Факултаи кибернетика. Мохи апрели с.1996 факултаи иктисоди ба ду факулта таксим шуд. Яке аз онхо менечмент ва иктисодиёт (декан А.Мачидов) ва дигаре хисоби кибернетики буда, сарварии онро профессор Т.Чалилов ба ухда дошт. Мохи июни с. 1996 декани факулта дотсент З.Х.Умаров таъин гардид.

Мохи декабри соли 1999 ду факултаи иктисоди муттахид карда шуда, аз нав факултаи иктисоди ташкил ёфт, ки декани он дотсент А.Абдуллоев буд. Фаьолияти факултаи иктисодй як сол давом кард. Мохи ноябри с.2000 дар заминаи факултаи номбурда факултахои кибернетика ва иктисодиёти чахони (декан - А.Абдуллоев) ва молия ва иктисодиёти бозор (декан А.Мачидов) ташкил ёфт. Аз мохи ноябри с.2003 вазифаи декани факултаи кибернетикаро дотсент Д.М.Осимова ба ухда дорад.

    То с. 2006 дар факулта мутахассисон аз руи ихтисосхои мухосибот ва аудит, системаи коркарди автоматиконидаи ахбор ва идоракуни, таъминоти барномавии техникаи хисоббарор,  ташкил ва технологияи хифзи ахбор, муносибатхои иктисодии байналхалки тайёр карда мешуданд. Ин ихтисосхо ба кафедрахои мухосибот ва омор (мудир М.Абдурахмонов), кибернетикаи иктисоди (мудир 3.Абдучалилов), технологияи барноманависи (мудир А.Ахмадов), муносибатхои иктисодии байналхалки (мудир - А.Чураев) вобаста карда шудаанд. Мохи июли с. 2004 кафедраи технологияи хифзи ахбор (мудир А.Абдуллоев) таъсис ёфт. Соли 2005 кафедраи муносибатхои иктисодии байналхалки бархам дода шуд. Аз с.2006 кабули донишчуён ба ихтисоси мухосибот ва аудит дар факултаи молия ва иктисодиёти бозор ба рох монда шуд. Аз хамин давра кафедраи мухосибот ва аудит фаъолияти худро дар хайати факултаи мазкур давом менамояд.

    Теъдоди донишчуёни факулта зиёда аз 1000 нафар буда, як кисми онхо аз чумхурихои дигар мебошанд.

    Факулта дорои маркази компутари буда, бо техникаи хозиразамон тачхизонида шудааст.

    Дар солхои мавчудияти факулта устодон А.Мирсаидов, А.Рахимов рисолаи доктори, Ф.Окилчонов, А.Ахмадов, А.Очилов рисолаи номзади дифоь намуданд. Дар шуъбахои рузона ва гоибона 12 нафар аспирантон тахсил мекунанд.

    Донишчуёни факулта тачрибаомузии таълими ва истехсолиро дар корхонахои гуногуни вилояти ва бонкхо мегузаронанд.

    Факулта бо баьзе донишгоххои мамолики хоричй робитахои илмию таълимй дорад. Соли 1993-94 дотсентон А.Мачидов ва А.Абдуллоев дар ш. Линколн (ИМА), с.1997 дотсент 3.Абдучалилов  дар ш.Кренфилд (Англия), с.2000 муаллимон А.Абдурахимов, 3.Холматова, Х.Баходуров  ва А.Шарифов дар ш.Гренобли Фаронса савияи омўзгории худро баланд бардоштанд.

Кафедрахои факулта ба масъалаи чалб намудани донишчуён ба корхои тадкикоти илми эътибори алохида медиханд. Алхол дар факулта чор махфили илмии донишчуён фаъолият дорад. Дар махфили «Алгоритм» донишчўён роххои истифодаи компутархоро дар халли масьалахои иктисоди азхуд мекунанд. Аьзои махфили «Брандмауэр» бо омузиши методхои таъминоти бехатарии базаи ахбор машгуланд.

    Факулта дар с.1996-2000 оид ба мавзуи «Хусусиятхои минтакавии иктисоди бозоргони» корхои тадкикоти илмиро ба итмом расонида, барои халли масоили иктисодии чумхури сахми арзанда гузошт. Устодони кафедраи кибернетикаи иктисоди масъалаи такмили системаи коркарди ахбори иктисодиро мавриди халлу фасл карор доданд. Тадкикоти илмии аъзои кафедраи мухосибот ва омор проблемахои иктисодиёти бозоргонии минтакавиро дар бар мегирад. Устодони кафедраи назарияи иктисоди масъалаи муносибатхои бозоргониро мавриди тадкик карор додаанд.

