Кафедраи асосхои дониши тиб ва мудофиаи шахрванди 27 августи с.1960 бо карори Вазорати маорифи ЧТ дар назди ДДОЛ ба номи С.М.Киров дар асоси курси «Мудофиаи граждани» ташкил карда шуд. Курсро И.И.Гриткин рохбари мекард. Дар ин солхо Михаил Гладышев - иштироккунандаи ЧБВ ба хайси муаллим ва Кривошеева Евгения Николаевна чун сармуаллим кор мекарданд.

Соли 1973 курс ба кафедраи мудофиаи граждани табдил ёфта, дотсент Зайниддин Шарипович Шарипов мудир таъин карда шуд. З.Ш.Шарипов то с.1994 сарварии ин кафедраро ба ухда дошт.

Соли 1989 кафедра номи «Асосхои дониши тиб»-ро гирифт. Аз соли 1995 то соли 2004 вазифаи мудири кафедраро дотсент Саодат Абдурахмоновна Умарова ичро намудааст. Аз с.2004 дотсент М.Обидова мудири кафедра мебошад.

Устодони сохибтачриба ва сохибкасби кафедра, аз кабили М.И.Гладышев, Е.Н.Кривошеева, З.Ш.Шарипов, Ю.П.Четверкин, Г.И.Лизунов, Ф.М.Бобочонова, М.Шергозиева, Г.Н.Саиднозимова, П.Б.Лёвкин, С.К.Хомидов ва сарлаборант Ф.М.Кодирова солхои тулони дар таълиму тарбияи донишчуён сахми арзанда гузоштаанд.

Дар давоми ин солхо бо кушишу гайрати устодони кафедра зиёда аз 150 маколаи илми дар мачаллахои «Хирургия», «Здравоохранение Таджикистана» ва гайра ба чоп расидааст.

Солхои охир барномаи таълими ва соатхои фанхои таълимии кафедра якчанд маротиба тагйир ёфт. Холо барномаи таълимии кафедра «Асосхои бехатарии хаёту фаъолият ва мудофиаи шахрванди» ном дорад, ки он ду фанро дар бар мегирад: «Мудофиаи граждани» ва «Ёрии аввалини тибби».

 

 

Кафедраи назарияи иктисоди с.1966 ташкил карда шудааст. Дар солхои гуногун рохбарии кафедраро устодони ботачриба В.С.Куприянов, Т.Ч.Чалилов, А.О.Курбонов, А.К.Аюбов, профессор, доктори илмхои иктисоди А.Рахимов ба ухда доштанд. Дар кафедра профессорон Ф.Азизов, А.Рахимов ва дар солхои гуногун А.Розиков, А.Каюмов, Г.Абдусамадов, Н.Баротова, Н.Самадова, М.Исмоилов, Б.Хайдаров, Р.Норчигитов, Д.Сайдуллоева, Г.Хочибекова, Ф.Холматова, Г.Узокова, М.Хочибоева, М.Атохочаева фаъолият карда, холо хам фаъолият бурда истодаанд.

 

Кафедраи педагогикаи умуми. Таърихи кафедраи педагогикаи умуми аз с.1935 огоз ёфтааст. Омузгори бомахорат ва ташабускори тадкикоти илми Н.Н.Просенко мудири аввалини ин кафедра буд.

Солхои мухталиф ба кафедра Л.К.Токмаков, А.П.Конопкин, С.М.Максимов, Л.В.Липкина, Л.А.Венгер, Н.К.Давидов, Р.А.Носирова, З.Г.Василенко, А.Б.Асроров, С.Н.Лучанский ва А.П.Войченко сарвари кардаанд. Аз с.1998 вазифаи мудири кафедраи педагогикаи умумиро дотсент Т.А.Ахлиллоев ба ухда дорад.

Дар солхои 40-50 дар кафедра олимони намоёни илми психология, докторони илмхои психологи М.Г.Ярошевский ва Л.А.Венгер кор карда будаанд, ки онхо рисолахои номзадиашонро дар даври фаъолияти илми-педагогии худ дар ДДОЛ ба номи Киров дифоъ намудаанд.

Дар аввали солхои 40-50 дар кафедра М.А.Ашуров, Н.К.Довидов, К.К.Каримов, Р.А.Носирова, С.И.Архипова, Ш.А.Ахмадов, Ш.Турсунов, У.Тоштемирова, Л.И.Дубавенко, М.Муллочонова ва А.Т.Тошматов фаъолият бурдаанд.

Соли 1983 аз кафедраи педагогика кафедраи назария ва методикаи корхои тарбияви чудо шуд. Дар он солхо ба кафедраи педагогикаи умуми дотсент А.П.Войченко сарвари мекард. Ба вазифаи мудири кафедраи навтаъсис дотсент, номзади илмхои педагоги Х.Ч.Чонназаров таъин шуд. Кафедра дар давоми 12 сол фаъолият бурд. Дар он дотсентон А.А.Кайюмов, Ш.А.Шаропов, Т.А.Ахлиллоев, М.И.Бокиев, Н.Файзуллоев, сармуаллимон Т.Тухтаева, А.Б.Барановский, А.Абдухоликов, А.К.Тен, С.Ш.Кремзер ва муаллимон Ш.Шодиев, С.Бойматов, А.Эрмухаммадов, И.Иброхимов кор карда будаанд.

