Факултаи филологияи узбек. Заминаи факулта кафедраи забон ва адабиёти узбек мебошад, ки он дар с.1952 ташкил шудааст. Ба вазифаи мудири кафедра яке аз нахустин номзадхои илм дар ДДОЛ ба номи С.М.Киров Обидчон Орифи таъин гардид. Кафедра дар хайъати факултаи таъриху филология фаъолият мекард. Соли 1977 дар заминаи он ду кафедра - кафедраи забони узбеки ва кафедраи адабиёти узбек таъсис ёфт.

Соли 1991 факултаи филологияи узбек мустакилона фаъолияти худро огоз намуд. Дар солхои 1991-1998 ба факулта дотсент Тошпулод Абдукулов, дар солхои 1998-99 профессор Абдусалом Абдукодиров рохбари карданд. Аз мохи декабри с.1999 то мохи декабри с.2000 факулта бо факултаи филологияи рус муттахид шуд. Аз 29 декабри с.2000 факулта боз мустакил гашт ва ба он дотсент Эгамберди Мавлонбердиев декан таъин гардид. Аз с.2007 рохбарии факулта ба зиммаи дотсент Бойирбой Шеронов вогузошта шудааст.

Дар факулта зиёда аз 400 нафар донишчуён дар шуъбахои рузонаву гоибона тахсил мекунанд. Дар факулта кафедрахои забони узбеки, адабиёти узбек, услуби таълими забон ва адабиёти узбек амал мекунанд.

Факултаи филологияи узбек дар байни Донишгох дар сохахои таълиму тарбия ва илм пешкадам буда, дар он ду доктори илм ва 15 номзади илм фаъолият мебаранд. Хатмкунандагони ин факулта дар сохахои гуногуни маориф, сохторхои хукумат хизмат мекунанд. Шоирон ва адибони шинохта Шойим Бутаев, Аскар Махкам (шодравон), Одил Икром, Мафтун Чура, Шариф Нуриддин, Ахли Расул Мухаммад, Эшмухаммад Донахонов, Абдуллох Зухур, Неъмат Иброхим, хунарманди шоистаи Чумхури Ахмадчон Очилбоев ва гайрахо дастпарварони факулта мебошанд.

Олимони факулта бо Пажухишгохи забон ва адабиёти АУ Узбекистон, Донишгохи милли ва Донишгохи омузгории ба номи Низомии Чумхурии Узбекистон, донишгоххои Гулистон, Фаргона, Андичон, Донишгохи Ботканди Чумхурии Киргизистон робитахои илмию таълими доранд.

Кафедраи забони узбеки. Таърихи кафедраи забони узбеки аз с.1952 сар мешавад. Дар аввали солхои 50-уми карни ХХ кабули донишчуён ба шуъбаи филология васеъ гардида, кафедрахои нав кушода шуданд.

Соли 1964 кабули довталабони аввалин ба филологияи узбек огоз ёфт. Нахустин хатмкунандагони он Э.Шодиев (Ходими шоистаи илми Чумхурии Точикистон, доктори илмхои филологи, профессор), О.Абдуназаров (номзади илмхои филологи, дотсент, солхои тулони мудири кафедра) буданд.

Соли 1952 кафедраи забон ва адабиёти узбеки таъсис ёфт. Аввалин мудири кафедра О.Орифов, муаллимон О.Абдуназаров, А.Алимухаммадов, Х.Мамадов ва дигарон барои ривочу равнаки маорифи халк кушишхои бисёр харч додаанд.

Сафи донишчуён хам афзоиш ёфт. Муаллимон ба дехахои дурдаст сафар карда, нафакат писаронро, балки духтарони махаллиро ба хондан ташвику таргиб карда, ба донишгох меоварданд.

Аз солхои 60-ум дар таърихи кафедра мархилаи нав шуруъ мегардад. Дар фаъолияти кафедра ба масъалаи тайёр кардани кадрхои баландихтисос диккат дода мешавад. Махз дар хамин дахсола аъзои кафедра Х.Мамадов, О.Абдуназаров, А.Бердиалиев, Э.Шералиев ва А.Каримов бомуваффакият рисолахои номзади дифоъ намуданд.

Соли 1977 кафедрахои забони узбеки ва адабиёти узбек мустакил гардиданд.

Соли 1980 А.Бердиалиев рисолаи доктории худро бомуваффакият дифоъ намуд. Кормандони кафедра ба масъалаи муносибатхои дустиву бародарии халкхои точику узбек, робитаи мутакобилаи забонхои ин халкхои бародар диккати чидди медиханд. Дар омузиш ва тадкики ин масъала кафедра дар байни кафедрахои донишгоххои Осиёи Маркази яке аз чойхои намоёнро ишгол мекунад. Олимони кафедра дар тадкики дустии Чомиву Навои, масъалахои таъсири мутакобилаи забонхои точику узбек, анъанахои зуллисонайн дар адабиёт хиссаи калон гузоштаанд.

