Факултаи санъат. Академияи мусикии Хучандшахр дар асоси карори комичроияи ш.Хучанд аз 8 декабри с.1992 ташкил шуда, номзади илмхои санъатшиноси, дотсент Н.Хакимов ректори он таъин гардид.

Бо Карори Шурои Вазирони ЧТ аз 26.06.1993, Академияи мусикии Хучандшахр ба хайси Академияи мусикии Чумхурии Точикистон - чун муассисаи олии таълими ва тадкикоти илми тасдик гашт. Ба сохтори Академияи мусикии ЧТ Раёсати Академияи мусики, Донишкадаи таълими ва Пажухишгох шомил буд.

Дар солхои мавчудияти Академияи мусикии ЧТ дар он олимони маъруф, профессорон А.Рачабов, Ф.Кароматов, Т.Гафурбеков, Р.Абдуллоев, С.Давронов, дотсентон Ф.Азизова, З.Точикова, Э.Гейзер, Р.Юнусов ва дигарон ба хайси муштараквазифа кор кардаанд.

Дар асоси Карори Хукумати ЧТ аз 23.02.1996, мувофики дархости Хукумати вилояти Ленинобод дар заминаи Донишкадаи таълимии Академияи мусикии ЧТ дар назди ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров факултаи санъат таъсис ёфт. Дар асоси карордоди байни хукумати шахри Хучанд ва ДДХ ба номи академик Б.Гафуров аз 17.07.1996 Низомномаи факултаи санъат тасдик гашт ва бо карори Хукумати шахри Хучанд аз 23.01.1997 факултаи санъат чун сохтори мустакил дар назди ДДХ шинохта шуд.

Мувофики карори Хукумати шахри Хучанд аз 29.12.2000 факултаи санъат аз мохи январи соли 2001-ум пурра ба хайъати ДДХ ба номи академик Б.Гафуров шомил гардид. С-хои 1996-2001 вазифаи декании факултаро профессор Н.Хакимов дар зимма дошт. Аз с.2001 декани факулта Г.Чураев мебошад.

Имруз дар факултаи санъат 60 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онхо 5 нафар профессор, 7 нафар дотсент мебошанд. Дар хайъати факулта 4 кафедра фаъолият дорад.

Кафедраи санъати мусикии анъанави с.1993 баробари Академияи мусикии ЧТ (хозира факултаи санъат) ба фаъолият огоз кард. Ба кафедра Султонали Худойбердиев (1993-97), сармуаллим А.Ботиров (1997-2002), М.Муллоев (2002-07) сарвари кардаанд. Дар кафедра ихтисосхои зерин таълим дода мешаванд: санъати навозандагии анъанави, санъати сарояндагии анъанави, санъати сарояндагии мардуми. Дар бахши сарояндагии кафедра профессорон Маъруфхоча Баходуров, Боймухаммад Ниёзов, Чурабек Муродов, Чурабек Набиев, Аличон Солиев, дотсентон Даврон Алиматов, Юсуфчон Бобочонов, Аълочии фарханги ЧТ Муъминчон Муллоев, Абдурахим Шерматов, Махкамхоча Баховаддинов, Саидкодир Ёкубов, К.Хасанов, А.Чалолов, А.Хикматов, М.Окилова, Олимчон Юсуфов ва дигар устодони шинохтаву бомахорат дарс додаанд ва кисме аз онхо холо хам ба тадрис машгуланд.

Дар бахши навозандагии кафедра устодон Хунарманди мардумии ЧТ Абдували Абдурашидов, Хунарманди шоистаи ЧТ, дотсент М.Баротов, Хунарманди шоистаи ЧТ, дотсент Ю.Бобочонов, устод З.Исматов, хунармандони пурлаёкат А.Ботиров, А.Тошматов, Х.Чураев, М.Шамсиев, Д.Рустамов, А.Аминчонов, В.Икромов, С.Чураев, К.Хамдамов, С.Худоймерганов, Ш.Окилов кор кардаанд ва фаъолият мебаранд.

Кафедраи санъати тасвири ва махорати актёри с. 1995 дар Донишкадаи таълимии АМ ЧТ тахти номи кафедраи санъати тасвири ва коргардони симо таъсис ёфтааст. Дар ин кафедра ихтисосхои зерин таълим дода мешавад: мусаввирии монументали, мусаввирии станкови, хайкалтароши, актёри театри драма ва кино.

Дар ташкили кафедра устодон, профессор Р.Муродов ва Г.Чураев сахми арзанда гузоштаанд. Сарварони кафедра: Г.Х.Чураев (1995-2001), Ш.Каюмов (2001-2005), М.Ч.Ашуров (аз с.2005). Дар кафедра рассомон, дорандаи чоизаи ба номи Камоли Хучанди, дотсент Гафурчон Чураев, номзади илмхои педагоги, дотсент Мукимчон Ашуров, хайкалтарош Чалол Тошматов, номзади илмхои тиб, дотсент Я.Усмонов, Ш.Каюмов, Б.Холматов, О.Пулодов, А.Чабборов, М.Сулаймонов, М.Шарифова, М.Исхоков, Ф.Юсупов кор кардаанд.

