Факултаи математика. Мохи июли с.1931 дар махаллаи «Кушхавз» назди хавлии Кози Саид Ахмадхон (холо кучаи Стаханов) курси дусолаи муаллимтайёркуни ташкил карда шуд. Директори аввалини ин курс Рахимшех Шарипов буд, аз 1 январи с. 1932 бошад, Иля Алесович Беримбаум ба ин вазифа таъин гардид.

Мохи апрели с. 1932 дар заминаи курси дусолаи муаллимтайёркуни, Донишкадаи олии омузгори (ДОО) ташкил карда шуд. Дар ДОО хамаги ду шуъба буд: биологи ва математики-техники. Дар заминаи шуъбаи дуюм, сонитар, факултаи физика-математика ташкил меёбад. Аввали солхои хафтодум ин факулта ба факултахои мустакили математика ва физика чудо мегардад.

Факултаи математика хамсоли донишгох мебошад. Солхои 1932-37 вазифаи декани факулта мавчуд набуд. Ин вазифаро директори донишкада ичро мекард. Соли 1938 вазифаи декани факулта таъсис ёфт. Якумин декани факулта М.Акрамов (1938-42) буд. Минбаъд шахсони зерин ин вазифаро ичро карданд: А.С.Малявин (1943-44), Т.Х.Хомидов (1944-56), А.М.Курбонов (1957-70), Р.Т.Хасанов (1970-92), А.Кодиров (1992-93), А.Б.Нозимов (1993-95), А.Рашидов (1995-2007), Ё.Дадочонов (аз с.2007).

Аз с. 1932 то соли 1937 дар донишкада як кафедра амал мекард. Минбаъд кафедрахои мустакили физика ва математика таъсис ёфтанд. То с.1955 хамаи фанхои математикиро як кафедраи математика дар бар мегирифт. Аввалин мудири кафедра Абдугани Худойбердиев (1932) буда, сипас А.Пупырников (1933) ба ин вазифа таъин шуд. Он вакт кафедра хамаги 7 нафар аъзо дошт. Минбаъд шахсони зерин вазифаи мудири кафедраро ичро намуданд: А.П.Писарев (1934-38), Х.Азизов (1938-39), К.С.Карпенко (1940-44), М.С.Горенштейн (1944-50), А.С.Содиков (1950-55).

Соли хониши 1955-56 кафедраи математика ба ду кафедра чудо шуд: математикаи оли ва математикаи элементари. Вазифаи мудири кафедраи математикаи олиро инхо ичро кардаанд: А.С.Содиков (1956-62), Р.Т.Хасанов (1963-66), В.Толбоев (1966-72), Ш.А.Ахмадов (1972-75). Мудирони кафедраи математикаи элементари инхо буданд: Л.А.Рогов (1955-56), Х.Мухаммадиев (1957-70), А.М.Курбонов (1970-75).

Охири солхои 60-ум дар факултаи физика-математика кафедраи методикаи таълими физика ва математика таъсис ёфт. Ба ду факултаи мустакил чудо шудани факултаи физика ва математика боиси ба ду кафедраи мустакил чудо гаштани ин кафедра гашт (1975). Хамин тавр факултаи математика (1975) се кафедраи мустакилро дар бар мегирифт: кафедраи математикаи оли, геометрия, методикаи таълими математика ва математикаи элементари.

Охири с.1975 кафедраи математикаи оли ба ду кафедра чудо шуд: кафедраи анализи математики ва назарияи функсияхо ва кафедраи алгебра ва назарияи ададхо. Хамин тавр аз с. 1975 то с. 1991 факултаи математика чор кафедра дошт:

1.      Кафедраи анализи математики ва назарияи функсияхо. Устодони зерин ба хайси мудири кафедра кор кардаанд: Ш.А.Ахмадов (1975-87), М.Турсунов (1988-91);

2.      Кафедраи методикаи таълими математика ва математикаи элементари. Вазифаи мудири кафедраро инхо ичро карданд: А.Н.Довудов (1974), А.М.Курбонов (1975), К.С.Самадов (1976-85), Ё. Дадочонов (1985-91);

3.      Кафедраи геометрия. Дар вазифаи мудири кафедра устодони зерин ифои вазифа кардаанд: М.Турсунов (1975-85), А.Бобочонов (1985-91);

4.      Кафедраи алгебра ва назарияи ададхо. Дар солхои гуногун олимони зерин мудири кафедра буданд: Б.Толбоев (1975-81), Т.С.Собиров (1981-83), А.Кодиров (1983-91).

