Факултаи педагоги. Тайёр кардани мутахассисони баландихтисос – омузгорони синфхои ибтидои дар ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров аз соли хониши 1958-1959 бо таъсиси шуъбаи педагогика ва методикаи таълими ибтидои дар таркиби факултаи таъриху филология шуруъ шудааст. Соли 1960 шуъба ба факулта табдил ёфт ва сарварии он ба зиммаи А.Тошматов гузошта шуд. Сараввал дар факулта танхо як кафедраи методикаи таълими ибтидои (мудираш М.Ахмадов) амал мекард, ки дар он 5 нафар устодон бо фаъолияти илмиву омузгори машгул буданд.

Аввалин устодони факулта Дехкон Неъматзода, Хамдам Очилов, Асобиддин Тошматов, Абдуллозода, Абдуллочон Шодиев, Мухтор Ахмадов, М.В.Кутин, Х.Кодиркулов, Н.Гафуров, Робия Чураева, Эргашев, Вохидов, Алимухаммадов ва дигарон буданд, ки дар ташкил ва рушду нумуи он сахми арзанда гузоштаанд.

Ба факулта то с.1990 номзади илмхои педагоги, дотсент А.Тошматов сарвари намуд. Солхои 1990-95 вазифаи декании факултаро номзади илмхои педагоги, дотсент Ш.А.Шаропов, солхои 1996-98 номзади илмхои биологи, дотсент С.Каримов ба зимма доштанд. Аз с.1998 сарвари факулта доктори илмхои педагоги, профессор Ш.А.Шаропов мебошад.

Дар ин муддат вобаста ба талаботи мактабхои миёнаи чумхури ва вилоят ба муаллимони синфхои ибтидои теъдоди донишчуён низ пайваста меафзуд. Шумораи муайяни мухассилини факултаро точикони бурунмарзи аз чумхурихои хамсоя – Узбекистон, Киргизистон, Казокистон, Туркманистон ташкил мекарданд, ки баъди хатми донишгох дар макотиби точикзабони кишвархои мазкур машгули тадрис мешуданд.

То с.1998 дар назди факулта шуъбаи тарбияи томактаби низ амал мекард, ки дар давраи фаъолияташ мутахассисони зиёдеро тайёр намудааст. Тули ин солхо дар 3 шуъбаи факулта (методикаи таълими ибтидои, дефектология, томактаби) гуруххои точики, узбеки ва руси амал мекарданд.

Алхол дар факулта 3 шуъба: педагогика ва методикаи таълими ибтидои (рузона ва гоибона), тарбияи чисмони ва психология фаъолият дошта, раванди таълиму тарбия ба ухдаи хайати профессорону муаллимони се кафедра вогузор аст. Дар кафедрахои мазкур як доктори илм ва 13 номзади илм мехнат мекунанд.

Аз дастпарварони факулта доктори илмхои педагоги, профессор, узви вобастаи Академияи улуми педагоги-ичтимоии Федератсияи Русия Ш.А.Шаропов, дотсентон Э.Шарипов, Х.Искандарова, У.Нуъмонов, М.Исматов, А.Каримчонов, С.Иноятов, А.Набиев, Ч.Хомидов, Х.Турсунов, Б.Латипов, З.П.Рахмонов, Х.М.Сабуров, С.Абдулфайзова, сармуаллимон З.Бегматов, М.С.Мухторова, С.Рабиев, муаллимон Ш.Кучибоев, Г.Хошимова, Ш.Аликулова, М.Луфов, М.Мамадова дар таълим ва тарбияи мутахассисон сахми шоиста доранд.

Хатмкардагони факулта дар сохахои гуногуни хочагии халки кишвар мехнат карда, сохиби обрую эътибори баланд гардидаанд. Факулта бо дастпарварони худ Муаллимони шоистаи ЧТ, Аълочиёни маорифи халк М.Аслонов, А.Каххоров, (н.Гончи), З.Мухиддинова (н.Ашт), М.Гафурова (ш.Чкалов), М.Чалилова (ш.Хучанд), Хунарпешаи халкии ИЧШС Чурабек Муродов, Хунарпешаи шоистаи чумхури Урунбек Хамдамов ва дигарон ифтихор дорад.

Кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касби. Кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидои то июни с.2007 чунин ном дошт ва фаъолияташро мохи сентябри с.1989 огоз намудааст. То давраи мустакилияти кафедра фанхои педагогика ва психология ба номгуи кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидои шомил буданд.

Дар солхои аввали ташкилёбии факулта (1958) ва давраи минбаъдаи инкишофи он аз фанхои педагогика ва психология устодон А. Тошматов, Р. Ашуров, М. Зуфарова, М. Хомидов, А. Ахмадов, Ш. Шаропов, Х. Искандарова , А. Набиев, М. Хочиева дарс мегуфтанд.

