Факултаи фанхои табии хамсоли донишгох аст. Соли хониши 1932-1933 дар донишгох шуъбахои физикаю техники ва агробиологи таъсис ёфтанд, ки дар онхо хамаги 140 нафар донишчуён тахсил мекарданд. Сонитар дар асоси шуъба факултахои алохида ташкил ёфтанд ва шуъбаи агробиология номи факултаи табиатшиноси ва химияро гирифт.

Таъсисгарони кафедраи химияю биология устодон А.А.Диброва ва Б.М.Комаров буда, махз онхо дар рушди илми табиатшиноси хидмати арзанда ва шоиста кардаанд. Он солхо махсусан ба тарбияи кадрхои махалли эътибори чидди медоданд. Соли 1934 дар рузномаи шахри дар ин хусус маколаи Б.М.Комаров тахти унвони «Ба кори тадкикоти илми чалб намудани донишчуён» интишор ёфта буд, ки оид ба зарурати тайёр кардани кадрхои махалли пешниходи чолиб дошт.

Ба шарофати чидду чахди олимон ва дастгирии рохбарияти донишгох факултаи навтаъсис сохиби васоити таълими мешуд ва пайваста заминаи илмии худро устувор ва гани мегардонд. Хануз соли хониши 1933-34 лабораторияи химия сохиби 1918 тачхизоти таълими гардида, кабинетхои ботаника бо 358, зоология бо 679 ва геология бо 600 лавозимоти таълими чихозонида шуданд.

Аввалин дастпарварони факулта 16 нафар чавонон буданд, ки 11 нафари онхо тамоюли табиатшиноси доштанд. Кобилияти баланди донишандузии хатмкардахо Муборак Иброхимова ва Зайниддин Осимовро ба назар гирифта, онхоро барои кор дар донишгох нигох доштанд. Дастпарварони факулта З.Осими ва С. Абдуллоевро бо роххат ба шахрхои Маскаву Ленинград барои идомаи тахсил рохи намуданд. Дере нагузашта номзадони илмхои химия Л.Рачабов, муаллимон Б.Рауфов ва О.Каримов сафи устодонро пурра карданд. Охири солхои сиюми асри гузашта кафедраи химияи умуми ба кафедрахои химияи органики ва гайриорганики чудо шуд. Сарварии кафедраро А.Диброва бар ухда дошт. Хамчунин номи устодони ин соха Р.Ашуров, З.Осимов, А.Хотамов, О.Каримов ва М.Ализода чун олим ва устодони сохибкасб вирди забонхо гардида буданд. М.Ализода тули солхои 1956-64 вазифаи мудири кафедраи химияи умумиро ичро мекард. Ин вазифаро М.Мухиддинов (1975-80) ва Н.Хакимхучаев (1980-93, 1999-2004) низ ичро кардаанд.

Дар солхои Чанги Бузурги Ватани фаъолияти илмии олимон ва омузгорони факултаи табиатшиноси ба пешбурди хочагии халк, махсусан саноати сабук ва химия нигаронида шуда буд. Б.М.Комаров набототи кухи Мевагул ва махалхои атрофи онро меомухт. Омузгор Асад Отаев барои аз набототи хавзаи Сирдарё руёнидани рангхои гуногун тадкикот мебурд, ки онхо дар саноати сабуки Точикистон истифода мешуданд. Дар ин айём устодони факулта на танхо бо илму таълим, балки бо неруи тани худ барои галабаи бузург сахм гузоштанд. Аввалин шуда омузгори кафедраи ботаника Кодир Назаров ба чанг рафт, пасон ба у устодон А.Отаев, З.Осимов, А.Хамидов, А.Сулаймонов ва М.Ализода пайрави карданд.

Дар огози солхои 60-ум кафедрахои зоологияю география таъсис ёфта, дар онхо корхои тадкикоти илми низ бурда мешуданд.

