Факултаи хукукшиноси. Дар ДДХ ба номи академик Б.Гафуров с.1996 бо фармони Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон шуъбаи хукук ва тичорати байналхалки таъсис ёфт, ки ба сохтори факултаи таърих ворид гардид. Дар с.1998 шуъбаи мазкур ба факултаи хукукшиноси табдил дода шуд. Факулта аз руи 3 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: а) хукукшинос, б) коргузори гумрук, в) хукукшинос-омузгор.

Факулта с. 2000-ум аз тарафи комиссияи аттестатсионии давлати бахои каноатбахш гирифта, сохиби литсензия гашт. Соли 2001-ум бо фармони Президенти чумхури ихтисоси хукукшиносии сирф ба гайр аз ДДМТ ва ДДХБСТ дар мактабхои олии дигар баста шуд.

Соли 2007 дар ДДХ ба накшаи таълимии факултаи хукукшиноси ихтисоси хукукшинос-омузгор ворид гардид.

Факулта тавассути 5 кафедра - илмхои давлатшиносию хукукшиноси, хукуки чинои ва граждани, хукуки суди ва назорати прокурори, забонхо ва фанхои чамъияти ва кафедраи навтаъсиси коргузории гумрук мутахассис тайёр мекунад.

Бо таълиму тарбияи шогирдон 62 нафар олимону омузгорон, аз чумла доктори илмхои иктисодиёт, профессор А.Эргашев, номзади илмхои хукукшиноси, профессор Х.Сангинов, номзадхои илми фалсафа И.Косимов, Х.Самадов, А.Х.Пулодов, З.Усмонова, номзадхои илмхои филология А.Зохидов, М.Каримова, номзади илмхои биология Э.Иброхимов, номзади илмхои иктисодиёт М.Пулодов, 9 нафар сармуаллимон ва 12 нафар муаллимони чавон машгуланд.

Бо кушишу гайрати сарварони кафедрахо ва омузгорон 5 кабинети фанни, 9 лабораторияи криминалисти чихозонида, ба китобхонаи махсуси факулта асос гузошта шуд.

Факулта бо максади тайёр кардани мутахассисони ба стандарти давлати чавобгу ба таълими фанхои асоси кормандони варзидаи макомоти хифзи хукуки шахри Хучанду вилояти Сугдро ба кор чалб мекунад. Факулта бо ДДМТ робитаи илмию таълими дорад. Аксари кулли олимон ва омузгорони фанхои хукукшиноси дастпарварони ин махзани илму маърифатанд. Факулта дар асоси шартнома олимону матахссисони варзидаи ДДМТ-ро барои хондани лексияхо аз фанхои ихтисоси даъват мекунад, олимони чавони худро ба коромузи сафарбар менамояд. Олимони факулта на танхо бо мактабхои олии ш.Душанбе, балки бо муассисахои илмию таълимии Маскав, Санкт-Петербург, Тошканд, Бишкек ва гайра робита доранд. Онхо пайваста дар конфронсу симпозиумхои байналхалки, семинархои илми ширкат меварзанд.

Кафедрахои факулта ба корхои илмии донишчуён диккати махсус медиханд, донишчуён аз руи накшаи махфилхои илмии «Хукукшинос», «Давлатшинос», «Чамъиятшинос» корхои илми мебаранд. Чанд нафар шогирдони факулта аъзои Лигаи донишчуёни хукукшиноси Чумхурии Точикистон буда, дар чамъомадхои илмию маърифатии созмони чавонон дар шахрхои Душанбе, Алмаато ширкат варзида ва ба ифтихорномаю шаходатномахо (сертификат) сохиб шудаанд.

 

 

Кафедраи хукуки суди ва назорати прокурори с.1999 дар факултаи хукукшиносии Донишгохи ДДХ ба номи академик Б.Гафуров кафедраи хукуки суди ва назорати прокурори ташкил шуд.

Аз рузхои аввали ташкил шудани кафедра диккати асоси ба чамъ намудани кадрхои баландихтисос равона карда шудааст. Натичаи чунин кушиш буд, ки ба кафедра устодони сохибтачриба, ки солхои дуру дароз дар макомоти хифзи хукук хизмати шоиста кардаанд, ба монанди мушовири адлияи дарачаи якум, собик прокурори чумхури (холо намояндаи мардуми дар Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии ЧТ) Т.Почомуллоев, номзади илмхои тиб С.Самадов, муаллимон А.Чурабоев, С.Иброхимов ба кор омаданд.

