Факултаи филологияи точик аз кухантарин ва калонтарин сохторхои таълимии Донишгох буда, он соли хониши 1933-34 ба сифати шуъбаи адабию лингвисти таъсис ёфта буд ва ду нафар муаллимони ин шуъба ба 16 нафар донишчуёни соли аввал таълим медоданд. Вале аз вачхи набудани мутахассисон ва теъдоди нокифояи донишчуён факулта дер амал накарда, накшаи кабули донишчуёни он ба собик Донишкадаи давлатии омузгории шахри Душанбе (холо ДДОД ба номи устод С.Айни) дода шуд. Аммо бо такозои таъмини эхтиёчи зиёди шимоли Точикистон ба мутахассисон соли тахсили 1937-38 аз нав факултаи таъриху филология таъсис ёфт, ки он аз ду шуъба - забону адабиёти точик ва таърих иборат буд. Баъдтар шуъбахои забон ва адабиёти узбек, забон ва адабиёти рус ва хамчунин шуъбаи гоибона ташкил гардиданд.

Солхои 50-ум ба хайати факулта шуъбахои забонхои хоричи ва педагогикаю методикаи таълими ибтидои низ шомил гардиданд. Таи ин солхо неруи илмию таълими ва пояи моддию техникии факулта пайваста тахким ёфта, теъдоди донишчуён хеле афзуд, ки ин ба ташкили факултахои нав замина гузошт. Ин аст, ки соли 1956 шуъбаи забонхои хоричи, соли 1960 шуъбаи педагогика ва методикаи таълими ибтидои, соли 1964 шуъбаи забон ва адабиёти рус ба факултахои мустакил табдил ёфтанд. Дертар шуъбахои таърих (1987), забон ва адабиёти узбек (1991) низ ба сифати факултахои алохида арзи вучуд намуданд.

Муаллимони аввалини факулта Ф.Абдуллозода (нахустин мудири кисми таълими донишкада), А.Мирпочоев, М.Мансуров, А.Окилов, М.М.Явич, А.Нестеренко, М.Назиров, Ч.Хочаев, Б.Олимчонов, А.Турсунов, А.Гаффоров ва дигарон дар ташаккул ва инкишофи иктидори зехнию маърифатии таълимгохи хеш накши бориз гузоштанд.

Солхои минбаъда хайъати олимони факулта аз хисоби нахустин номзадхои илм О.Орифи, К.Тохирова, М.Турсунов ва А.Сайфуллоев мукаммал гардид. Бо омадани ин донишмандон ва як зумра омузгорони чавони болаёкат, аз кабили А.Сатторов, Ю.Салимов, А.Усмонов, У.Ахмадова, А.Ваххобов, Р.Тошматов ва Б.Махсумова неруи илмию таълимии факулта ва кафедрахои забону адабиёти точик пуркувват шуда, сифати тайёр кардани кадрхои баландихтисоси сохаи филология ба дарачот бехтар гардид. Махз хамин солхо нахустин асархои илмию тадкикотии суханшиносони маъруф интишор ёфтанд.

Солхои 60-70-ум ба хайати омузгорони факулта як гурух чавонони болаёкат ва чуяндаи дигар, аз кабили Ф.Зикриёев, А.Давронов, А.Зохидов, С.Хочиев, А.Абдукодиров, А.Набиев, М.Файзуллоева, А.Насриддинов, Н.Хикматуллоев, А.Чалолов ва дигарон шомил гардиданд. Ин дахсолахо низ барои факулта солхои пурбаракат дар чодаи илм ва таълиму тарбия буданд, зеро махз дар хамин давра дастурхои судманди таълими ва рисолахои арзишманди устодон К.Тохирова, Ю.Салимов, А.Усмонов, А.Ваххобов, С.Асадуллоев, Т.Максудов, А.Сатторов, У.Ахмадова, Р.Тошматов, Ф.Зикриёев ва гайра ба табъ расиданд.

Аввалин мудири кафедраи забон ва адабиёти точик шодравон Файзулло Абдуллозода (1909-66) буд, ки с.1932 баъди хатми Донишкадаи олии омузгории ш.Тошканд ба зодгохи худ баргашта, дар бунёди ДДОЛ ба номи С.М.Киров хиссаи сазовор  гузошт.

Дар пешрафти фаъолияти илмию таълимии факулта ва тайёр кардани хазорхо мутахассисони сохави пеш аз хама сарварони факулта сахм гирифтаанд. Аз соли 1937 ба ин боргохи илму маърифат, ки он каблан факултаи таъриху филология ном дошт, олимону омузгорони шинохта Б.И.Виноградов, С.Н.Фадеев, Н.Ф.Просенко, И.С.Фрейдкина, Д.Хамроев, Н.Н.Ростовсева, Г.Х.Хайдаров, А.Кодиров, А.А.Нелипа, М.Искандаров, Ш.М.Охунов, Х.Мамадов, А.Абдукодиров, А.Насриддинов, С.Хочиев ва Ф.Зикриёев сарвари кардаанд. Аз мохи марти соли 2000-ум ин вазифаро дастпарвари хамин факулта дотсент Н.Файзуллоев бар ухда дорад.

Дар тули ду дахсолаи охири асри ЧЧ ва солхои аввали садаи ЧЧI факулта дар чодаи илму маърифат ба дастовардхои матлуб ноил гардид. Давраи нашъунамои илмии факулта аз он падидор аст, ки дар ин солхо нух нафар дастпарварон ва устодони Донишгох: А.Сайфуллоев (1980), С.Асадуллоев (1986), Ф.Зикриёев (1987), А.Насриддинов (1990), М.Хочаева (1995), Н.Салимов (2002), А.Хасанов (2004), Н.Файзуллоев (2006) ва Р.Бобочонова (2006) рисолахои доктори ва наздик чил нафар муаллимон рисолахои номзади дифоъ намуда, эътибору нуфузи таълимгохи хешро баланд карданд.