Соли 1965 кафедраи геогафияи табии таъсис дода шуд. Нахустмудири он Х.Г.Очилов ба кафедра беш аз 10 сол сарвари кард. Дар ин кафедра муаллимони ояндаи донишгох Бахром Хайдаров, Саттор Худойбердиев, Садриддин Абдурахимов, Муллочон Турдиев, Сахобиддин Камолиддинов, Мархабо Исмоилова, Лутфия Исмоилова ба камол расида, дар рушди илми география сахм гузоштанд. Собик мудири кафедраи методикаи таълими табиатшиноси Р.Мирзобаходуров, устодон Б.Максудов, В.Сурмачевский, А.Тян, О.Гиёсов, Д.Музаффаров дар тарбияи мутахассисон барои хочагии халки Точикистон захмати зиёде кашидаанд.

Факултаи табиатшиноси дар тахкими дустию хамкории олимони бисёр чумхурихо низ хидмати шоиста кардааст. Аз солхои 60-уми асри ХХ то с. 1992 донишчуёни курсхои сеюм ва чахоруми ихтисоси география-биологияи тачрибаи амалии худро дар чумхурихои Осиёи Миёна, Федератсияи Русия, Украина, Белорусия, Кавказ, Назди Балтика, Шарки Дур, Олтою Саян мегузарониданд. Онхо баробари омузиши шароити табиии кишвархои гуногун робитаи илмии факултаро бо кишвархо ва муассисахои таълимии мухталиф мустахкам намуда, дар тахкими дустиву бародарии донишчуён мусоидат мекарданд. Солхои 70-уми асри ХХ бо ташаббус ва захматхои устодон А.Отаев, Б.Хайдаров, К.Назаров ва Р.Норматов ва дастгирии хамачонибаи рохбарияти донишгох дар мавзеи Палоси нохияи Б.Гафуров минтакаи тачрибавию истехсолии факулта таъсис дода шуд. Дар ин минтака донишчуён дониш, махорат ва тачрибаи амалии худро аз фанхои хокшиноси, ботаника, обу хавосанчи, асосхои хочагии кишоварзи, зоология, биология, геология, гидрология такмил медиханд ва донишхои назариявии худро дар амалия санчида, самараи чустучухои илмии худро мебинанд.

Устодони имрузаи факулта докторони илм, профессорон Толибчон Хобилов, Рахмат Охунов, Садриддин Абдурахимов ва Саттор Худойбердиев, номзадони илм Саидчон Каримов, Музаффар Мухаммадчонов, Малохат Бобочонова, Максудчон Хайдаров, Фотима Очилова, Турдибой Турдиев, Абдуфаттох Рахимов, Мунирхон Хочаев, Ёкубчон Хомидов, Зебо Домуллоева ва Рохат Хакимоваро барои равнаки илми табиатшиносию усули таълими фанхои табии тамоми дониш, махорат ва малакаи касбии худро ба харч медиханд. Алхол дар факулта 8 кафедра амал мекунад, ки рохбарии онхоро устодони сохибунвон бар ухда доранд. Олимон ва устодони кафедрахо дар асоси барномахои дурнамои тасдикгардида баробари пешбурди раванди таълим тадкикоти илмиро низ ба рох мондаанд ва барои тайёр намудани кадрхои болаёкати илмиву омузгори пайваста захмат мекашанд. Дар факулта аз руи ихтисосхои “География”, “Биология”, “Химия”, “Экология” ва “Демография” мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Кафедраи ботаника яке аз аввалин кафедрахои донишгох буда, с.1936 таъсис ёфтааст ва асосгузори он Ходими хизматнишондодаи илми ЧШС Точикистон Богдан Михайлович Комаров мебошад. Факултаи табии фаъолияти кори худро аз солхои 1932-33 огоз карда буд. Он вакт факулта аз ду шуъба: техники-физики ва агробиологи иборат буда, хамаги 19 донишчу дошт. Минбаъд ин ду шуъба ба ду факултаи алохида: физика-техника ва табиатшиносию химия табдил ёфт.

