Факултаи таърих фаъолияти худро аз соли хониши 1933-34 тавассути шуъбаи таърих ва иктисодиёт огоз намуд. Он вакт дар шуъба ду нафар муаллим, ду нафар тарчумон ва 12 нафар донишчуён кору тахсил мекарданд. Шуъба соли хониши 1936-37 ба факултаи таърих табдил дода шуд, аммо аз сабаби кам будани теъдоди омузгорону донишчуён ва нарасидани маблаг бо карори Вазорати маорифи чумхури с.1938 онро баста, донишчуёнро барои тахсил ба донишкадаи пойтахт гузарониданд. Соли хониши 1940-41 шуъбаи таърих дар хайати факултаи таъриху филология фаъолияти худро аз нав огоз намуд. Нахустин муаллимон М.Е.Беркович, Е.Мачи, Н.П.Павлов, С.Б.Морочник, нахустин муаллим-тарчумонхои точик М.М.Мирмуллоев, У.Каримов, М.Юнусов, Г.Исоев, Д.Хамроев ва Х.Чаркинзода буданд.

Таи солхои 1937-2007 рохбарии факултаро Е.М.Путирский (то с.1943), М.Е.Беркович (1943-1946), Н.И.Чиркова (1946-1950), Н.П.Павлов (1950-1956) ва солхои минбаъда А.Кодиров, А.С.Нелипа, Ш.М.Охунов, М.Искандаров, Ш.Ахмадов, Х.Мамадов, А.Абдукодиров, С.Абдуллоев, М.Иномов, М.Файзуллоев, У.Гаффоров, А.Бобокалонов, Х.С.Тоатов ба ухда доштанд. Соли 1987 шуъбаи таърих ба факултаи мустакил табдил дода, сарвари он С.Абдуллоев (1987-1992) таъин гардид. Аз с.2006 факултаро дотсент Ф.Хомидов сарвари мекунад.

Хадафи асосии таъсиси факултаи таърихи ДДХ тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои мактабхои миёнаи тахсилоти хамагони, муассисахои илмию педагоги, пажухишгоххо ва макотиби олии Чумхурии Точикистон мебошад. Дар муддати кутох як катор кафедрахо, кабинетхои таълимию компутари, китобхона, осорхонаи этнографи чихозонида, чараёни таълиму тарбия ва тадкикоти илми дар сатхи матлуби замонави ба рох монда шуд.

То с.1977 дар факулта факат як кафедра – кафедраи таърих, баъд ду кафедра - кафедрахои таърихи ИЧШС ва кафедраи таърихи умуми ва услуби таълими таърих мавчуд буд. Солхои минбаъда кафедрахои таърихи Ватан, таърихи кадим ва асри миёнаи халки точик, таърихи наву навтарини халки точик, таърихи дунёи кадим ва асрхои миёна ва кафедраи таърихи наву навтарини мамлакатхои чахон ташкил карда шуданд. Алхол дар факултаи таърих се кафедра - кафедраи таърихи халки точик (мудираш дотсент Ч.Гулбеков), таърихи умуми (мудираш дотсент Р.Юлдошев), кафедраи археология ва этнографияи халки точик (мудираш М.Файзуллоев) мавчуд аст, ки дар онхо зиёда аз 50 нафар омузгорону профессорон ва лаборантхо кор мекунанд. Дар факултаи таърих зиёда аз 1000 нафар донишчуён дар шуъбахои рузона ва гоибона тахсил мекунанд. Дар ин кафедрахо 6 доктори илмхои таърих, профессорон Г.Хайдаров, Ш.Ахмадов, А.Мирбобоев, Б.Ризоев, Н.Турсунов, Х.Холчураев, 17 нафар номзадхои илм, дотсентон – У.Чахонов, Х.Акрамова, А.Хочиев, Х.Тоатов, А.Бобокалонов, С.Эркаев, Ч.Гулбеков, Т.Наврузов, Р.Юлдошев, М.Файзуллоев, Ф.Хомидов, И.Мамадалиев, М.Рахматова, А.Усмонов, Н.Махмудова, Ю.Бобоев, М.Набиев, С.Парпиев ва 7 нафар сармуаллимон А.Юсупов, О.Махмудов, М.Исхоки ва дигарон муттахид шуда, анъанахои устодону хамсабакони худ Ш.Султонов, Ш.Охунов, М.Искандаров, У.Исмоилов, Ш.Норматов, Т.Юсупов, С.Отаев, К.Шахобиддинов, М.Акрамов, У.Пулодов, С.Абдуллоев, Д.Дехконов, И.Эркабоев, М.Махкамоваро идома дода, аз сохахои гуногуни илми таърихшиноси ба шогирдон дарс мегуянд.