Таи бисту панч соли охир бо саъю эхтимоми донишмандони факулта бештар аз шаст рисолаи илми ва мачмуахои дастчамъона интишор ёфт, ки ба масоили умдаи илмхои адабиётшиносиву забоншиноси ва усули таълим оиданд. Махз дар хамин солхо китобхои дарси, дастурхои таълими ва монографияхои арзишманди устодон А.Сайфуллоев, С.Асадуллоев, Ф.Зикриёев, А.Насриддинов, М.Хочаева, Н.Ю.Салимов, А.Зохидов, А.Абдукодиров, С.Хочиев, Х.Чалилов, М.Неъматов, А.Давронов, Н.Файзуллоев, М.Файзуллоева, А.Мавлонов, А.Хасанов, У.Гаффорова, Н.Хикматуллоев, У.Умаралиева, М.Хабибуллоева, С.Ганизода, Ш.Точибоев, М.Урунова, Н.Нуров, С.Саидов, М.Олимчонов, М.Сатторова, Р.Каримхучаева, М.Бобоева ва дигарон нашр гардиданд.

Нимаи дуюми солхои 90-ум давраи нави рушди факулта ба шумор меояд. Махз дар хамин солхо дар хайати факулта ду шуъбаи нав - рузноманигори (1997) ва шаркшиноси (1999) таъсис ёфта, вобаста ба ин ихтисосхо кафедрахои нав ташкил гардиданд. Мохи декабри с.2001 шуъбаи шаркшиноси ба факултаи мустакил мубаддал гардид.

Солхои охир ба тайёр намудани мутахассисон аз руи ихтисоси «Забон ва адабиёти точик барои мактабхои узбекзабон» эхтиёч ба миён омад, зеро баъд аз кабули Конуни забони Чумхурии Точикистон ва бинобар зарурати омухтани забони давлати, таълими он дар макотиби забони тахсилашон гайриточики, аз чумла узбеки ба тарбияи кадрхои омузгории ба ичрои ин вазифаи мухим аз хар чихат омода ниёзманди эхсос гардид. Аз ин ру, аз соли тахсили 2002-2003 сар карда факулта толибилмонро тибки ихтисоси мазкур низ кабул менамояд.

Дастовардхои илмиву таълимии олимони факулта берун аз каламрави вилоят низ эътироф ва кадршиноси шудааст. Соли 2001 устоди варзидаи Донишгох, профессор Ф.Зикриёев чун яке аз муаллифони асари сечилдаи бунёди ва дастчамъонаи «Грамматикаи забони адабии хозираи точик» ба дарёфти Чоизаи давлатии ба номи Абуали ибни Сино, с.2006 доктори илмхои филологи, профессор А.Насриддинов барои фаъолияти пурсамар дар риштаи таълим ва тайёр кардани мутахассисон ба дарёфти Чоизаи навтаъсиси Президенти кишвар дар сохаи маориф мушарраф гардиданд. Олимони факулта, профессорон Н.Салимов, М.Хочаева ва А.Хасанов барандагони Чоизаи вилоятии ба номи академик Бобочон Гафуров ва Камоли Хучанди мебошанд.

Хайати профессорону омузгорони факулта аз руи масъалахои мухимтарини илмхои адабиётшиноси, забоншиноси ва рузноманигори тадкикот мебаранд ва дар ин чода бо донишмандону мутахассисони варзидаи чумхури, хоса бо устодони факултахои филологияи ДДМТ, ДДОД ба номи С.Айни бо олимони пажухишгоххои шаркшиноси, забон ва адабиёти ба номи Рудакии АУ ЧТ хамкори мекунанд. Факулта инчунин бо марказхои бонуфузи илмии Русия, Донишкадаи гуманитарии Боткенти Киргизистон, Ройзании фарханги Эрон дар Душанбе ва дигар муассисахои илмию маърифатии чумхури иртибот дорад.

Аз байни хатмкардагони факулта теъдоди зиёди олимон, шоирону нависандагон, кормандони сохаи фарханг ва ходимони давлати ба воя расидаанд, ки дар ривочу равнаки илму маориф, адабиёту санъат, хамчунин сохахои мухталифи хочагии халк хиссаи сазовор доранд. Шоираи халкии Точикистон Фарзона, адибони маъруф А.Шукухи, М.Фархат, Х.Содик, А.Бахори, Б.Фаррух, Б.Фируз, А.Воситзода, Д.Рачаби, О.Аминзода, Доро Начот, М.Пулод, К.Али, Н.Шариф, Нори, А.Рахматзод, Шахноза ва дигарон асосхои маърифати адабиро махз дар факулта гирифтаанд. Як зумра олимони маъруф, ки дар марказхои илмии чумхури ва берун аз он фаъолият доштанд ва доранд, амсоли Р.Гаффоров, С.Вохидов, Ю.Акбарзода, А.Набави, Вали Самад, С.Сиддиков, У.Султонов ва дигарон дастпарварони ин факултаанд.