Соли 1991 кафедраи информатика ва математикаи хисоббарор ташкил ёфт. Ба муносибати ба донишгох табдил ёфтани донишкада (1992) боз ду кафедраи нав ташкил шуд: кафедраи муодилахои дифференсиали ва анализи функсионали ва кафедраи математикаи оли ва амали. Минбаъд кафедраи алгебра ва назарияи ададхо бо кафедраи геометрия муттахид карда шуда, кафедраи алгебра ва геометрия таъсис ёфт. Хамин тавр с. 1992 дар факултаи математика 6 кафедра фаъолият мебурд: 1. Анализи математики ва назарияи функсияхо (мудири кафедра А.Г.Олимов); 2. Методикаи таълими математика, информатика ва техникаи хисоббарор (мудири кафедра Ё.Дадочонов); 3. Алгебра ва геометрия (мудири кафедра А.Кодиров); 4. Информатика ва математикаи хисоббарор (мудири кафедра К.Тухлиев); 5. Муодилахои дифференсиали ва анализи функсионали (мудири кафедра Т.С.Эргашбоев); 6. Математикаи оли ва амали (мудири кафедра Ё.Мухсинов).

Солхои минбаъда дар микдор ва номи кафедрахо баъзе тагйирот ворид шуданд ва алхол факултаи математика 5 кафедра дорад:

1.Кафедраи анализи математики ( мудир А.Г.Олимов);

2.Кафедраи методикаи таълими математика, информатика ва техникаи хисоббарор (мудир А.Рашидов);

3.Кафедраи алгебра ва геометрия (мудир О.Солехов);

4.Кафедраи муодилахои дифференсиали (мудир А.Мухсинов);

5.Кафедраи информатика ва математикаи хисоббарор (мудир М.Муллочонов).

Факулта дорои неруи пуркуввати илми мебошад. Дар назди кафедрахои он семинархои илми, илмию методии муаллимон, махфилхои донишчуён амал менамоянд. Олимони факулта бо баъзе аз мактабхои олии шахрхои Маскав, Уш, Красноярск, Днепропетровск ва г. равобити илми доранд. Устодони факулта доир ба равияхои мухталифи математика ба забони точики китобхои дарси ва дастурхо таълиф мекунанд. Масалан, дотсент А.Нозимов аз фанни муодилахои дифференсиали, дотсентон М.Муллочонов ва К.Тухлиев аз фанни информатика китобхои дарси тахия намудаанд.

 

 

Кафедраи анализи математики. Соли 1975 кафедраи математикаи оли пас аз 20 соли мавчудияташ(1955) ба се кафедраи мустакил чудо шуд, ки яке аз онхо кафедраи анализи математики ва назарияи функсияхо буд. Кисми зиёди хайъати кафедраи математикаи оли ба кафедраи анализи математики ва назарияи функсияхо шомил шуданд.

Мудири кафедраи анализи математики ва назарияи функсияхо солхои 1975-87 доктори илмхои физикаю математика, профессор Ш. А. Ахмадов, солхои 1988-91 номзади илмхои физикаю математика, дотсент М.Турсунов буданд. Аз с.1991 мудири кафедра номзади илмхои физикаю математика, дотсент А.Олимов аст. Дар кафедраи анализи математики устодони зерин фаъолият бурданд ва бурда истодаанд: Р.Т.Хасанов, А.С.Содиков, М.Ганиев, У.Ёрматов, М.Орифова (Хайдарова), А.Олимов, М.Арабов, Т.Эргашбоев, А.Сатторов, М.А.Мухсинов, А.Мухсинов, В.А.Филин, О.Солехов, Х.Эгамов, З.Холматова, М.Отаева, В.Ф.Федюк, У.Мирзоалиев, А.Кодиров, Р.Муллочонов, А.Нозимов, Р.Ахмадов, К.Бобохонов, Ш.Бобочонов, А.Наимов, А.Бердимуродов, А.Хочаев, кормандони техники К.Кербел, Х.Маннонова, В.Иргашева, Д.Усмонова, М.Хошимова, З.Хошимова ва М.Исоева.

