Факултаи физикаю техника яке аз кадимтарин факултахо ва хамсоли Донишгох махсуб мешавад. То солхои 1970 факултахои физикаю математика дар якчояги амал менамуданд. Аз с.1965 то с.1972 вазифаи сарварии факултаро яке аз устодони пуртачриба, математик Отачон Курбонович Курбонов ба зимма дошт. Дар давраи рохбарии ин марди начиб ва ташкилотчии мохир дар факулта ихтисосхои нав, ба монанди физика ва асосхои истехсолот, математика ва накшакаши ва накшакашию рассоми таъсис меёбад.

Соли 1972 факултаи физика мустакил гардида, сарварии онро яке аз устодони сохибтачриба Туробхон Хучаев ба ухда мегирад. Дар солхои оянда вазифаи декании факултаро дотсентон, номзади илмхои фалсафа М.И.Исмоилов, номзади илмхои физикаю математика Ч.Л.Латипов, номзади илмхои физикаю математика М.Насриддинов, номзади илмхои физикаю математика Х.Р.Саидов, доктори илмхои техники, профессор У.Султонов, номзади илмхои техники С.Ёкубов ба зимма доштанд. Аз с.2007 декани факулта номзади илмхои педагоги, дотсент А.Х.Азизов мебошад.

Соли 1980 шуъбаи рассомию накшакаши ба факултаи мустакил табдил дода мешавад. Соли 1991аз хайати факултаи физика факултаи техника чудо шуда, то с. 1996 мустакилона фаъолият кард. Ба факултаи навтаъсис  дотсент Р.М.Шамсиев рохбар гардид. Соли 1996 ин ду факулта аз нав муттахид гардида, номи факултаи физикаю техникаро гирифт.

Аз огози фаъолияти факулта то солхои пас аз Чанги Бузурги Ватани бахри ташкил ва такомули раванди илмхои физика гурухи олимони номии Русия ба монанди И.И.Биргембаум, А.Т.Земляков, А.З., П.А.Маленко, Н.А.Зароченцов, Б.И.Яновский, И.Н.Горбатков ва дигарон сафарбар карда мешаванд. Бо сарварии онон ва шогирдон аз хисоби чавонони махалли, ба монанди Т.Х.Хомидов, НАкрамов. А.Бобоев аввалин лабораторияхои физики ва кабинетхои махсусгардонида созмон дода мешавад. Дар аввалхо танхо як кафедра - кафедраи физикаи умуми тамоми фанхои физики ва тахасусмандиро якчоя намуда бошад, баъдтар бо афзудани фанхои таълимии физики ва техники, дар оянда кафедрахои нав ба нав ташкил карда мешавад. Холо дар факулта 6 кафедра, аз чумла кафедрахои физикаи умуми ва чисми сахт, физикаи назарияви, услуби таълими физика, асосхои истехсолот ва технология, фанхои умумитехники ва мошинхои электронии хисоббарор фаъолият бурда, барои тайёр намудани мутахассисони сохаи маориф - муаллимони фанни физика, радиофизика ва асосхои электроника,технология ва сохибкори ва мутахассисони сохаи мошинхои электронии хисоббарор сахми калон гузошта истодаанд.

Дар чомеаи факулта бахри таълиму тарбия зиёда аз 60 нафар устодони варзидаи сохаи физика, радиофизика, физикаи чисмхои сахт, полимерхо, илми нучум, техникаи компутари фаъолият бурда истодаанд. Дар байни онхо олимони намоёни вилоят ва чумхури, ба монанди узви вобастаи АУ ЧТ, профессор С.Н.Каримов, доктори илмхои физикаю математика М.Умаров, доктори илмхои техники, профессор У.С.Султонов, доктори илмхои таърих, профессор Х.Ф.Абдуллозода, доктори илмхои физикаю математика, профессор А.Абдуманнонов, номзадхои илмхои физикаю математика, дотсентон Х.Р.Саидов, Ч.Л.Латипов, М.Ч.Чамолов, М.Шерматов, Г.Дадобоев, М.Шамсиев, С.Ю.Ёкубов, Г.Х.Усмонов, Р.Назаров, М.Шамсиддинов, Г.Обидчонов, М.Махмудов, Х.Тошхучаев ва дигарон (зиёда аз 40 нафар олимони унвондор) хастанд, ки барои тайёр намудани мутахассисони сохаи маориф сахм мегузоранд. Олимони кафедра бо марказхои илмии собик Иттиходи Шурави, аз чумла бо олимони Пажухишгохи физикаю техникаи АУ Русия, Пажухишгохи тадкикоти физикаи хастаи ш.Дубна, Пажухишгохи астрофизикаи АУ ЧТ, Донишгохи давлатии миллии Точикистон, ДДОТ ва гайра хамкори доранд. Солхои охир дар чумхури ба сатхи тайёр намудани мутахассисон доир ба илмхои дакик диккати чидди дода мешавад. Хатмкунандагони факулта барои ба низом даровардани таълими илмхои дакик дар мактабхои хамагони сахм мегузоранд.