Дар факултаи кибернетика дар соли 2007 48 нафар устодон ба таълиму тадрис машгул буданд.

    Кафедраи мухосибот ва омор 4 октябри с.1994 бо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б.Гафуров таъсис ёфтааст. Солхои аввал дар кафедра номзади илмхои иктисоди, дотсент З.Х.Умаров, номзади илмхои иктисоди, дотсент М.Абдурахмонов, доктори илмхои иктисоди, профессор А.Б.Мирсаидов, доктори илмхои иктисоди, профессор М.Юнусов, сармуаллимон Р.Хочаева, А.Абдурахимов, Б.Тухтаева, А.Шарипов, А.Рахимов, Х.Чалолова, Д.Абдуллозода, М.Юлдошева, М.Содиков, Т.Зоидова босамар фаъолият карда, дар тарбияи мутахассисони маълумоти олии ихтисоси «Бахисобгирии бухгалтери, тахлил ва аудит» сахми арзанда гузоштаанд.

Соли 1994 вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмхои иктисоди, дотсент З.Х.Умаров гузошта шуд.

Солхои 1996-2007 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмхои иктисоди, дотсент М.Абдурахмонов дар зимма дошт.

Аз мохи марти с.2007 номзади илмхои иктисоди, дотсент М.Пулодов мудири кафедра мебошад. Алхол дар кафедра 3 дотсентон М.Абдурахмонов, А.Абдурахимов ва П.Пулодов, 6 сармуаллимони пуртачриба Р.Хочаева, Б.Тухтаева, Х.Чалолова, Д.Абдуллозода, М.Содиков, Т.Зоидова, Ф.Холматова, М.Шарипова фаъолияти пурсамари омузгори бурда истодаанд.

Чараёни таълими донишчуён аз руи накшаи таълимии ихтисоси «Бахисобгирии бухгалтери, тахлил ва аудит» таъмин ва мувофики талаботи стандартхои давлатии таълимоти касбии Вазорати маорифи ЧТ ба рох монда шудааст.

Дар китобхонаи кафедраи мухосибот ва омор адабиёти зиёди таълимию методи, аз чумла тухфаи корпоратсияи ПРАГМА, дастурхои таълимию методии устодони кафедра ва дигар донишгоххо чамъовари шудааст, ки устодони кафедра дар омузиши фанхои тахассуси, ба монанди бахисобгирии бухгалтери, бахисобгирии молияви, бахисобгирии идорави, тахлили иктисоди, омор, нархгузори, мукаддимаи ихтисос, таърихи мухосибот ва аудит, стандартхои байналмилалии бахисобгирии бухгалтери ва аудит истифода мебаранд.

Кафедраи кибернетикаи иктисоди с.1992 таъсис ёфтааст. Он тайёр намудани мутахассисони ихтисоси системахои автоматонидаи коркарди ахбор ва идоракуниро ба ухда дорад. Мудири кафедра номзади илмхои иктисоди Зиёдулло Абдучалилов мебошад. Дар кафедра номзади илмхои иктисоди Х.Эгамов ва номзади илмхои физика ва математика Абдурауф Расулов, устодони ботачриба З.Холматова, С.Мухсинова, И.Чураев, Р.Халимов, Г.Мамадалиева, устодони чавон М.Рустамова, В.Хочаева, М.Бобоева, А.Шукуров, А.Латипов, Ш.Абдуманонова, М.Саримсокова, М.Юсупова, аспирантон Б.Гайбуллоев, М.Ахмадова фаъолият мебаранд.

Кафедраи технологияи компутари с.2002 ташкил шудааст ва мутахассисони ихтисоси таъминоти барномавии технологияи компутариро тайёр менамояд. Дар кафедра номзади илми физика ва математика А.Очилов, устодони ботачриба М.Набиева, С.Низомиддинов, Н.Мироватова, аспирантон Х.Юсупов ва М.Абдуллоев фаъолият мебаранд. Рохбарии кафедраро номзади илмхои иктисоди А.Ахмадов ба ухда дорад.

Кафедраи технологияи хифзи ахбор с.2005 таъсис дода шудааст. Кафедра тайёр намудани мутахассисони ихтисоси ташкил ва технологияи хифзи ахборро ба ухда дорад. Мудири кафедра номзади илмхои иктисоди А.Абдуллоев мебошад. Дар кафедра номзади илмхои физика ва математика, дотсент Д.М.Осимова, устодони чавони кобилиятнок Ч.Рахимов, Д.Нозимова, аспирантон Ч.Хучаев, Б.Исмоилов, Ф.Абдучалилов, Р.Хучамкулов фаъолият мебаранд.