Чанде баъд хайъати кафедра аз хисоби мутахассисони пуртачриба, аз чумла Ф.К.Кутбиддинова, З.Зохидов, У.Султонов, Х.Мухаммадиев, У.Саидзода, С.Икромов пурра шуд.

Рохбарии кафедраро аз с.1999 то 2004 номзади илмхои хукукшиноси, профессор, корманди шоистаи прокуратураи ИЧШС, хукукшиноси шоистаи ЧТ Хаким Сангинов дар зима дошт. Фехристи кафедра 15 фанро дар бар мегирифт.

Бо сабаби аз байн рафтани ихтисоси хукукшинос ва таъсиси ихтисоси нав «хукукшинос-омузгор» ин кафедра бо кафедраи хукуки чинои ва граждани хамрох гардида, номи кафедраи хукуки модди ва мурофиавиро гирифт.

 

Кафедраи хукуки чинояти ва граждани мохи июли с.1998 ташкил шуда, 1 сентябри хамон сол ба фаъолият шуруъ намуд.

Он солхо дар кафедра 18 нафар, аз чумла 14 муаллими штати ва 4 муштараквазифа фаъолият мекарданд. Дар байни устодони кафедра мутахассисони варзидаи соха Ш.Ю.Кенчаев, Г.Г.Шокиров, Ф.М.Шукуров, О.М.Юсупова ва дигарон хастанд. Мудирии кафедраро то с.2001 номзади илми хукук, дотсент Н.А.Гаффорова, сипас то с.2007 номзади илмхои хукук Ш.Ю.Кенчаев ба зимма доштанд.

Устодони кафедра аз руи масъалахои «Тахлили мукоисави ва сабабияти ичтимоии холатхои асосии конунгузории чиноятии ЧТ», «Ба истифода додани моликият дар шароити хозира», «Мафхуми шартнома дар давраи иктисоди бозоргони» тадкикоти илми мебаранд. Дар кафедра семинари илмии назарияви фаъолият дорад, ки дар он маърузахои аъзои кафедра оиди масоили илмию методи барраси мегардад. Хамчунин махфили илмии донишчуён амал мекунад, ки рохбараш ассистенти кафедра М.Каримова мебошад. Дар назди кафедра бо ташаббуси устодон фотолабораторияи криминалисти ташкил шудааст, ки бо воситахои зарурии техники мучаххаз аст.

Кафедра бо факултаи хукукшиносии ДДМТ робитаи зич дорад. Тибки шартномаи тарафайн барои хондани курсхои лексиони олимони варзидаи сохибтачриба даъват мешаванд. Масалан, дотсенти кафедраи хукуки чинои ва криминалистикаи факултаи хукукшиносии ДДМТ З.Д.Ямокова ба донишчуён фанхои махсуси «Асосхои экспертизаи суди» ва «Тадкики криминалистии хуччатхо»-ро хондааст.

Кафедра хамчунин бо факултаи дар Хучанд будаи мактаби олии малисаи ВКД ЧТ робитаи таълими ва илмию методи дорад. Дар кафедра аз руи ду тахассус мутахассисон тайёр карда мешаванд: тафтишот ва криминалистика; фаъолияти сохибкори.

Алхол ин кафедра бо кафедраи хукуки суди ва назорати прокурори хамрох гардида, номи кафедраи хукуки модди ва мурофиавиро гирифтааст.

 

Кафедраи илмхои давлатию хукуки. Соли 1996 дар шуъбаи хукукшиносии факултаи таърих нахусткафедраи хукукшиноси таъсис ёфт. Фехристи кафедра фанхои зеринро дар бар мегирифт: назарияи давлат ва хукуки Рим, макомоти хифзи хукук, таърихи давлат ва хукуки Точикистон, таърихи давлат ва хукуки мамлакатхои хоричи.

Аз соли таъсисёби то с.2007 вазифаи мудирии кафедра ба ухдаи номзади илмхои фалсафа, дотсент Х.С.Самадов вогузор шуда буд. Дар кафедра дар солхои гуногун номзади илмхои таърих, дотсент Х.С.Тоатов, номзади илмхои фалсафа З.М.Усмонова, М.М.Комилова, С.С. Обидчонов, И.Тошхучаев, номзади илмхои хукукшиноси Н.Гаффорова, мушовири давлатии дарачаи якум, собик прокурори ш.Чкалов Т.Почомуллоев, собик кормандони суду прокуратура О.О.Шарофов, М.Р.Хабибуллоев, Н.Махмудов, М.Рахимбоев, Р.Чураев фаъолият бурдаанд. Устодони кафедра оид ба корхои тадкикоти илми сол аз сол ба муваффакиятхо ноил мегарданд. Кафедра бо ДДМТ ва донишгоххои давлатхои ИДМ робитаи хуби хамкори дорад.