 

 

Кафедраи физикаи умуми ва чисмхои сахт аз с.1932 инчониб амал мекунад. Он солхо таълими мачмуи фанхои физикаю математика ба зиммаи кафедраи физикаю математика вогузор карда шуда буд. Аввалини мудири кафедра Абдугани Худойбердиев мебошад.

Соли 1937 кафедраи мазкур ба ду кафедра - физика ва математика таксим гардида, П.А.Маленко мудири кафедраи физика таъин мешавад.

Солхои 1937-38 дар кафедра номзади илмхои физикаю математика А.М.Макагон, муаллимон В.А.Пупирников, П.А.Маленко, А.Шинитсин, М.Акрамов, И.Г.Зароченсев кор кардаанд.

Солхои 40-ум дар кафедра доктори илмхои физикаю математика, профессор Б.М.Яновский ва дотсент Н.Г. Зуева фаъолият бурдаанд.

Устодони кафедра М.Акрамов ва Г.Н.Зароченсев дар набардхои зидди фашистони истилогар чони худро нисор карданд.

Охирхои солхои 50-ум дар назди кафедра лабораторияхои фаннии механика, физикаи молекулави, электромагнетизм, оптика, физикаи атом ва ядро ташкил карда шуданд, ки барои баланд бардоштани тайёрии касбии донишчуён мусоидат карданд. Хамон солхо бо максади мониторинги фони радиатсионии ш.Ленинобод ва вилоят экспедитсияи илми ташкил карда, радиоактивияти хаво, об ва хок омухта шуд. Ба кори экспедитсияи илми донишчуёни болаёкат - В.И.Попов, Х. Муртазоев, О. Шамсиддинов, Х.  Абдуллозода ва дигарон чалб карда шуданд.

Солхои 60-ум як гурух хатмкунандахои факултаи физикаю математика, аз чумла Э.Файзиев, Б.П.Левкин, О.Мамадов, О.Усмонов, У.Нематуллоев, А.Осимов ва муаллимони чавон, дастпарварони ДДТ А.Раупов, А.Мамадчонов ба аспирантураи АУ Точикистон ба ш.Душанбе фиристонида шуданд. Минбаъд аксари кулли онхо рисолахои номзади химоя карда, ба кафедра баргаштанд ва солхои тулони ба донишчуён аз физика таълим додаанд.

Солхои 70-80-ум як гурух шогирдони кафедра дар марказхои бонуфузи илмии Иттиходи Шурави тачрибаомузи карда, тахсили аспирантураро ба охир расонданд. Дар ташкили ин кор ва тарбияи кадрхои чавон мудири кафедра дотсент Х.Неъматуллоев (1971-82) захмати зиёд ба харч додааст. Дар ин солхо бо дастгирии рохбарияти донишкада муаллимони чавони кафедра, аз чумла А.Абдувалиев, Х. Бобоназаров, У. Султонов, М. Шерматов, А.Абдуманнонов, Г.Дадобоев, Ф.Чалилов, К.Исмонкулов бомуваффакият рисолахои худро химоя карда, ба кафедра баргаштанд.

Бинобар зиёд шудани иктидори илмии кафедра солхои хаштодум, дар кафедра якчанд самтхои нави тадкикоти физики ба рох монда шуд: механикаи моеъ ва газхо (М.Г.Ширкевич, А.Мамадчонов, У.Неъматуллоев); физикаи чисмхои сахт (М.Шерматов, Х.Бобоназаров, У.Султонов, А.Абдуманнонов, Г.Дадобоев, К.Исмонкулов, И.Каримхучаев); физикаи атом ва ядро (Х.Муртазоев, А.Абдувалиев).

Аз солхои 80-90-ум устодони кафедра дар халли масъалахои илми-истехсоли фаъолона ширкат меварзанд.

Дар кафедра ба корхои тадкикоти илми диккати чидди дода мешавад. Солхои охир дастпарварони факулта М.Шамсиддинов (тахти рохбарии С.Каримов, А.Абдуманонов, У.Султонов), Ш.Шерматов (тахти рохбарии С.Каримов ва М.Шерматов), А.Очилов (тахти рохбарии С.Каримов, Х.Бобоназаров), Н.Бозоров (тахти рохбарии А.Абдуманнонов) рисолахои номзадиро бо муваффаккият химоя карданд.

Кафедра дар шахси устодон А.Абдувалиев, Х.Муртазоев солхои тулони бо маркази бузурги тадкикоти ядроии ш.Дубна робита дорад. Хамкори бо ПФТ ба номи Иоффе АУ Русия ва дигар марказхои илми самараи хуб медихад. Устодони кафедра У.Султонов, А.Абдуманнонов солхои душвори 90-ум дар лабораторияхои ПФТ ба номи А.Ф.Иоффе (С.-Петербург) корхои тадкикотии худро идома дода, рисолахои докториашонро бомуваффакият химоя карданд. Алхол дар кафедра як нафар доктори илмхои физикаю математика (А.Абдуманнонов), як нафар доктори илмхои техники (У.Султонов), ду нафар номзад-профессорон (Х.Муртазоев ва М.Чамолов), шаш нафар номзад-дотсентон фаъолияти таълими ва илми мебаранд. Тахти рохбарии профессор А.Абдуманнонов алхол се нафар аспирантон (Р.Валиев, З.Юсупов, Ш.Лукмонова) тадкикоти илми бурда истодаанд. Хамчунин дотсент М.Шерматов ба кори илмии се аспирант рохбари мекунад.