Феълан дар ду шуъбаи факулта панч кафедра: адабиёти классикии точик, адабиёти муосири точик, забони точики, услубиёт ва маданияти нутк, рузноманигори ва назарияи тарчума фаъолият мебаранд, ки дар хайати хеш 8 нафар докторону профессорон, беш аз 30 нафар номзадхои илм ва зиёда аз 25 нафар омузгор доранд. Дар назди  ин кафедрахо семинархои илмию назариявии устодон ва махфилхои илмию адабии «Хусни баён», «Асрори сухан», «Бахористон», «Матншиноси чавон» ва «Минбари рузноманигор» мунтазам амал мекунанд. Махфили илми-адабии «Ганчи сухан», ки сарварии онро профессор А.Насриддинов ба зимма дорад, доираи фаъолияти худро пайваста густариш медихад, чаласахои сайёри он бештар дар марказхои фархангии шахру навохии вилоят сурат мегиранд.

Факултаи филологияи точик дар тули мавчудияти худ бештар аз 8500 нафар мутахассисони олитахассусро тайёр кардааст. Феълан дар шуъбахои рузона ва гоибонаи он бештар аз 1000 нафар донишчуён машгули таълиму тадрисанд.

 

Кафедраи адабиёти муосири точик 28 декабри с. 1995 дар заминаи кафедраи адабиёти точик таъсис ёфта, холо онро номзади илмхои филологи, дотсент Н.Файзуллоев сарвари менамояд. Дар поягузории ин кафедра сахми олимон А.Мирпочоев, Ф.Абдуллозода, А.Сайфуллоев, А.Усмонов, Р.Тошматов, С.Асадуллоев, Н.Салимов ва М.Файзуллоева ба хайси мудири кафедра хеле калон аст.

Солхои 1965-68 профессор А.Сайфуллоев мудири кафедраи адабиёти точик буда, фаъолияти кафедра дар се самт ривоч меёфт. Якум, таълим ва тарбияи донишчуён, дуюм, корхои тадкикоти илми, сеюм, равобити илмию адаби.

Дар рохи таълим ва тарбияи донишчуён усул ва методхои нав корбаст мешуданд. Мухассилин бештар ба корхои мустакилона ба малакахои тадкикоти илми чалб карда шуданд. Аксари онхо дар конфронсхои харсолаи донишчуён бо маъруза ва гузоришхои илми ширкат меварзиданд. Ба кори кафедра академик М.Шакури ва адабиётшинос С.Салох чалб карда шуданд.

Дар кафедра ба корхои тадкикоти илми эътибори махсус дода мешуд. А.Усмонов ба омузиши мавкеъ ва макоми хачв дар асархои гайрихачвии адабиёти муосири точик машгул гардид ва дар хамин мавзуъ рисолаи номзади химоя кард. Дотсент Р.Тошматов рисолаи илмии “Назми мехнат”-ро (1967) мунташир сохт.

А.Сайфуллоев бо сарсухани муфассал китоби хикояхои нависанда Х.Карим “Окшуда”-ро (1965) ба нашр расонд. У мураттиб, мухаррир ва яке аз муаллифони ду мачмуаи илми оид ба равобити адабиёти русу точик (1967) ва точику узбек (1968) буд. Монографияи у “Романи устод С.Айни “Дохунда” (1966) ва мачмуаи маколахояш “Тафаккур ва образ” (1967) ба чоп расиданд. Ў дар хамин давра барои чилди якуми “Таърихи адабиёти советии точик” кисмати “Насри точик дар солхои бистум”-ро таълиф намуд.

Солхои шаст равобит ва хамкории кафедраи адабиёти точик бо АУ Точикистон ва Пажухишгохи шаркшиносии АУ ИЧШС хуб ба рох монда шуд. Сессияи илмии “Солонаи Айни”, тачлили чашни 60-солагии Х.Карим, мулокоти иштирокдорони Рузхои фархангии рус дар Точикистон, Хафтаи адабиёти белорус дар Точикистон, сухбатхо бо М.Турсунзода, М.Осими, Р.Чалил, М.Миршакар, Н.Маъсуми, И.С.Брагинский, М.Шукуров, С.Табаров, мусташрики Чех Иржи Бечка ва дигарон баргузор гардиданд.

Дар давраи таъсиси кафедра (1995) 8 нафар устодони сохибтачриба: профессор А.Сайфуллоев (мудир), дотсентон М.Неъматов, А.Мавлонов, Н.Файзуллоев, М.Файзуллоева, сармуаллимон Ф.Хочаев ва Д.Лутфуллоев ба тадрису тарбияи шогирдон шугл доштанд.

Солхои 1996-98 мудири кафедраи адабиёти муосири точикро дотсент Носирчон Салимов ба зимма дошт. У дар рохи баланд бардоштани сатхи илми ва таълимии кафедра сахми хоса гузошт ва бо ибтикори эшон хучраи “Кошонаи Айни” ташкил карда шуд. Тахти сарварии Н.Салимов хамчунин «Маркази омўзиши тамаддуни давраи Сомониён» ташкил гардид, ки ин марказ ба ифтихори чашни 1100-солагии Давлати Сомониён якчанд рисолахои илми ба табъ расонд.

Дар тули фаъолияти дувоздахсолаи худ кафедраи адабиёти муосири точик ба комёбихои назарраси илми сохиб гардид. Монографияхои А.Сайфуллоев “Малики адаб” (бо хамкаламии профессор С.Абдуллоев, 1997), “Уфукхои тозаи наср” (2006), Н.Салимов “Маърифати бадеии таърих”, Н.Файзуллоев “Шеъри атфол дар карни ХХ”, мачмуаи дастчамъонаи “Шамъи анчуман” (ба ифтихори 70-солагии академик М.Шукуров) ба нашр расиданд.

Соли 1998 дотсент М.Файзуллоева мудири кафедраи адабиёти муосири точик таъин гардид. Дар ин давра дар кафедра профессор А.Сайфуллоев, дотсентон Н.Салимов, А.Мавлонов, Р.Тошматов, М.Неъматов, Н.Файзуллоев, сармуаллим Ф.Хочаев, лаборантон Р.Юнусова ва М.Муродова кор мекарданд.

