Факултаи менечмент ва технологияи компутарии ДДХ с.2003 таъсис дода шудааст. Факулта кафедрахои телекоммуникатсия ва радиоэлектроника, технологияхои иттилооти ва тачхизотхои электрони, лабораторияхои телекоммуникатсия ва тачхизотхои электрони, студияи телевизионии «Ораш» ва маркази компутариро, ки зиёда аз 20 компутер дорад, дар бар мегирад. Факулта бо техникахои муосири таълими, ба монанди генераторхои кварси, осиллографхо, воситахои ченкунии электрони, стансияи телефони, видеомикшеру видеокамерахои раками, телевизорхои плазмави, видеомагнитафон, DVD плеер, мизи кории тахририи «Shatl», модемхои нукта-нукта, бисёрнуктаги, проектору кадоскопхо ва гайра тачхизонида шудааст. Стансияи мохворавии DW-4020 алокаи бевоситаи шабакаи компутарии факултаро бо шабакаи интернет таъмин менамояд. Дар факулта 35 устод, аз чумла 6 доктори илм, 8 номзади илм фаъолият мебаранд ва 450 донишчў аз рўи 4 ихтисоси чавобгўи талаботи имрўзаи иктисодиёти милли тахсил мекунанд: Ихтисоси 071901 - «Технологияхо ва низомхои иттилооти дар иктисодиёт» (тахассус: мухандис-иктисоддон); ихтисоси 200300- «Тачхизот ва воситахои электрони» (тахассус: мухандис-электрончи). ихтисоси 201000 - «Низомхои бисёршабакавии телекоммуникатсиони» (тахассус: мухандис-аналитики телекоммуникатсия); ихтисоси 220300 - «Низомхои лоихагирии автоматонида» (тахассус: мухандис-систематехник). Хангоми тахсил донишчўён дониши аники математики гирифта, техникаи хисоббарор, барномасозии замонави, асосхои хиради сунъи, технологияю низомхои иттилоотиро аз худ мекунанд. Вобаста ба тахассусманди донишчўён хисоби мухандиси ва аудит, молия, муомилоти пули ва карз, ташкили кори бонк, маркетингро меомўзанд. Донишчўён электроника, систематехника, сохторхои мошинахои хисоббарор ва кисмхои таркибии онхоро ба пурраги аз худ мекунанд. Факулта бо Донишгохи миллии радиоэлектроникаи ш.Харков, Донишгохи давлатии иктисодиёт, информатика ва омори шахри Маскав шартномаи хамкори дошта, ташкили таълимро дар алокамандии зич бо ин донишгоххо ба рох мондааст. Сарварии факултаро аз соли 2003 доктори илмхои иктисоди, профессор А.Л.Кодиров бар ухда дорад.

Кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроника с.2003, яъне якчоя бо факултаи менечмент ва технологияи компутери таъсис дода шуда аст. Аввалин мудири кафедра доктори илмхои физикаю математика, профессор М.Ф.Умаров буд. Дар ибтидои фаъолияти кафедра устодон А.Л.Кодиров, З.А.Розиков, А.А.Бойматов, Н.Н.Раупов аз фанхои физика, информатика, математика, электроника, барномасози, схемотехника, графикаи компутари, алокаи хозиразамон, низомхои коммутатсиони, телекоммуникатсия ва дигар фанхои тахассусии ихтисоси «Низомхои бисёршабакавии телекоммуникатсиони» машгулиятхои назари ва амали мегузарониданд.

Дар тўли 4 сол дар кафедра корхои тадкикоти илми нихоят вусъат ёфт. Дар назди кафедра лабораторияи телекоммуникатсия созмон дода, бо техникаи зарурии телекоммуникатсиони чихозонида шудааст. Соли 2005 кафедра ба бинои нави донишгох кучид ва дар ин бино бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалии Рахмон ду синфхонаи компутари таъсис дода, бо 21  компутархои хозиразамони «Pуntiгm IV», принтерхои лазери, сканери бисёрфунксионалии А3, ду адад кодоскоп ва проектори «Shaкp» чихозонида шуд. Дар кафедра 18  устод, аз чумла се доктори илм, ду номзади илм ва муаллимони пуртачриба фаъолият мебаранд.

Дар тўли беш аз 4 соли фаъолият устодони кафедра зиёда аз 50 маколаи илми, 10 дастури таълими ва 6 монография  интишор кардаанд.

Кафедра аз рўи ихтисосхои «Низомхои бисёршабакавии телекоммуникатсиони» ва «Низомхои лоихагирии автоматонида» мутахассисони баландихтисосро тайёр менамояд.