Дар кафедра солхои гуногун 1 доктор ва 12 номзади илм ба воя расиданд, ки дар тарбияи мутахассисони математик сахми арзанда доранд.

Аз соли 1998 кафедра бо номи анализи математики фаъолият мебарад. Холо хайъати кафедра аз 5 нафар устодон ва як корманди ёрирасон, дотсентон А.Олимов, Т.Эргашбоев, О.Туйчиев, сармуаллимон М.Отаева, Н.Охунов ва лаборант Н.Олимова иборат аст.

Ба номенклатураи кафедра фанхои фундаменталии анализи математики, назарияи функсияхои тагйирёбандаи комплекси, фанни тахассусии анализи математики ва курсхои махсус дохиланд.

Бо маводи таълими таъмин намудани раванди таълим сохаи мухими фаъолияти кафедра аст. Солхои охир аз тарафи устодони кафедра 18 китоби дарси, васоити таълими, нишондодхои методи ва рахнамохои таълим ба нашр расиданд.            Вазифаи мухимтарини кафедра ташкили таълими курсхои махсус аз руи фанни тахассусии анализи математики аст. Барномаи ин фан бо тадкикоти олимони кафедра зич алокаманд мебошад. Таълими курсхои махсус донишчуёнро ба тадкикоти мустакилонаи математики тайёр менамояд.

Корхои тадкикоти илми аз аввали солхои 80-ум дар кафедра аз руи накшаи мушаххас сурат мегирад. Дар давоми солхои 1980-95 олимони кафедра оид ба тадкики масъалахои канори барои муодилахои регуляри ва сингулярии физикаи математики дар синфхои мукаррари ва умумии функсияхо, тасвири аналитикии функсияхои умуми, шохаронии халли муодилахои гайрихатти, омузиши муодилахои оператории ба хосияти инварианти сохиб, системаи муодилахои интегро-дифференсиали ба натичахои назаррас ноил гардиданд.

Аз соли 1995 мухтавои корхои тадкикоти илми аз руи барномахои 5-сола ба омузиши хосиятхои халшавандагии масъалахои канори барои баъзе синфхои муодилахои дифференсиали (А.Олимов, О.Солехов, А.Расулов, К.Бобохонов, Н.Охунов), интеграли ва оператори (Т.Эргашбоев, О.Туйчиев) нигаронида шудаанд. Тадкикот тахти рохбарии мудири кафедра, номзади илмхои физикаю-математика, дотсент А.Олимов сурат мегирад, ки ба онхо дар катори аъзои кафедра устодони кафедрахои дигари донишгох чалб карда шудаанд. Дар давоми солхои 1995-2006 аз руи натичахои корхои тадкикоти 65 макола ва фишурдаи маърузахо дар нашрияхои бонуфузи илми, ба монанди «Докладхои АУ ЧТ», «Ахбори АУ ЧТ», «Номаи донишгох» нашр гардидаанд. Натичахои илми дар конференсияхои байналхалкии «Муодилахои дифференсиали бо коэффисиентхои сингуляри» (Д., 1996), «Оид ба моделиронии математики» (Д., 1998), «Муодилахои дифференсиали ва татбикоти онхо» (Д., 1998, 2000), «Муодилахои дифференсиали ва интеграли бо коэффитсиентхои сингуляри» (Д., 2003), «Муаммохои актуалии математика ва татбикоти он» (Хучанд, 2003), «Муодилахои дифференсиали ва интеграли ва масъалахои анализ» (Д., 2005) ва конференсияхои илмии минтакави ва донишгохи манзур гардонида шуданд.          

Дар кафедра барои ба корхои тадкикоти чалб кардани донишчуён ахамият дода мешавад. Махфили илмии донишчуён бо номи «Анализи математики» (рохб. илми, сармуаллим Н.Охунов) амал менамояд. Аз аъзои кафедра 4-нафар ба корхои тадкикоти илми ва як нафар ба корхои таълими-тадкикотии донишчуён рохбари менамоянд. Корхои бехтарини донишчуён дар конфронсхои анъанавии харсолаи донишчуён шунида мешаванд.

