Факултаи рассомию графики. Соли 1967 дар ДДОЛ дар хайъати 3 омузгор Д.Умаров, У.Ахмадхочаев, А.И.Мазунин ва 26 нафар донишчу шуъбаи накшакаши, расм ва мехнат таъсис дода шуд.

Соли 1968 довталабон ба гуруххои точикию руси кабул карда шуданд. Бо максади такмили раванди таълим дар гуруххои руси муаллимони русзабон З.Н.Умеренкова, Б.П. Геза, А.И.Мазунин, В.А.Евсюков ба кор даъват карда шуданд.

Соли 1969 бо ризоияти Вазорати маорифи Чумхурии Узбекистон хатмкардагони Донишкадаи омузгории ба номи Низомии шахри Тошканд А.Чамолиддинов, М.Абдуллоев, Р.Ойматов, Р.Ким ба шуъбаи накшакаши, расм ва мехнат ба кор даъват шуданд, ки ин тадбир дар баланд бардоштани савияи дониш, махорати касби ва малакаи донишчуён мусоидат кард.

Аз соли 1972 сар карда шуъбаи номбурда кадрхои нахустини худро ба воя расонида, ба мактабхои тахсилоти хамагони фиристод. Аз байни хатмкунандагон донишчуёни сохибистеъдод, ба монанди шодравон дотсент Т.Шодиев ва сармуаллимон О.Гозиев С.Хасанов, Ш.Ахмадов, фаъолияти худро дар шуъба огоз карданд. Минбаъд С.Олов, А.Бобочонов, Ю.Юсуфов, М.Исмоилова, К.Абдуллоев, Л.Баранова, Г.Мухина ба хайати муаллимон шомил шуданд. Сонитар  Н.А.Руденко, С.Г.Вишняков, Л.Перошина, Х.Холматов, О.Исмоилов, Т.Рачабов, Ф.Яхёев, М.Кодирова, А.Умаров, М.Муллочонов, М.Ашуров, К.Шарифов, М.Акрамов, С.Шералиев ва дигарон ба кор шуруъ намуданд.

Солхои 80-ум солхои пурбаракат барои шуъбаи накша, расм ва мехнат буд. Соли 1980 дар асоси шуъба факултаи рассомию графики таъсис ёфта, нахустин декани он З.Н.Умеренкова таъин карда шуд. Тахти рохбарии у факулта хеле вусъат ёфт. Нахустин омузгорон ба шахрхои Маскав, Ленинград, Киев, Минск, Витебск, Тошканд ва Душанбе рафта, дониш, махорат ва малакаи худро такмил медоданд. Минбаъд хатмкардагони факулта то ба дарачаи мудири кафедра расиданд. Аз чумла, С.Хасанов ва Т.Шодиев мутаносибан солхои 1981-87 ва 1987-96 мудири кафедраи расм ва мусаввири буданд.

Бо зиёд шудани шумораи омузгорону донишчуён кафедраи накшакаши ва расм ба 2 кафедраи алохида: накшакаши ва усули таълими фанхо ва кафедраи расм ва мусаввири таксим шуд.

Рохбарии кафедраи накшакаши ва усули таълими фанхоро ба ухдаи сармуаллим Д.Умаров, кафедраи расмкаши ва мусаввири ба зиммаи номзади илм, дотсент А.Мазунин гузошта шуд. Соли 1979 бо максади такмили ихтисос ба ш. Маскав муаллими чавон С.Олов фиристода шуд ва минбаъд ба аспирантура дохил шуда, с. 1984 рисолаи номзади дифоъ намуд. У яке аз аввалин номзадхои илм дар факулта буда, то с. 2007  вазифаи декании факултаро дар ухда дошт. Соли 2007 доктори илмхои педагоги, профессор О.Исломов декани факулта таъин гардид. Холо дар факултаи рассомию графики 3 кафедра фаъолият дорад, ки сарварии онхоро дастпарварони факулта дотсентон С.Олов, Ч.Холматов ва С.Хасанов ба зимма доранд.

