Факултаи тибби  с.1991 бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон (№VII-151 аз 13.01.91) дар хайъати ДДХ ба номи академик Б.Гафуров таъсис ёфтааст. Кабл аз ин карори хайъати мушовараи Вазорати маорифи ИЧШС низ дар бораи дар ДДХ кушодани факултаи тибби ба тасдик расида буд. Факулта аз ду шуъба – педиатри ва муоличави иборат буд. Дар давоми якчанд соли фаъолият дар факулта 27 кафедра ва 14 курс ташкил карда шуд, ки дар онхо 14 нафар докторони илм, профессорон, 53 нафар номзадхои илм ва дотсентон кор мекарданд. Шурои илми, шурои деканат, ду комиссияи проблемави-методи ва илми таъсис ёфт. Теъдоди донишчуёни факулта дар хамаи курсхо - аз якум то шашум бештар аз 1340 нафарро ташкил мекард, ки аз ин чумла 134 нафар аз мамолики ИДМ (Узбекистон, Киргизистон, Казокистон, Озарбойчон, Гурчистон ва г.) ва 118 нафар аз мамолики хоричи (Хиндустон, Покистон, Сурия ва г.) буданд. Пойгоххои клиники ва назариявии факулта ба тайёр кардани кадрхои баландихтисоси тибби чавобгу буда, устодони он гайр аз раванди тадрису тарбия фаъолона тадкикоти илми мебурданд.

Мохи августи с.1995 бо карори Хукумати ЧТ дар баробари дигар факултахои тиббии донишгоххо дар ин факулта низ кабули донишчуён ба курси якум сурат нагирифт. Дар натича аз кор рафтани устодони баландихтисос огоз ёфт. Мохи октябри с.1997 бо хохиши рохбарияти вилоят ва фармонхои вазири маорифи ЧТ ва вазири нигахдории тандурустии ЧТ дар асоси факултаи тиббии ДДХ бахши хучандии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (БХ ДДТТ) ташкил шуд. Дар давоми мавчудияти факулта сарварии факултаро номзади илмхои тиб, дотсент А.А.Аминов дар зимма дошт.

Кафедраи акушери ва гинекология с.1994 ташкил ёфтааст. Ба вазифаи мудирии кафедра номзади илмхои тиб, дотсент М.К.Косимова таъин гардид. Дар катори устодони кафедра педагогони баландмахорат, номзади илмхои тиб Е.М.Гозибекова сармуаллим М.А.Хочаева, ассистентон Г.У.Пулодова, Р.И.Рустамова кор мекарданд. Базаи клиникии кафедра таваллудхонахои шахру вилоят, шуъбаи септико-гинекологии беморхонаи клиникии вилоят ба хисоб мерафтанд. Устодони кафедра ба донишчуёни курсхои 4 ва 5-уми шуъбахои муоличавию педиатри аз акушерию гинекология дарс мегуфтанд.

Соли 1997 тахти рохбарии методии кафедра якчоя бо идораи нигохдории тандурустии хукумати в.Ленинобод конфронси 3-уми илмию амалии акушерону гинекологхо гузаронида шуд, ки маводи он аз чоп баромад.

Кафедраи анатомияи одам с.1991 бо мусоидати кафедраи умумии анатомияи одами ДДТТ ташкил шудааст. Ташкилкунандаи он номзади илмхои тибб, дотсент К.Э.Ашуров буд, ки ба тарики интикол с.1991 аз ДДТТ ба ДДХ ба кор гузашт. Кафедра дар асоси диспансери саратоншиносии вилоят амал мекард. Солхои аввал ба кор духтурони чавон Б.А.Муъминов, Х.Гафуров, М.А.Чураев даъват карда шуданд. Кормандони кафедра бо ёрии рохбарияти факултаю донишгох оиди ташкил ва пурра кардани воситахои таълимию аъёни кори зиёдеро ба субут расониданд.