Фаъолияти илмию педагогии устодони кафедра профессор М.Чамолов, дотсентон Г.Додобоев, К.Исмонкулов, Т.Хучаев, М.Акрамова, Н.Бозоров ва сармуаллим, номзади илм И.Каримхучаев хеле назаррас аст.

Ба туфайли устодони кафедра дар тадкики физикаи чисмхои сахт дар заминаи кафедра соли 1990 семинари байналхалкии «Масоили актуалии мустахкамии чисмхои сахт» гузаронида шуд. Дар кори семинар олимони намоёни физикаи муосир профессорон В.А.Лихачев, А.И.Слускер, В.С.Куксенко, А.М.Лексовский, В.И.Веттегрен ва дигарон иштирок карданд.

Бахшида ба 70-солагии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров соли 2002 бо ташаббуси кафедра конференсияи байналхалкии «Масоили муосири хосиятхои физикавию механикии мухитхои конденсиронида» гузаронида шуд. Дар он ба гайр аз олимони Точикистон инчунин олимони хоричаи наздик ширкат варзиданд.

Устодони кафедра дар истифодаи воситахои техники дар раванди таълим аз чумлаи пешсафон ба хисоб мераванд. Хануз дар солхои 70-ум аз тарафи дотсент У.Неъматулоев кабинети махсуси истифодаи воситахои техники ташкил карда шуда буд. У.Неъматулоев курси нави «Услуби истифодаи воситахои техникии таълим ва ташкили лабораторияи он»-ро мехонд, ки дар он солхо усули пешкадами таълим ба шумор мерафт.

Дар кафедра аз солхои 80-ум сар карда таълими курси махсуси физикаи чисмхои сахт ба рох монда шудааст. Минбаъд фанхои физикаи чисмхои сахт ба сифати фанхои тахассуси ба донишчуёни ихтисоси «физика» аз семестри шашум то хатми Донишгох таълим дода мешавад. Дар курсхои махсус ва лабораторияхо донишчуён оид ба проблемахои физикаи муосир, махсусан физикаи чисмхои сахт, ки яке аз самтхои тез тараккикунандаи физика ба шумор меравад, дониши чукуру хамачониба меандузанд. 

Дар кафедра бо максади шинос кардани донишчуёни курсхои боло бо проблемахои физикаи муосир таклиф кардани олимони номи барои хондани лексия ва курсхои махсус анъанаи хуб шудааст. Таи солхои гуногун олимон-профессорон В.Р.Регел, А.И.Слутскер, А.М.Лексовский В.С.Куксенко, В.И.Веттегрен, В.П.Тамуж, С.П.Капитса, Ш.Т.Тўйчиев, Ф.Х.Хакимов ва дигарон ба кафедра ташриф оварда, лексияхои пурмазмун хондаанд. Натичаи он аст, ки гузориши корхои илмии донишчуён ва устодони кафедра дар савияи баланд вокеъ буда, борхо дар Донишгох кадр карда шудааст. Аз чумла, кафедра аз руи нишондодхои корхои таълими ва тадкикоти илми дар донишгох якчанд бор чои аввалро гирифтааст. Профессор А.Абдуманнонов сазовори чоизаи «Олими сол»-и Донишгох (2006), дотсент М.Шерматов дар озмуни ихтирокорони вилоят(2006) сазовори чои 2-ум  гаштаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар нумуи кадрхои илмии кафедра хизмати собик мудири кафедра дотсент У.Неъматуллоев хеле калон мебошад. Устод У.Неъматуллоев дар муддати кутох (1972-1982) кариб дах нафар муаллимони чавонро ба аспирантура фиристонида, то ба номзади илм расидани онхо кумак намуданд.

Алхол дар назди кафедра шаш лабораторияи таълими аз физикаи умуми ва чисмхои сахт, лабораторияи тадкикоти илми ва маркази илмии «Кристалл»  амал мекунад.

Кафедраи физикаи назарияви. Таърихи кафедраи физикаи назариявиро аз ибтидои ташкилёбии бахши физикаю математикаи Донишкадаи олии омузгори аз с.1932 ибтидо гузорем, хато намешавад. Зеро омузиши фанхои физикаи назарияви, монанди механикаи классики, электродинамика, физикаи омори, термодинамика, механикаи кванти дар бахшхои навбунёди физикаю математика ба пурраги чараён дошт. Аз ибтидои ташкилёбии Донишкада то с.1974 таълими фанхои номбурда дар доираи кафедраи физика сурат мегирифт. Дар тули солхои 1930-1940 таълими фанхои физикаи назарияви ба зиммаи дотсент П.А.Маленко, профессор Б.Н.Яновский, дотсент М.З.Маркович, сармуаллим В.Ф.Лукянченко гузошта шуда буд.