Кафедрахои факулта диккати асосиро ба самаранокии чараёни таълим, баланд бардоштани сифати он, камолоти илмию методии устодон, тадкики масъалахои мухимми таърих, археология ва этнографияи точик равона кардаанд.

Аз с.1996 то имруз дар Шурои махсуси химояи рисолахои номзадии донишгох зиёда аз 20 аспиранту мухаккикон, аз чумла Ч.Хомидов, И.Мамадалиев, А.Курбонов, Ф.Хомидов, А.Усмонов, Ч.Гулбеков, М.Рахматова, Н.Махмудова, Ю.Бобоев ва дигарон рисолахои номзади дифоъ намуданд.

Олимони факулта дар бобати омузиши масъалахои мухталифи таърихи халки точик, этнографияи точикон, манбаъшиноси сахми босазое доранд. Монография ва дастурхои таълимии олимони факулта дар чумхури ва берун аз он маълуму машхуранд. Асархои тадкикотии олимон Г.Хайдаров «Аз таърихи сохтмони сотсиалисти дар Точикистони Шимоли», «Таърихи халки точик: асри ЧЧ», Н.Турсунов «Шахри офтоби», «Истаравшан», «Таърихи точикон», У.Чахонов «Зироати точикони води Сух дар охири асри ХIХ – ибтидои асри ХХ», «Таърихи Сух», С.Абдуллоев «Аз таърихи ташаккули мактабхои оли дар Точикистон», «Исмоили Сомони», «Амирони Сомони», «Фарханги Сомониён» тадкикоти Ш.Ахмадов доир ба таърихи фабрикаю заводхо, У.Пулодов «Чилхучра», «Уртакургон ва Тирмизактеппа», У.Гаффоров «Алломаи замон», «Равшангари таърих», силсилаи асархои А.Мирбобоев доир ба таърихи масчиду мадрасахо дар таърихнигории точик накши арзанда доранд. Дар панч соли охир бо калами олимони факулта зиёда аз 20 дастури таълими ва рохнамо навишта, аз чоп бароварда шуд.

Дар факулта машгулиятхои назарияви бо корхои амали тавъам пеш бурда мешаванд. Донишчуёни курсхои аввал ба тачрибаи археологию этнографи, курсхои дуюм ба тачрибаи бойгонию осорхонашиноси ва курсхои болои ба тачрибаи омузгори баромада, рисолахои дипломи менависанд. Аз соли хониши 2001-2002 сар карда, дар назди факултаи таърих шуъбаи таърих ва хукук таъсис дода шуд, ки он сохаи маорифро бо омузгорони баландихтисос таъмин менамояд.

Аз солхои 60-70-уми асри ЧЧ сар карда, дар донишгох мактаби археологию этнографи ташаккул ёфт. Хазорхо номгуи экспонатхои этнографию археологие, ки дар тули кариб 50 соли охир бо захмати зиёди устодон ва шогирдон чамъ оварда шудаанд, аз пурарзиштарин мероси ниёгон буда, онхо зебу зинати толори осорхонаи таърих-этнографии факултаи таърих мебошанд.

Аксарияти устодони факулта тадкикоти илмиашонро аз махфилхои илмии факулта огоз намудаанд. Аз с.1957 сар карда дар факулта махфили «Таърих» амал мекард. Аз байни донишчуёни онвакта У.Пулодов, С.Марофиев, Н.Турсунов нахустин шуда, дар махфил маърузахои илми карда буданд. Алхол дар факулта се махфили илмии донишчуён «Авасто», «Мерос» ва «Глобуси таърихи» амал мекунад, ки донишчуёни бехтарин ба узвияти онхо шомиланд ва дар ичрои барномахои илмии кафедрахо сахмгузор мебошанд.

