Факултаи молия ва иктисодиёти бозор с.1991 ташкил ёфтааст. Соли аввали ташкилшави корхои ташкили, таълимию методи ва тарбиявиро нахустдекани факулта, профессор Абдуллочон Орифов, мудири кафедраи фанхои умумииктисоди, дотсент А.Мачидов, профессор А.Абдугаффоров, ноибдекани факулта, дотсент Ю.Мачидов, дотсент З.Умаров, сармуаллима Р.Хочаева ба зимма доштанд.

Ба факулта як гурух олимони пуртачриба, ба монанди дотсентон О.Коситов, З.Х.Умаров, М.Исмоилов, Х.Хомидов, М.Бобохонов, А.Рахимов, профессорон А.Абдугаффоров, А.Мирсаидов аз факултаи иктисодии ДДМТ ва дигар мактабхои олии Душанбе ба кор омаданд. Бо максади дуруст ба рох мондани корхои таълимию методи аз тарафи деканат ва кафедрахо чорахо андешида шуд. Аз чумла, накшаи таълимии хамаи ихтисосхо дар асоси хуччатхои расмии мактабхои олии шахрхои Душанбе, Киев, Маскав, Санкт-Петербург ба низом дароварда шуданд.

Дар факулта с.1992 кафедраи ягонаи фанхои умумииктисоди ташкил шуда буд (мудири кафедра дотсент А.Мачидов), ки минбаъд дар заминаи он кафедрахои дигар – кафедраи молия ва карз (1994), кафедраи иктисодиёт, ташкили истехсолот ва хизматрасони (1992), кафедраи менечмент ва сохибкори (1996) ташкил карда шуданд.

Факултаи молия ва иктисодиёти бозор дар тайёр кардани иктисоддонони сохаи молияву карз ва муносибатхои бозоргони сахм мегузорад. Теъдоди донишчуён дар факулта сол аз сол афзуда истодааст ва дар давоми ду-се соли охир ба 1500 расид.

Ташкили раванди таълимро зиёда аз 50 нафар устодони пуртачрибаи унвондор, ба монанди номзадхои илмхои иктисоди, дотсент А.Мачидов, И.Пулодова, Т.Ризокулов, А.Азимов, М.Абдурахмонов, А.Абдурахимов, М.Бобохонова ва дигарон ба ухда доранд.

Дар факулта аз руи ихтисосхои гуногуни менечери, мухосибот ва аудит, иктисодчиёни сохаи маориф ва маркетинг мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Аз с.2007 декани факулта профессор А.Рахимов мебошад.

Чомеаи факултаи молия ва иктисодиёти бозор бахри такмили чараёни таълим дар асоси тачрибахои пешкадами хозиразамон, ошно гаштан бо дастовардхои нави илмию техники дар сохаи иктисодиёт, татбики усулхои нави тарбияи донишчуён, баланд бардоштани савияи малакаи омузгорон чидду чахд мекунад.

Факулта бо Донишгохи Пйер Мендес Франси Гренобли Фаронса, Академияи хочагии халки ба номи Плеханови ш.Маскав, Донишгохи давлатии ш.Боткенти Чумхурии Киргизистон, ташкилоти байналхалкии «CAКANA COКPOКATION», «Фонди Евразия», корпоратсияи «Прагма» ва гайрахо робитаи илми дорад. Сафархои хидматии устодони факулта ба донишгоххои мамолики хоричи ба гани гардонидани мазмуну мундаричаи таълим ёри мерасонанд.

Устодони факулта мунтазам савияи тахассусиашонро такмил медиханд. Масалан, с.2001 дотсентон И.Р.Пулодова ва Т.Тухтаев курси такмили ихтисосро дар ш.Алмаато хатм карданд. Хамон сол дотсент А.Мачидов дар ш.Алмаато дар конфронси байналхалкии «Бизнес-маълумот» иштирок кард, ки дар он аккредитатсияи донишгоххо дар Маркази захиравии бизнес ва маълумотгирии иктисоди гузаронида шуд. Масъалахои таълим бо воситаи Интернет ва омухтани тачрибаи давлатхои мутаракки дар тайёр кардани мухосибони баландихтисос мавриди мухокима карор гирифта, факултаи молия ва иктисодиёти бозори ДДХ ба узвияти Маркази бизнес ва маълумотгири кабул шуд.