Дар охирхои солхои 1950 ба кафедраи физика дастпарварони ДДТ ба номи В.И.Ленин, мутахассисони сохаи физикаи назарияви Б.П.Лёвкин ва А.Раупов ба сифати 4 муаллими калон кабул карда, гузаронидани машгулиятхои  фанхои физикаи назарияви ба ухда онхо гузошта шуд.

Ибтидои солхои 70-ум аз сабаби афзудани талабот ба омузгорони фанни физика ва кушода шудани ихтисосхои нави физика ва асосхои истехсолот, физика-математика, математика-физика ва фанхои умумитехники ва физика зарурати чудо кардани кафедраи физика ба кафедрахои физикаи умуми, физикаи назарияви ва услуби таълими физика ба миён меояд.

Дар натича соли хониши 1974-75 кафедраи физикаи назарияви таъсис дода мешавад.

Сарварии кафедраи навбунёдро номзади илм, дотсент Акмалхон Зайниддинович Осимов ба ухда мегирад. Дотсент А.З.Осимов шогирди яке аз олимони намоёни Иттиходи Шурави доир ба физикаи ултрасадо В.Ф.Ноздрев мебошад.

Дар огози ташкилёби гузаронидани машгулиятхо аз фанхои физикаи назарияви, назарияи моддахо ва астрономияи умуми ба зиммаи ин кафедра гузошта мешавад.

Соли 1975 ба хайъати кафедра номзадхои илмхои физикаю математика, дотсентон М.Насриддинов ва Ч.Латипов шомил гардида, потенсиали илмию омузгории кафедраро гани мегардонанд.

Аз хамин сол эътиборан дарачаи касбии хайъати кафедра ба талаботи мактабхои оли чавобгу мегардад, зеро ки 60 фоизи устодони кафедра сохиби дарачаи илми ва мутахассисони касбии сохахои физикаи назарияви (Х.Р.Саидов, М.Насриддинов, А.Осимов, Б.П.Лёвкин) астрономия, астрофизика (Э.Файзиев, Ч.Л.Латипов) ва физикаи ядро (Х.Абдуллоев) буданд. Раванди мунтазами такмили ихтисоси муаллимон дар муассисахои илмии шахрхои марказии Иттиходи Шурави ба рох монда шуда буд. Аз чумла устодон М.Рустамов, А.Раззоков ва В.И.Попов дар факултахои такмили ихтисоси донишкадахои омузгории ш.Маскав, Ленинград (Санкт-Петербург) ва Тошканд тахсил карданд.

Аз с.1977 ба вазифаи мудирии кафедра мутахассиси пурмахорат, дотсент М.Насриддинов таъин мегардад.

Аз мохи марти с.1977 мувофики карори Садорати АУ Точикистон, бо ташаббуси шодравон, олими номвар ва арбоби чамъияти, академик М.С.Осими ва сарпарастии собик дастпарвари факулта, сарвари Пажухишгохи астрофизикаи АУ Точикистон, ахтаршиноси машхури олам, академик П.Бобочонов бахши лабораторияи ионосфераи Пажухишгохи астрофизики дар назди кафедраи физикаи назарияви таъсис дода мешавад. Ин марказхои илмию фархангии чумхури барои бо тачхизоти тадкикотию мушохидавии замонави мучаххаз сохтани лабораторияи навбунёд ёри расонданд. Лабораторияи мазкур бо сарварии дотсент Ч.Л.Латипов дар аввали с.1978 дар мавзеи стансияи агробиологии шахраки Палос арзи вучуд кард.

Дар танзими дастгоххои родиёви ва системаи антеннахои он ва огози нахустин мушохидахои радиолокатсионии заррашихобхо устодони чавони факулта, ба монанди В.И.Попов, А.Кодиров, А.Кодиров, М.Шарипов, Т.Асири, М.Рустамов ва гайра ширкат меварзанд.

Аз с.1980 мушохидаи мунтазами селаи шихобхо огоз мегардад. Аз руи натичахои корхои илмию мушохидави бори аввал дар кафедра накшаи дурнамои корхои тадкикоти илми ва таълимию методи барои солхои 1981-85 созмон дода мешавад. Мувофики ин накша ба ичроиши корхои мушохидавии лаборатория бахри тайёр намудани корхои курси ва рисолахои дипломи донишчуёни курсхои болоии факулта чалб карда мешаванд. Аз байни ин толибилмон минбаъд олимони намоён ба воя расиданд, ки Гафурчон Усмонов - номзади илм, дотсент ноибректори Донишгох, Мирчамолов Комилчон - номзади илм, дотсент аз он чумлаанд.

