Факултаи забонхои шарк - чавонтарин факултаи ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров - с.1999 ба хайcи шуъбаи шаркшиносии факултаи филологияи точик ташкил ёфта, аз мохи июли с.2002 бо фармони Вазири маорифи ЧТ чун факултаи мустакил дар хайати донишгох арзи вучуд дорад.

Дар ибтидо дар шуъбаи шаркшиноси хамаги як кафедра - филологияи араб мавчуд буд, ки мудирии онро дотсент У.А.Гаффорова бар ухда дошт.

Мохи июли с.2000 дар шуъба кафедраи дигар - кафедраи грамматикаи забони араби ташкил гардида, сарварии он ба дотсент Н.И.Гиёсов вогузор шуд. Кафедраи забони форсии факулта бо карори ректори Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Гафуров аз 5.09.2001 таъсис ёфт ва сарварии он ба зиммаи дотсент Н.Чураев вогузор шуд.

Шуъбаи шаркшиноси дар як муддати кутох заминахои модди-фанни, таълими, илми ва кадрии барои тадрис заруриро фарохам овард. Дар огоз ва дар саргахи ташкилшавии шуъба шаркшиносон- хатмкунандагони факултаи забонхои шарки ДДТ – дотсентон У.А.Гаффорова, Н.И.Гиёсов, Н.Зохидов ва А.Раупов меистоданд, ки захмати таъсиси факулта ва тадриси фанхоро бар зиммаи хеш гирифтанд. Зимнан, ду омили мухими дигар хам буд, ки ин амалро суръат мебахшид: 1.Дастгирии раёсати ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров бо сарварии ректори собики он зиндаёд С.Абдуллоев ва ноибректор Н.Салимов. 2. Бастани шартнома байни донишгох ва Ассотсиатсияи байналхалкии хайрияи «Таййиба», ки дар тахкими базаи моддию техникии шуъба ва таъмини кадрхо - хомилони забони араби ба донишгох кумак расонд. Ин буд, ки аз ибтидо дар шафати устодон - муассисони шуъба устодони араб Амин Мухаммад Абдуллох Халафуллох (Судон), Абдуллох Хамдон (Сурия), Мухаммад Содик Аваз (Миср) ва баъдтар Ёсир Мухаммад (Судон), М.Шаннави (Миср), Умар Юсуф Шарру (Сурия) дар факулта аз забон ва адабиёти араби дарс медоданд. Раёсати донишгох тамоми шароитро барои баланд бардоштани сатхи таълим аз руи ихтисоси нав фарохам овард. Дар соли хониши 2001-2002 шуъба ба факултаи нав табдил ва У.А.Гаффорова декани факултаи забонхои шарк таъйин шуд.

Ташкили факултаи забонхои шарк дар вилояти Сугд як навъ посухе буд ба ниёзхо ва ормонхои милли дар остонаи садаи нав, зеро омузиши забонхо, алалхусус забонхои пахнгаштаи араби ва англиси заминахои пешрафти чомеаро фарохам меоварад. Ва ин нукта мунтазам ва пайгирона дар баромадхои Раиси чумхур таъкид карда мешавад. Илова бар ин, дар хамаи хуччатхои барномавии давлати оид ба маориф ба рох мондани омузиши забонхои густаришёфтаи дунё талаб карда мешавад. Бо назардошти амали гардонидани дастурхои Раиси чумхур ва талаботи Вазорати маориф факулта барои тайёр кардани мутахассисони сохаи шаркшиноси бо ихтисосхои иловагии муаллимони забон ва адабиёти точик, забони англиси чахду талош дорад. Хатмкунандагони факулта сохиби ду ихтисос мегарданд ва аз ин чихат барои бо кор таъмин шудан бартари доранд. Аз чониби дигар, омузиши забони дуюми ва алалхусус забони точики барои хубтар ва густурдатар омухтани забони араби мусоидат мекунад.

Дар факулта аз сентябри с.2006 се шуъба - шуъбаи араби-точики, араби-англиси, форси-англиси ва чор кафедра амал мекунад: кафедраи грамматикаи забони араби, кафедраи филологияи араб, кафедраи забони форсии муосир ва кафедраи забон ва адабиёти точик.