Соли аввали мустакилияти кафедра сарварии он ба зиммаи дотсент Ш.Шаропов гузошта шуда, дотсент М.Хомидов, сармуаллимон М.Хочиева, М.Мухторова ва М.Мавлонов фаъолияти педагоги доштанд. Солхои минбаъда сармуаллим З.Рахмонов, дотсентон А.Каримчонов, Х.Искандарова ва муаллим И.Самадова ба хайъати устодони кафедра шомил гардиданд.

Солхои 1990-96 ба кафедра номзади илмхои педагоги, дотсент М.Хомидов сарвари намуд. Аз мохи апрели с.1996 то декабри 1998 ин вазифаро доктори илмхои педагоги Ш.Шаропов адо мекард. Аз мохи декабри с.1998 то октябри с.2005 сарварии кафедраро дотсент Х.Сабуров ба ухда дошт. Аз октябри с.2005 ба кафедра дотсент Х.Искандарова рохбари дорад.

Дар давраи фаъолияти зиёда аз дахсолаи худ кафедра дар тайёр намудани кадрхои педагоги сахми босазо гузошт. Аз зумраи хатмкунандагони факулта чавонони болаёкат Б.Латипов ва Х.Сабуров ба кафедраи педагогикаи умумии ДДОД барои дохил шудан ба шуъбаи рузонаи аспирантура тавсия карда шуданд. Б.Латипов (холо ректори Донишгохи такмили ихтисоси кормандони сохаи маорифи в.Фаргонаи Чумхурии Узбекистон) с.1995 ва Х. Сабуров с.1997 рисолахои илмиро дифоъ намуда, ба дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои педагоги мушарраф гардиданд. Ш.Шаропов мохи марти с.1996 дар Шурои махсуси диссертатсиони Донишгохи давлатии ш.Алмаатои Чумхурии Казокистон рисолаи докториро дифоъ намуда, ба гирифтани дарачаи илмии доктори илмхои педагоги сазовор шуд ва с.1998 узви вобастаи Академияи улуми педагогии ФР интихоб гардид.

Сармуаллими кафедра Х.Искандарова с.1998 дар Шурои махсуси диссертатсионии ДДОД ба номи К.Чураев рисолаи номзади дифоъ намуда. Сармуаллим З.Рахмонов мохи июни с.2002 рисолаи номзади химоя кард.

Бо сарварии сармуаллим З.Рахмонов дар богчаи махсуси бачагонаи №26-и ш.Хучанд синфи алохида кушода шуда, хатмкунандагони шуъбаи нуксоншиносии факулта ба таълиму тарбияи бачагони нуксондор машгул шуданд. Сармуаллим С.Абдулфайзова мохи апрели с.2007 рисолаи номзадиро дифоъ намуд.

Дар фаъолияти хаматарафаи худ кафедра ба масъалахои инкишоф ва ривочи корхои тадкикоти илми, методи ва тарбияви бештар ахамият дода, тибки накшахои тасдикшуда ва ба таври муназзам чорабинихои таълимию тарбиявиро ба амал чори менамояд.

Аъзои кафедра бо максади таълиму тарбияи хаматарафаи донишчуён ба таълиф ва тартиб додани адабиёти сохави ва илми-методи диккати чидди дода, зиёда аз 150 номгуй маводи гуногуни мансуб ба ихтисосхои факултаро аз чоп бароварда, ба истифодаи муаллимони синфхои ибтидои ва донишчуён пешниход карданд.

Дар назди кафедра махфилхои гуногуни илми амал мекунанд, ки: «Омузгори оянда» (рохбар - М.Хочиева), «Рухшинос» (рохбар - М.Мухторова ва С.Элмуродова) аз чумлаи онхоянд. Ба махфилхо донишчуёни хохишманд аъзо гардида, дар атрофи мавзуъхои гуногун тадкикоти илми мебаранд ва аз руи натичахои он маърузаву гузоришхо мекунанд.

Холо дар кафедра устодони зерини пуртачриба дар пешбурди фаъолияти педагоги хиссагузори мекунанд: доктори илмхои педагоги, профессор Ш.А.Шаропов (декани факулта), дотсентон М.Хомидов, Х.Сабуров, Х.Искандарова, З.Рахмонов, сармуаллимон М.Хочиева, М.Мухторова, С.Элмуродова ва С.Абдулфайзова.

Кафедра бо муассисахои таълими ва тадкикоти Донишгохи омузгории ш.Тошканд ба номи Низоми, Пажухишгохи илмхои педагогии чумхури, Донишгохи давлатии ш.Алмаато ба номи Абай, Донишгохи омузгории ш.Охангарони Чумхурии Узбекистон ва гайра хамкории зич дорад.