Аз муаллимони чавон Абдуррахмон Кодиров аз руи натичахои мушохидахои родиёии лаборатори доир ба пахншавии шихобии радиомавч дар мухити кухсор соли 1990 бо муваффакият рисолаи номзади дифоъ намуд.

Мувофики накшахои дурнамои илмии кафедра тадкикот аз руи ду равия идома ёфта истодааст. Равияи аввал ба масоили тадкики назарияи гузариш дар газхои бисёратома (рохбари илми профессор М.Насриддинов) ва равияи дуюм ба масъалаи пахншавии шихобии радиомавчхо дар асоси базеси кутох (300км), (рохбари илми дотсент Ч.Латипов) бахшида мешавад. Дар тули мавчудияти кафедра кормандони он баробари ривочу равнак додани корхои таълиму тарбия дар нашри бозёфтхои илмии худ комёбихои назаррасро сохиб гардиданд. То ин дам онхо дар мачаллахои илмии собик ИЧШС ва АУ ЧТ бештар аз 260 маколаи илми дарч намудаанд. Мувофики накшаи корхои илми-методи устодони кафедра аз руи тамоми равияхои фанни физикаи назарияви нишондодхо ва дастурхои таълими барои ихтисосхои физика, радиофизика ва технологияи сохибкори тахия сохтаанд. Аз чумла, дастурхои таълимии профессор М.Насриддинов бо хамкории устодони ДДМТ дар мактабхои олии Точикистон мавриди истифодаи донишчуён карор доранд.

Кафедра дар тули солхои 1978-90 корхои тадкикоти илмиро дар асоси шартномахои хочагидори бо Пажухишгохи астрофизикаи АУ ЧТ ва Донишгохи давлатии Казон ба номи В.И.Улянов ба маблагхои калони пули ба ичро расонида буд.

Солхои 1980-90 дар бунёди аввалин осорхонаи таърихии Донишгох ва насоси обкаши зеризамини дар мавзеи тачрибавии табиатшиносони донишгох дар шахрчаи Палос олимони кафедра, махсусан дотсентон Ч.Латипов ва Х.Бобоназаров хиссаи назаррас гузоштанд.

Кафедраи услуби таълими физика ва технология. Кафедра дар соли хониши 1974-75 мувофики талаботи замон ва афзудани эхтиёчот ба омузгорони сохибтачрибаи фанни физика таъсис ёфт.

Аз ибтидои ташкилёбии факулта (1938) то солхои баъди чанг гузаронидани машгулиятхои назариявию амалии фанни услуби таълими физикаро устодони бомахорат П.Л.Маленко, А.Н.Довидов ва Т.Х.Хомидов дар ухда доштанд. Солхои 1950-70 як зумра устодони варзида, сармуаллимон М.Насруллоева, З.Сулаймонова, Р.Муродов, М.Сатторов, О.Махмудов, Ч.Аликулов, А.Шодиев, А.П.Крикун ва дигарон таълими ин фанро амали мегардонанд.

Аз огози таъсиси кафедра сарварии он ба души устоди нуктасанч, яке аз поягузорони факулта, шодравон Точи Хомидович Хомидов гузошта шуд.

Дар он солхо танхо як лабораторияи услуби таълими физика вучуд дошт. Солхои 1960-70 бори гарони ташкили корхои лаборатори мувофики талаботи фанни мактабхои миёнаи хамагони ба души муаллимони варзидаи кафедра, устодони сохибтачрибаю нуктасанч Рахматчон Муродов, Зайнаб Сулаймонова ва Абдуманнон Сатторов гузошта шуда буд. Дар омода намудан ва гузориши корхои лаборатори коркунони ёрирасони кафедра Иван Михайлович Бородавкин, Таисия Ивановна Парфенова багоят хиссагузори мекарданд. Соли 1977 ба вазифаи мудирии кафедра дастпарвари факулта (1954), номзади илм (1963), дотсент Ч.А.Абдуллоев таъин мегардад. Ч.А.Абдуллоев фаъолияти мехнатии худро аз соли 1957 пас аз хатми аспирантураи Пажухишгохи физикаю техникии АУ ЧТ ба сифати ходими хурди илми огоз намуда, баъдтар дар тули солхои 1965-77 дар вазифаи дотсенти Донишгохи давлатии Тошканд кор кардааст.

Дар давраи сарварии у дар доираи кафедра лабораторияи дуюм, ки «лабораторияи тачрибаи мактаби» ном дошт, таъсис дода, пойгохи моддию техникии кафедра ба андозае гани гардонида шуд.