Аъзои кафедраи педагогикаи умуми дар тахия ва нашри дастурамалхои методи оид ба омузиши фанхои сикли педагоги фаъолона иштирок менамоянд. Солхои 1970-2007 зиёда аз 60 дастури услуби аз нашр бароварда, ба истифодаи омузгорони донишгоху мактабхо ва донишчуён гузошта шуд. Дастурхои методи ба калами устодон А.П.Войченко, Х.Ч.Чонназаров, Р.Л.Ню, С.Н.Лучанский, Т.Т.Собиров, Т.А.Ахлиллоев, М.С.Исматов, Х.С.Юсупова, И.М.Пулодов, А.А.Кайюмов, М.К.Каримова, А.Н.Набиев, А.Ш.Шарипов, З.А.Бойматов, Н.Д.Дадабоев, Т.Т.Тухтаева, С.Ш.Шарипов, А.Абдухоликов, Р.Чумъабоев, М.Неъматова, Л.С.Хидирова тааллук доранд.

Дар солхои мавчудияти кафедра с.1996 дотсент Х.Ч.Чонназаров ва с.2004 дотсент И.М.Пулодов рисолаи доктори, 18 омузгор рисолаи номзади дифоъ намуданд.

Чахор узви кафедра Н.К.Довидов, Р.А.Носирова, А.Б.Бегматов ва А.Н.Набиев дар солхои мухталиф ба унвонхои Муаллими хизматнишондодаи ЧТ, Коркуни шоистаи маорифи ЧТ сарфароз шудаанд. Аъзоёни кафедра Н.К.Довидов, Р.А.Носирова, А.А.Азизов, А.Б.Асроров, А.Н.Набиев, З.А.Бойматов, А.А.Каюмов, Н.Д.Дадобоев, М.К.Каримова, М.С.Исматов, Х.Ч.Чонназаров, Т.А.Ахлиллоев, И.М.Пулодов, М.С.Мираватов, Х.С.Юсупова, Т.Т.Тухтаева, С.Ш.Шарипов ва Г.Рахимова бо унвони Аълочии маорифи ЧТ мукофотонида шудаанд. Мехнати мудирони кафедра Л.К.Токмаков, А.Б.Асроров ва А.П.Войченко бо медали «Барои мехнати шоён» кадр карда шудааст.

Соли 2001 дар таърихи донишгох ва кафедра вокеаи мухим ба вукуъ пайваст. Бо ичозати Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маорифи Русия дар ДДХ Шурои махсуси дифои рисолахои номзади аз руи ихтисоси 13.00.01 - педагогикаи умуми, таърихи педагогика ва маориф кушода шуд. Дар давоми фаъолияти Шурои диссертатсиони 8 нафар унвончуён рисолаи номзади дифоъ намуданд, ки се нафарашон аз чумлаи муаллимони кафедраи педагогикаи умуми (А.Абдухоликов, М.С.Мироватов, Р.Чумъабоев) буданд.

Алхол аъзои кафедра ба тахкики масоили омузиши илми ва истифодаи афкори педагогии ниёгон ва анъанахои педагогии халкхои Осиёи Маркази диккати хоса дода истодаанд. Дар назди кафедра лабораторияи  илмии проблемавии «Омузиши афкори педагогии ниёгон ва анъанахои педагогии халкхои Осиёи Маркази ва татбики онхо дар чараёни тарбияи чавонон» созмон дода шудааст, ки ба фаъолияти он доктори илмхои педагоги, профессор Х.Ч.Чонназаров сарвари менамояд. 12 аъзои кафедра ва зиёда аз 10 омузгорони эчодкори мактабхои тахсилоти хамагонии в.Сугд дар кафедраи мазкур тадкикоти илми мебаранд.

Дар дах соли охир кафедра ду конфронси илми-амалии байналхалки (1996, 2002), се конфронси илми-методии вилояти (2001, 2003, 2004), якчанд конфронсхои илмию назариявии нохиявию шахри (Ч.Расулов - 1996, 2001, 2002, Нов - 1998, 2004, 2005, Б.Гафуров - 2003, 2005) гузаронид, ки ба кори онхо омузгорони эчодкори аксари шахр ва нохияхои вилоят чалб карда шудаанд.

Хамчунин дар ин фурсат аз чониби аъзои кафедра 10 монография, 8 китоб, зиёда аз 15 чузва нашр карда шуд.

Аз солхои аввали таъсиси кафедра ба масъалаи мустахкам кардани алокаи он бо мактабхо диккати чидди дода мешавад. Бо ин максад шаклхои гуногуни кор, аз чумла гузаронидани тачрибаомузи дар мактаб, кори якчояи илмию методи, ташкили конфронсхои илмию методи ва гайра мавриди истифода карор гирифтааст.

Ташкил ва гузаронидани конфронсхои илмию амали аз тарафи кафедра дар мактабхои шахр ва нохияхои вилоят ба хукми анъана даромадааст. Бо ташаббуси устодон Х.Чонназаров, Х.С.Юсупова, Т.Ахлиллоев ва аспирант Ч.Рустамов хар соли хониш як маротиба дар ин ё он мактаби вилоят конфронсхо гузаронида мешавад, ки дар он омузгорони мактабхои тахсилоти умумии аксари мактабхои шахру нохияхои вилоят фаъолона иштирок ва баромад карда истодаанд.

Устодони кафедра Х.Юсупова, З.Бойматов, Н.Дадобоев ва дигарон ба кумитахои волидайни мактабхои шахру нохияхои вилоят ёрии амали мерасонанд ва дар мавзуъхои мубрами таълиму тарбия баромадхо мекунанд.

Кафедраи психологияи умуми. Таърихи тахсили кафедра аз с.1934 ибтидо мегирад. Дар он айём мухаккикони илмхои педагогика ва психология дар кафедраи педагогика фаъолият мебурданд.