Баъди ба бинои нав - шуъбаи патологоанатомии БКВ кучидани кафедра базаи моддию техникии он хеле мустахкам гардид. Дар кафедра олимони маъруф ва устодони пуртачриба, профессорон М.К.Каримов ва М.У.Усмонов кор мекарданд. Онхо ба такмили раванди таълим, ба даст овардани асбобу воситахои аъёни кумаки калон мерасониданд. Кормандони кафедра дар ташкил ва гузаронидани конфронси байналхалкии «Экология, саломати, бемори» (Хучанд, 1996) ва конфронси чумхуриявии «Масоили мубрами тиб» бахшида ба хотираи профессорон Л.А.Рахимов, З.П.Хочаев, академик К.Т.Точиев ва Ю.Б.Исхоки, хамчунин анчумани якуми морфологхои Узбекистон (1993) фаъолона иштирок карданд. Кормандони кафедра бештар аз 10 асари илмиро таълиф ва нашр намуданд.

Кафедраи беморихои кудакон с.1993 ташкил шудааст. Аз рузи ташкилшави беморхонаи клиникии кудаконаи вилоят (280 кат) базаи кафедра ба хисоб меравад. Беморхона 9 шуъбаи соматики ва як шуъбаи эхё дорад.

Ташкилкунандаи кафедра доктори илмхои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи байналхалкии мактабхои оли А.Р.Раупов мебошад. Хамрохи у ассистентон Е.В.Юрина ва М.Аминова ба кор омаданд. Дере нагузашта баробари афзудани теъдоди донишчуён кафедра низ тавсиа ёфт. Хайъати кормандони кафедра аз хисоби номзадхои илми тиб, дотсентон И.Р.Раупова, Н.Д.Бузурукова, ассистентон Ф.И.Атахонова, Н.А.Ашуров, Ф.Икромов, Р.И.Содикова пурра гардид. Тадкикоти илмии кормандони кафедра ба бемории гурдаи кудакон бахшида шудааст. Соли 1996 аспирант Л.А.Бобоева рисолаи номзадиашро дифоъ кард. Кормандони кафедра 15 маколаю фишурда, як воситаи методи нашр кардаанд.

 

Кафедраи беморихои чаррохи мохи августи с.1994 чун кафедраи чаррохии факултети дар базаи шуъбаи чаррохии фаври ва римноку уфунатноки беморхонаи клиникии вилоят ташкил карда шуд. Мудири кафедра номзади илмхои тиб, дотсент А.А.Тураев таъин гардид. Ба хайси дотсенти кафедра номзади илмхои тиб Т.Д.Чураев фаъолият мебурд. Чаррохони дарачаи оли И.К.Холматов ва А.Х.Хомидов ассистентии кафедраро ба зимма доштанд.

Мохи августи с.1995 кафедраи чаррохии факултети номи кафедраи беморихои чаррохишавандаро гирифт ва базаи он шуъбаи чаррохии калонсолони беморхонаи клиникии шахрии №1 ба номи С.У.Урунов гардид.

 

Кафедраи бехдошти умуми ва ичтимои бо ташкили нигахдории тандурусти с.1993 ташкил шудааст. Мудири кафедра доктори илмхои тиб, профессор А.Я.Яъкубов буд. Дар кафедра номзадхои илмхои тиб М.А.Абдуллоева, Д.А.Садриддинова, ассистентон Д.Х.Косимова кор кардаанд. Кафедра вазифахои зеринро ичро менамуд:

- ташкили раванди таълим барои донишчуёни курсхои 2-5 аз фанхои бехдошти умуми ва таърихи тиб;

- ташкили кори тадкикоти илми аз руи мавзуи «Хифзи тандурустии ахоли вобаста ба ифлосшавии мухити зист бо маводи химияви» ва ба он чалб кардани донишчуён;

- тахияи дастурхои таълимию методи, китобхои дарси оид ба бехдошт ба забонхои русию точики.

 

Кафедраи гистология с.1992 дар факултаи тиббии ДДХ ташкил шудааст. Асосгузор ва мудири он номзади илмхои тиб, дотсент С.Ч.Чураев мебошад. Дар кафедра хамчунин сармуаллим Ш.С.Хочибоев, муаллимон М.С.Хочиева, М.М.Аминова кор кардаанд. Кормандони кафедра гайр аз таълиму тарбия ба кори тадкикоти илми низ диккати махсус медоданд. Аз чумла мудири кафедра С.Ч.Чураев муаллифи китоби дарсии «Бофташиноси» (кисмхои 1 ва 2), дастурхои методи ва чандин маколахои илми мебошад.