Дар бахши коргардони симо устодони варзида, Корманди шоистаи фарханги ЧТ С.Чурабоев, оператори маъруфи точик К.Бузуруков, Хунарманди шоистаи ЧТ, профессор Т.Абдушукурова, дотсент Умар Алиев, Хунарпешаи шоистаи Точикистон Рахим Хошимов, режиссери номи О.Набиев ва дигар устодони бомахорат дарси хунар меомузанд.

Дар шуъбаи коргардони ва актёри Хунарпешаи шоистаи Точикистон Б.Абдураззоков, Хунарпешаи шоистаи Точикистон О.Назаров, дотсент У.Алиев, омузгор ва актрисаи бомахорат Б.Чумъаева кор кардаанд ва фаъолият мебаранд.

Кафедраи фанхои гуманитари дар факултаи санъат с.1993 ташкил ёфтааст. Ба кафедра сармуаллим Фарогат Каримова (1993-95), Аъзам Эшонов (1995-98), Адиба Султонова (1998-99), Фарход Абулов (аз с.1999) сарвари намудаанд. Дар кафедраи фанхои гуманитари мутахассисони варзида, номзади илмхои филологи, профессор Х. Муроди-Точибоев, номзади илмхои филологи, дотсент Н.Гиёсов, номзади илмхои педагоги, дотсент Р.Изатуллоев, номзади илмхои таърих, дотсент М.Файзуллоев, номзади илмхои таърих, дотсент А.Олимов, номзади илмхои филологи М.Махмадшоев, сармуаллимон С.Мадалиев, омузгорон Г.Мухиддинова, М. Курбонбекова, А.Султонова, Б.Самадов, А.Максудова, Р.Холматова, А.Шарифов, М.Абдурасулова, Т.Абдуллоев, А.Абдуллоев, З.Худойбердиева, А.Шарифова, Ш.Шокиров, А.Юсуфов, Г.Махмудова, Н.Набиев, М.Эронова, А.Эшонов фаъолият бурдаанд ва холо хам кисме аз онхо фаъолият доранд.

Кафедраи театри анъанавии мусикии драмави с.1994 дар хайъати Донишкадаи таълимии АМ ЧТ таъсис дода, то с.1997 амал кардааст. Сарвари кафедра Хунарманди мардумии ЧТ, профессор С.Исоева (1994-97) буд. Кафедраи мазкур бори нахуст дар чумхури барномаи тайер намудани мутахассисони сохаи театри анъанавии мардумии точикро ба рох монд. Дар кафедра композитор, Хунарманди мардумии ЧТ, профессор О.Назаров, досент У.Алиев, омузгорон С.Зокирова, М.Хомидова фаъолият бурдаанд. Асари Ш.Солех «Исёни мурдахои бекафан» ва асари А.Усмонов «Талоши зиндаги» аз тарафи Хунарманди мардумии ЧТ, профессор С.Исоева, устоди махорати актери У.Алиев ва омузгор С.Зокирова ба сахна гузошта шуданд. Рохбари мусикии гурух композитор Хунарманди мардумии ЧТ, профессор О.Назаров буд.

Кафедраи таърих, назарияи мусикии шарк ва санъати мусикии муосир с.1993 чун ду кафедраи мустакил: кафедраи таърих ва назарияи мусикии Шарк ва кафедраи санъати мусикии муосир арзи вучуд кардааст. Соли 1996 ду кафедра муттахид карда шуд. Дар солхои мавчудияташ ба кафедра устодони зерин рохбари кардаанд: дотсент Ф.Улмасов (1993-94), сармуаллим Б.Саидкаримов (1994-98), номзади имлхои санъатшиноси С.Худойбердиев (1998-2004), сармуаллим А.Султонова (2004-07), профессор Н.Хакимов (аз с.2007). Аз с.1993 то 2003 дар кафедра шуъбахои мусики-шаркшиноси ва санъати ичрокунандагии аврупои бо бахшхои фортепианои махсус ва сарояндагии академи амал менамуданд.

Дар кафедра ихтисосхои зерин таълим дода мешавад: мусикишинос, мухаккики таърих ва назарияи мусики, мухаккики фолклор, омузгори таърих ва назарияи мусики.

Дар кафедра санъатшиносони варзида, профессор, композитор Ш.Сайфиддинов, Н.Хакимов, дотсентон Ф.Улмасов, С.Худойбердиев, сармуаллимон Б.Саидкаримов, Е.Файзуллоева, Х.Умарова, М.Пулотова, М.Курбонова, композитор Р.Баротов, муаллимон С.Игнатенко, О.Кравчик, Н.Абдуллоева, Н.Хакимова ва дигарон кор кардаанд ва фаъолият мебаранд. Дар бахши фортепианои махсус муаллимон Ф.Абдурауфова, З.Абдурауфова, Л.Ячевская, Ш.Хомидова, И.Пак, Г.Жиглова фаъолияти педагоги бурдаанд. Дар бахши сарояндагони академики Хунарманди шоистаи Чухурии Точикистон С.Юсупов, муаллим О.Юсупов сабак омузонидаанд.