Кафедраи мустакили психология с.1963 ташкил ёфта, аввал он номи кафедраи психология (1963-64), сипас психология ва мантик (1964-75), баъдтар психология (1976-88)-ро дошт. Аз с.1989 бо номи психологияи умуми фаъолият бурда истодааст. Нахуст вазифаи сарварии кафедраро номзади илмхои педагоги, дотсент А.Т.Тошматов ба ухда дошт. Дар натичаи кушишу гайрати А.Тошматов пояи илмию методии он мустахкам гардид.

Солхои 1973-86 сарварии кафедра ба ухдаи устоди шодравон, номзади илмхои психология, дотсент Ш.Д.Дадобоева вогузошта шуд. Дар ин солхо дар кафедра устодони сохибтачриба номзадхои илмхои психология, дотсентон Л.С.Лучанская, М.Э.Зуфарова, сармуаллимон М.А.Ахмадов, Ф.Р.Рузиев, С.Б.Зилберман, Л.Г.Болакина, муаллимон Ю.М.Муратова, Н.Ф.Федюк кор мекарданд. Дар с.1986 сармуаллим Ф.Р.Рузиев ичрокунандаи вазифаи мудири кафедра буд.

Солхои 1986-91 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмхои педагоги, дотсент В.И.Роенко ба ухда дошт. Дар вусъати корхои тадкикоти илмии кафедра хидмати номзадхои илмхои психология, дотсентон Ш.Д.Дадобоева ва М.Э.Зуфарова хеле калон аст.

Аз с.1992 то с.2004 ба кафедра номзади илмхои психология Улугхоча Нуъмонов сарвари кардааст. Соли 2004 номзади илмхои равоншиноси, дотсент А.Мансурова мудири кафедра таъин гардид.

Ба накшаи таълимии кафедра фанхои психологияи одам, психологияи синнусоли, психологияи омузгори, психологияи ичтимои, психологияи махсус ва педагогикаи коррексиони дохил мешавад. Диккати асосии аъзои кафедра ба такмили усули таълими ин фанхо ва баланд бардоштани сатху савияи илмии машгулиятхои назариявию амали равона гардида, бахри татбики он аз усулхои нав ба нави таълим самаранок истифода бурда мешавад. Ахли кафедра дар мактабхои тахсилотии хамагонии шахру вилоят тачрибахои гуногуни психологи мегузаронанд.

Самти мухими фаъолияти аъзои кафедра корхои тадкикоти илми мебошад. Олимони кафедра оид ба масъалахои умдаи илми равоншиноси дар конфронсхои илмиву методи баромад мекунанд. Дар кафедра ба корхои тадкикоти илмии донишчуён эътибори калон дода мешавад. Донишчуён низ корхои илмии худро аз руи накшаи дурнамои кафедра мебаранд.

Дар назди кафедра махфили илмии донишчуён бо номи «Равоншиносии амали» фаъолият мекунад, ки он зиёда аз 25 нафар донишчуёнро фаро мегирад.

Дар давоми 10 соли охир кафедра оид ба масъалахои «Такомули асосхои психологии тарбия ва самаранокии таълим», «Тадкики худбаходихоии шахсият», «Хусусиятхои равонии анъанахои халки дар ташаккули шахсияти наврас» ва «Ташаккули худбаходихи дар шароити фаъолият ва муошират» тадкикоти илми мебарад. Дар асоси натичахои ин тадкикот конфронсхои байналхалкии илмию амали бо унвонхои «Психологияи амали ва имконоти истифодаи он дар хочагии халк» (1993) ва «Психологияи амали дар хочагии халк ва масъалахои муайян намудани мазмуни тарбия» (2002) гузаронида шуданд.

 

 

Кафедраи сиёсатшиноси. Ташаккул ва инкишофи кафедраи сиёсатшиноси (пештара коммунизми илми) ба ибтидои солхои 60-ум рост меояд.

Собик ректори ДДОЛ - шодравон Пулод Хамрокулович Хамрокулов, ки дар ташкили кафедра сахми  арзанда гузоштааст, дар асоси чамъияти дар соли хониши 1963-64 мудирии ин кафедраи навтаъсисро ба зимма гирифт.

Солхои 1965-67 Содир Хомидович Хомидов аввал ичрокунандаи вазифаи мудир ва сипас мудири кафедра интихоб шуд. Кафедра дар ин солхо, яъне солхои 1965-67 давраи душвори ташкилиро аз сар мегузаронид. Дар он солхо ба кафедра муаллимони сохибтачрибаву бомахорат, аз чумла дотсентон Пулод Рустамович Каримов, Шавкат Махмудович Охунов, Саттор Каюмович Каюмов, Мурод Гозиевич Гозиев, Хомид Ризокулович Пулодов, сармуаллим Светлана Вячеславовна Литвинова ба кор омаданд. Бо кушишу талошхои ин устодони сохибтачриба адабиёти наву тоза чамъовари намуда, хучраи таълими тачхизонида шуд. Агар гуем, ки бунёдгузорони кафедраи «Сиёсатшиноси» устодони номбурдаанд, хато нахохад шуд.

Аз сентябри с.1978 то с.1983 дотсент Пулод Рустамович Каримов ва аз с.1984 то 1988 дотсент Абдуманнон Абдуллоевич Олимов сарварии кафедраро ба ухда доштанд. Солхои 1988-95 профессор Хомид Ризокулович Пулодов мудири кафедра таъин гардид. Аз с.1998 инчониб профессор Аслиддин Хомидович Пулодов мудирии кафедраро ба ухда дорад.