 

Кафедраи дерматовенерология бо курси фармакологияи клиники мохи сентябри с.1993 ташкил шудааст. Тадриси фанни фармакологияи клиники дар факулта соли хониши 1995-96 огоз ёфт. Мудирии кафедра ба души номзади илмхои тиб, дотсент Н.К.Косимов гузошта шуда буд. Дар кафедра дотсент Д.Ф.Исхоки, ассистентон Х.Д.Шокиров, М.Р.Амончонов кор мекарданд. Базаи клиникии кафедра диспансери беморихои пусту венерологии в.Ленинобод буд, ки дар он вакт шуъбаи поликлиникави барои кабули 150 бемор дар як баст, статсионари беморихои пусту венерологи (150 кат), шуъбаи микологии кудакона (50 кат), лабораторияхои клиникию ташхиси, бактериологи ва серологи, утоки физиотерапевти дошт. Кормандони кафедра дар давраи фаъолияташон бештар аз 20 асари илми нашр карда, с.1996 конфронси илмию амалии дерматовенерологхои в.Ленинободро бо иштироки мутахассисони хамчавор (акушер-гинекологхо, эпидемиологхо ва г.) гузарониданд.

Кафедраи осебшиноси, ортопедия, чаррохии харбии сахрои ва нейрочаррохи мохи сентябри с.1993 ташкил шудааст. Мудири кафедра доктори илмхои тиб А.А.Раззоков буд. Дар кафедра номзади илмхои тиб А.М.Муродов, ассистентон Г.Масаидов, Ш.Зиёбоев ва А.Зокиров кор мекарданд.

Кафедра дар базаи шуъбахои осебшиносии кудакон ва калонсолони беморхонаи клиникии №1 шахри Хучанд чойгир буд. Дар базахои клиникии кафедра усулхои муосири  муоличаи беморон чори карда, худи кафедра бо воситахои хозиразамони таълим мучаххаз буд. Кормандони клиника бештар аз 50 асари илми, аз чумла воситаи таълими «Курси мухтасари асосхои нейрочаррохи» (А.А.Розиков)-ро аз чоп бароварданд. Кормандони кафедра гайр аз таълими донишчуён ба такмили ихтисоси бештар аз 15 пизишкон сахмгузоранд. Онхо конференсияи илмию амалии вилояти ва як катор семинархо барои пизишкони вилоят гузаронидаанд.

 

Кафедраи оториноларингология ва офталмология с.1993 дар базаи се шуъбаи отариноларингология ва се шуъбаи офталмологияи БКВ ташкил шудааст. Бунёдгузори кафедра доктори илмхои тиб, профессор И.Б.Холматов буд. Дар кафедра аз рузи ташкилшавиаш доктори илмхои тибб, профессор И.М.Усмонова, номзадхои илмхои тибб У.Б.Бобочонов, Д.И.Холматов, А.А.Очилзода, М.А.Исмоилова, хамчунин З.Р.Мавлонова, Р.С.Холматова, Н.И.Дехконова, Ф.С.Каримова, Б.Е.Хучамкулов, А.С.Порсоев кор кардаанд.

Тадкикоти илмии кормандони кафедра ба масъалаи «Тавсифи клиникию аудиологи ва вестибулометрии кари дар сокинони Точикистон ва усулхои эхёи он» бахшида шудааст. Устодони кафедра оиди ин мавзуъ бештар аз 70 макола чоп кардаанд.

Кафедраи пропедевтикаи беморихои дохили мохи августи с.1993 ташкил шудааст. Омузгори ботачриба, номзади илмхои тиб, дотсент Т.Т.Рахимова, ки каблан дар чунин кафедраи ДДТТ кор мекард, мудири кафедра таъин шуд. Т.Т.Рахимова коллективи ахли ассистентонро гирд оварда, раванди таълимро ба рох монд. Базаи кафедра беморхонаи клиникии вилоят буд. Дар кафедра номзади илмхои тиб М.А.Сайфуллоева, духтурони баландихтисос М.С.Ахмадбекова, И.Ю.Муъминов, Н.А.Хочиева, А.А.Абдукодиров, З.Б.Баротов, Р.А.Авезов кор мекарданд.