Бо ташаббуси устодони кафедра дар тули дах соли охир як силсила асархои илми, монографияхо, дастурхои методиву рахнамохои таълим ва мачмуахои ашъор интишор ёфтанд, ки мухимтаринашон инхоянд: А.Сайфуллоев “Президент Эмомали Рахмонов” (Маскав-2000 – дар хамкори бо С.Абдуллоев), “Фуруги маънавият” (2003), “Хаким Карим” (2005), “Шохнома” ва Сомониён” (дар китоби “Сомониён ва эхёи тамаддуни форсу точик” Д., 1997), Р.Тошматов “Рахим Чалил ва адибони точик” (1996), “Сомониён ва адабиёти точику форс” (1998), “Бобочон Гафуров ва адабиёти точик” (1998), М.Файзуллоева “Ахтари тобони адабиёт” (1999 – дар хаммуаллифи бо А.Сайфуллоев), М.Неъматов “Тавхиди бомгушаги” (1999 – дар хамкори бо Олимхон Исмати), “Ушшоки Мадрушкат” (2005), “Конунхои жанр ва саноеъи бадеии назми мардуми форсизабон ва вазъи кунунии он” (1998), Н.Файзуллоев “Чашмаи файёз” (1999), «Шеъри атфол дар карни бист» (2005) “Хамосаи кўдакон” (2006), «Фолклор и детская поэзия» (2007), З.Улмасова “Назаре ба адабиёти точик ва узбек”, “Гояхои ватанхохи дар эчодиёти Мирзо Турсунзода”. Дар мачмуаи дастчамъонаи “Шоири Ватан” (2001), ки ба ифтихори 90-солагии Шоири халкии Точикистон, Кахрамони Точикистон М.Турсунзода бахшида шудааст, маколаву гузоришхои илмии устодони кафедра А.Сайфуллоев, Н.Салимов, М.Файзуллоева, Р.Тошматов, М.Неъматов ва Н.Файзуллоев гирд оварда шудаанд.

Феълан дар кафедра нух нафар устодони сохибтачриба профессорон А.Сайфуллоев, Н.Ю.Салимов, дотсентон М.Файзуллоева, Н.Файзуллоев, А.Мавлонов, З.Улмасова, сармуаллим Ф.Хочаев, муаллимон З.Бобоева ва А.Каримов бо тадрис ва тарбияи донишчуён иштигол доранд.

Кафедраи адабиёти муосири точик бо муассисахои илмии чумхури: Пажухишгохи забон ва адабиёти ба номи Рудакии АИ Чумхурии Точикистон, кафедраи адабиёти навини форсии ДДМТ робита ва хамкорихои илми дорад. Кафедра хамчунин бо нашрияхои илмиву адабии “Садои Шарк”, “Адаб”, “Паёми Сугд”, “Илм ва хаёт”, рузномахои шахрию вилояти ва дигар марказхои илмию фарханги иртиботи кави дорад.

Кафедраи забони точики. Кафедраи забон ва адабиёти точик соли тахсили 1933-1934 таъсис ёфтааст. Хайъати он дар дахсолахои аввали мавчудияташ тадричан афзуда, аз ду то дах нафар устод мерасад. Нахустомузгорони кафедра Ф.Абдуллозода, С.Мансуров, А.Окилов, М.М.Явич, Б.Олимчонов, Н.А. Алексеева, А.Турсунов, А.М. Беленитский буданд. Чанде аз онхо (С.Мансуров, А.Окилов, Б.Олимчонов, А.Турсунов) солхои Чанги Бузурги Ватани ба фронт рафта, ду нафари аввал дар рохи дифои ватан халок гардиданд. О.Орифи яке аз аввалин забоншиносони махаллист, ки соли 1944 дар ш.Тошканд рисолаи номзади дифоъ кардааст. Солхои 50-уми карни ХХ саргахи  камолоти кафедра махсуб  мешавад. Устодони болаёкати кафедра Ф.Абдуллозода, Б.Олимчонов, К.Тохирова, М.Турсунов ба аспирантураи Пажухишгохи забон ва тафаккури ИЧШС дар ш.Маскав дохил шуда, дар мавзуъхои мубрами шевашиноси (К.Тохирова, 1952), калимасози (М.Турсунов, 1954) рисолахои номзади дифоъ карданд.

Дахсолахои 6-7-уми асри ХХ давраи чахиши кафедраи мазкур ба шумор меравад, яъне с.1962 кафедраи забон ва адабиёти точик ба ду кафедраи мустакил: забони точики ва адабиёти точик чудо мешавад. Дар ин давра сафи олимон афзуда, дастурхои таълимии худи омузгорони кафедраи забони точики интишор меёбанд ва сифати таълим бех мегардад. Дар ин давра аз чониби устодони алохидаи кафедра дар масоили мубрами морфология (У.Ахмадова, 1960), забон ва услуби шоиру нависандагон (А.Абдукодиров, 1974), нахви забони точики (Ф.Зикриёев, 1970), фразеология (Х.Чалилов, 1974; Т.Максудов, 1978), таърихи забони адабии точик (С.Хочиев, 1967) рисолахои номзади дифоъ карда шуданд.