Дар факулта як доктори илм, профессор, 8 номзади илм, дотсент, 25 сармуаллиму ассистент, 7 корманди ёрирасон фаъолият бурда истодаанд.

Дар факулта барои донишчуён шароити хуби тахсил фарохам оварда шудааст: 1 толори графикаи компутери ва дизайн, 5 синфхона барои дарсхои лексиони, 8 синфхонаи махсус чихозонидашудаи кафедрахо, 2 синфхона барои дарсхои семинари ва 2 синфхона барои хазинаи маводхои таълими дар хидмати шогирдон карор доранд.

Кафедраи санъати ороиши мохи июни с.1991 ташкил ёфтааст. То ин замон номгуи фанхои асосии кафедра дар ихтиёри кафедраи мусаввири буд. Рохбарии кафедра ба зиммаи сармуаллим С.Хасанов гузошта шуд. Дар кафедра дар соли аввал 7 нафар муаллимон ва ду нафар кормандони ёрирасон, аз чумла як номзади илм Т.Музаффаров фаъолият мебурданд.

Баъдтар хайъати омузгорони кафедра аз хисоби хатмкунандагони факулта К.Шарифов, М.Набичонов, А.Зухуров, М.Сулаймонов ва мутахассиси корхои тармими А.Сатторзода пурра гардид.

Холо дар кафедра ду нафар номзади илмхои педагоги, дотсент М.Ашуров (мудири кафедра) ва С.Хасанов (мудири кафедра), сармуаллимон М.Акрамов, М.Муллочонов, омузгорон К.Иброхимов ва ду нафар кормандон М.Алибоева ва Д.Каримова фаъолият доранд. Аъзои кафедра оид ба масоили мухталифи таърихи санъати ороиши, мохият ва таълими санъати ороиши ва хунархои халки корхои тадкикоти илми бурда истодаанд. Устодон дар конфронсхои илмию методии донишгохи, вилояти ва байналхалки бо маърузахои илми ва амали ширкат меварзанд.

Аз рузи ташкилёбии кафедра то хол зиёда аз 200 нафар донишчуён бо рохбарии муаллимони ботачриба дар мавзуъхои наккоши, кандакори дар чуб, сабадбофи, гулдузи, минётура, ороиши синфхона ва кабинетхои донишгох корхои дипломи химоя карданд. Асархои бехтарини донишчуён дар фонди бадеии кафедра махфузанд. Яке аз самтхои мухими донишандузии шогирдон тачрибаи осоршиноси мебошад, ки дар он мухассилин бо тарзи тахлили асархои рассомон ошно мегарданд. Бо ин максад донишчуёни курси III ба тачрибаи осоршиноси баромада, бо фонди бадеии осорхонахо ва асархои рассомон шинос мешаванд. Фанхои тахассусманди ба проблемахои эхёи санъати наккоши ва гачкори бахшида шудаанд. Дар кафедраи санъати ороиши махфили «Наккоши чавон» амал мекунад, ки рохбарии онро К.Иброхимов ба ухда дорад. Аъзои махфил бо асархои худ дар намоишгоххои факулта ва конфронсхои илмии донишчуён иштирок менамоянд.

Солхои охир кафедра ба кори тадкикоти илмии омузгорон диккати чидди медихад. Тасдики ин иддао химояи рисолаи номзадии сармуаллим С.Хасанов мебошад. Устодони кафедра баробари корхои тадкикоти имли, инчунин бо корхои эчоди низ машгул буда, дар намоиши асархои рассомон ва наккошон борхо ширкат намуданд. Сахми омузгорони кафедра М.Ашуров, К.Шарифов, М.Муллочонов дар ороиш ва тайёрии ш.Хучанд ба ифтихори тачлили 1100-солагии давлати Сомониён хеле калон аст.

