Факултаи забон ва адабиёти рус. Таърихи факулта аз с.1937, вакте ки дар факултаи навтаъсиси адабиёти ДДОЛ ба номи С.М.Киров баробари шуъбахои точикию узбеки шуъбаи забону адабиёти руси кушода шуд, огоз меёбад.

Дар он солхои ташаккул ва тахаввули шуъбаи забон ва адабиёти руси дар Донишкадаи давлатии омузгории Точикистони Шимоли масъалаи нарасидани кадрхои баландихтисоси омузгорони русшинос ба миён омад. Бо амри вичдон ва начобати ботини ба кишвари дурдасти мо аз минтакахои гуногуни Русия як зумра педагогхои маъруфи рус – М.И.Стаменова, В.С.Верпаховская, К.А.Гаинсева, О.А.Смирнова, А.В.Бондар, С.Н.Фадеев, Г.Д.Иеффе, Л.А.Магин, Н.С.Иванов ва дигарон кадам ранча карданд.

Дар солхои ЧБВ ба чомеаи мехнатии шуъбаи забон ва адабиёти руси мутахассисон-филологхо аз чумлаи мухочирон ворид шуданд. Адабиётшиноси маъруф, доктори илмхои филологи, профессор А.А.Волков, Е.С.Бражников, И.С.Фрейдкин, Е.М.Вал аз он чумла буданд. Солхои охири чанг ва нахустин солхои баъди чанг дастпарварони шуъба Л.С.Виноградская, А.А.Нелипа, Н.Н.Ростовсева, Б.М.Русакова ба фаъолият шуруъ намуданд.

Соли тахсили 1962-63 дар назди донишкада гурухи аввалин оид ба тайёр кардани омузгорони забон ва адабиёти руси барои мактабхои миллии Точикистон аз хисоби мардуми тахчои, ки мактабро бо забони точики хатм кардаанд, кушода шуд. Дар донишкадахои омузгории ЧШС Точикистон ин гурух бесобика буд.

Ду сол баъд, мохи сентябри с.1964 дар донишкада факултаи забону адабиёти руси таъсис ёфт, ки дар он баробари гурухи руси гуруххои точикию узбеки низ ру ба инкишоф ниходаанд.

Соли тахсили 1991-92 бино ба табдили донишкадаи омузгори ба донишгох мувофики накшахои донишгохи тахсил аз руи ихтисосхои зерин ба рох монда шуд: «Забон ва адабиёти руси дар мактаб», «Забон ва адабиёти рус дар мактаби точики», «Забон ва адабиёти рус дар мактаби узбеки». Алхол дар факулта аз руи ин ихтисосхо кариб 400 нафар тахсил мекунанд.

Деканат ва Шурои факулта фаъолияти се кафедраро хидоят мекунанд:

1.Кафедраи забони муосири руси ва забоншиносии умуми;

2.Кафедраи адабиёти рус ва хоричи;

3.Кафедраи инкишофи нутки дахони ва хаттии забони руси;

Кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умуми. Кафедраи забони руси аз давраи пеш аз чанги фаъолият мебарад. Дар солхои гуногун ба ин кафедра дотсентон И.И.Стаменова, Е.С.Белянина, Ю.Т.Долин, В.Ч.Казарина, сармуаллим Т.А.Милованова, баъдан дотсент М.А.Абдуллоева, З.Т.Солиев рохбари кардаанд.

Дар кафедра муаллимони пуртачрибаву бомахорат, ба монанди дотсентон Ю.Т.Долин, М.З.Балтина, Н.В.Матешина, Н.В.Солоник, сармуаллимон М.И.Шарапова, И.Н.Пудовченко, В.И.Чертиковсева, Л.Д.Спириденкова, Л.А.Егорова, Т.С.Долженко, М.А.Латипова, Г.П.Коновалова, Т.А.Милованова, Б.М.Русакова, А.С.Истомина ва инчунин муаллимон Л.Н.Черкашева, Г.Д.Девятова, Н.А.Полешук, В.В.Поликашина фаъолият бурдаанд.

Аъзои кафедра оид ба масоили асосии забоншиноси, синтаксиси назарияви, дузабонии руси-точики ва гайра корхои тадкикоти илми ва илми-методи мебаранд.

Аъзои кафедра дар конфронсхое, ки аз тарафи донишгоххои Воронеж, Казон, Удмурдиистон, Тошканд, Санкт-Петербург, Душанбе ташкил шудаанд, фаъолона иштирок кардаанд. Маколахои муаллимон дар мачаллахои чумхурияви ва умумииттифокии «Русский язык в школе», «Русская речь», «Русский язык и литература в таджикской школе» чоп шудаанд. Дар кафедра барои донишчуёни шуъбахои рузона ва гоибона аз хамаи кисмхои забони муосири рус ва таърихи он дастурхои илми-методи тахия карда шудааст.

Дар айни замон дар кафедра дотсентон М.З.Балтина, М.Н. Сафарова, сармуаллимон Г.П.Коновалова, В.И.Чертиковсева, Е.Н.Сой, Б.Ч.Чумъаев, С.Т.Очилдиев, И.С.Эшматова, У.И.Юлдашева, муаллимон М.Н. Искандарова, Ш.В.Дусматова ва лаборант Д.А.Мачнунова фаъолият мебаранд. Мудирии кафедраро сармуаллим Е.Н.Сой дар ухда дорад.