Кормандони кафедра гайр аз таълиму тарбия ба корхои илми, махсусан ба масъалаи истифодаи манбаъхои гайримаъмулии энергия диккати махсус медиханд. Дар ибтидои солхои 1980 раванди корхои илми-методии устодони кафедра чоннок мегардад. Сармуаллимони кафедра Г.Обидчонов ва Э.Исоков барои ба итмом расонидани рисолахои номзади ба Пажухишгохи мазмун ва услуби таълими Академияи улуми педагогии ИЧШС фиристода мешаванд. Дере нагузашта Г.Обидчонов дар мавзуи «Услуби чори намудани робитаи байнифаннии физика бо предметхои касби-техники» (1982) ва Э.Исоков дар мавзуи «Тарбияи эстетикии хонандагони синфхои болои хангоми таълими синфи ва беруназсинфии фанни физика» (1985) дар Шурои илмии Академияи улуми педагогии ИЧШС дар ш.Маскав рисолахои номзадиашонро бо муваффакият дифоъ менамоянд.

Дар тули солхои 1987-95 вазифаи мудирии кафедраи услуби таълими физикаро дастпарвари факулта, номзади илм, дотсент Э.Исоков ичро менамояд.

Дар ин давра низ ба масъалахои самаранок гардонидани натичахои корхои тадкикоти илми, баланд бардоштани давомоти донишандузии шогирдон ва ташкили самарабахши тачрибаомузии омузгори эътибори чидди дода мешавад. Соли 1992 омузгори чавони кафедра А.Домуллочонов рисолаи номзадиашро дар ш.Ашкобод, дар Шурои илмии чамъияти илми-истехсолии «Офтоб»-и АУ Чумхурии Туркманистон дар мавзуи «Коркарди технологияи самаранок ва дастгоххои хушккунаки контсентратсияи кварси барои мавзеъхои гарми хушкбод» бо муваффакият дифоъ менамояд.

Дар аввали солхои 90-уми карни гузашта ба факулта мутахассиси намоёни сохаи таърихи илмхои дакики чумхури, доктори илм, профессор Хуршед Файзуллоевич Абдуллозода ба кор омад.

Бо огози фаъолияти мехнатии профессор Х.Ф.Абдуллозода тадкикоти илми дар кафедра вусъат ёфт. Х.Абдуллозода дар муддати начандон тулонии фаъолияти илмии худ дар факулта якчанд асархои илмии чолиби диккат, аз чумла «Таърихи риёзиёт дар Осиёи Миёна ва Шарки Наздик (асрхои VIIIV)» ва «Абумахмуди Хучанди ва таърихи астрономияи халки точик» таълиф намуд.

Соли 2000 дар таркиби сохтории кафедра тагйирот ба амал омада услуби таълими технология муттахид карда шуд. Аз ин вачх омузгорони фанхои услуби таълими технология, сармуаллими кафедраи асосхои истехсолот С.Рахимов, дотсенти кафедра А.Азизов ва муаллими чавон Мирзокулов М. ба хайъати кафедраи услуби таълими физика ва технология шомил гардиданд.

 

 

 

 

Кафедраи фанхои умумитехники. Дар нимаи якуми солхои 70 Хукумати Иттиходи Шурави оид ба чори намудани таълими техникии мактабиён карор кабул кард.

Чавобан ба ин карор дар донишкадахои омузгории мамлакат ихтсоси нави фанхои умумитехники таъсис дода шуд. Аз чумла дар факултаи физикаи ДДОЛ аз соли хониши 1966-67 ба чои ихтисоси физика ва асосхои истехсолот ихтисоси фанхои умумитехники ва физика чори гардид.

Дар соли ташкилёбии кафедра (1976) сарварии он ба зиммаи номзади илмхои техники, дотсент В.А.Антонов гузошта шуда буд. Дар хайати кафедра устодони варзида Чурабой Рачабов, Хасанбой Усмонов, Абдуахад Вохидов, Абдували Каюмов, Мирзохошим Шарипов ва дар нимаи дуюми солхои 70 хатмкунандагони аввалини ихтисоси нав С.Ёкубов, Т.Асири, С.И.Внукова ва дигарон фаъолият мебурданд. Лабораторияхои таълимии назарияи механизм ва мошинхо, муковимати маснуот, деталхои мошин, теплотехника, гидравлика, электротехника ва электроникаи кафедра бо асбобу лавозимоти техникии  замонави мучаххаз буданд.

Дар ташкилу гани гардонидани базаи моддию техникии лабораторияхои таълими хиссаи мудири аввалини он Владимир Александрович Антонов, устодон Чурабой Рачабов, Хасанбой Усмонов ва устодони чавони кафедра А.Каюмов, А.Вохидов ва А.Кодиров нихоят калон буд.

То солхои 90 ташкилу татбики олоти таълим пурра ба зиммаи кафедраи фанхои умумитехники ва олоти техникии таълим вогузор шуда буд ва он дар Донишкада кафедраи байнифакултави ба хисоб мерафт.

Дар соли хониши 1980-81 дар бадали як сол вазифаи мудири кафедра ба зиммаи сармуаллим, мухандиси болаёкати асбобхои электрони Абдуахад Кодиров гузошта мешавад.