 

Кафедраи расм ва мусаввири. Соли 1974 дар шуъбаи накша, расм ва мехнат кафедраи расм ва мусаввири таъсис дода, ба вазифаи мудирии он дотсент А.И.Мазунин таъин гардид. Хамон сол ба хайъати кафедра хатмкардагони факулта Н.Чалилов, Л.Мухина, К.Муъминов ва минбаъд Л.Баранова, А.Бобочонов, Р.Ахмадова шомил шуданд.

Вобаста ба зиёдшавии талабот ба муаллимони накшаю расм ва афзудани сафи донишчуён хайати аъзои кафедра низ сол аз сол меафзуд. Солхои 70-ум ба сафи устодони кафедра С.Шералиев, С.Рахимкулов, А.Аминчонов, А.Исоев, солхои 80-ум М.Исмоилова, Г.Пахаренко, П.Рудометкин, А.Мадаминов, Ч.Холматов, М.Ашуров, М.Дадобоева, М.Аточонова, А.Умаров, Н.Рахматуллоев, Ю.Юсуфов, Н.Рахматов ва солхои 90-ум К.Нодиров, А.Исроилов, Г.Чураев, Г.Холикова, Н.Эшонова, Х.Чалилова, М.Гафуров ва дигарон дохил шуданд.

Дар рушду нумуи кафедра ва такмили раванди таълим мудирони кафедра А.И.Мазунин (1974-78), З.Н.Умеренкова (1978-82), С.Хасанов (1982-87), Т.Шодиев (1987-96), Ч.Холматов (1996-2001), А.Исоев (2001-2007) сахми арзанда гузоштанд. Аз с.2007 вазифаи мудирии кафедраро номзади илми педагоги, дотсент Ч.Холматов дар ухда дорад.

Омузгорони кафедра дар намоишгоххои эчоди, ки дар микёси шахру вилоят баргузор мегардад, муттасил ширкат варзида, солхои охир чанд намоиши эчодии инфироди низ ташкил намуданд. Соли 2007 бахшида ба 40-солагии ташкили факулта ва 75-солагии ДДХ устодон К.Мўминов, А.Исроилов, А.Бобочонов, М.Дадобоева бо гурўхи донишчўён дар толори Арт-галереяи «Сомониён» намоиши асархои мусаввирии худро намоиш дода, сохиби офаринхо шуданд.

Холо дар кафедра 13 нафар омузгорон фаъолият доранд, ки аз онхо 4 номзадхои илм, дотсентон, ду нафар узви Иттифоки рассомони ЧТ (К.Муъминов ва Н.Эшонова) мебошанд.

Кафедра дорои 6 синфхонаи хуб чихозонидашуда, ташреххона бо асбобу моделхо ва аёниятхо мебошад. Дар кафедра тайёр намудани мутахассисон аз руи ихтисоси «Мусаввири монументали» ба рох монда шудааст.

Кафедра солхои тулони бо Донишгохи давлатии омузгории ба номи Низомии Тошканд, Донишгохи давлатии омузгории ш.Маскав робитаи кори дошта, як зумра муаллимон дар ин ва дигар макотиби олии рассомии Маскав ва Санкт Петербург такмили ихтисос кардаанд.

Кафедраи накшакаши ва услуби таълими фанхои тахассуси. Соли 1967 нахустин бор аз руи ихтисоси накшакаши, расмкаши ва таълими мехнат ба донишгох донишчуён кабул карда шуданд.

Мохи сентябри с.1968 кафедраи накшакаши ва рассоми дар хайати 5 нафар муаллимон: Д.Умаров, У.Ахмадхочаев, А.Мазунин, Б.Геза, Белоус ва 3 нафар кормандони ёрирасони таълими (Р.Ахмадов, Р.Алиев, А.Запускалова) таъсис дода шуд. Мудирии кафедраро Д.Умаров ба зимма дошт.