Кафедраи методикаи таълими ибтидои с.1958 ташкил ёфта, мудири аввалини он шодравон М.Ахмадов буд. Солхои 1959-61 ва 1965-70 ба кафедра шодравон Д.Неъматзода рохбари кардааст. Тахти сарпарастии ин устоди халиму кордон як зумра омузгорони донишгох, аз чумла, Р.Чураева, Р.Содикова, А.Зохидов, Б.Марипов, З.Бойматов, А.Набиев, Э.Шарипов, У.Нуъмонов, М.Исматов, Ш.Шаропов, А.Бобочонов ва дигарон ба воя расидаанд. Солхои 1961-64 сарварии кафедраро устод Х.Очилов ба ухда дошт.

Солхои 1970-77 ба кафедра дотсент Р.Ашуров, солхои 1977-78 дотсент Х.Чалилов, солхои 1979-80 дотсент А.Абдукодиров, солхои 1980-85 дотсент А.Ваххобов рохбари намуданд.

Солхои 1985-2000 сарварии кафедраро дотсент Ш.Махкамова ба зимма дошт. Аз с.2000 мудири кафедра Э.Шарипов аст. Устодони кафедра профессор Ш.Шаропов, дотсентон М.Хомидов, Б.Марипов, К.Бурхонов, М.Каримова, Э.Шарипов ва дигарон дар тайёр кардани мутахассисони варзида сахми шоиста доранд.

Кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидои дар огози фаъолият аз дигар кафедрахо бо гуногунсохагиаш тафовут дошт, зеро он кариб хамаи фанхои дар синфхои ибтидои таълим додашавандаро дарбар мегирифт. Азбаски ташкили раванди фаъолияти муаллимони фанхои гуногун кори басо душвор ва захматталаб буд, с.1989 дар заминаи кафедраи П ва МТИ кафедраи нав - педагогика ва психологияи таълими ибтидои ва дертар (с.1992) боз як кафедраи дигар - табиатшиноси ва тарбияи эстетики таъсис дода шуд.

Хамин тавр, ба туфайли махдуд сохтани доираи фанхои таълимии кафедра аз хисоби кафедрахои навтаъсис имконият фарохам гашт, ки сифати машгулиятхо баланд ва тадкикоти илмии устодони кафедра самараноктар гардад. Дар кафедра ба кори тарбия ва чобачогузории кадрхо эътибори чидди дода мешавад. Дар 5 соли охир 4 нафар ба вазифаи дотсенти ва 5 нафар ба вазифаи сармуаллим гузаронида шуданд.

Дар кафедра ба таълифи китобхои дарси ва васоити таълими барои мактабхои миёнаи чумхури диккати махсус дода мешавад. Дотсентон М.Муродова ва Р.Содикова муаллифони китобхои дарсии «Мехнат» ва «Математика»-и синфхои ибтидои буда, тули солхои зиёд дар кафедра фаъолияти пурсамар доштанд. Дотсентон Ш.Махкамова, Э.Шарипов, Б.Марипов, Д.Абдуллоева барои синфхои ибтидои - «Забони модари» (синфи III Э.Шарипов), «Укиш» ва «Она тили» (синфи I), «Алифбе» (Д.Абдуллоева), «Забони тожики» (синфхои 2, 3, 4 барои синфхои узбеки, Э.Шарипов, У.Сатторов)-ро таълиф ва нашр намуданд, ки алхол хонандагони синфхои ибтидои аз руи онхо тахсил доранд.

Аз чониби устодони кафедра як катор дастурхои методи, аз чумла «Таълими хамгиро» (барои синфхои 1, 2, 3, 4 муаллифон Э.Шарипов, Ш.Махкамова, Т.Икромова) таълиф шуданд. Дотсенти кафедра Э.Шарипов бо хаммуаллифии доктори илмхои педагоги М. Лутфуллоев барои точикони Чумхурии Узбекистон китоби «Алифбо»-ро мунташир сохт.

Дар кафедра махфилхои «Забоншинос» ва «Математики чавон» амал мекунанд, ки бештар аз 100 нафар донишчуён аъзои онхо мебошанд.

Аъзои кафедра бо Маркази бозомузи ва такмили ихтисоси омузгорони вилоят ва хадамоти методии в.Сугд иртиботи кави доранд. Онхо мутахассисони асосии ин марказ буда, дар конфронсхои илми-методи, хонишхои педагогии шахру вилоят бо маърузахои пурмазмун баромад мекунанд ва ба ин васила дар такмилу самаранокии таълими ибтидои сахм мегузоранд.

Кафедра бо як катор муассисахои илмию тадкикоти ва таълими, амсоли Пажухишгохи илмхои педагогии ЧТ, ДДОД ба номи С.Айни, Донишгохи давлатии ба номи Низомии ш.Тошканд ва Донишгохи омузгории ш.Охангарони Чумхурии Узбекистон робитаву хамкорихои хуб дорад. Ин хамкори дар ташкили конфронсхои илми, семинархои таълими-методи, таълифи китобхои дарси, дастурхои таълимию методи зухур ёфта, дар бехдошти услуби таълиму тарбия дар синфхои ибтидои накши босазо мегузорад.