Дар солхои минбаъда ба хайъати устодони кафедра мутахассисони чавон, аз чумла Хабиба Абдуганиева Файзибоева, Матлуба Махмудчоновна Окилова, Турсуной Каримова, Хайдар Шарипович Турсунов ворид гардиданд.

Китоби дарсии «Асосхои сиёсатшиноси», «Основы политологии», «Сиёсатшунослик асослари» махсули мехнати устодони кафедра буда, солхои 1993-94 бо се забон ба табъ расид.

Устодони кафедра як катор асархои илми, китобхои дарси ва дастурхои таълими-методиро аз чоп бароварданд. Инчунин соли 2004 китоби нави профессор А.Х.Пулодов «Муносибатхои этно-ичтимои дар Осиёи Маркази» ба забонхои руси ва точики нашр гардид. Устодони кафедра дотсентон М.Окилова, А.Бердишукуров, Б.Сатторов ва муаллима М.Улмасова дар таълифу тахияи маводи ёрирасони таълим сахми арзанда мегузоранд.

 

Кафедраи тарбияи чисмони с.1949 ташкил ёфта, ба он хатмкардаи Донишкадаи тарбияи чисмонии Ленинград ба номи П.Ф.Лигафт Ф.Ф.Филиппенко сарвари мекард. Дар ибтидо кафедра танхо се нафар аъзо дошт, ки инхо Ф.Ф.Филиппенко, Н.В.Липинский, А.Я.Малшенина буданд.

Соли 1953 дар кафедра фаъолияти худро ходими намоёни сохаи тарбияи чисмони Е.И.Ершова огоз менамояд. Тахти рохбарии ин шахси богайрат  як зумра варзишгарони намоёни сохаи гимнастика тарбия меёбанд. Барои хизмати шоиста ва сахмгузори дар инкишофи варзиш дар вилояту чумхури Е.И.Ершова с. 1967 бо нишони «Аълочии тарбияи чисмони ва варзиши Иттиходи Шурави», хамчунин бо Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии ЧШС Точикистон сарфароз гардонида мешавад.

Солхои 1956-57 ба кафедра як зумра устодони нав, ба монанди Т.Н.Ткачук, А.Н.Кривенок ба кор меоянд. А.Н.Кривенок корхои тадкикоти илми бурда, рисолаи номзадиро бо муваффакият дифоъ менамояд. Дар хамин солхо ба кафедра хатмкунандагони Донишкадаи тарбияи чисмонии Маскав Д.Б.Ботуров ва Ш.М.Хофизов ба кор омаданд. Дар ин солхо рохбарии кафедраро О.П.Иброхимов дар ухда дошт, ки дар инкишофи сохаи варзиш дар ДДОЛ мехнати зиёд ба харч додааст.

Дар солхои 60-ум рохбарии кафедра ба зиммаи О.И.Терентйев гузошта мешавад Тахти рохбарии у устодон Г.Ф.Фотт, Р.М.Юдилевич, В.А.Захарова, И.С.Чураев, А.З.Зохиров ба тарбияи варзишгарони чавон камар мебанданд.

Солхои 80-ум сарварии кафедраро Р.Р.Расулов ба ухда дошт. Он солхо ба кор хатмкунандагони Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон С.С.Икромов, Р.С.Сафарова, Т.З.Каримова ва А.Ларионов даъват карда мешаванд. Соли 1989 рохбари кафедра мутахассиси сохаи варзиш, номзади илмхои педагоги Ф.М.Абдурахмонова таъин мегардад. Имруз кафедраи тарбияи чисмони хамчун як шуъбаи алохида амал мекунад, ки 19 нафар устодонро гирд овардааст.

Сарварии кафедраи мазкур ба зиммаи А.Т.Абдурасулов гузошта шудааст. Солхои охир шуъба як катор варзишгарони намоён, аз чумла 5 нафар устодони бокс, 4 нафар гуштингирон, командаи яккачини футболбозони донишгохро тарбия кард. Варзишгарони шуъба дар варзиши сабук муваффакиятхои калон ба даст овардаанд. Онхо дар якчанд мусобикахои варзиши иштирок намуда, чойхои намоёнро ишгол карданд. Дастахои футболбозон, варзиши сабук, тенниси руи миз борхо чемпиони спортакиадаи вилоят гардиданд.

Дастпарварони мактаби бокси донишгохи мо Чахон Курбонов чемпиони дукаратаи Осиё (2004, 2006) мебошад. У хамчунин панч маротиба (2000-2005) дар мусобикахои байналхалкии ба номи Кахрамони Иттиходи Шурави Исмоил Хамзаалиев голиб омадааст.

 

Кафедраи умумидонишгохии забони руси с.1967 ба хайси яке аз чузву томхои асосии сохтории ДДОЛ ба номи С.М.Киров таъсис ёфтааст.

Дар таъсису ташаккули кафедра олимони маъруф М.И.Стаменова, Е.С.Белякина, М.М.Абдувалиева, А.А.Нелипа сахми назаррас гузоштаанд. Махз онхо тайёрии кадрхои илмию педагогии кафедраро поягузори кардаанд. Дар ин солхо дар кафедра корхои мунтазами илми ва илмию методи идома ёфтанд. Ба калами кормандони кафедра як катор рисолахои илми, китобхои дарси, воситахои таълим, маколахои сершумор мансубанд, ки дар мачаллахои ватанию хоричи нашр гардидаанд.

