Мохи сентябри с.2000 кафедраи тарчума ва грамматикаи забони англиси таъсис ёфт, ки то имруз фаъолият дорад. Мудирии ин кафедраро дотсент М.Бобохучаева (2000), профессор М.Н.Азимова (2000-2004), муаллим Н.Курбонова (2004-06), дотсент К.Усмонов (аз мохи апрели с.2006) бар ухда доранд.

Кафедра фаъолияти таълимии донишчуёни солхои якум, дуюм ва сеюмро аз фанхои инкишофи нутк, грамматика амали таъмин менамояд. Хамчунин фанхои тарчума чун ихтисоси дуюм, грамматикаи назари, типологияи мукоисавии забони англисию модари ва дуюм, грамматикаи назари, типологияи мукоисавии забони англисию модари ва г. дар раванди таълим чойгохи хосе доранд.

Кафедра бо номи устодони варзидаи сохаи англисишиноси - номзадхои илми филологи, профессор М.Н.Азимова, дотсентон К.Усмонов, М.Бобохучаева, Ф.Х.Носирова, М.Юсупова, сармуаллимон С.П.Балтина, З.Хочаева, Н.С.Тошматова, Л.В.Петрова, Н.Курбонова, М.Мирзомуротова, Д.Каримова, муаллимони чавон С.Холов, Г.Файзиева, Д.Муъминова, Д.Хомидова, С.Аминова, Г.Расулова ифтихор дорад.

Дар 5 соли охир зиёда аз 15 монография, рахнамои таълим, дастури таълимию методи ва барномахои таълим ба чоп расидаанд.

Кафедраи забони олмони. Тайёр кардани омузгорони забони олмони дар ДДХ аз с.1963-64 огоз ёфт. Донишчуёни аввалини шуъбаи забони олмони хатмкунандагони мактабхои точики буданд. Дар он солхо ба мактабхои чумхури, аз чумла Точикистони Шимоли муаллимони баландихтисоси забонхои хоричи намерасиданд. Бинобар ин дар тули 2-3 сол дар шуъбаи забони олмони гуруххои узбеки (1964) ва руси (1967) таъсис ёфтанд. Афзудани микдори гуруххои олмонизабон зарурати ташкили кафедра ва шуъбаи забони олмониро ба миён гузошт ва с.1965 кафедраи забони олмони созмон ёфт. Дар ташкилёбии кафедра муаллимони аввалини он В.А.Бирюков, М.В.Рехина, Н.В.Гуляйхин, Л.В.Лашенко, Р.И.Смагина хиссаи арзанда доранд.

Дар солхои 70-80-уми асри ХХ фаъолияти ахли чомеаи кафедра барои баланд бардоштани самарабахшии чараёни таълиму тарбия, татбики технологияи пешкадами омузиши забонхои хоричи, мутобиксозии барномахои таълими барои гуруххои милли, тахкими масъалахои таълими-методи, чамъовари ва самарабахш истифода бурдани адабиёти таълими-методи ва бадеи, чори кардани васоити техники ба чараёни таълим нигаронида шуда буд. Дар ин солхо неруи илми-тадкикотии кафедра низ афзуд: устодони кафедра А.А.Маргарян (1971-74) В.А.Бирюков (1972-75) ва А.Ш.Шарипов (1980-83) дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омузгории забонхои хоричии ба номи М.Торези шахри Маскав (холо Донишгохи давлатии лингвистии Маскав) тахсил намуданд ва рисолахои номзадиашонро бомуваффакият дифоъ намуданд. Онхо аз аввалин олимони сохаи забоншиносии олмони дар чумхури ба шумор мераванд. Соли 1984 сафи олимони кафедра васеъ гардид: сармуаллими кафедра С.С.Одинсова дар шуъбаи ленинградии Пажухишгохи забоншиносии АУ ИЧШС, с.1994 муаллим М.А.Баротов дар Пажухишгохи лингвистии АУ Русия (Санкт-Петербург) ва с. 2005 сармуаллим Матлуба Сулаймонова дар Душанбе рисолахои илми дифоъ карданд.

Кафедраро сармуаллимон В.А.Бирюков (1964-65), И.Ф.Коситсина (1965-71), С.А.Юстус (1971-73), Е.Н.Нурмагамбетов (1973-76), В.А.Бирюков (1976-87), А.Ш.Шарипов (аз с.1987) рохбари карданд.

Имрузхо дар кафедра 2 номзади илм, дотсент, 4 сармуаллим, 4 муаллими баландихтисос ба донишчуён сабак медиханд, як аспирант бо тадкикоти илмии забоншиносии олмони машгул аст. Онхо собик хатмкунандагони хамин шуъба хастанд. Солхои охир онхо курсхои такмили забони олмони ва усули таълими онро дар марказхои Пажўхишгохи ба номи Гёте дар Чумхурии Федеративии Олмон гузаштанд.

Кафедра дорои утоки забони олмони, утоки кишваршиносии Олмон мебошад, ки онхо бо асбобхои хозиразамон чихозонида шудаанд. Дар ин чо ба ихтиёри донишчуён китобхои хониш, дастурамалхо, комусу лугатхои хозиразамон гузошта шудаанд. Кисми зиёди комусу лугат ва дастурамалхо аз Чумхурии Федеративии Олмон дастрас гардид. Аз аввали солхои 90-и асри гузашта кафедраи забони олмони бо сафоратхонаи Олмон дар ш.Душанбе ва бо донишгоххои алохидаи Чумхурии Федеративии Олмон робитахои зичи илми ва кори дорад. Ба туфайли ин хамкори хар соли хониш 3 ва 4 донишчу дар донишгоххои Олмон 1-5 мох тахсили забон мегузаранд ва инчунин бо тарзи хаёти халки Олмон, маданияту шахрхои он шинос мешаванд.