 

Кафедраи методикаи таълими математика, информатика ва техникаи хисобарор. Соли хониши 1969-70 кафедраи методикаи таълими физика ва математика ташкил ёфт. Аз с.1969 то с.1975, яъне то замони ба ду кафедра таксим шудани кафедраи МТМИ ва ТХ вазифаи мудирии кафедраро устодони зерин дар зимма доштанд: Муаллими шоистаи ЧТ, сармуаллим Т.Х.Хомидов (1972-73), номзади илмхои педагоги Э.Шакарбоев (1974-75), Муаллими шоистаи чумхури, сармуаллим А.Н.Довудов (1974-75). Дар ин солхо дар кафедра методист-математикон: А.Н.Довудов, Э.Бегалиев, Ё.Дадочонов, Н.Я.Жуков ва сарлаборант С.Зарипова фаъолият бурдаанд.

Соли 1975 кафедраи МТФ ва М ба ду кафедраи мустакил чудо гашт. Дар хайъати факултаи математика кафедраи методикаи таълими математика ва математикаи элементари ташкил ёфт, ки Муаллими шоистаи чумхури А.М.Курбонов мудири он таъин гардид. Дар он солхо дар кафедраи мазкур муаллимон: А.М.Курбонов, А.Н.Довудов, номзади илмхои физика ва математика К.Самадов, Ё.Дадочонов, О.Усмонов, Н.Я.Жуков кор кардаанд.

Дар давоми дах сол, яъне аз с.1976 то 1985 вазифаи мудири кафедраи МТМ-ро номзади илмхои физика-математика дотсент К.Самадов ба ухда дошт. Дар ин солхо ба хайъати устодони кафедра муаллимони зерин ворид гардиданд: сармуаллимон Р.М.Китаева, А.Аюбов, У.Хакимов, Н.Я.Жуков, Б.Фозилов, О.Усмонов, муаллимон В.Ахруллоев, А.Рашидов, М.Тагоев, Г.Абдуллоев, О.Чалолов, М.Рашидова, З.Холматова, М.В.Солоник, С.Шарипов, М.Мирзоахмадов, М.Орипов, М.Усмонов, О.Хомидов, Э.Косимов.

Аз с.1985 то с.2007 мудири кафедра номзади илмхои психологи, дотсент Ё.Дадочонов буд. Соли 2007 ба ин вазифа дотсент А.Рашидов таъин гардид.

Дар аввали солхои 70-уми асри ХХ дар кафедра ба масъалаи тайёр кардани кадрхои сохибунвони педагогию математики диккати махсус дода мешуд. Аспирантон ва унвончуёни кафедра тахти рохбарии олимони маъруфи шахрхои марказии ИЧШС, аз чумла Маскав (профессорон Л.М.Фридман, В.А.Гусев, А.Н.Фирсов), Киев (профессорон Г.П.Бевз, З.И.Степкан, Н.Д.Матско) рисолахои номзади химоя карданд. Номзади илмхои психология Ё.Дадочонов, номзади илмхои педагоги О.Усмонов, А.Рашидов ва М.Мирзоахмадов аз он кабиланд.

Самти фаъолияти тадкикоти илмии кафедра халли проблемаи «Омузиши асосхои педагоги-психологии такмили раванди таълими риёзиёт» буда, мавзуъхои зеринро дар бар мегирад: тадкики мачрои фаъолияти таълими-донишандузии мактабиён ва донишчуён, ташаккули тафаккури назарияви (Ё.Дадочонов, Г.Абдуллоев ) таълими математика дар синфхои омузиши чукури математика (О.Усмонов, М.Мирзоахмадов), татбики машинаи электронии хисоббарор (компутархо) дар чараёни таълими математика (К.Самадов, В.Ахруллоев), методикаи омузиши мавзуъхои алохида дар мактабхои миёна ва оли (Б.Фозилов, А.Аюбов, М.Тагоев, М.Рашидова).

Соли 1987 бахри таъмин намудани самаранокии таълими математика  дар назди мактаби миёнаи №24 ш.Хучанд лабораторияи тадкикотии кафедра ташкил карда шуд. Натичахои тадкикот ба сифати дастурхои методи барои муаллимон ва донишчуён интишор меёбанд ва инчунин дар конфронсхои илмии донишчуён барраси карда мешаванд.

Барои талабагони истеъдоди баланди математики дошта дар назди факултаи математика мактаби математикони чавон амал мекунад .

Кафедра дорои синфи компутари мебошад. Барномаи махсуси таълими барои омузиши математика дар мактабхои миёна тартиб дода шудааст. Кафедра ба истифодаи компутархо дар таълими математика ахамияти махсус медихад.