Олимони факулта дар тули дахсолахо бо муассисахои илмии Точикистон, Русия, Узбекистон, Киргизистон, Эрон, ИМА, Англия, Хиндустон дар халли проблемахои илми хамкори намуда, дар офаридани асархои пурмухтаво иштирок мекунанд. Солхои охир якчанд донишчуи хоричи дар кафедрахои таърих рисолахои дипломи дифоъ намуданд.

Кафедрахои факулта бо мактаб алокаи зич дошта, ба литсейи раками 1-и ба номи М.Осими ва мактаб-литсейи раками 24-и ш.Хучандро сарпарасти намуда, ба онхо дар такмили раванди таълими фанхои чомеашиноси ва нашри дастурхои таълимию методи ёрии амали мерасонанд. Китобхои дарси ва дастурхои таълимии профессор Г.Хайдаров «Таърихи ЧШС Точикистон» ва дотсент У.Чахонов «Точикистони навин», «Таърихи Русия», дастуру рохнамохои профессор Ш.Ахмадов, С.Марофиев, А.Мирбобоев, Х.Тоатов дар чараёни таълим аз тарафи омузгорон, донишчуён ва хонандагони мактабхо истифода бурда мешаванд.

Кафедраи таърихи халки точик. Кафедраи фанхои умумитаърихи (дар солхои гуногун зери номи кафедраи таърих, кафедраи таърихи ИЧШС, кафедраи таърихи Ватан амал кардааст) - яке аз аввалин кафедрахои донишгох мебошад. Он дар соли хониши 1936-37 баробари кушодашавии факултаи таърих ташкил ёфтааст. Дар кафедра ду омузгори чавон ва ду ассистент-тарчумон кор мекарданд.Соли 1938 аз сабаби набудани мутахассисони зарури факултаи таърих ба ш.Душанбе кучонида, дар хайъати факултаи таърихи Донишкадаи омузгории пойтахт амал кард. Дар соли хониши 1940-1941 факултаи таърих аз нав баркарор карда шуд. Дар солхои точанги дар кафедра муаллимон Е.П.Путирский, А.Е.Маджи ва дигарон кор кардаанд.

Дар солхои Чанги Бузурги Ватани фаъолияти кафедраи таърих боз хам чоннок мегардад, зеро ки ба шахри Ленинобод як катор олимони мактабхои олии маркази ва муассисахои илми, ба монанди М.Е.Беркович, Б.М.Гренадер, Р.Б.Гренадер, С.Б.Морочник кучида омада, фаъолияти илмии худро дар ин чо давом медиханд. Аввалин муаллимони точик М.М.Мирмуллоев, У.Каримов, М.Юнусов, Г.Исоев, Д.Хамроев буданд.

Дар ибтидои солхои 50-ум дар кафедраи таърих аллакай 13 нафар муаллимон, аз чумла 4 номзади илм кор мекарданд.

Дар солхои мавчудияти кафедра дар он бисёр устодони бомахорат ва минбаъд олимони варзида, аз чумла академики АУ ЧТ Б.Искандаров, академики АУ ЧТ Н.Неъматов, профессорон Г.Х.Хайдаров, Н.Акрамов, Ш.А.Ахмадов, М.Искандаров, В.М.Ионова, А.К.Кодиров, С.Н.Мартиросов, Т.Р.Рузиев, Ш.М.Султонов, С.А.Абдуллоев,  Н.О.Турсунов, дотсентон Ш.М.Охунов, М.А.Аличонов, А.Бобокалонов, Р.Б.Гренадер, У.Пулотов, У.Гаффоров, У.Чахонов, Д.Дехконов, Ш.Чалилов, А.Дустматов, Н.С.Журавлёва, У.Исмоилов, М.Иномов, М.Мирмуллоев, С.Марофиев, Н.Павлов, И.Эркабоев, С.Эркаев фаъолият бурдаанд.

То миёнаи солхои 50-ум ба кафедра Е.П.Путирский, М.Е.Беркович, И.И.Чиркова, Н.И.Павлов ва аз с.1956 то с.1992 профессор Г.Хайдаров сарвари кардаанд.