Дар хаёти чомеаи мехнатии кафедра нашри якумин китоби дарсии «Китоби хониши забони руси» (барои донишчуёни гуруххои миллии мактабхои оли) тахти рохбарии методисти маъруф М.М.Абдувалиева (Д., 1973) вокеаи мухим гардид.

Соли 1982 рисолаи Б.С.Осимова «Сохтмони забони дар Точикистон» (Д., 1982) аз чоп баромад. Соли 1988 «Воситаи илми оид ба машгулиятхои амали аз забони руси дар мактабхои олии гайризабонии точик» (Д., 1988) нашр гардид, ки он аз чониби гурухи муаллифон тахти рохбарии Б.С.Осимова таълиф шудааст. Соли 1996 Б.С.Осимова дар асоси барномаи дарсии амалкунанда «Китоби дарсии забони руси»-ро барои донишчуёни солхои 1-2 факултахои гайризабонии мактабхои оли аз чоп баровард. Китоб солхои 1999, 2001, 2004 такроран нашр шуд.

Китоби «Дурдонахои хикмати Шарк», ки мураттибони он дотсентон Б.С.Осимова ва С.Х.Сангинова мебошанд, с. 2005 аз чоп баромад.

Сахми мутахассисони баландихтисос, педагогхои барчаста Р.С.Клеблеева, В.В. Афанасйева, Х.А.Ортикова, П.С.Овсяникова, В.И.Овсяников, Р.М.Хочаева, М.И.Ботурова, С.И.Султонова, С.А.Комилова, Г.Б.Мушеев ва бисёр дигаронро дар тарбияи кадрхо махсус кайд кардан лозим аст.

Чомеаи мехнатии кафедра дар таргибу ташвики забони руси, дар калби чавонон парваридани мехру мухаббат ва эхтиром нисбат ба забони руси, шавку хавас ва мароку рагбат ба омухтани он накши мухим бозиданд.

Дар давоми ин солхо кафедра бо олимони Пажухишгохи забоншиносии АУ ИЧШС, Пажухишгохи забони русии ба номи А.С.Пушкин хамкории зич доштанд. Пажухишгохи забони руси махсус дар таъмини кафедра бо рисолахои олимони барчаста, маводи илми, мачмуаи маърузахои илми, комусхо, маводи дидактикии нашриёти «Русский язык» мадади зиёд кардааст.

Хар сол узви кумитаи маорифи халки ИЧШС Б.С.Осимова дар ду-се машварату конфронсхои умумииттифоки, ки бо ташаббуси Пажухишгох дар минтакахои мухталифи мамлакат гузаронида мешуданд, иштирок мекард.

Дотсент Б.С.Осимова дар давоми 28 сол рохбарии кафедраро ба зимма дорад. Дар ин муддат кафедра хам аз чихати сифат ва хам микдор инкишоф ёфт. Теъдоди мутахассисон ба 44 нафар расида, ба он дастпарварони чавони факултаи забону адабиёти рус шомил шуданд. Ба максади баланд бардоштани сатхи дониши муаллимони чавон оид ба методика дар кафедра семинари «Мактаби муаллимони чавон» ташкил карда шуд, ки ба он методисти ботачриба Э.В.Суфиева рохбари мекард. Дар чаласахои семинар масоили мухими тадриси забони руси дар мактабхои оли мавриди барраси карор мегиранд. Алхол рохбарии семинар ба зимаи номзади илмхои филологи Г.Х.Иброхимова гузошта шудааст.

Сол то сол иктидори илмии кафедра меафзуд, як зумра кормандони кафедра, аз чумла Б.С.Осимова, Я.И.Югай, Р.А.Самадова, Н.И.Матвеева, С.Х.Сангинова, Г.Х.Иброхимова, Д.Д.Мирзоева рисолахои илмиашонро бомуваффакият дар шахрхои Маскав, Ленинград, Калинин, Тошканд, Душанбе химоя карданд.

Муаллимони кафедра дар шахрхои Москва, Ленинград, Калинин, Тошканд, Душанбе аз курсхои 4 мохаю солонаи такмили махорати касби ва коромузии семоха мегузаштанд, фаъолона дар хамоишу конфронсхои умумииттифокию чумхурияви оид ба масоили усули тадриси забони руси ширкат меварзиданд. Кафедра хамеша ба хушсифат гузаронидани машгулиятхои амали диккати махсус медихад. Ба ин максад семинари илмию назарияви амал мекунад, ки рохбариашро дотсент С.Х.Сангинова дар ухда дорад.

Дар фаъолияти кафедра кори тарбияви макоми махсусро ишгол мекунад. Хар сол кафедра хафтаи забони руси, олимпиада, шабнишинихои мавзуи, лексияхо оид ба мавзуъхои мухим, озмуни «Кани, духтарон!», викторинахо, сухбату мулокотхо бо собикадорони чангу мехнат ва гайраю ва хоказо мегузаронад.

Гузаронидани фестивали суруди руси тахти шиори «Бо суруд кишвари махбубро фаро мегирам» ба анъанаи нек табдил ёфтааст, ки он дар тарбияи чавонон дар рухияи ватандусти, интернатсионализм, мухаббат ба Ватану халк ахамияти махсус дорад. Дар фаъолияти кафедра махфилхои забони руси, мухлисони назми русу точик чои хосаро ишгол мекунад. Максади онхо инкишоф додану такмили нутки русии донишчуён мебошад.