Кафедра бо донишгоххову пажухишгоххои Маскав, Киев, Душанбе ва гайрахо алокаи зич дорад.

Ба муносибати ба донишгох табдил ёфтани донишкада самти фаъолияти тадкикоти илмии кафедра вусъат ёфт. Дар кафедра риштаи тахассусии методикаи хусуси, методикаи таълими математика ва информатика оид ба тадкику омузиши проблемаи «Асосхои педагоги-психологии таълими математика ва информатика дар таълимгоххои хамагони» ташкил шудааст.

 

Кафедраи алгебра ва геометрия. Таъсиси кафедраи мазкур ба таърихи кафедрахои математикаи оли ва математикаи элементарии факултаи физика ва математика (с. 1956) алокаманд мебошад.

Мудирони кафедраи математикаи оли А.С.Содиков (1956-62), Р.Т.Хасанов (1963-66), А.Толбоев (1966-72), Ш.А.Ахмадов (1972-75), кафедраи математикаи элементари А.А.Рогов (1955-56), Х.М.Мухаммадиев (1957-70), А.М.Курбонов (1970-75) буданд. Соли 1975 кафедрахои геометрия, алгебра ва назарияи ададхо ба сабаби ба ду факултаи мустакил чудо шудани факултаи физика ва математика ташкил ёфтаанд. Дар солхои 1975-81 вазифаи мудирии кафедраи алгебра ва назарияи ададхоро дотсент Б.Толбоев ичро карда буд. Дар солхои 1981-83 дотсент Т.С.Собиров, солхои 1983-92 дотсент А.Кодиров ба кафедра сарвари намудаанд. Хамчунин ба кафедраи геометрия номзади илмхои физика ва математика, дотсент М.Турсунов (1975-85) ва дотсент А.Бобочонов (1985-91) низ рохбари кардаанд.

Кафедраи алгебра ва геометрия дар натичаи муттахид шудани кафедрахои геометрия ва алгебра ва назарияи ададхо с.1992 арзи вучуд намудааст. Мудирони ин кафедра А.А.Бобочонов (1992-93), А.Кодиров (1993-98) буданд. Аз соли 1998 ин вазифаро дотсент О.Солехов дар ухда дорад. Дар тули ин солхо дар кафедраи алгебра ва геометрия устодони зерин фаъолият бурданд ва бурда истодаанд: Т.С.Собиров, А.И.Калонов, А.Кодиров, Б.Толбоев, Г.Гаймназаров, Р.Хошимов, А.А.Бобочонов, М.Х.Комилов, З.И.Лёвкина, У.Хакимов, А.Рашидов, М.Дадочонова, Ш.Эгамова, М.Косимов, Э.Ризоев.

Алхол дар кафедра 7 нафар омузгорон: дотсентон О.Солехов, У.Хакимов, сармуаллимон А.И.Калонов, З.И.Левкина, М.Дадочонова, С.Умарова, Ш.Эгамова, муаллим Э.Ризоев ва лаборант Ш.Кавранова фаъолият доранд.

Аъзои кафедра аз руи се проблемаи математика: тадкики фазохои топологи, муодилахои дифференсиали ва омузиши асосхои педагогию психологи фаъолияти илмию тадкикоти мебаранд. Тибки ин равияхо аз тарафи дотсентон А.Кодиров, А.Рашидов, О.Солехов дар мачаллахои вилояти, чумхурияви ва берун аз он якчанд маколахои илми ва илмию методи ба табъ расиданд. Инчунин ба калами аъзои кафедра як катор китобхои  дарси ва дастурхои методи тааллук доранд, ки донишчуён онхоро дар раванди таълим истифода мебаранд. Асархои Т.Собиров «Тарзхои халли масъалахои созишхои геометри» (Д.,1972), Б.Толбоев, Г.Гоибназаров «Супоришоти таълими барои донишчуёни гоибхон аз фанни алгебра ва назарияи ададхо» (Ленинобод, 1984), А.Кодиров «Нишондодхои методи оид ба халли масъалахо аз фанни алгебра ва назарияи ададхо» (Ленинобод, 1988) аз он чумлаанд.

Кафедраи алгебра ва геометрия бо ДДМТ, Донишгохи давлатии ш.Гулистони Чумхурии Узбекистон, Донишгохи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ва гайра робитаи кавии илми дорад.