Дар назди кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроника лабораторияи телекоммуникатсия амал мекунад, ки стансияи телефонии он метавонад 100 нафар муштариро пайваст кунад. Устодон хангоми гузаронидани лексияхо ва машгулиятхои лаборатори аз техникаи хозиразамон, аз чумла компутархои Pуntiгm- IV ва проектори Shaкp ва аз кодоскоп истифода мебаранд. Барои гузаронидани корхои лаборатори дар фазои виртуали инчунин дар лаборатория якчанд компутархои замонави васл карда шудааст.

Донишчўёни ихтисоси «Низомхои бисёршабакавии телекоммуникатсиони» дар ин лаборатория аз фанхои асосхои телекоммуникатсия, техникаи раками, асосхои коммутатсия, алокаи радиотелефони ва гайрахо корхои амали гузаронида, малакаи касбии худро баланд мебардоранд.

Аъзои махфили илмию амалии кафедра - «Телеком» низ корхои беруназдарси ва тадкикоту амалиёт ва тачрибахояшонро дар ин лаборатория анчом медиханд. Махфили илмию амали барои баланд бардоштани завки донишчўён ва сатхи азхудкунии онхо кўмаки калон мерасонад. Рохбари махфил муаллими калон А.Зокиров мебошад.

 

Кафедраи технологияхои иттилооти ва тачхизотхои электрони с. 2005 таъсис дода шудааст. Дар кафедра таълим ва тарбия аз рўи 2 ихтисос - «Тачхизот ва воситахои электрони» ва «Технологияхо ва низомхои иттилооти дар иктисодиёт» ба рох монда шудааст. Хатмкунандагон сохиби ихтисосхои мухандис-иктисоддон ва мухандиси низомхои компутари мегарданд. Дар кафедра 12 устоди сохахои технологияхои муосир чамъ оварда шудаанд ва аз фанхои муосир, ба монанди микроэлектроника, радиоэлектроника, физикаи нимнокилхо, технологияи истехсоли тачхизоту воситахои электрони, менечмент, маркетинг, иктисодиёти чахони ва гайра дарс мегўянд. Дар кафедра 2 профессор ва 2 дотсенти штати ва 2 профессор ва 3 дотсенти муштараквазифа фаъолият мебаранд. Кафедра дорои адабиёти таълимии чопи ва зиёда аз 300 намуди чузвахои электрони мебошад. Дар назди кафедра лабораторияхои «Тачхизоти электрони» ва «Пахши иттилоот» амал мекунад, ки бо маводу асбобхои замонави чихозонида шудаанд. Барои бо корхои амали шинос намудан ва бедор кардани шавки донишчўён бо ташаббуси устодони кафедра махфилхои илмию техникии «Ховар», «Электрончиёни чавон» ва студия-намоишгохи «Ораш» ташкил шудааст ва дар онхо мунтазам машгулиятхои беруназдарсии мухассилин гузаронида мешавад.

Кафедра бо кафедраи тачхизот ва воситахои электронии Донишгохи миллии радиоэлектроникии Украина вокеъ дар шахри Харков ва кафедраи технологияхои иттилоотии Донишгохи давлатии иктисодиёт, информатика ва омори ш.Москав алокаи зич дорад ва аз тачрибаи онхо васеъ истифода мебарад.

Дар назди кафедраи технологияхои иттилооти ва тачхизоти электрони лабораторияи тачхизотхои электрони вучуд дорад. Он бо асбобхои ченкуни, тачхизот ва воситахои электронии истехсоли коргоххои махалли, ба монанди чамъияти сахомии «Алмос», корхонаи вохиди давлатии «Садаф» ва корхонаи муштараки «Само», аз чумла, генераторхои ТГК-2, ТГК-3, ТГК-4, генераторхои лаппишхо, басомадченкунакхои 43-34, 43-57, ИПРД ва резонаторхою филтрхои квартси чихозонида шудааст. Барои гузаронидани корхои лаборатори дар фазои виртуали дар лаборатория якчанд компутерхои замонави васл карда шудааст.

Донишчўёни ихтисоси «Тачхизот ва воситахои электрони» дар ин лаборатория аз фанхои микроэлектроника, асосхои физикаи нимнокили, технологияи истехсолоти тачхизотхои электрони, асосхои сохтори воситахои электрони, васлкуни ва чамъбасти асбобхои электрони ва гайра корхои амали гузаронида, малакаи касбии худро баланд мебардоранд.

Ду махфили илми-амалии донишчўёни кафедра - «Ховар» ва «Электрончиёни чавон» низ корхои беруназдарси ва тадкикоту амалиёти худро дар ин лаборатория анчом медиханд. Махфилхои илми-амали барои баланд бардоштани завки донишчўён ва сатхи азхудкунии онхо кўмаки калон мерасонанд. Рохбарии махфилхои номбурдаро дотсент А.Л.Кодиров ва сармуаллима М.Шерматова ба дўши худ доранд