Дар такмили раванди таълим ва тарбия дар шуъбаи шаркшиноси ва факултаи забонхои шарк хидмати мудири шуъба А.Маллаев (2000-2002), ноибдеканони таълими факулта А.Раупов, И.Болтубоев, Ш.Точибоев, Н.А.Хамробоев, ноибдекани илм М.М.Атоева, ноибдеканони тарбия А.Маллаев, М.Окилова ва Ч.Икромиддинов шоистаи таъкид аст.

Ба толибилмони факулта олимони варзида узви вобастаи АУ ЧТ профессор Н.Ю.Салимов, докторони илм-профессорон Н.Ш.Зохидов, А.Насриддинов, А.Хасанов, У.А.Гаффорова, З.А.Гаффорова, Р.О.Самадова, номзадхои илм, дотсентон Н.И.Гиёсов (аз с.2006 - декани факулта), Т.Ваххобов, Н.А.Чураев, К.Усмонов, Р.Асроров, М.М.Атоева, Н.А.Хамробоев, Ш.Точибоев, Ф.Насриддинов, М.Набичонова, Х.Рауфов, М.Рачабова, Ф.Гиёсова ва дигарон дарс медиханд. Сахми устодони тачрибаи зиёди кори дар кишвархои арабу Эрону Афгонистон ва Амрико дошта, ба мисли Н.Тошматова, И.Болтубоев, А.Эмомов, А.Хакимов, Т.Давронов, А.Маллаев дар чараёни таълим назаррас аст.

Дар факулта аз руи мавзуъхои зерин тадкикоти илми сурат мегиранд: 1. Типология ва робитахои забони. 2. Лексикография. 3. Робитахои адаби ва поэтикаи шарк. 4. Усулхои таълими забонхои хоричи.

Дар факулта ба тайёр кардани кадрхои сохибунвони илми диккати махсус дода мешавад. Дар натича, аллакай дар солхои нахусти фаъолияти факулта якчанд нафар омузгорони чавон рисолахои номзади химоя карданд.

Олимони факулта бо муассисахо ва марказхои илмии ватаниву хоричи робитахои илми доранд, минчумла бо Пажухишгохи шаркшиносии АУ ФР, Пажухишгохи шаркшиноси ва осори хаттии АУ ЧТ, Пажухишгохи забон ва адабиёти точики ба номи Рудакии АУ ЧТ, Пажухишгохи забон ва адабиёти форсии назди сафорати Чумхурии исломии Эрон, Ройзании фархангии Эрон, Бунёди эроншиноси дар Техрон, Пажухишгохи адабиёти чахонии ба номи М.Горкий АУ ФР, факултаи забонхои шарки ДДМТ. Устодони факулта савияи дониши худро дар хоричи кишвар, аз чумла дар Эрон, Русия, Миср, Яман, Сурия, Ирок, Либиё, Британияи Кабир, Хиндустон ва гайра баланд бардоштанд.

Дар факулта мунтазам гузаронидани хафтахои забонхои хоричи тахти унвони «Айёму-л-араб», «Наврузи Ачам», «Тамаддуни ориёи» ба расмият даромада, вохурихо бо олимон, адибон, шоирон ва шахсиятхои баруманд ба хукми анъана даромадааст.

 

Кафедраи грамматикаи забони араби бо фармони ректори Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров №65 аз таърихи 30.06.2000 дар асоси пешниходи декани факулта таъсис ёфтааст.

Мудири нахустини кафедра дотсент Н.И.Гиёсов таъйин гардида, то мохи январ 2007 рохбарии онро бар ухда доштанд. Аз мохи январи 2007 ба вазифаи мудири проффесор У.А.Гаффорова таъйин шуданд ва то мохи апрел дар ин вазифа буданд. Алъон мудирии кафедраро номзади илмхои филологи, дотсент А.Раупов бар зимма доранд.

Кафедра баробари ташкил шудан дар назди худ ду самти асосии фаъолиятро муайян намуд, ки иборат аз таъмини чараёни дарс ва тайёр кардани кадрхои илми аз хисоби устодони кафедра ва хатмкунандагони факулта буд. Кафедра дар зарфи хафт соли мавчудияти худ тавонист, ки ба хайси кафедраи пешбар ба мухимтарин рукни факулта табдил ёбад. Дар ин муддат чор нафар устодони кафедра рисолахои номзадии хешро дар кафедра омода ва бомуваффакият химоя намуданд, аз чумла соли 2006 А.Раупов, Ф.Гиёсова ва О.Сулаймонов дар риштаи забоншиноси ва соли 2007 К.Додобоев дар риштаи адабиётшиноси.