 

 

Кафедраи иктисодиёт, ташкили истехсолот ва хизматрасони. Таърихи кафедра аз рузи таъсиси факултаи иктисоди дар с.1991 бо номи кафедраи фанхои умумииктисоди ибтидо мегирад. Минбаъд дар заминаи он кариб хамаи кафедрахои ду факултаи иктисодии донишгох ташкил ёфтаанд.

Кафедра бо номи кафедраи иктисодиёт, ташкили истехсолот ва хизматрасони мохи январи с.1996 таъсис ёфтааст, ки тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро аз руи ихтисоси иктисодиёт ва идоракунии истехсолот дар ухда дорад. Кафедра тахти рохбарии мудири кафедра, номзади илмхои иктисоди И.Пулодова фаъолият мебарад. Дар кафедра устодони пуртачриба, аз чумла 4 номзади илм ба тадрис машгуланд. Кафедра аз руи ихтисосхои иктисодиёт ва ташкили сохаи маориф ва маркетинг мутахассис тайёр мекунад. Донишчуён дар сохаи омузиши бозор, фаъолияти маркетинги дар корхонахо, хизматрасони, фаъолияти рекламави, банакшагирии сохаи маориф ва самаранокии иктисодии ин соха, ташкили касбомузи дар давлатхои хоричи дониши мукаммал мегиранд.

Тарбияи мутахассисони илмии кафедра низ хуб ба рох монда шудааст, аксар чорабинихои кафедра дар алокамандии зич бо кафедрахои донишгоххои дигари ш. Хучанд гузаронида мешавад.

Накшаи таълимии ихтисоси иктисодиёт ва идоракунии истехсолоти кафедра дар асоси талаботи шароити  имруза тартиб дода шудааст. Он ба курсхои нави иктисоди ва макроиктисоди, асосхои микро ва макроиктисодиёт, иктисодиёти корхонахо ва сохибкори, иктисодиёт ва ташкили истехсолот, танзими давлатии иктсодиёт ва тараккиёти ичтимои, асосхои биржа ва фаъолияти биржави, иктисодиёт ва идоракунии корхонахои хурд ва муштарак, иктисодиёти чахони, иктисодиёти давраи гузариш, банакшагирии дохилифирмави, асосхои иктисодиёти бозори, бизнес ва банакшагири, асосхои сохибкории дохилифирмави такя дорад. Алхол номгуи фанхои кафедра ба 21 адад расидааст ва оид ба хар як фан барномахои таълимию кори, дастурхои методи мавчуданд.

Дар вакти тартиб додани барномахо ва тайёр кардани мутахассисон ислохоти иктисодии давлати ва барномахои хукумати доир ба иктисодиёт то хадди имкон ба назар гирифта шуда, раванди тарбияи кадрхои баландихтисоси иктисоддон-менечер ба мароми давлати тозаистиклоли Точикистон нигаронида шудааст.

 

Кафедраи менечмент ва молия. Аз мохи ноябри с.2005 бо сабабхои объективи, яъне набудани кабули донишчуён ба ихтисоси «Молия ва карз» ва мувофики накшаи таълими кам шудани соатхо кафедрахои молия ва карз ва менечменти сохибкори бо фармони раёсати Донишгох якчоя карда, кафедра менечмент ва молия номгузори карда шуд.

Ичрокунандаи вазифаи мудири кафедра сармуаллим Р.Мавлонов мебошад. Дар кафедра устодони пуртачриба, ба монанди А.Зокиров, М.Салимова, В.Курбонов, Т.Тукузбоев, Э.Эгамов, А.Хошимов дарс мегуянд.

Чараёни таълими донишчуён аз руи накшаи таълимии ихтисоси менечмент таъмин гардидааст. Устодони кафедра оид ба як катор фанхо рахнамои таълим таълиф карда, аз чоп бароварданд. Кафедра бо муассисахои таълимию илмии кишвархои дуру наздик, аз чумла бо Донишгохи гуманитарии Гренобл (Фаронса) ба номи Пйер Мендес Франки, иттиходияи илми-истехсолии «Кибернетика»-и АУ Чумхурии Узбекистон, Донишгохи тичоратии Точикистон, ДДМТ алокахои кори дорад