Таъсисёбии аспирантура ва Шурои диссертатсионии назди ДДХ оид ба забон ва адабиёти точик дар охири солхои 80-ум ва ибтидои 90-уми садаи ХХ боиси неруманд шудани  иктидори илмии кафедра гардид. Гурухе аз устодони кафедра дар масоили мубрами таърихи забони точики (А.Давронов, 1980), калимасози (А.Зохидов, 1992),  вожашиноси (Н.Хикматуллоев, 1993), нахви забони точики (У.Умаралиева, 1998; С.Кенчаев, 1998) рисолахои номзади дифоъ намуданд. Миёнаи солхои 80-ум устоди кафедра Ф.Зикриёев дар Шурои химояи назди АУ ЧТ рисолаи доктори дифоъ кард. Ибтидои карни ХХ1 бошад, кафедра дар самти пажухиши мавзуъхои марбут ба таърихи забони точики муваффакиятхои алохида ба даст овард. Химоя шудани рисолахои номзади (Ю.Кенчаев, М.Сатторова, Р.Каримхучаева, М.Махмудчонова, С.Узбеков) ва доктори (А.Хасанов) дар кушода гардидани гиреххои масоили лугатнигори, овошиноси, сарфу нахв ва шевашиносии таърихи ёрии калон расонид.

Аз огози таъсис то имруз кафедраро устодон Ф.Абдуллозода, М.Турсунов, Ф.Зикриёев, С.Хочиев, А.Зохидов, А.Абдукодиров ва А.Хасанов сарвари намуданд.

Кафедра инчунин дар мачрои татбики Конуни забон сахми назаррас гузошт. Дар назди кафедра семинари илмию назариявии устодон ва махфили илмии “Асрори сухан” амал намуда, кироатхонаи “Оли Сомон” маркази корхои таълими, илми ва тарбиявии донишчуён ба шумор меравад.

Устодони кафедра мунтазам дар конфронсу семинархои байналхалки, чумхурияви ва вилоятиву донишгохи бо маърузахо баромад мекунанд.

Кафедраи услубиёт ва маданияти нутк. Кафедраи умумидонишгохии услубиёт ва маданияти нутк дар с.2000-ум таъсис ёфта, хадафи асоси аз ташкили ин кафедра дар амал татбик намудани Конуни забони ЧТ мебошад. Чунон ки маълум аст, Конуни мазкур дар бобати рушд ва амали забони давлати (точики) доираи васеи масъалахои ташкили, илми ва таълимиро дарбар мегирад, хамчунин таргиб ва татбики нуктахои Конуни забонро на танхо дар макотиби миёнаву оли, балки дар тамоми каламрави кишвар дар назар дорад. Аз ин лихоз домони фаъолияти кафедра фарох мебошад.

Кафедра аз руи накшаи дурнамои фаъолият амал менамояд, ки тибки он вазифахои мушаххаси халталаб дар 6 кисмат: корхои ташкили, таълими, тадкикоти илми, тайёр кардани кадрхои илми, иртибот бо мактабхои тахсилоти хамагони, татбики Конуни забон дар назар аст.

Мухимтарин вазифаи кафедра ташкили таълими забони давлати дар хамаи факултахои донишгох ба шумор меравад. Мутобики барномаи нави таълими забони точики хамчун забони давлати дар хамаи факултахо таълим дода мешавад.

Кафедра муваффак шудааст, ки раванди таълимро бо маводи таълими – методи, аз чумла барномахои таълими ва кори, мусаввадаи дарсхои амали ва дастури махсуси дарси барои донишчуён таъмин намояд.

Яке аз фанхои мухими кафедра «Усули таълими забони точики» мебошад, ки аз чониби устодони кафедра таълим дода мешавад. Хамчун идомаи мантикии ин фан кафедра ба тачрибаомузии педагоги рохбари менамояд. Тачрибаи омузгории донишчуёни факултаи филологияи точик дар мактабхои миёнаи пойгохии ш.Хучанд ва навохии наздик мегузарад.

Бо максади дар пояи илми хозиразамон ташкил кардани таълим дар назди кафедра семинари илмию методии муаллимон амал мекунад, ки дар он мохе як маротиба мухимтарин масъалахои илми мухокима мегарданд. Хамчунин дар факултахои гайрифилологи махфилхои илмии донишчуён бо номи «Хусни сухан» фаъолият доранд. Дар чаласахои махфил дар катори баромадхои донишчуён маърузаву сухбатхои олимони забоншинос ва адибони шинохта низ доир мегардад. Махфил ба бузургдошти забони давлатии точикон, бедор кардани шавки забономузи ва афзудани маданияти сухани шогирдон мусоидат мекунад.

Кори тадкикоти илми аз рукнхои мухими фаъолияти кафедра ба шумор меравад. Устодон аз руи барномаи тадкикоти илми бо номи «Хосияти услубии лексика, фразеология» кор мебаранд. Барнома мохиятан аз ду кисмат иборат аст: корхои тадкикоти илми ва таълифи китобхои дарсиву дастурхои таълими.

Мусоидат дар татбики Конуни забони Чумхурии Точикистон аз вазифахои мухими кафедра ба шумор меояд. Накшаи чорачуихои кафедра дар ин бобат аз 4 кисмат иборат аст: 1) таргиби конун; 2) ташкили таълими забони давлати (точики) ва такмили усулхои таълими он; 3) ташкили корхои илмию методи оид ба татбики забони давлати; 4) ташкили чорабинихо ба муносибати Иди забон ва бузургдошти забони давлати точикон.

Кафедра бо муассисахои таълими ва фархангии в.Сугд робитаи кори дорад.Он феълан ба маркази илмию методии татбики Конуни забон дар в.Сугд табдил ёфтааст.