Кобили зикр аст, ки дар тули мавчудияти кафедра кормандони он дар шуъбахои беморхонаи клиникии вилояти ва диспансери кардиологии вилоят кори зиёди муоличавиро низ ба субут мерасониданд. Дар кафедра ординаторони клиники тахсил мекарданд. Кормандони кафедра 8 асари илми чоп кардаанд

Кафедраи саратоншиносии тибби с.1995 ташкил шуда буд. Ба сифати базаи кафедра маркази саратоншиносии вилоят хизмат мекард. Дар марказ ба туфайли чидду чахди мудири кафедра, профессор Б.П.Ахмадов ва ёрии амалии сарпизишки марказ, номзади илмхои тиб Ю.М.Норматов барои ташкили раванди таълим шароити мусоид мухайё карда шуд. Хамаи кормандони кафедра гайр аз таълиму тарбия ба кори муолича низ чалб карда шуданд. Дар давоми ду сол онхо такрибан 900 чаррохиро ба субут расониданд. Гайр аз ин устодони кафедра дар чаласахои бахши хучандии Ассотсиатсияи зиддисаратони ЧТ, ки раиси он профессор Б.П.Ахмадов мебошад, баромад мекарданд. Устодони кафедра дар давоми с-хои 1995-1997 китобхои зеринро ба чоп расониданд: Б.П.Ахмедов, Д.З.Зикрияходжаев. Онкология. -Д., 1995; Б.П.Ахмедов, А.Л.Дурнов. Редкие злокачественные опухли у детей. -Д.: Ирфон, 1997.

 

 Кафедраи терапияи госпитали с.1996 ташкил ёфтааст. Кафедра ба туфайли кушишу гайрати доктори илмхои тиб, профессор А.Б.Баротов ташкил шуда буд. Дар он дотсент М.Мамашарифов, сармуаллим Б.А.Муъминов, ассистент М.Маруфов кор мекарданд. Сарварии кафедраро аввал профессор А.Б.Баракаев, сипас доктори имлхои тиб, профессор С.А.Аминчонов ба зимма доштанд.

 

Кафедраи терапияи факултетиро доктори илмхои тиб, профессор З.М.Бобохочаев с. 1994 дар базаи БКВ ташкил кард. Баъдтар кафедра ба базаи шуъбаи терапияи кисми тиббию санитарии коргохи абрешими Хучанд кучид.

Дар кафедра номзади илмхои тиб, дотсент Н.М.Мухиддинов, ассистентон И.Н.Бобохочаев, М.Мамадчонов, С.Саидова машгули мехнат буданд. Кафедра муассисаи бисёрсоха буд. Гайр аз курси асоси дар он аз фанхои беморихои касби, тарбияи чисмонии муоличави, терапияи харбии сахрои, физиотерапия дарс мегуфтанд.

Кафедраи чаррохи, анестезиология ва реаниматологияи синни кудаки мохи августи с.1993 дар базаи маркази чаррохии вилоятии назди беморхонаи клиникии шахрии №1, ки 110 кат дошт, ташкил шуда буд. Кафедра се утоки таълими, лаборантхона, утоки мудир, воситахои техникии таълим - диапроекторхои «Этюд» ва «Лети», этипроектор, гарфопроектор, слайдхо, чадвалхо дошт. Мудири кафедра номзади илмхои тиб Э.Х.Хомидчонов буд. Аз рузхои аввал ба кафедра номзади илмхои тиб С.М.Дадобоева, ассистентхои ботачриба У.Б.Бойматов, О.У.Кобилов, Ф.Н.Нуров, Б.К.Тошпулодов ба фаъолият шуруъ карданд. Устодони кафедра ба донишчуёни соли 4-5 аз чаррохии кудакон ва донишчуёни соли шашум анестезиология, реаниматология, трансфузиология дарс медоданд.

 

Кафедраи чаррохии умуми бо курси анестезиология ва реаниматология мохи августи с.1993 ташкил шудааст. Сарвари нахустини он доктори илмхои тиб, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми ЧТ Б.П.Ахмадов буд. Кафедра дар базаи нух шуъбаи тамоюлашон чаррохии БКВ ташкил шуда буд. Мудирии курси анестезиология ва эхёро номзади илмхои тиб, дотсент А.А.Аминов ба ухда дошт. Дар ин кафедра номзадхои илмхои тиб Т.Д.Чураев, О.Г.Гаффоров, Х.А.Чураев, хамчунин И.К.Холматов, М.С.Иноятов, А.Р.Фозилов, А.И.Дадохочаев, А.С.Кодиров кор кардаанд. Аз с.1996 мудири кафедра номзади илмхои тиб О.Г.Гаффоров буд.