Аъзои кафедра дар конфронсхои анъанавии донишгохи, вилояти, чумхурияви ва байналмилали баромадхои илми мекунанд. Масалан, намояндагони кафедра дар конфронси байналмилали бахшида ба 70-солагии Донишгохи Давлатии Самарканд (Самарканд, 1997), конфронси байналмилали бахшида ба 60-солагии профессор Т.Собиров (Душанбе, 2000), конфронси байналмилали дар ш.Лондон (23-24 августи 2001, ш.Лондон) ширкат варзиданд. Инчунин кафедра бо мактабхои тахсилоти хамагонии шахру вилоят низ иртиботи хуб дорад.

Кафедраи муодилахои дифференсиали баъди ба Донишгох табдил ёфтани ДДОЛ с.1992 таъсис ёфтааст.

Мудирони кафедра номзадхои илмхои физикаю математика А.Нозимов (1992-93; 2000-02), Т.Эргашбоев (1993-96), доктори илмхои физикаю математика, профессор Э.М.Мухаммадиев (1997-99) буданд. Аз с.2002 вазифаи мудирии кафедраро номзади фанхои физикаю математика А.Мухсинов дар ухда дорад. Тули ин солхо дар кафедра олимони варзида ва муаллимони пуртачриба, ба монанди узви вобастаи АУ ЧТ, доктори илмхои физикаю математика, профессор Эргаш Мирзоевич Мухаммадиев, докторони илмхои физикаю математика, профессорон С.Байзоев, А.Н.Наимов, номзадони илмхои физикаю математика, дотсентон А.Б.Нозимов, Т.Эргашбоев, Р.Ахмадов, А.Мухсинов, Ё.Мухсинов, А.М.Бердимуродов, К.Бобохонов, Ш.Бобочонов, сармуаллим М.В.Солоник ва муаллимони чавон  Э.Бобочонов, З.Шарипов., Б.Шомирзоев, Н.Комилчонова, И.Мухаммадиев, М.Мирзобобоев фаъолияти илмию методи бурдаанд ва мебаранд.

Кафедраи муодилахои дифференсиали бо марказхои таълимию илмии муосир, аз чумла Донишгохи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, Донишгохи давлатии Воронеж, ДДМТ, Пажухишгохи проблемахои идоракуни, Пажухишгохи математикаи АУ ЧТ, Академияи мухандисии харбию хавоии Русия, Донишгохи техникии Вологда, Пажухишгохи тадкикотхои ядроии ш.Дубнаи ФР алокаи мустахками илми дорад.

Муаллимони кафедра якчанд китобхои дарси ва рахнамохои таълимиро ба забони точики тайёр кардаанд. Дар таълифи онхо сахми профессорон Э.М.Мухаммадиев, А.Н.Наимов, дотсентон А.Б.Нозимов, Ё.Мухсинов, А.Мухсинов, Р.Ахмадов ва К.Бобохонов калон мебошад.

Фаъолияти илмии кафедра аз руи мавзуи «Тадкики халшавандагии муодилахои хатти ва гайрихаттии дифференсиали, интеграли, оператори ва халли такрибии онхо» ба рох монда шудааст. Аз руи ин мавзуъ аз тарафи аъзои кафедра зиёда аз 100 асари илми, китобхои дарси ва маколахои илмию оммави ва илмию методи интишор шудааст.

Семинари илмии кафедра яке аз дастовардхои назарраси он мебошад. Он с.1992 тахти рохбарии профессор Э.М.Мухаммадиев ташкил шуда буд ва таърихи бой дорад. Дар кори ин семинар на танхо устодони факултаи математика, балки муаллимон ва устодони дигар макотиби олии вилоят иштирок ва маърузахои илми мекунанд. Як катор дастпарварони семинар аз чумла А.Н.Наимов, С.Байзоев рисолахои доктори ва О.Солехов, Ш.Бобочонов, С.Гуломнабиев, К.Бобохонов, О.Туйчиев дар давоми ин солхо рисолахои номзади химоя намуданд. Холо ин семинар хамчун семинари илмии якчояи кафедрахои анализи математики, муодилахои дифференсиали, алгебра ва геометрияи факултаи математикаи ДДХ ва кафедраи математикаи олии ДДБХСТ амал намуда, ба тадкикоти илмии муаллимони чавон ва аспирантон кумаки амали мерасонад.