Аз октябри с.1971 то сентябри соли 1974 кафедраро А.И.Мазунин сарвари намуд. Кафедра сентябри с.1974 ба 2 кафедраи мустакил- накшакаши ва расмкаши таксим шуд. Мудирии кафедраи накшакаши ба зиммаи дотсент В.Н.Евсюков гузошта шуд. Соли 1975 сармуаллими кафедра У.Ахмадхочаев мудири кафедра таъин шуд. Дар давраи рохбарии У.Ахмадхочаев кафедра дорои синфхонаю лабораторияхои бо лавозимоти зарури тачхизонидашуда гардид. Муаллимони варзида Д.У.Умаров ва У.Ахмадхочаев дар тартиб додани барномаю дастурхои методи ва тарбияи як зумра устодони факулта, монанди С.Олов, О.Гозиев, Ю.Юсуфов, К.Чураев, Н.А.Руденко, Х.Холматов, С.Г.Вишнякова, Л.А. Прошина, О.Исломов, Т.Рачабов, Ф.Яхёев, М.Кодирова ва дигарон сахми арзанда гузоштанд.

Алхол дар кафедра 8 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онхо 1 нафар доктори фанхои педагоги, профессор, 3 нафар номзади фанхои педагоги дотсентон ва 4 нафар сармуаллим мебошанд. Устодони кафедра баробари таълиму тарбия ба кори тадкикоти илми низ машгуланд.

Соли 2003 назди шўрои химояи Донишгохи давлатии педагогии ш.Маскав О.Исломов рисолаи доктории худро оид ба муаммои муносибати эчодии муаллимони оянда нисбати фанхои графики бомуваффакият химоя намуд.

Натичаи тадкикоти илмию методии устодон Д.Умаров, У.Ахмадхочаев, С.Олов, О.Исломов, К.Чураев ва М.Кодирова дар чараёни таълим пурмахсул истифода бурда мешаванд. Тахти рохбарии устодон К.Чураев ва О.Исломов гурўхи аспирантон М.Кодирова, М.Дадобоева ва Х.Чалилова рисолахои номзадии худро бомуваффакият химоя намуданд. Самуаллимон Т.Рачабов ва Ф.Яхёев низ дар рисолахои худ кор доранд.

Аз тарафи устодони кафедра: О.Исломов асархои илмии «Назария ва амалияи муносибати эчодии муаллимони ояндаи фанхои графики», «Тасвири бисёррўяхои мунтазам», корхои мустакилонаи донишчўён ва гайра тартиб дода шудааст. К.Чўраев ба навиштани дастури дарсии «Услуби таълими накшакаши дар мактабхои тахсилоти хамагони» машгул мебошад. Устодон О.Исломов, С.Олов ва Ю.Юсуфов таълифи кисми дуюми «Дастури методи аз хандасаи тасвири»-ро ба итмом расониданд.

Равияи дигари фаъолияти кафедра тачрибаи омузгори мебошад, ки рохбарии онро Ф.Яхёев ба зимма дорад.

Холо дар кафедра таълими фанни тахассусии «Асосхои дизайн» ба рох монда, тадриси он ба зиммаи олимон ва муаллимони пуртачриба гузошта шудааст.

Кафедра дорои толори графикаи компутери ва дизайн, 2 лабораторияи накшакаши ва 3 синфхонаи тачхизонидашудаи тахассуси мебошад.

Дар кафедра аспирантон М.Дадобоева. Х.Чалилов, М.Гафуров бо рохбарии дотсентон К.Чураев, М.Ашуров, Ч.Холматов кори илми бурда истодаанд. Дар пешрафти кори кафедра дар солхои гуногун муаллимон И.Нагибина, Р.Ким, Н.Шафигулина, М.Абдуллоев, И.Турсуналиев хиссаи муносиб гузоштанд. Хамчунин фаъолияти кафедраро бидуни хидматхои софдилонаи лаборантон В.Ли, Л.Емилянова, Л.Гранкина, М.Музаффарова, М.Бегматова, Б.Умаралиева, С.Шарифова тасаввур кардан амри махол аст. Аз с.2007 сарварии кафедраро номзади илмхои омузгори, дотсент С.Олов ба ухда дорад.