Соли 1981 олими нуктасанч А.Хочиев мудири кафедра таъин гардид. У дар давоми солхои 1981-91 аввал ба хайси мудири кафедра ва сипас дотсенти кафедра ба баланд бардоштани савияи дониши толибилмон, такмили раванди таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландсифат сахми арзанда гузошт. Солхои 1991-2000 ба кафедра С.Ёкубов мудир мешавад. Аз с.2001 вазифаи мудири кафедра ба зимаи дотсент М.Махмудов гузошта шудааст.

Чомеаи мехнатии кафедра ба максади ривочу равнаки корхои тадкикоти илми бо марказхои илмии собик Иттиходи Шурави, аз чумла пажухишгоххои физикаю техника, астрофизикии АУ ЧТ, Пажухишгохи кибернетикии АУ Узбекистон, Донишкадаи электронию техникии ш.Маскав, ДДМТ, донишгоххои техникии шахрхои Ригаю Душанбе, заводхои «Алмос», «Садаф» робитаи илмию эчоди мукаррар кардаанд.

Кафедраи технология ва сохибкори. Соли 1957 дар назди факултаи физикаю математикаи ДДОЛ барои сарпарастии ихтисоси физика ва асосхои истехсолот (ФАИ) кафедраи асосхои истехсолот таъсис дода шуд. Хайъати омузгорон ва устохои таълими соли нахустини таъсисёбии кафедра аз 8 нафар иборат буд, ки асосгузори он дотсент Петр Антонович Маленко - олим, омузгор ва инсони начиб мебошад. Хамзамон дар назди кафедра устохонахои таълимии коркарди чубу фулузот ташкил карда шуд. Гузаронидани дарсхои назарияви ба зиммаи сармуаллимон А.И.Дураков ва Л.И.Мелехов гузошта шуда, машгулиятхои амалиро устодони сохибхунар С.М.Пекшев, В.И.Дураков ва А.И.Дураков ичро менамуданд.

Солхои нахустини ташкили кафедра тахти рохбарии П.А.Маленко ва кушишу гайрати омузгорон Л.И.Мелихов, В.А.Филимонихин, А.И.Дураков лабораторияхои таълимии мошинашиноси, радиотехника ва электротехника ташкил карда шуданд.

Аз с.1961 то с.1971 вазифаи сарварии кафедра ба зиммаи устоди сохибхунар А.И.Дураков вогузор карда шуд. Дар ин давра аз хисоби аввалин хатмкунандагони ихтисоси «Физика ва асосхои истехсолот» Д.Ахмадов, Ч.Рачабов, Х.Усмонов,  М.Камолов хайати кафедра пуркувват гардид, лабораторияи технологияи масолехи конструксиони (ТМК) ташкил ва лабораторияхои мошинашиноси ва устохонахои таълими мучаххаз карда шуданд.

Соли 1971 сарварии кафедра ба зиммаи номзади илмхои техники, дотсент В.А.Антонов гузошта шуд. Соли 1976 бошад бо сабаби афзудани номгуи фанхои таълими, лабораторияхо, кабинетхо ва гуруххои таълими кафедраи асосхои истехсолот ба ду кафедраи мустакили фанхои умумитехники ва асосхои истехсолот таксим карда шуд.

Сарвари кафедраи асосхои истехсолот аз с.1976 то 1987 сармуаллим М.Камолов таъин гардид. Дар ин солхо лабораторияхои таълимии теплотехника, гидравлика, хифзи мехнат ташкил карда шуд. Дар ташкили лабораторияи хифзи мехнат сахми омузгор Н.Мухаммадчонов назаррас мебошад.

Дар ин солхо дар кафедра таълими, як катор фанхои махсус, ба монанди трактор ва мошинхои кишоварзи, буридани масолех, дастгоххо ва олот, эчодкории техникии хонандагон ба рох монда шуд. Базаи моддию техникии кафедра боз хам пуркувваттар карда, автомобилхои таълимии зарури дастрас гардид.

Бо ташаббуси номзади илмхои химия, дотсент Вали Ганиевич Худойбердиев ва сармуаллим Дадохон Ахмадов аввалин маротиба дар асоси шартномаи хочагидори бо Пажухишгохи химияи АУ Точикистон лабораторияи тадкикоти илмии усули хосил намудани хулахои металлхои ранга таъсис дода мешавад. Ин лаборатория ба баланд бардоштани савияи касбии муаллимони чавон ва омода намудани онхо барои тахсил дар аспирантура хиссаи назаррас гузошт. Солхои оянда муаллимони чавони кафедра Р.Шамсиев, С.Ёкубов, Р.Назаров, М.Зиёбоев, Б.Обидов дар аспирантураи Донишкадаи техникаи электронии  ш.Маскав ва ПФТ дар ш.Ленинград будаи АУ ИЧШС тахсил карда, сохиби унвони номзади илм гардиданд.

Солхои 1987-93 сарварии кафедраи асосхои истехсолот ба зиммаи дастпарвари факулта, олими чавон, номзади илмхои техники, дотсент Рауф Шамсиев гузошта  шуд. Дар ин давра базаи модди-техникии лабораторияхо ва устохонахои таълимии кафедра боз хам мустахкам гардид, аз чумла якчанд номгуй дастгоххои харроти, тачхизот, асбобу лавозимот дастрас карда шуд.