Соли 1992 кафедраи таърихи ИЧШС ба кафедраи таърихи халки точик табдил дода, дотсент М.Иномов мудири кафедра интихоб мешавад. Кафедра тамоми самтхои корхои таълими ва тарбиявии худро мутобики талаботи давраи истиклолияти Точикистон дигар намуд. Тадкикоти илми низ асосан ба проблемахои мухимтарини таърихи халки точик бахшида мешаванд.

Аз с.1993 то 2005 дотсент У.Гаффоров ба хайси мудири кафедраи таърихи халки точик фаъолият дошт. Дар ин давра дар кафедра тагйироти кулли ба амал омаданд. Кадрхои илми-педагоги дар кафедра аз хисоби чавонони болаёкат ва унвонхои илми дошта зиёд карда мешаванд. Сифати таълими фанни таърихи халки точик боз хам бехтар мегардад.

Соли 2005 кафедраи таърих ва афкори сиёсии халки точик ба кафедраи таърихи халки точик хамрох карда, дотсент Ч.Гулбеков мудири кафедра таъин карда мешавад. Имруз кафедраи таърихи халки точик калонтарин ва бонуфузтарин кафедра дар микёси донишгох мебошад. Дар кафедра 18 нафар, аз чумла 4 доктори илм, профессорон, 8 номзади илм ва сармуаллимону аспирантон фаъолият доранд. Кафедра бо профессорон Г.Хайдаров, Н.О.Турсунов, Х.Холчураев, Б.Ризоев ва номзадхои илм, дотсентон У.Гаффоров, Ч.Гулбеков, Ш.Шарипов, Н.Махмудова, М.Рахматова, Ф.Хомидов ва дигарон фахр мекунад. Кафедра имруз ба маркази илмию методии таълим, тадкик ва ташвику таргиби донишхои илмии таърихи халки точик табдил ёфтааст. Дар 5 соли охир 17 рисолаи номзади мухокима ва ба химоя тавсия карда шудааст. Кафедра дар тайёр кардани кадрхои илми барои хамаи донишгоххои чумхури ва марказхои тадкикоти сахмгузор аст.

Кафедраи таърихи умуми. Бо максади бехтар намудани кори таълиму тарбия мохи сентябри с.1977 кафедраи таърихи ДДОЛ ба номи С.М.Киров ба ду кисм таксим карда шуд.

Дар асоси фармони Вазорати маорифи ЧШС Точикистон аз 10 июни с.1977 кафедраи таърихи умуми таъсис дода шуда, ба фехристи таълимии он фанхои зерин дохил гардид:

1. Таърихи дунёи кадим;

2. Таърихи асрхои миёна;

3. Таърихи нав ва навтарини Аврупо ва Амрико;

4. Таърихи нав ва навтарини мамлакатхои Осиё ва Африко;

5. Таърихнигории таърихи нав ва навтарин;

6. Курсхои махсус (тибки карори Шурои олимон);

7. Корхои курси ва санчиши ва фанхои таърихи умуми.

Ба хайъати кафедра дар вакти таъсисёби устодони зерин шомил буданд: дотсентон Ш.А.Ахмадов ва Д.Дехконов, сармуаллимон С.Отаев, К.Ш.Шахобиддинов, А.Б.Бобокалонов, муаллим Ч.Г.Гулбеков, сарлаборант А.Юсупов.

Мудири кафедра дотсент Ш.А.Ахмадов таъин шуд.

Мохи ноябри с.1991 кафедраи таърихи умуми ба ду кафедра таксим карда шуд:

1. Кафедраи таърихи дунёи кадим, асрхои миёна ва услуби таълими таърих;

2. Кафедраи таърихи наву навтарини мамлакатхои Гарбу Шарк ва Африко.

Ба кафедраи таърихи дунёи кадим, асрхои миёна ва услуби таълими таърих - дотсент Д.Д.Дехконов ва ба кафедраи таърихи дунёи кадим, асрхои миёна ва услуби таълими таърих бошад, дотсент А.Бобокалонов мудир таъин карда шуданд.