Устодони кафедра дар баробари фаъолияти пурсамари илмии хеш ба тарбияи унвончуёну аспирантон низ машгул мебошанд. Дар кафедра се нафар аспирант- Н.Кузиева, М.Хасанова ва М.Абдухоликова, як нафар унвончу - И.Болтубоев ва як нафар мухаккик-коромуз - У.Сайдуллоева фаъолияти илми бурда истодаанд. Аксари эшон дар садади анчом додани корхои илмии хеш мебошанд, аз чумла, И. Болтубоев , Н.Кузиева ва М.Хасанова.

Кафедра фаъолияти илмии хешро дар мавзуъхои гуногуни самти  «Забоншиносии назарияви ва фархангнигори» мебарад.

Хайъати кафедра иборат аз 12 муаллим, 1 мудири кабинет ва 1 сарлаборант мебошад ва аз чумла 5 номзади илм, 4 дотсент, 3 сармуаллим ва 5 ассистент мебошад. Дар назди кафедра утокхои лингафони ва забони араби ташкил карда шудааст, ки он бо тачхизоти савти ва намоиши мучаххаз мебошад. Устодони кафедра зимни дарсхои таълимии хеш аз имкониятхои техники ва аёниятхои он  васеъ истифода мебаранд.

Дар назди кафедра махфили илмии донишчуён зери унвони «Мусташрик» амал мекунад, ки як идда донишчуёни забоншиноси ояндаро парастори дорад. Ин махфил тахти рохбарии сармуаллими кафедра К.Додобоев кори худро худро пеш мебарад ва мохе як маротиба нишасти хешро барпо мекунад, ки дар он донишчуён бо маърузахо рочеъ ба масъалахои мухталифи забоншиноси баромад мекунанд.

Дар баробари корхои илми устодони кафедра дар ин муддат якчанд дастури таълими барои омузиши забони араби омода намуданд, ки дар чараёни таълими донишчуён истифода бурда мешавад: «Рахнамои таълим аз фанни фонетикаи амали» (И.Болтубоев, Хучанд, 2002, барои курси якум); «Рахнамои таълим аз фанни нахв» (А.Маллаев, Хучанд, 2003, барои курси якум); «Рахнамои таълим аз фанни нахви забони араби» (Н.Гиёсов, Хучанд, 2003 барои курси дуюм); китоби таълими аз фанни «Сарфи забони араби» зери назари устодон дотсент Н.Гиёсов ва Мухаммад Ёсир (Хучанд, 2004 барои курси сеюм);

Масъалахои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи усулхои навтарини таълим, татбики технологияи компутари дар раванди таълим ва хамчунин хамкори бо мактабхои тахсилоти умуми дар маркази диккати кафедра карор дорад.

Кафедраи филологияи араб аз сохтори асосии таълими-илми дар мактабхои оли буда, ичрои корхои таълими-илми ва тарбиявиро таъмин менамояд. Кафедраи филологияи араб 2 июни с.1999 ташкил шудааст. Мудири аввалини он дотсент У.А.Гаффорова буд. Аз с.2003 рохбарии онро дотсент Р.А.Асроров ба ухда дорад. Дар кафедра олимони варзидаву сохибтачриба, ба монанди доктори илмхои филологи, профессор Н.Ш.Зохидов (ноибректори ДДХ, муштараквазифа), У.А.Гаффорова доктори илмхои филологи, профессор (ноибректори ДДХ, муштараквазифа) фаъолияти илмию омузгори мебаранд. Вазифаи асосии кафедра ба дарачаи баланд ташкил намудани корхои илми, таълими ва методи аз руи фанхои кафедра, корхои тарбияви байни донишчуён, пажухишхои илми аз руи ихтисоси кафедра, тайёр намудани мутахассисони илми-педагоги дар дарачаи тахассусманди аст. Кори кафедра мувофики накшахои солона ва панчсола, ки корхои таълими, илми, тарбияви, илми-тадкикотиро фаро мегирад, амали мегардад.