Кафедраи адабиёти классикии точик. Таърихи таъсиси кафедраи адабиёти точик аз соли 1962 ибтидо гирифтааст. Нахустин мудири он устоди суханшинос ва инсони шариф Файзулло Абдуллозода буд. Хамрохи Ф.Абдуллозода дар он солхо омузгорон А.Мирпочоев, М.Назиров, Ч.Хочаев фаъолият доштанд. Ба кафедраи навтаъсис адабиётшиносони чавон А.Сайфуллоев, А.Сатторов, А.Гаффоров, Р.Тошматов, А.Ваххобов ва А.Усмонов шомил шуданд. Солхои 1964-65 кафедра аз хисоби донандагони хуби адабиёт Ю.Салимов ва С.Асадуллоев неруманд гардид, ки онхо дар вусъати илму фарханг ва маорифи Точикистон хизмати пурарзиш доранд ва хамчун мутахассисони хуби сохаи адабиёт шинохта шудаанд.

Дар тули солхои 1965-68 профессор А.Сайфуллоев ва давоми солхои 1969-74 дотсент А.Усмонов сарварии  кафедраро ба ухда доштанд.

Ибтидои солхои хафтодум кафедраи адабиёти точик хамчун яке аз марказхои боэътибори суханшиноси шинохта шуд. Дар кафедра корхои тадкикоти илми равнак мегирифт. Олими шинохтаи точик, дотсент Юсуфчон Салимов ба тадкики масъалахои насри ривояти ва ба нашр омода сохтани намунаи барчастаи он - асари бисёрчилдаи“Самаки айёр” машгул буд.

Солхои хафтодум дастпарварони донишкада А.Набиев, А.Насриддинов ва М.Неъматов ба фаъолияти омузгори огоз намуданд. Тули ин солхо дотсент Р.Тошматов (1975-76) ва С.Асадуллоев (1977-82) мудирии кафедраро ба ухда доштанд.

Давоми солхои хаштодум насли нави адабиётшиносон ба мактаби илмии кафедра кувваю тавонои бахшиданд. Солхои 1980-90 давраи камолоти касбии аъзои кафедра буд. Дар ин давра А.Набиев, А.Насриддинов, Н.Файзуллоев ва А.Чалолов рисолахои номзади дифоъ намуданд. Дар соли 1985 С.Асадуллоев ва дар соли 1990 А.Насриддинов рисолаи доктори химоя карданд.

Рохбарии кафедра дар ин муддат ба зиммаи дотсент А.Сатторов (1983-86) ва профессор С.Асадуллоев (1987-90) вогузор шуда буд.

Солхои навадум аз даврахои пуркуввати кафедраи адабиёти точик ба хисоб меравад. Неруи илмии кафедра аз хисоби олимони пуртачриба, профессор А.Сайфуллоев, дотсентон Н.Салимов, М.Хочаева ва мухаккикони чавон М.Хабибуллоева, М.Урунова, С.Саидов, Ш.Точибоев, Т.Келдиёров, Х.Зоиров афзоиш ёфта, аъзои кафедра ба тахкики масоили умдаи адабиётшиносии форси (точики) шугл варзиданд.

Соли 1993 М.Урунова рисолаи номзади ва с.1995 М.Хочаева рисолаи доктори ба дифоъ расониданд. Таи солхои 1986-2000 аъзои кафедра С.Саидов, М.Хабибуллоева, Ш.Точибоев ва Т.Келдиёров рисолахои номзадиро бо муваффакият химоя намуданд.

Соли 1996 дар заминаи кафедраи адабиёти точик кафедрахои адабиёти муосири точик ва адабиёти классикии точик таъсис ёфтанд. Аз ин ру таърихи мустакими кафедраи адабиёти классикии точик аз соли 1996 ибтидо мегирад.

Профессор А.Насриддинов аз с.1991(то таъсиси кафедрахои фавкуззикр дар кафедраи адабиёти точик) ба кафедраи адабиёти классикии точик рохбари менамояд. Хидмати профессор А.Насриддинов дар рушду нумуи илми адабиётшиноси ва тайёр кардани мухаккикони адабиётшинос арзишманд аст. Асару маколоти у равиши тозае дар суханшиносии точик вазъ намуд ва дар ин замина А.Насриддинов мактаби илмии худро ба вучуд овард. Дар муддати нисбатан кутох 20 нафар шогирдони у ба дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои филология ноил шуданд.

Айни замон дар кафедра як нафар доктори илм, профессор (А.Насриддинов), шаш номзади илм, дотсентон (М.Урунова, Ш.Точибоев, С.Саидов, Т.Келдиёров, М.Ахмадов, Х.Зоиров) ва се номзади илм, сармуаллимон (Ш.Рустамов, С.Мирзоев, М.Бобоева) машгули кори илми ва таълиму тарбияанд.

Хамаи аъзои кафедраи адабиёти классикии точик ба корхои тадкикоти илми машгуланд. Кафедра дар чанд масъалахои адабиётшиноси тадкикоти илми мебарад. Мухимтарин мавзуи тадкикотии кафедра мавсум ба “Масъалахои матншиноси ва маърифати осори адаби” мебошад. Барномаи дурнамои корхои тадкикоти илмии кафедра бо назардошти талаботи адабиётшиносии муосир ва чомеа дар масъалаи шинохт ва маърифати осори адабии гузашта ба миён гузошта шудааст.