Соли 1995, мохи декабр дар сохтори кафедрахои мазкур тагйирот дохил карда шуда, кафедраи таърихи дунёи кадим, асрхои миёна ва услуби таълими таърих ва кафедраи таърихи наву навтарини мамлакатхои Гарбу Шарк ва Африко аз нав ба номи кафедраи таърихи умуми муттахид карда шуданд. Сарвари кафедраи таърихи умуми дотсент А.Бобокалонов таъин шуда, то с.1999 дар ин вазифа фаъолият дошт. Солхои 1999-2004 вазифаи мудирии кафедраи таърихи умуми ба ухдаи профессор Ш.А.Ахмадов гузошта шуда буд. Аз 1 июни с.2004 мудири кафедраи таърихи умуми дотсент Р.Р.Юлдошев мебошад.

Кафедраи таърихи умуми дар давоми 30 соли фаъолияташ ба муваффакиятхои калон ноил гардид. Корхои таълиму тарбия ва тадкикоти илми дар кафедра мувофики талаботи замон ба рох монда шуданд. Базаи таълими ва аёнии он мустахкам гардид. Хусусан, кафедра дар ин муддат аз чихати кадрхо пуркувват шуд.

Дар кафедраи таърихи умуми ба кори тадкикоти илми диккати махсус дода мешавад. Хар узви кафедра мувофики накшаи тасдикшуда тадкикот мебарад, маколаю асархои илмии онхо пеш аз чоп дар кафедра мухокима карда мешаванд.

Дар зарфи 30 сол дар кафедра 1 профессор, 8 номзади илм ба воя расиданд. Аз тарафи аъзои кафедра дар ин давра зиёда аз 20 монография, 45 чузва ба табъ расонида шуд. Аъзои кафедраи таърихи умуми дар зарфи 30 сол дар зиёда аз 300 конфронсхои умумидонишгохи, шахри, вилояти, чумхурияви ва байналхалки иштирок ва бо маърузахои мухталиф суханрони кардаанд.

Кафедраи археология ва этнографияи халки точик. Бо назардошти зарурати боз хам чукуртар ва хаматарафа омухтани осори моддию маънави ва конуниятхои умдаи раванди инкишофи таърихи точикон дар замонхои кадиму кадимтарин, асрхои миёна, хамчунин сабакхои давлатдории точикон, эхёи анъанаю суннатхои фарханги ниёгон с.1999 кафедраи археология ва этнографияи халки точик ташкил карда шуд. Рохбарии кафедраро солхои 1999-2003 С.А.Эркаев ва солхои 2003-2005 А.К. Мирбобоев дар ухда доштанд. Аз с.2005 М.Файзуллоев мудири кафедра мебошад. Ба хайати кафедра устодони зерин шомиланд: профессорон А.К.Мирбобоев ва С.Ш.Марофиев, дотсентон М.Файзуллоев, У.Ч.Чахонов, С.А.Эркаев, Ю.А.Бобоев, сармуаллим А.Юсупов, аспирант Х.Махкамов.

Кафедра чунон ки аз номаш пайдост бо таълими фанхои бунёди, аз кабили асосхои археология, асосхои этнология, кишваршиносии таърихи, назария ва услуби таърихшиноси, сарчашмашиноси, таърихнигори, антропология, музейшиноси ва дигар фанхо, ки асоси таъриху таърихшиносиро ташкил дода, махаки асосии ташаккули хотираи таърихии насли наврас мебошанд, тахассусманд гаштааст. Устодони кафедра хама олимони варзида ва педагогхои сохибтачриба буда, дар худуди чумхури ва берун аз он шухрат доранд.

Дар таъсис ва фаъолияти кафедра яке аз олимони барчастаи точик, таърихшинос, археологи шинохта, шодравон, профессор Уктам Пулодов сахми арзанда гузоштааст.

Устодони кафедра дар панч соли охир зиёда аз 7 монография, 5 рохнамои таълим, 5 чузва, 3 барномаи таълими ва бештар аз 535 маколаи илми, илмию оммабоб дар хачми 150 чузъи чопи интишор намуда, дар зиёда аз 30 конфронс ва хамоишхои чумхуриявию байналхалки иштирок намуданд. Мохи декабри с.2006 муаллим Ю.Бобоев рисолаи номзадиашро бо муваффакият химоя кард.