 

Кафедраи чаррохии фаври ва анатомияи топографи соли 1992 ташкил карда шудааст. Мудири кафедра доктори илмхои тиб, дорандаи Чоизаи давлатии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино дар сохаи илму техника, ходими хизматнишондодаи илми ЧТ, профессор М.К.Каримов таъин гардид. Дар кафедра ассистентон Г.У.Очилов ва Д.Д.Ботурхучаев кор кардаанд.

Кафедраи эпидемиология ва беморихои сирояткунанда с.1994 ташкил шудааст. Номзади илмхои тибб, дотсент М.К.Рофиев мудири кафедра таъин гардид. Номзадхои илмхои тиб Н.А.Рахматов, А.Ю.Йулдошев, Я.А.Рустамов ба хайси дотсент кор мекарданд.

Баъди ректори ДДТТ таъин шудани М.К.Рофиев номзади илмхои тиб, дотсент А.Ю.Йулдошев и.в.мудири кафедра гардид. Ба сабаби афзудани микдори соат ба хайси ассистентон З.М.Домуллочонова, А.А.Ашуров, А.И.Исмоилов, З.М.Ахмадова, А.Х.Бобочонов, М.Х.Чабборов, Б.Д.Камолов, Н.К.Саидхочаев ба кор омаданд. Базаи клиникии кафедра бемористони касалихои сирояткунандаи ш.Хучанд, хамчунин стансияхои санитарию эпидемиологии шахру вилоят ба хисоб мерафтанд. Кормандони кафедра оид ба масъалаи тахкики беморихои сирояткунанда бо назардошти паталогияи музофоти тадкикоти илми мебурданд. Онхо такрибан 30 асари илми таълиф ва нашр кардаанд.

Курси бемории сили факултаи тибби мохи сентябри с.1994 дар базаи диспансери зидии бемории сили вилоят аз чониби номзади илмхои тибб Л.А.Искандарова ташкил карда шуд ва у мудири курси мазкур дар назди факултаи терапия таъин гардид.

Солхои 1994-96 дар ин курс номзадхои илмхои тиб Л.А.Искандарова, М.А.Пулодов, М.О.Бурхонова кор кардаанд.

Соли 1996 мудири курс сармуаллим С.М.Чумъаева таъин шуд. Аз ин сол курс бо хачми пурра ба фаъолият шуруъ кард. Ба ибораи дигар дар он донишчуёни курсхои 4, 5 ва 6 машгулият мегузарониданд. Машгулиятхо дар диспансери бемории сил, ки статсионари рузона (20 кат) дошт, аз чониби педагогхои баландихтисос С.М.Чумъаева, Т.Д.Саприкина, В.Х.Азизова, Т.Д.Чумъаев, Т.В.Коваленко гузаронида мешуданд.

 

Курси психиатрия ва психологияи тибби с.1993 дар базаи диспансери психоневрологии Ленинобод ташкил карда шуд. Мудири курс номзади илмхои тиб, пизишк-психиатри категорияи оли, Пизишки хизматнишондодаи ЧТ А.С.Самадов таъин гардид. Пизишкони ботачрибаи муоличакунанда Л.А.Сивочко ва Ш.А.Сатторов ба хайси ассистентон фаъолият мебурданд. Дар ин курс бо донишчуёни солхои 3 ва 5 машгулият мегузарониданд. Ба онхо аз фанхои психологияи тиббии умуми ва синнусоли, психиатрия ва наркология дарс дода мешуд.

Диспансер барои гузаронидани машгулиятхо шаш синфхона ва толори кироат барои 80 нафар дошт.

 

Кафедраи биология с.1991 бо ташаббус ва тахти рохбарии номзади илмхои тиб Г.К.Мухаммадов ташкил шудааст. Дар кафедра мутахассисони варзида, олимони маъруф, номзадхои илмхои тиб М.Донёрова ва М.Обидова, муаллимон М.Махмудова, М.Темиров, Н.Калонов кор мекарданд. Мудирии кафедраро с.-хои 1991-92 Г.К.Мухаммадов ва с.хои 1992-97 М.Н.Донёрова ба зимма доштанд.