Соли 1992 дар факулта бо ташаббуси Р.Шамсиев аввалин маротиба байни муассисахои олии омузгории Точикистон барои духтарон ихтисоси мехнати рузгордори ташкил карда шуд.

Аз соли 1988 кафедра фаъолияти худро дар бинои таълимии навбунёди махаллаи 20-уми ш.Хучанд огоз намуд. Дар ин давра лабораторияхои таълимии технологияи масолехи конструксиони, буридани масолех, автомобил, трактор ва мошинхои кишоварзи, асосхои стандартони, услуби омузиши таълими мехнат ташкил ва базаи модди-техникии онхо бо маводи зарури таъмин карда шуд.

Бо сабаби зиёдшавии шумораи фанхои таълимии кафедра ва таъсиси ихтисосхои нав с.1988 номи кафедра асосхои истехсолот ва услуби омузиши таълими мехнат тасдик карда шуд.

Соли 1991 бо назардошти талаботи хочагии халки вилоят ба мутахассисони баландихтисоси сохахои гуногун, дар асоси факултаи физика, факултаи техники таъсис дода шуд, ки нахустдекани он дотсент Р.М.Шамсиев  таъин гардид. Бинобар ин рохбарии кафедраи асосхои истехсолот ва услуби омузиши таълими мехнат ба зиммаи номзади илмхои физикаю математика, дотсент Р.Назаров гузошта шуд. Мохи январи с.1994 аз хисоби ин кафедра боз як кафедраи нав бо номи механизатсияи истехсолоти саноати ва хочагии кишлок (МИС ва ХК) ташкил гардид ва ба вазифаи мудирии он номзади илмхои физикаю математика, дотсент М.Шамсидинов таъин карда шуд.

Соли 1996 кафедраи асосхои истехсолот ва услуби омузиши таълими мехнат бо кафедраи МИС ва ХК муттахид карда, ба он номи кафедраи асосхои истехсолот дода шуд.

Бо максади мувофик намудан ба стандартхои умумибашарии маълумоти оли аз мохи июни с. 2002 кафедра номи технология ва сохибкориро гирифт.

 

 

Кафедраи техникаи хисоббарор ва воситахои техникии таълим яке аз кафедрахои чавонтарини Донишгох буда, соли 1990 дар асоси кафедраи фанхои умумитехники таъсис ёфтааст ва дорои пойгохи моддию техникии пуркувват мебошад.

Аввалин мудири кафедра номзади илмхои физика ва математика, дотсент Х. Гафуров буд. Аз соли 1995 то соли 2000-ум доктори илмхои техники, узви вобастаи Академияи мухандисони ЧТ ва Русия, узви Шурои диссертатсионии Донишгохи Алмаато, профессор Н. Рабечонов мудирии кафедраро дар ухда дошт.

Аз мохи майи с.2001 то имруз мудири кафедра номзади илмхои техники, дотсент Х.Тошхучаев мебошад.

Дар кафедра 15 нафар кормандон, аз чумла 2 дотсент, 4 сармуаллим, 6 муаллим ва 3 корманди ёрирасони таълим машгули мехнатанд. Дар кафедра омузгорони пуртачриба А. Каюмов, Х.Ахмадов ва А.Рузимуродов дар сохаи воситахои техникии таълим, муаллимон А.Домуллочонов, У.Юнусова, Х.Чураева, Н.Махмудова, А.Голошубов ва дигарон дар риштаи МЭХ фаъолият мебаранд.

Кафедра барои сохахои гуногуни хочагии халк  мутахассисони самти 22.01.00- мошинхои хисоббарор, мачмаахо, системахо ва шабакахо тайёр мекунад.

Холо дар ихтиёри кафедра як лабораторияи воситахои техникии таълим ва 10 мошини электронии хисоббарори хозиразамон Pуntiгm I ва Pуntiгm III, утоки компутарии «Хоббит» мавчуд аст, ки дар раванди таълим истифода бурда мешаванд. Дар кафедра барои аспирантони соли 2-юми тахсили Донишгох фанни «Моделиронии математики, барномасози ва техникаи хисоббарор» таълим дода мешавад. Омузгорони кафедра барои ихтисосхои гуногуни факултахо оид ба ташкил ва гузаронидани машгулиятхо барномахои махсус тахия кардаанд. Минбаъд дар заминаи кафедра ташкил намудани курси махсуси омузиши МЭХ на танхо барои донишчуён, балки барои  омузгорони хамаи факултахо низ ба накша гирифта шудааст.

Кормандони кафедра алхол мувофики барномаи дурнамои тадкикоти  илмии 5-сола дар мавзуи « Татбики тачхизоти замонави ва таъминоти барномавии МЭХ дар раванди таълим» корро идома дода истодаанд. Омузгорони кафедра тавассути иштироки фаъолона якчанд сайтхоро омода сохта, ба сомонаи Интернет ворид намуданд.