Кормандони кафедра фармони Президенти ЧТ «Дар бораи такмили таълим ва омузиши забони руси дар давраи солхои 2003-2013» ва карори Хукумати чумхуриро бо рухбаланди истикбол карданд. Дар иртибот бо ин хуччатхои мухимми давлати дар кафедра накшаи чорабинихо тахия шудааст ва алхол кору фаъолият тибки накшаи мазкур идома дорад.

 

Кафедраи фалсафа дар тайёр намудани кадрхои баландихтисоси илмию педагоги ва мутахассисони сохахои гуногуни хочагии халки ЧТ, аз чумла в.Сугд сахми арзанда дошта, яке аз марказхои таълим ва тахкики афкори фалсафи шинохта шудааст.

Илми фалсафа дар аввалин мактаби оли дар шимоли Точикистон аз солхои аввали ташкилёбии Донишгох ба сифати курси материализми диалектики ва материализми таърихи таълим дода мешуд. Дар он солхо хануз кафедраи алохидаи фалсафа вучуд надошт. Дар асоси фармони Комиссариати халкии маорифи ЧШС Точикистон аз 31 декабри с.1935 баробари як катор кафедрахои махсуси сохави кафедрахои ичтимои-иктисоди, марксизм-ленинизм ва таърих ташкил шуданд, ки муаллимони таърихи хизб, фалсафа, иктисоди сиёси ва таърихро муттахид мекарданд. Минбаъд, пайваста бо эхтиёчи раванди таълиму тарбия, ба камол расидани муаллимони дорои дарачаю унвонхои илми, афзоиши сатхи корхои таълиму тарбия ва тадкикоти илми кафедрахои алохидаи чамъиятшиноси ташкил шуданд. Аз чумла, соли 1957 кафедраи фалсафа ва иктисоди сиёси ташкил ёфт. Сарвари нахустини кафедра Азим Мамадов буд, ки рисолаи номзадиро с.1955 дифоъ кардааст.

Дар солхои гуногун баробари курси материализми диалектики ва таърихи таълими чанд риштаи дигари фалсафи ба зиммаи кафедраи фалсафа ва иктисоди сиёсии Донишгох гузошта шуд. Масалан, фанни мантик солхои 1946-81 дар ихтиёри кафедраи равоншиноси ва мантик тадрис мешуд. Бо фармони Вазорати маълумоти оли ва миёнаи махсуси ЧШС Точикистон аз 26 декабри с.1980 ва ДДОЛ ба номи С.М.Киров аз 31 декабри с.1980 фанни мазкур ба ихтиёри кафедраи фалсафа гузашт. Аз соли 1961 таълими курси факултативии асосхои эстетикаи марксисти-ленини дар хачми 72 соат чори гардид. Соли 1964 кафедраи асосхои коммунизми илми ва атеизм ташкил ёфт. Пас аз чанд мох кафедраи асосхои  коммунизми илми ва атеизм тагйири ном кард ва асосхои коммунизми илми ном гирифт. Фанни асосхои атеизми илми ба ихтиёри кафедраи фалсафа ва иктисоди сиёси гузашт.

Ба сабаби он ки акнун кафедраи фалсафа ва иктисоди сиёси таълими 6 фанро ба ухда дошт ва ахамияти ин фанхо хеле меафзуд, зарурати ба кафедрахои мустакил чудо намудани ин кафедра ба миён омад. Бо назардошти ин зарурат аз с.1967 кафедраи фалсафа ва иктисоди сиёси ба ду кафедраи мустакил: кафедраи фалсафа ва кафедраи иктисоди сиёси чудо гардид. Таълими фанхои: «Фалсафаи марксисти-ленини», «Асосхои давлат ва хукук», «Асосхои этикаи марксисти-ленини», «Асосхои эстетикаи марксисти-ленини», «Асосхои атеизми илми» ба ухдаи кафедраи фалсафа гузошта шуд. Аз соли хониши 1989-90 фанни «Хукуки совети» аз кафедраи фалсафа ба кафедраи коммунизми илми (холо сиёсатшиноси) гузаронида шуд.

Соли хониши 1990-91 кафедрахо ва факултахои Донишгох ба накша ва барномахои нави таълими гузаштанд. Аз чумла, кафедраи фалсафа ба таълими фанни нав - «Таърих ва назарияи маданияти чахони ва ватани» дар хачми 120 соат шуруъ кард. Бо максади боз хам самарабахш ба рох мондани фаъолияти таълими-методи, тадкикоти илми ва амали кафедраи фалсафа аз 1 сентябри хамон сол ба ду кафедраи мустакил: кафедраи фалсафа ва кафедраи фалсафаи маданият таксим шуд. Дар ихтиёри кафедраи фалсафа фанни «Фалсафа» боки монд ва таълими фанхои «Таърих ва назарияи маданияти чахони ва ватани», «Этика ва этикаи педагоги», «Эстетика», «Мантик», «Таърих, назарияи дин ва атеизм» ба ухдаи кафедраи фалсафаи маданият вогузор гардид.

Дар солхои хониши минбаъда номгуи фанхои таълимии кафедраи фалсафаи Донишгох боз хам афзуд. Дар накшахои таълими омузиши фанхои нави «Таърихи фалсафа», «Таърихи фалсафаи Шарк» ва «Таърихи фалсафаи халки точик» пешбини шуданд. Аз соли хониши 1998-99 таълими фанни нави «Сотсиология» огоз ёфт ва соли хониши 1998-2000 кафедра ба таълими курси тозаи «Консепсияхои табиатшиносии муосир» шуруъ кард.