Дар кафедра инчунин махфили илмии донишчуён «Интеграл» амал менамояд. Дар ин махфил, ки тахти рохбарии дотсент А.Мухсинов амал менамояд, донишчуёни бахши математика дар рохи тадкикии илми математика кадамхои нахустин мегузоранд.

Кафедраи информатика ва математикаи хисоббарор дар заминаи кафедраи алгебра ва информатика мохи январи с.1991 бо ташаббуси номзади фанхои физика ва математика, дотсент А.Нозимов ташкил ёфтааст. Рохбарии кафедраи навташкил аввал ба зиммаи дотсент А.Нозимов гузошта шуд. Аз мохи сентябри с.1991 то 2007 мудири кафедра номзади илмхои физикаю математика, дотсент К.Тухлиев буд. Аз с.2007 мудири кафедра М.Муллочонов мебошад. Дар кафедра муаллимони пуртачриба, ба монанди дотсентон А.Нозимов, Д.Осимова, Х.Эгамов, М.Муллочонов ва олимони чавон У.Чабборов, Ш.Шерматов, сармуаллимон Л.А. Рогов, М.Арабов, А.Файзуллоев, М.Бакоева, А.Мусоев, М.Неъматов, Ш.Хамдамов муаллимони чавон Н.Салимов, С.Икромов, Д.Музаффаров, Ш.Шодмонов, А.Орзиев фаъолият бурдаанд ва бурда истодаанд.

Кафедра дар вилоят ягона даргохест, ки мутахассисони сохаи математикаи амалиро тайёр менамояд. Хатмкунандахои ин ихтисос, хамчун математикони хисоббарор ва барномасоз дар сохаи гуногуни хочагии халк фаъолият мебаранд. Илова бар ин кафедра барои мактабхои оли ва тахсилоти хамагони муаллимони фанни информатикаро тайёр менамояд.

Аъзои кафедра мувофики накшаи барномаи дурнамо аз руи самтхои зерин корхои тадкикоти илми мебаранд:

1. Назарияи наздиккунии функсияхои тагирёбандахояш хакики (К.Тухлиев, Ш.Хамдамов, М.Негматов).

2. Халли таркибии муодилахои оператори ва масъалахои гайрикорректи дар барномасозии хатти (Д.Осимова, А.Файзуллоев).

3. Проблемахои информатика дар раванди таълим (М.Муллочонов, А.Мусоев, М.Бакоева).

Натичахои тадкикот барои инкишофи назарияи функсияхои конструктиви дар гуруххои нулченака, халхои такрибии муодилахои оператори ва истифодаи моделхои барномасозии хатти дар вакти халли масъалахои иктисоди, бехтар намудани сифати тайёркунии муаллимони информатика ахамияти мухим дорад.

Натичаи тадкикоти илмии кормандони кафедра дар мачаллахои илмии чумхурияви, фаслномаи «Номаи донишгох», дар маводи конференсияхои гуногуни вилояти, чумхури ва байналхалки инъикос ёфтаанд.

Аъзои кафедра хар сол дар ташкил ва гузаронидани олимпиадахои вилояти фаъолона ширкат меварзанд. Дар давоми мавчудияти кафедра ду нафар У.Чабборов ва А.Шерматов рисолахои номзадиро химоя карда, унвони номзади илмхои физикаю математикаро гирифтанд.

Кафедра ба масъалаи тайёр кардани кадрхои чавон диккати махсус медихад. Ин аст, ки муалимони чавон - З.Шарипов ва Д.Музаффаров дар Маркази ядроии ш.Дубнаи ФР ва Ш.Хамдамов дар назди Кумитаи омори ЧТ дар аспирантура тахсил карда, дар арафаи химояи рисолаи номзади мебошанд.

Дотсентон М.Муллочонов ва К.Тухлиев бештар аз 40 дастуру васоити таълимиро оид ба омузиши информатикаи муосир нашр кардаанд. Онхо методикаи махсуси омузиши информатикаро тахия кардаанд, ки дар мактабхои оли, тахсилоти хамагонии вилоят ва берун аз он мавриди истифода карор гирифтааст.

Дар назди кафедра курси компутарии «Мактаби барномасозони чавон» амал мекунад. Максади ин курс ба чавонон омўхтани компутархои хозиразамон, асосхои алгоритмизатсия ва принсипхои барномасози мебошад.