Аъзои кафедра - дотсентон Х.Мамадов, А.Каримов, Э.Шералиев аз чумлаи мураттибони лугати бисёрчилдаи забони узбеки мебошанд. Дотсент О.Абдуназаров дар таърихи лугатшиноси нахустин «Лугати мухтасари точикию узбеки»-ро навишта, ба татбики «Конуни забон» хиссаи арзанда гузошт.

Дар соли 1993 дар асоси кафедраи забони узбеки ду кафедра - забоншиносии узбек ва забоншиносии умуми таъсис ёфт ва соли 1996 дар кафедраи забони узбеки муттахид гардиданд.

Дар айни замон дар кафедра 8 нафар устодон, ду профессор, 4 дотсент, 2 муаллим кор мекунанд. Дар солхои истиклолият хашт нафар кормандони кафедра рисолахои номзадию докториро химоя карданд.

Кафедра фаъолияти илмии худро асосан ба халли ду масъала равона кардааст:

1) Тадкикоти системавии сохти забони узбеки; 2) Тадкикоти таърихи забон ва шевахо. Кушода шудани аспирантура оид ба забони узбеки фаъолияти илмии кафедраро бехтар кард. То имруз чанд нафар аспирантон рисолаи номзадиро дифоъ намуданд.

Олимони кафедра зиёда аз 40 китоб, аз чумла 17 мачмуаи илми нашр карда, ба равнаки илми филология хиссаи арзанда мегузаранд.

Дар кафедра махфилхои «Забоншиносони чавон» ва «Хатти ниёгонро меомузем» фаъолият мекунанд.

 

Кафедраи адабиёти узбек с.1977 ташкил шуда, ба он профессорон Х.Мирхайдаров (1977-86; 1997-2004), Э.Шодиев (1986-88; 1993-95), А.Абдукодиров (1988-97) мудири кардаанд. Дар давоми си сол дар кафедра профессорон Э.Шодиев, Х.Мирхайдаров, А.Абдукодиров, дотсентон Э.Мавлонбердиев, Т.Абдукулов, А.Абдурахмонов, Х.Эшонкулов, В.Рахмонов, Ч.Усмонов, Ю.Шоназаров, Б.Алиев, М.Суюнов, А.Эрмухаммедов, Б.Файзуллоев, С.Махсумхонов, М.Ойматова, сармуаллимон А.Давронов, С.Тилабов, муаллимон Х.Кодирова, О.Абдуллоев кор карданд.

Олимони кафедра дар ин муддат зиёда аз 200 рисола, дастурхои таълими-методи, мачмуахои илми, китобхои дарси ва 1000 маколаи илми чоп намуданд. Аз с.2004 мудирии кафедра ба зиммаи А.Абдукодиров гузошта шудааст.

Дар кафедра барои мактабхои тахсилоти умуми ва оли барномаю рахнамохои таълим ва китобхои дарси тахия карда мешаванд.

Дар кафедра ба кори тадкикоти илми диккати махсус дода мешавад. То имруз дар ин боргохи дониш зиёда аз 20 нафар номзад ва доктори илм тайёр карда шудааст.

Кафедраи услуби таълими забон ва адабиёти узбек. Соли 1999 кафедраи услуби таълими забон ва адабиёти узбек ташкил карда шуд ва ба вазифаи мудири кафедра дотсент Э.Мавлонбердиев таъин гардид. Дар ин кафедра 3 дотсент, номзади илмхои филологи ва 3 сармуаллим ба тадрису таълим ва тадкикоти илми машгуланд.

Солхои 2000-2004 доктори илмхои филологи, профессор А.Абдукодиров вазифаи мудирии кафедраро дар зимма дошт.

Аз с.2004 мудири кафедра номзади илмхои филологи, дотсент Т.Турдибоев аст. Алхол дар кафедра 6 дотсент, номзади илмхои филологи: Э.Шералиев, Т.Турдибоев, Э.Мавлонбердиев, Б.Файзуллоев, А.Рахмонкулов, М.Ойматова, муаллим Н.Чуманов ва лаборант Х.Бобоева кор мекунанд.

Барномаи таълимии кафедра фанхои услуби таълими забон, таълими адабиёт, эчодиёти дахонии бадеи халк, хониши ифоданок, асосхои маданияти нутк, мукаддимаи шеършиноси, тахлили шеър, хатти ниёгон, шевашиноси, хатти лотини, таърихи хат ва хаттоти; курс ва семинари махсус аз услуби таълими забон, курс ва семинари махсус аз услуби таълими адабиёт, корхои курси, тачрибаи омузгори, экспедитсияи фолклори ва шевашиносиро дарбар мегирад.