Кормандони кафедра аз 12 нафар устод, 2 мудири кабинет ва лаборант иборат мебошанд. Кабинетхои таълими дар назди кафедра ташкил ва тачхизонида шудааст. Дар онхо ба гайр аз аёниятхо, воситахои таълими-техники, аз кабили магнитофон видео, DVD ва телевизор бо мохвора мавчуд аст.

Кафедра корхои тадкикоти илмии худро дар мавзуъхои «Робитахои адаби» ва «Усулхои таълими забон ва адабиёти араб» ба рох мондааст. Натичахои корхои тадкикоти илмии устодони кафедра дар китобу рисолахои Н.Ш.Зохидов «Насри арабизабони форсу точик аз асри IХ то давраи Сомониён», У.АГаффорова «Сказание Корана в персидском переводе «Тафсири Табари»», «Санъати суханварии араб дар давраи садри ислом» чамъбаст гардидаанд.

Имрузхо дар кафедра дотсент Р.А.Асроров - мудири кафедра, профессорон: Н.Ш.Зохидов, У.А.Гаффорова сармуаллима М.Рачабова, ассистентон: - М.Эшонов, А.Амонов, Х.Хомидов, М.Анварова, А.Султонов, З.Каримбердиева ва аспирантони кафедра Н.Калонхучаев ва А.Гафуров ба донишчуён сабак меомузонанд.

Кафедраи забони форсии муосир бо карори ректори ДДХ ба номи академик Б.Гафуров №91 аз 05.09.2001 таъсис шудааст. Мудирии кафедраро аз огози фаъолият то с.2006 дотсент Н.Чураев ба ухда дошт.

Хадаф аз таъсиси кафедра ниёзи чамъияти Точикистон ба эроншиноси буда, бахри таъмини мутахассисони варзида барои системаи маориф ва кормандони сохахои гуногуни улуми инсони мебошад. Дар назди кафедра шуъбаи забони форси амал мекунад.

Шуъбаи забони форси аз мохи сентябри с.2001 фаъолияти худро огоз кард. Алъон дар шуъбаи забони форси дар курсхои 1-5 57 нафар донишчуён тахсил мекунанд. Кабинети таълими дар назди кафедра ташкил ва тачхизонида шудааст ва дар он гайр аз аёният васоили таълими-техники, аз кабили магнитофон, видео, телевизор бо мохвора мавчуд аст. Аз тарики телевизион метавон барномахои таълими, иттилооти ва сиёсиро аз кишвархои Эрон, Русия, Англия ва дигар тамошо кард.

Кафедраро аз с.2006 сармуаллим А.Хакимов сарвари менамояд. Дар кафедра номзади илмхои филологи, дотсент М.Атоева, сармуаллимони сохибтачриба М.Ахмадова ва М.Окилова фаъолияти илмиву омузгори мебаранд. Чихати пешбурди хуби таълиму тадрис аз дигар кафедрахои донишгох олимону донишмандони сохибтачриба дотсентон Н.Гиёсов, А.Хасанов, Ш.Точибоев ба кафедра чалб карда шудаанд ва онхо курсхои лексиони барои донишчуён мехонанд.

Харчанд кафедра навтаъсис бошад хам дар он омузгорони сохибтачриба ба кор машгул буда, дар ду самт - забоншиноси ва адабиётшиноси корхои тадкикоти илми мебаранд.

Устодони кафедра бо равиши навтарини таълим ба донишчуён дарс мегуянд ва барои омузиши забону адабиёти  форсии муосир китобхои зиёдеро аз Чумхурии исломии Эрон овардаанд.

Кафедра бахри пешбурду баланд бардоштани сифати таълиму тадрис ва корхои тадкикоти илми бо ДДМТ, Пажухишгохи шаркшиносии АУ Точикистон, Ройзании фархангии Сафорати Чумхурии исломии Эрон дар Точикистон, садо ва симои Чумхурии исломии Эрон робита дорад.