Аъзои кафедра бо донишмандони хоричаи дуру наздик Амин Хасани Обиди, Назир Ахмад (хар ду аз Хиндустон), Турачи Атобаки (Холланд), Шафеии Кадкани, Бахоуддини Хуррамшохи, Абдулкарими Суруш, Азизи Давлатободи, Али Асгари Шеърдуст, Мусавии Гарморуди (Эрон), А.Бертелс, Н.И.Пригарина (Маскав), О.Ф.Акимушкин, С.И.Баевский (Санкт-Петербург), Ш.Шомухаммадов, Б.Назиров (Тошканд), В.Валихочаев, С.Саъдиев (Самарканд) пайванду иртиботи кави доранд. Хамин аст, ки гузоришоти илмии аъзои кафедра дар чаласахои илмии умумичахони ва байнидавлати густариш ёфтаанд. Таълифоти профессор А.Насриддинов ва дотсент С.Саидов дар мамолики хоричи матбуъ ва такриз шудаанд. Профессор А.Насриддинов дар конфронсу симпозиумхои байналхалкии Техрон (1994,2001), Табрез (1996), Машхад (1999), Маскав (2001), Алмаато (2007) бо маърузаву гузоришоти илми ширкат намудааст. Хамчунин аъзои дигари кафедра С.Саидов, Ш.Точибоев, Т.Келдиёров, Х.Зоиров дар марказхои илмии Душанбеву Тошканд ва Бишкек гузоришоти илми доир намудаанд.

Кафедра бо Пажухишгохи забон ва адабиёти ба номи Рудакии АУ ЧТ, ДДМТ, ДДОД, Маркази хуросоншиносии Чумхурии исломии Эрон, Пажухишгохи ховаршиносии АУ Русия иртиботи кави дорад, ки дар хамкорихои густурдаи илми, тахриру такризи таълифоти якдигар ба зухур меояд.

Натичахои тадкикоти илмии кафедра дар раванди таълим на танхо дар факултаи филологияи точики ДДХ, балки дар дигар донишгоххои чумхури низ истифода бурда мешавад. Таълифоти профессор А.Насриддинов, “Фарханги мушкилоти адаби”(Хучанд, 1992), “Сехри мубин”(Хучанд, 1997), “Рудаки”(Хучанд, 1999), “Шархнависи дар таърихи адаби форсу точик” (Хучанд, К.1 - 2000, К.2 - 2001 ), дотсентон М. Урунова, “Бахори борон дар масири фархангнависии форсу точик” (Хучанд, 1993), “Фарханги мухтасари “Гулистон” (Хучанд, 1998), “Соиби Табрези” (Хучанд, 2006), С.Саидов “Адабиёти давраи Сомониён дар фархангхои форси (Хучанд, 2000), Ш.Точибоев “Тавсиф дар шеъри Хофиз” (Хучанд, 1993), “Мизони шеър” (Хучанд, 2002) ва дигарон дар бехдошти таълими таърихи адабиёти точик, тахлили матни асари бадеи, таърихи накди адаби, назмшиноси ва курсхои ихтисос мусоидат менамоянд.

Таи панч соли охир бо саъю кушиши аъзои кафедраи адабиёти классикии точик 14 рисолаи илми, 10 рисолаи илмию оммави, дастурхо ва рахнамохои таълими, бештар аз 100 маколаи илми ва илмиву методи ба табъ расиданд, ки чамъулчамъ зиёда аз 200 чузъи чопиро ташкил медиханд.

Гузаронидани машгулиятхои хармохаи семинари илмию назариявии кафедра - “Ганчи сухан”, махфилхои илмии донишчуён “Адабиётшинос”, “Марчони сухан”, иртибот бо иттиходияхои эчодию чамъияти, идорахои мачаллаву рузномахо, радиову телевизион, мактабхои тахсилоти хамагониву омузишгоххо ва дастгирии онхо аз пахлухои дигари фаъолияти кафедра махсуб мегарданд.

Кафедраи журналистика ва назарияи тарчума. Вусъати воситаи ахбори умум ва ба вучуд омадани матбуоти озод дар в.Сугд барои таъсиси шўъбаи журналистика ва назарияи тарчума дар факултаи филологияи ДДХ ба номи академик Б.Гафуров мусоидат намуд. Хадафи шўъбаи навбунёд таъмини фазои тозаи иттилооти ва тарбияи рўзноманигорони баландихтисос махсуб меёфт.

Замони таъсиси кафедраи журналистика ва назарияи тарчума мохи июни с.1997 ва бунёдгузори он доктори илмхои филологи, профессор Матлуба Хочаева мебошад, ки вазифаи мудири низ бар ўхдаи ў вогузор гардид. Бори нахуст дар соли хониши 1997-1998 50 нафар толибилмон дар гурўххои точикиву ўзбеки ва шўъбаи гоибона ба тахсил пардохтанд.

Нахустин устодони кафедра М.Хабибуллоева, С.Ганизода, С.Тилабов, М.Ойматова, М.Зикриёева буданд. Имрўз дар кафедра 1 нафар доктори илм, профессор, 2 нафар номзади илм, дотсент, 1 нафар сармуаллим, номзади илм ва муаллимон ба таълиму тадрис машгуланд. Устодони кафедра дар тули фаъолияташон, пеш аз хама, ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тадрис ва тарбияи журналистони оянда эътибори чидди дода, бахри амали гардонидани он чорахои мушаххас андешиданд.

Устодони кафедра барномахои кори ва накшахои таълимиашонро тачдиди назар сохта, аз маводи тоза ва адабиёти илмию назарии чадид истифода мекунанд. Хамзамон, бо максади тарбияи касбии журналистони чавон хамкори бо ВАО – ширкатхои радио ва телевизион (ТВ Сугд, ШТР-СМ-1, “Азия”, радиои “Тироз”, нашрияхои “Тирози чахон”, “Хакикати Ленинобод”, “Ленинабадская правда”, “Вароруд”, “Сугд”, “Нилуфар”, “Сухани халк”) ва гайра ба рох монда шуд.

Имруз кафедраи мазкур дар ду ришта - журналистика ва филология раванди таълимиву илмиро ба хам мепайвандад ва донишчуён сохиби ихтисоси рузноманигор-омузгор мегарданд.