 

Кафедраи адабиёти рус ва хоричи дар соли нахусти мавчудияти шуъбаи забон ва адабиёти руси дар ДДОЛ, яъне с.1937 арзи хасти кардааст. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани кафедра чун кафедраи мустакил амал мекард. Он солхо рохбарии кафедраро адабиётшиноси маъруфи шурави, доктори илмхои филологи, профессор, муаллифи китоби дарси ва тахкикот оид ба адабиёти русии карни ХХ А.А.Волков дар ухда дошт. Дар солхои гуногун дар кафедра дотсентон ва профессорхо М.И.Стаменова, Н.Н.Ростовсева, Б.А.Хочибоева, ки баъдан ба кафедраи усули тадриси забон ва адабиёти рус гузаштанд, рохбари кардаанд.

Дар солхои 60-90-уми карни ХХ ба кафедраи адабиёти рус ва хоричи номзадони илмхои филологи С.Карасик, А.З.Дун, А.Р.Гейзер, сармуаллимон М.А.Оголева рохбари намудаанд. Номзадони илмхои филологи А.И.Мазунин, Л.А.Шарипова, А.П.Пронин, Т.П.Дудина аз чумлаи кормандони ин кафедра буданд.

Алхол дар кафедраи мазкур, ки рохбариашро номзади илмхои педагоги В.А.Шарипов дар зимма дорад, сармуаллимон Э.В.Султонова, М.А.Эшонова, муаллимон А.А.Юнусова, С.Н.Ёрова, А.М.Бойтемиров бомуваффакият мехнат мекунанд.

Солхои 60-ум олими барчастаи кафедра А.И.Мазунин дар нашриёти «Наука»-и АУ ИЧШС як катор тадкикоти бунёдиро бахшида ба адабиёти кадимаи рус чоп кард. Маколахои дотсент В.А.Шарипов, сармуаллимон Н.К.Панова, Э.В.Султонова, П.И.Балтин ва дигар аъзои кафедра дар мачаллахои чумхурияви, мачмуахои гуногун, ки дар мамолики ИДМ ва хорича нашр мешаванд, чоп шудаанд.

Дар давраи солхои 2003-2007 чомеаи мехнатии кафедра оид ба фанхое, ки ба фехристи кафедра дохил мешаванд, бештар аз 30 воситаи таълим тахия намудаанд.

Кафедраи инкишофи нутки шифохи ва хаттии забони руси, ки с.1975 таъсис ёфтааст, дар тайёр намудани муаллимони русишиноси баландихтисос сахми босазо дорад. Ба фехристи фанхои кафедра курси амалии забони руси, курси пропедевтикаи адабиёти руси, машгулиятхои амали доир ба инкишофи нутки шифохи ва хатти, усули таълими забон ва адабиёти рус, тачрибаи омузгори дар мактаб ва г. дохил машаванд.

Дар ташкилёбии кафедраи мазкур сахми профессорон Б.А.Хочибоева, М.М.Абдувалиева, Р.А.Самадова, С.Э.Неъматов назаррас аст. Аз давраи ташкилёбии кафедра профессорон М.И.Стаменова, Б.А.Хочибоева, Р.А.Самадова, дотсентон Л.И.Югай, Р.Г.Топилова, А.А.Азизов, А.Ф.Неъматчонова мудирии онро ба ухда доштанд.

Айни замон, бо сарварии А.А.Азизов собикадорони факулта, профессорон Б.А.Хочибоева, Р.А.Самадова, дотсентон Н.С.Сидиков, Ф.М.Хамрокулов, сармуаллимон А.Ф.Неъматчонова, Д.А.Ахмадова, Г.С.Юнусова, З.У.Абдуалиева муаллимон М.Н.Искандарова, М.А.Шарипова бомуваффакият фаъолият доранд.

Фанхои таълимии кафедра барои донишчуёни курсхои якуму дуюми гуруххои гайризабони (точики) пешбини шуда, шавку завки онхоро нисбати забони руси бедор мекунад, талаффузи дурусту сахехи донишчуёнро ба рох монда, малакахои нутки онхоро ташаккул медихад. Бо максади инкишофи нутки шифохи ва хаттии донишчуён, васеъ кардани чахонбини, тарбияи эстетикии онхо муаллимони кафедра шаклхои гуногуни машгулиятхои беруназдарсиро истифода мебаранд, ки шабнишинихо, озмунхо, экскурсияхо, сухбатхо дар атрофи адабиёти нави бадеи ва г. аз он чумлаанд.

Дар кафедра ба таълими забон ва адабиёти руси дар мактабхои точики диккати махсус дода мешавад. Корхои илми, тавсияхои методи, маколахои муаллимони кафедра ба ин самт равона карда шудааст.

Дар кафедра ба тарбияи мутахассисони чавон ахамияти махсус медиханд. Солхои охир як катор аспирантон ва унвончўён тахти рохбарии профессор Р.А.Самадова рисолахои номзади химоя карданд. С.Рахматова (2004), Г.Мусурмонова (2004), М.Неъматчонова (2007), С.Файзиева (2007) аз он чумлаанд.