Кафедраи забонхои хоричии факултахои гуманитари 1 ноябри с.2005 бо максади бехтар намудани ташкили раванд ва сифати таълими забонхои хоричи ва бо назардошти ихтисосхои мухталиф дар асоси кафедраи умимидонишгохии забонхои хоричи ва кафедраи ихтисоси дуюми факултаи забонхои шарк таъсис ёфт.

Дар кафедра 24 нафар устодон, аз чумла 5 сармуаллим фаъолият доранд, ки онхо дар факултахои забонхои шарк, филологияи узбек, филологияи рус, филологияи точик, педагогика, таърих, забонхои хоричи ва кафедраи тарбияи чисмони ба тадрис машгуланд. Ба фехристи кафедра забони англиси чун фанни гайритахассуси, забони лотини, хамчунин забони англиси ба хайси ихтисоси дуюм дар факултаи забонхои шарк дохил мешавад.

Аз огози таъсиси кафедра вазифаи мудирии он ба души сармуаллима Н.Т.Тошматова гузошта шудааст. Дар хайъати кафедра мутахассисони сохибистеъдод, аз чумла аълочиёни маорифи ЧТ С.Бегматова ва К.Узбекова кор мекунанд.

Кафедраи ихтисоси 2-юм ва усули таълими забонхои хоричи каблан кафедраи назария ва методикаи таълими забони англиси ном дошт, мохи сентябри с.1970 ташкил ёфта, мохи апрели с.1987 бархам дода шудааст. Махз дар асоси ин кафедра мохи апрели с.1987 кафедраи методикаи таълими забонхои хоричи ташкил шуд. Аз мохи марти с.1996 то августи с.1997 кафедраи методикаи таълими забонхои хоричи ба кафедраи байнифакултавии забонхои хоричи шомил буд. Аз мохи сентябри с.1997 то сентябри с.1999 кафедраи методикаи таълими забонхои хоричи бархам дода шуд ва кафедраи забонхои хоричи мустакил гашт. Мохи сентябри с.1999, боз кафедраи методикаи таълими забонхои хоричи аз нав ба фаъолият огоз кард ва мохи сентябри с.2000-ум ба кафедраи методикаи ихтисоси 2-юм шомил гашт ва он номи кафедраи ихтисоси 2-юм ва усули таълими забонхои хоричиро гирифт, ки то имруз амал мекунад. Дар солхои гуногун устодони зерин вазифаи мудирии кафедраро ба зимма доштанд:

I.Кафедраи назария ва методикаи таълими забони англиси

1.Михайлов А.М.       1970-72.

2. Бобоев Э.             1972.-04.1973.

3. Рахимов С.            1973-77

4.Эстрина В.А.           1977-78.

5. Рахимов С.            1981-82.

6.Турабоева Р.А.       1982-87

II.Кафедраи методикаи таълими забонхои хоричи

1.Сатторов Т.К.         1987-90

2.Михайлов А.М.        1990-96

3. Сатторов Т.К.        1996-97

4.Бойматов А.           1999-2007.

III. Кафедраи ихтисоси 2-юм ва усули таълими забонхои хоричи

1.Бойматов А.           1999-2007

2. Бобохучаева М.А. аз с.2007

Дар кафедра 19 омузгор аз чумла дотсентон А.Бойматов., М.А.Бобохучаева, Б.Х.Эшонкулов, К.К.Шарипов; сармуаллимон В.Г.Хасанов, В.В.Хасанова, С.А.Умарова, М.Хошимова, М.Вохидова, С.Атахонова, Б.Камолова, ассистентон: Н.Юсупова, Н. Бурхонова, И.Гоибов, Ф.Орипова, Н.Метинбоева, З.Низомиддинова, Н.Шодмонова, Э.Эгамов фаъолияти педагоги мебаранд.

 

Кафедраи забонхои хоричии фанхои дакик. Таъсисёбии кафедраи забонхои хоричи бо зарурати давраи Чанги Бузурги Ватани зич алокаманд аст. Он солхои тамоми фаъолияти ДДОЛ ба талаботи чанг мувофик карда шуда буд. Яке аз ин вазифахо ба чавонон-чанговарони оянда харчи бештару хубтар омузонидани забони олмони махсуб мешудааст. Бо назардошти хамин зарурат соли тахсили 1941-1942 кафедраи забонхои хоричи таъсис ёфтааст.

Бунёдгузорони ин кафедра М.Б.Морозовская ва Н.А.Алексеева буданд. Номи аввалини мудири кафедра маълум нест. Маълум аст, ки аз соли 1945 то соли 1950 вазифаи мудириро Н.А.Алексеева бар душ дошт.

То соли 1950 омузгорони кафедра дар факултахои гайритахассуси аз забонхои олмони ва англиси сабак мегуфтанд. Соли 1967 кафедраи забони англиси ба ду таксим шуд: яке ба факултаи тахассуси сабак мегуфт, дигаре ба факултахои гайритахассуси.

Мудирони кафедра инхо буданд:

1. Алексеева Н.А. – 1945-1950

2. Панусянс А.С. – 1952-1953

3. Храмова В.М. – 1953-1957

4. Соловёва А.Н. – 1957-1964

5. Усмонов К. – 1987 то 2006.

Кафедра холо дорои 20 аъзои штати аст, ки дар 7 факултаи Донишгох ба шогирдон аз забони англиси ва олмони сабак меомузанд. Аз мохи апрели с.2006 мудири кафедра дотсент М.В.Зикриёева таъин карда шудааст.