Риштаи фанхои журналистиро сармуаллимон С.Каримова, К.Комилов, К.Шариф, М.Додобоев, муаллимон И.Бобоев, А.Шехов, И.Файзуллоева, П.Рустамова бар душ доранд.

Дар риштаи илмхои филологи профессор М.Хочаева, дотсентон М.Хабибуллоева, С.Аъзамзод, муаллимон М.Мавлонова, У.Абдурашидова, Ф.Шамсиддинова барои пешрафти раванди таълим, илм ва тарбия хиссаи назаррас мегузоранд.

Фаъолияти илмиву тадкикотии кафедра руз то руз чойгохи густурдае пайдо мекунад. Барномаи дурнамои илмии кафедра бори нахуст ба тахкики масъалахои таърихи ташаккул ва тахаввули журналистикаи точик ихтисос ёфт, ки аз с.2006 то 2010 идома хохад ёфт.

Натичаи корхои илмии устодони кафедра дар шакли рисола ва маколоти чудогона дар нашрияву мачаллахои дохиливу хоричи ба табъ мерасанд.

Аз чумла, профессор Матлубаи Мирзоюнус (Хочаева) муаллифи рисолахои “Дар чустучуи чони сухан” (Хучанд, 1993); “Масъалахои сабкшиноси” (Хучанд, 1994); “Тахкики услуби осори бадеи” (Хучанд, 1994); “Сиришке дар лола” (Хучанд, 1998); “Пушкин и Восток” (Худжанд, 1999, в соавторстве); “Шукуфаи андух” (Хучанд, 1999); “Шамъи тироз” (Хучанд, 2001); “Хамзоди тўфон” (Д., 2007); дотсент М.Хабибуллоева “Маърифати шеър” (1994), дотсент С.Аъзамзод “Бозомади хуршед” (Д., 2007, бо хаммуаллиф) мебошанд.

Устодони кафедра иштирокдорони як силсила конфронсу хамоиш ва анчуманхои байналхалки хастанд. Профессор М.Хочаева (Уш, 2001; Техрон, 2003, 2004; Маскав, 2003, 2004; Кобул, 2006; Хучанд, 2007), С.Аъзамзод (Техрон, 2004; Душанбе, 2006) аз хамин кабиланд.

Дар кафедра ба тарбияи устодони сохибунвон эътибори кофи дода мешавад. Дар муддати фаъолияти он чанде аз устодон, аз чумла С.Аъзамзод (2002), Т.Бобоева (2002), С.Каримова (2005), Г.Ахророва (2006), М.Зикриёева (2007), М.Мавлонова (2007) дар мавзуъхои мухталифи адабиёт, накди адаби ва публитсистика ба дифои рисолахояшон муваффак гардиданд. Алхол чанд нафар дар мархилаи анчоми рисолаи номзади карор доранд.

Дар кафедра мунтазам семинари илмиву назарии мухаккикони чавон тахти рохбарии профессор М.Хочаева ва семинари хармохаи устодони кафедра тахти рохбарии С.Аъзамзод баргузор мегардад.

Навиштахои шогирдони кафедра дар нашрияи “Паёми донишчу” - замимаи нашрияи донишгохии “Нури маърифат” мунтазам интишор меёбанд.

Дар кафедра ба масъалаи истифодаи воситахои техники эътибори чидди дода мешавад. Аз соли тахсили 2005-2006 радиостудияи “Садои донишчу” ба фаъолият огоз намуд, ки пеш аз хама чихати техникии дарсхои ихтисоси, аз чумла асосхои журналистикаи радио, махорати журналисти ва фанни  интихоби донишчуро таъмин менамояд.

Донишчуён маводашонро аз руи жанрхои радио омода намуда, дар фазои факулта ба эфир мебароянд, ки ин имкон медихад эшон жанрхои журналистикаи радиоро омухта, дониши назарию амалии хешро дар пайвастаги такмил диханд. Таълими дарси асосхои журналистика ва махорати журналисти дар радиолаборатория чараён мегирад.

Китобхонаи шуъбаи рузноманигори кариб 1000 нусха адабиёти илмию назари ва методи дорад, ки барои пешрафти донишчуёни мо аз сарчашмахои мухим махсуб мешавад.

Дар назди кафедра махфили “Журналистони карни ХХ1” амал менамояд, ки он накшаи кори ва хайати доимоамалкунанда дорад. Мохе як маротиба донишчуён  дар атрофи масоили умдаи журналистика бахсу мунозира ташкил карда, барои сухбату вохури журналистони варзидаи вилоятро даъват менамоянд. Дар кори махфил инчунин устодони кафедра ширкат варзида, дар густариши чахонбинии донишчуён сахми арзанда мегузоранд.

Устодони шуъба дотсент С.Аъзамзод, муаллимон И.Бобоев, Ф.Шамсиддинова бо рохбарии мудири кафедра дотсент М.Хабибуллоева дар “Мактаби нахустини тобистонаи журналистии такмили ихтисос” (Варзоб, 2006) ширкат варзиданд. Онхо хамзамон ба узвияти Ассотсиатсияи муаллимони журналистикаи чумхури “Чомеа ва тамаддун” пазируфта шуданд.

Хамкории устодон ва донишчуён бо ташкилотхои байналхалки, аз чумла Институти чомеаи кушода – Бунёди Сорос, САХА, Интернюс Нетуорк хеле густариш ёфт. Дар ин самт лоихае аз чониби донишчуён тахия гардид, ки дар озмуни хазинаи Сорос макоми сазовор ёфт ва тибки он дар шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи точик радиостудияи “Садои донишчу” ба фаъолият шуруъ кард.