Алхол кафедраи фалсафа барои донишчуёни шуъбахои рузонаю гоибонаи факултахои Донишгох таълими фанхои «Фалсафа», «Сотсиология» ва «Консепсияхои табиатшиносии муосир»-ро бо се забон (точики, руси, узбеки) таъмин менамояд. Донишчуёни курсхои 2-и шуъбаи рузона ва курсхои 5-и шуъбаи гоибонаи факултахои фанхои табии, математика, физикаю техника, санъат, рассоми-графики, кибернетика аз фанни «Фалсафа» имтихони давлати месупоранд. Яке аз чабхахои мухими кори кафедраи фалсафа дар хамкори бо шуъбаи аспирантураи Донишгох ташкил ва гузаронидани имтихони дохилшави ба аспирантура ва имтихони минимуми номзади мебошад. Кабули имтихони минимуми номзади аз «Фалсафа» дар Донишгох аз ибтидои солхои 80-ум огоз ёфта буд. Аз соли хониши 2004-05 дар Донишгох ба чои фанни «Фалсафа» имтихони минимуми номзади аз «Таърих ва фалсафаи илм» чори гардид. Бо максади дуруст ба рох мондани имтихони минимуми номзади аз фанни «Таърих ва фалсафаи илм» кафедраи фалсафа курсхои яксолаи таиёри ташкил кардааст. Дар курсхои таиёри дар давоми соли хониш машгулиятхои лексиони ва семинари гузаронида мешаванд, бо рохбарии мутахассисон шунавандагони курс оид ба «Таърих ва фалсафаи илм» рефератхо омода мекунанд ва ба имтихони минимуми номзади омодаги мебинанд. Шунавандагон на танхо аз ДДХ ба номи академик Б.Гафуров, балки аз донишгоху донишкадахои дигар, мактабхо, корхонахои гуногун тахсил доранд. Ин чорачуи ба пешрафти корхои тадкикоти илми, ба таври васеъ ба шохрохи илм чалб намудани чавонони сохибистеъдод мусоидат менамояд.

Дар тули мавчудияташ кафедраи фалсафаи Донишгох бо марказхои илми, илмиву педагогии ЧТ ва собик шурави робитаю хамкорихои судманд дошт.

Файласуфони Донишгох дар солхои гуногун дар марказхои такмили ихтисоси Маскав, Душанбе, Киев, Тошканд ва г. борхо такмили ихтисос намудаанд.

 

Кафедраи фалсафаи маданият. Охири солхои 80-ум бо карори Вазорати маорифи Точикистон ба барномахои таълими мактаби миёна ва оли фанни «Фархангшиноси» ворид гардид, ки ходисаи басо мухим дар хаёти фархангии чумхуриамон махсуб мешуд. Ба шарофати ин карори мухим дар донишгоххои чумхури кафедрахои махсуси фархангшиноси ташкил шуданд. Аз он чумла, мохи августи с.1991 дар ДДХ кафедраи нав бо номи фалсафаи маданият таъсис ёфт. Бо ташкилёбии кафедраи фалсафаи маданият як катор фанхое, ки пештар ба кафедраи фалсафа тааллук доштанду аз чихати мохият ва мавзуи омузиши худ бештар ба фархангу маънавият алокаманд буданд, ба монанди маданиятшиноси, таърихи дин, мантик, ахлок, зебоишиноси ва фалсафаи арзиш ба номгуи фанхои кафедраи нав дохил шуданд. Дотсент Абдурахим Чураев, ки с.1990 рисолаи номзадиро оид ба проблемахои методологияи омузиши маданият дифоъ карда буд, мудири кафедраи навтаъсис таъин гардид. Дар ташкил ва макоми хос гирифтани кафедраи нав ва бунёди мухити илмию эчодии он сахми аъзои аввалини он профессор  Абдумачид Кодиров, дотсентон Ш.Сулаймонов, Е.Абдухоликов, сармуаллимон Х.Х.Давлатмандов, О.Зохидов, З.Усмонова, муаллимон Т.Каримов, Д.Исмоилова ва дигарон хеле калон аст.

Кафедра аз огози фаъолияташ ба тадкикоти илми диккати махсус дода, накшаи дурнамоеро бо номи «Проблемахои актуалии фалсафаи маданият ва дин» тахия кард. Аз руи он устодон на танхо тадкикотхои илми мебаранд, балки дастурхои таълими, китобхои дарси низ менависанд. Дар ин кор омузгорон В.Воднев, Т.Каримов, М.Каримов, Т.Каримова сахми босазо гузоштанд.

Соли тахсили 1993-94 ба кафедра як зумра мутахассисони сохаи фалсафа шомил шуданд, ки барои такмили корхои илмию тадкикоти сахми босазо гузоштанд.

Тачрибаи методии ба даст овардаи як зумра омузгорони кафедра имконият дод, ки онхо ба навиштани китобхои дарси аз фанхои этика, эстетика ва дигархо шуруъ кунанд. Дотсентон М.Мирбобоев оид ба этика, Т.Каримова оид ба эстетика, номзадхои илми фалсафа Ш.Сулаймонов, О.Зохидов рочеъ ба мантик асархо эчод намуданд.

Муаллимон маколахои худро дар мачмуаи илми, мачаллахо, ахбори АУ ЧТ ва матбуоти даври низ чоп мекунанд.

Кафедра ба тарбияи муаллимони чавон, такмилу вусъати савияи илмии устодон эътибори калон медихад. Чунончи, О.Зохидов аспирантураи донишгохи Ростови лаби Донро соли 1995 бо муваффакият ба итмом расонида, сохиби унвони номзади илми фалсафа гардид. Муаллими кафедра А.Отаев, ки аспирантураи Пажухишгохи фалсафа ва хукуки Академияи улуми Точикистонро (рохбарии илми муаллими кафедра дотсент М.Мирбобоев) ба итмом расонида буд, рисолаи номзадиро бо муваффакият химоя намуд.