Соли тахсили 1998-1999 аз хайъати кафедраи мазкур кафедраи хукуки чинои ва граждани ва соли тахсили 1999-2000 кафедраи хукуки суди ва назорати прокурори таъсис ёфтанд.

То ташкил шудани кафедраи коргузории гумрук таъмини раванди таълим аз руи ин ихтисос низ ба зиммаи кафедраи илмхои давлатию хукуки гузошта шуда буд.

Холо дар кафедра асосан илмхои давлатшиноси таълим дода мешавад. Кафедра корхои тадкикоти илмиро тибки барномаи корхои илми аз руи мавзуи «Баъзе масъалахои инкишофи конститутсионии Точикистон дар мархилаи хозира» ба рох мондааст. Дар асоси барномаи мазкур дотсентон Х.С.Самадов ва Х.С.Тоатов дастури таълимии «Таърихи умумии давлат ва хукук» (Хучанд, ч.1, 1999)-ро интишор намудаанд. Хамчунин бахшида ба масъалахои мазкур кормандони кафедра як катор маколахо чоп кардаанд.

 

 

Кафедраи коргузории гумрук. Таъмин кардани хифзи мустакилияти иктисодии мамлакат, ки яке аз рукнхои асосии истиклолияти давлати махсуб мегардад, аз чумлаи вазифахои мухимтарин ба шумор меравад.Хифзи мустакилияти иктисодиёти давлат аз таъсири беруна ба души мутахассисони сохаи гумрук гузошта шудааст.

Бо назардошти талаботи хочагии халк ба мутахассисони ин соха бо фармони ректори Донишгох аз 18 ноябри с.2001 кафедраи коргузории гумрук таъсис дода шуд. Аз рузи нахустини ташкили кафедра вазифаи мудирии онро номзади илмхои иктисоди, дотсент Х.Баходуров дар зимма дорад. Солхои аввал дар кафедра номзадхои илмхои иктисоди, дотсентон Х.Баходуров, М.Пулодов, сармуаллимахо Д.Бобокалонова, Х.Пулодова, муаллим Б.Хучаев фаъолият кардаанд.

Устодони кафедра то хол дар мавзуъхои «Таърихи асосгузории гумрук», «Ташкил ва назорат дар системаи макомоти гумрук», «Омори гумрук» ва гайра рахнамохои таълим тахия намудаанд. Дар назди кафедра лабораторияи «Ташхиси гумруки» ташкил шудааст, ки бо воситахо зарури мучаххаз аст. Донишчуён дар лаборатория бисёр чихатхои кори макомоти гумрукиро ба таври аёни меомузанд.

Дар кафедра баробари кори таълиму тарбия ба тадкикоти илми низ диккати чидди дода мешавад. Устодони кафедра бахшида ба масоили гуногуни хадамоти гумруки маколахои илми интишор кардаанд. Солхои охир хайати устодони кафедраро хатмкунандагони факултаи хукукшиносии ДДХ А.Чумъаев, Н.Чалолов, Г.Кенчаев мукаммал гардониданд.

 

Кафедраи забонхо ва фанхои чамъияти с.1997 дар назди факултаи хукукшиноси таъсис ёфта, таълими забонхои точики, руси, хоричи, консепсияи табиатшиносии муосирро ба ухда дошт.

Дар кафедра 18 нафар устодони штати, аз чумла номзадхои илм, дотсентон, ба монанди И.У Косимов, А.Зохидов, М.А.Каримова, М.Иброхимов, М.М.Пулодов ба таълими шогирдон машгул буданд. Фаъолияти кафедра аз руи накшаи дурнамо чараён мегирифт. Кафедра бо мактабхои олии шахрхои Душанбе, Тошканд, муассисахои тадкикотии Маскав, Санкт-Петербург, Бишкек робитахои илми дошт.

Мудири кафедра дар давоми 10 сол номзади илмхои филология, дотсент М.Каримова буд.

Соли 2007 ба сабаби кам будани соатхои дарси кафедра бархам дода шуд.