 

Кафедраи забон ва адабиёти точик дар факултаи забонхои шарк бо пешниходи Комиссияи аттестатсионии Донишгох ва Шурои олимон 28 августи с.2003 тахти фармони № 108 ректори Донишгох таъсис дода шуд. Сарварии кафедра ба зиммаи доктори илмхои филологи З.А.Гаффорова вогузошта шудааст. Хайати асосии кафедраро омузгорони сохибтачрибаву сохибунвон-доктори илмхои филологи, профессор З.А Гаффорова, доктори илмхои филологи, дотсент Т.Ваххобов, номзади илмхои филологи, сармуаллим Ф.А.Насриддинов, сармуаллимон М.Окилова, М.З.Шарипова, мудири кабинет З.А.Баротова, сарлаборант М.А.Почоева ташкил медиханд. Неруи илмии кафедра хамчунин аз хисоби олимони варзидаву пуртачриба - доктори илмхои филологи, профессор Н.Ю.Салимов (ректори ДДХ ба номи академик Б.Гафуров), доктори илмхои филологи, профессор А.Насриддинов, дотсентон Н.Нуров, ки дар кафедра ба таври муштараквазифа фаъолияти илмию омузгори мебаранд, афзоиш ёфтааст. Хамаи аъзои кафедра пайваста ба корхои тадкикоти илми машгуланд. Кафедра дар перомуни чанд масъалахои адабиётшиносиву забоншиноси тадкикоти илми мебарад. Мухимтарин мавзуи тадкикотии кафедра мавсум ба «Накду баррасии осори адаби» бо назардошти талаботи адабиётшиносии муосир ва чомеа дар масъалаи шинохт ва маърифати осори адабии гузашта ба миён гузошта шудааст. Забоншиносон бошанд, аз руи мавзуи «Омузиши лингвистии матн» ба омузиши усулхои навтарини таълими забони точики машгул хастанд.

Натичахои корхои тадкикоти илмии устодони кафедра дар китобу рисолахои илмии аъзоёни он, профессорон З.А.Гаффорова «Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Кашмир дар асрхои ХVIVII» (Хучанд, 2001), «Тазкирахои Сархуш ва Хушгу хамчун сарчашмаи накду сухансанчи» (Хучанд, 2001), Т.Ваххобов «Функциональный аспект развития таджикского литературного языка (на материале 20-30 годов). -Д.: Дониш, 1989, «Чанбахои сотсиолингвистии рушди забони точикии адаби (солхои 20-30 асри ХХ.) Китоби 1. Бахс дар атрофи забони точикии адаби дар солхои 20-30» (Хучанд, 2005), «Чанбахои сотсиолингвистии рушди забони точикии адаби дар солхои 20-30 асри ХХ. Китоби 2. Масоили ислохоти алифбо дар солхои 20-30 дар Точикистон» (Хучанд, 2006) ба табъ расида, дар бехдошти таълими таърихи адабиёти точик, тахлили матни асари бадеи, таърихи накди адаби ва курсхои ихтисос мусоидат менамоянд. Хамчунин натичаи тадкикоти илмии аъзои кафедра З.А.Гаффорова, Т.Ваххобов, Ф.Насриддинов, М.Окилова, М.Шарипова, ки дар шакли маколаю гузоришоти чудогона чоп гардидаанд, дар чараёни таълим ва тахияи китобхои дарси низ алокамандона мавриди истифода карор мегиранд.

Дар назди кафедра утоки забон ва адабиёти точик мавчуд аст. Устодони кафедра савияи дониши худро дар бехтарин марказхои илмии Русия, Эрон, Хиндустон баланд бардоштаанд. Хамкори ва робитахои илми байни кафедра ва кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров, Пажухишгохи забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рудакии АУ ЧТ, Пажухишгохи шаркшиноси ва осори хаттии АУ ЧТ, Пажухишгохи фарханги форси-точикии Сафоратхонаи Чумхурии исломии Эрон, Хонаи фарханги Эрон дар Хиндустон ва гайра ба рох монда шудааст, ки дар хамкорихои густурдаи илми, тахриру такризи таълифоти якдигар зохир шудааст.

Устодони кафедра хамчунин бо ИН Точикистон, Бунёди фарханг, Бунёди забон, идораи рузномаю мачаллахои «Тирози чахон», «Хакикати Ленинобод», «Хучанд», «Сайхун», «Садои Шарк», «Адаб», «Адабиёт ва санъат», «Омузгор», бо радиову телевизиони вилояти ва чумхурияви ва гайра иртибот доранд.

Кумаку дастгирии фаъолияти омузгорони мактабхои тахсилоти хамагона ва омузишгоххо аз дигар рукнхои асосии кафедра аст. Устодони кафедра бо макотиби тахсилоти хамагонии №12 ва №28-и ш.Хучанд хамкори доранд.