Ба туфайли чидду чахди зиёди чомеаи илми ва дастгирии ректори донишгох, хукумати ш.Хучанд ва вилояти Сугд ба кафедраи фалсафаи маданият муяссар шуд, ки мохи декабри соли 1995 конфронси бонуфузи байналмилали дар мавзуи «Фарханг: гузашта, хозира ва оянда» бахшида ба 50-солагии ЮНЕСКО гузаронад. Дар ташкилу гузаронидани конфронс ёри ва дастгирии Президенти ассотсиатсия оид ба омузиши тамаддуни Осиёи Марказии ЮНЕСКО, собик раиси чамъияти «Пайванд» академики  зиндаёд Мухаммад Осими, ноибпрезиденти АУ чумхури, академик М.Диноршоев, академик Н.Неъматов хеле назаррас буданд. Боиси ифтихори на танхо кафедраи фалсафаи маданият, балки тамоми донишгохамон аст, ки соли 1997 ДДХ ба номи Б.Гафуров яке аз шарикони барномаи байналхалкии Огохон «Инсоншиноси» барои Осиёи Маркази гардид.Аз хайати омузгорони донишгох номзади илми фалсафа, мудири онвактаи кафедраи фалсафаи маданият Абдурахим Чураев ба сифати яке аз муаллифони Барнома ва хамзамон чун намояндаи донишгох дар ин Барномаи бонуфуз интихоб шуд. Дертар мувофики накшаи хамкории Барномаи Огохон «Инсоншиноси» барои Осиёи Маркази ва ДДХ ба номи Б.Гафуров дар донишгох яке аз марказхои ин Барнома ташкил карда шуд ва А.Чураев рохбари хамин марказ таъин карда шуд. Ба вазифаи мудирии кафедраи фалсафаи маданият номзади илмхои фалсафа, дотсент М.Улмасов интихоб гардид. Соли 2001 мачмуи маколахои аъзои кафедра бо номи «Проблемахои методологии инсон, маданият, тамаддун» аз чоп баромад. Китобхои А.Ч.Бобоев ва Т.Д.Каримов «Авеста: по следам древнейшей цивилизации таджиков», О.Зохидов «Принцип актуализма в научной мысли» ба табъ расиданд. Кафедра мачмуи лексияхои омузгоронро аз фанни маданиятшиноси ва таърихи дин бо забони руси аз чоп баровард, ки дар он А.Чураев, В.Воднев, М.Каримов, З.Усмонова иштирок карданд.

Дар солхои мавчудият вазифаи мудирии кафедраи маданиятро устодони зерин ба ухда доштанд: А.Чураев (1990-99), М.Улмасов (2000-04), Ш.Сулаймонов аз с.2005.  

 

Кафедраи харби. Химояи марзу буми кишвар, мехнати осоиштаи мардум вазифаи асосии артиши миллии Чумхурии Точикистон мебошад. Макоми халкунандаро дар баланд бардоштани дарачаи чангии сарбозон афсарон мебозанд. Иктидори кисмхои харби, баланд шудани маънавиёти сарбозон ба онхо вобаста мебошад.

Артиши милли - зодаи истиклолият буда, он дар шароити хозира ба мутахассисони касбии баландихтисоси харби ниёзманд аст.

Дар халли ин вазифаи хеле мухим кафедрахои харбии мактабхои олии чумхури, ки афсарони эхтиёти тайёр мекунанд, хеле хиссагузоранд.

Мувофики моддаи 17 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби», дар асоси Карори Хукумати чумхури аз 15 марти соли 1999 раками 92 Низомнома оид ба тайёр кардани афсарони эхтиёти барои куввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон тасдик карда шуд. Мувофики он таъсиси кафедраи харби дар ДДХ ба номи академик Б.Гафуров низ дар назар дошта шуда буд.

Дар таъсиси кафедраи харбии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров Вазорати мудофиа ва хукумати вилояти Сугд хиссагузор мебошанд. Мувофики карори раиси вилояти Сугд аз 20 январи соли 2000 «Дар бораи ташкил кардани кафедраи харбии ДДХ» ба кафедра бинои таълими, синфхонахо барои соатхои назарияви, амали ва лабораторияхо чудо карда шуданд.

6 марти соли 2000 кафедраи харбии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров ба фаъолият сар кард.

Дар кафедраи харби аз руи фанхои умумихарби ва фанхои махсус таълим ба рох монда шуд. Кафедра аз руи се ихтисос афсарон тайёр мекард: кумондонхои взводхои савораи тирандози (ВУС) 021001, кумондонхои взводи алока (ВУС) 121204 ва кумондонхои взводхои химояи кимёви.

Донишчуёни 11 факултаи донишгох аз руи ин барномахо тахсил мекарданд. Кафедра бо устодони баландихтисос, ходимони инженер-техники ва кормандони ёрирасон пурра таъмин буд. Рохбарии кафедраро аз рузхои таъсисёбии он полковник С.Н.Каримов ба ухда дошт. Дар кафедра ба сифати устодон майор И.Х.Мухаммадиев, капитан А.Н.Тошматов, майор М.З.Юсуфов, подполковник У.К.Холматов, подполковник Р.Ю.Бурхонов, капитан Ш.Х.Акрамов хизмат кардаанд.