Факултаи табиатшиносию химия дар ибтидо як кафедра дошт ва ба шуъбаи биологияи он Б.М.Комаров рохбари мекард. Аз с.1934 кафедраи алохидаи биология ба фаъолият шуруъ кард. Аз с.1936 ба кафедраи ботаника Б.М.Комаров сарвари кардааст. Он вакт кафедра дар ду уток чойгир буда, хамаги ду-се микроскопи мактаби ва чанд таблитса дошт. Китобхои дарси ва методи на танхо ба забони точики, балки бо забони руси хам вучуд надоштанд. Дарсхои ботаника бо забони руси ва бо иштироки тарчумон гузаронида мешуданд. Б.М.Комаров мушкилоти азхудкуниро аз чониби донишчуён хис карда, барои тайёр кардани кадрхои махалли кушиш намуд, хамзамон ба омухтани забони точики ва мураттаб сохтани «Лугати руси-точикии ботаника» чиддан машгул шуд.

Дар он давра донишчуён З.Осимов аз физиологияи рустани, М.А.Носиров аз биология ба сифати тарчумон кор мекарданд. Дар соли тахсили 1935-36 бори нахуст фанни биология ва физиологияи рустанихо аз тарафи З.Осимов ва с.1937 фанни ботаника аз тарафи А.А.Отаев ба забони точики хонда шуданд. Хайати кафедра аз соли 1936 сар карда, аз хисоби дастпарварони факулта бо кадрхои махалли мукаммал мегардид.

Дар арафаи тачлили 25-солагии донишкада дар факулта хамаги 14 нафар номзадхои илм буданд, ки аз онхо се нафарашон:Б.М.Комаров, Б.Я.Танатин, Х.Г.Очилов дар кафедраи ботаника кор мекарданд. Пешрави дар нимаи дуюми солхои 70-ум хам аз чихати пойгохи модди-техники ва хам аз чихати тайёр кардани кадрхо назаррас буд. Лабораторияхо ва кабинетхо бо тачхизоти замонави таъмин карда шуданд. Аз кадрхои махаллии кафедраи ботаника омузгорон А.А.Отаев, О.Д.Дадобоева, И.Т.Туракулов, М.Т.Точибоев, Г.А.Домишлинетс, А.С.Саидов, И.Т.Тиллобоев, М.Р.Саидова, И.А.Отаев, М.Ч.Бобочонова, С.Валламатова рисолахои номзади химоя намуданд. Холо зиёда аз 80 фоизи устодони кафедра дарачаи илми доранд.

Кобили таъкид аст, ки даххо дастпарварони кафедра рисолахои номзади ва доктории худро берун аз чумхуриамон дифоъ карда, ба дарёфти дарачахои илми шарафёб гардиданд. Доктори илмхои биология, академики АУ Точикистон С.Н.Носиров, ки на танхо дар каламрави собик ИЧШС, балки дар микёси чахон маъруфият дорад, узви вобастаи АУ Точикистон М.Р.Расулова, ки солхои тулони сарвари Пажухишгохи ботаникаи АУ Точикистон буд, доктори илмхои биологи, узви вобастаи Акакдемияи улуми Чумхурии Точикистон Х.Абдуллоев ва дигарон аз он чумлаанд.

Дар кафедра гербарии ба номи Б.М.Комаров амал мекунад, ки асоси он хануз соли 1934 гузошта шуда буд. Он дорои бештар аз 60 хазор нусха гербарии рустанихо буда, гановати олами рустанихои Точикистони Шимолиро инъикос мекунад. Ин кори хайрро шогирдони Б.М.Комаров А.А.Отаев, М.Т.Точибоев, О.Д.Дадобоева, И.Т.Туракулов, М.Д.Бобочонова идома доданд.

Аввалин мачмўаи тадкикоти илмии ДДОЛ ба с.1934 рост меояд, ки ба он асосан корхои кафедраи биология ва химия дохил шудаанд. Аз 10 нашри чамъбастии тадкикоти олимони Донишгох то соли 60-ум 5 нашри он ба кафедраи ботаника, зоология ва химия тааллук дошт. Нашри якуми илмии таълифоти омузгорони ДДОЛ ба корхои аъзои кафедраи ботаника бахшида шуда, он соли 1948 бо тахрири Б.М.Комаров аз чоп баромад. Яке аз дастовардхои намоёни кафедра нашри китоби «Муайянкунандаи рустанихои Точикистони Шимоли»-и Б.М.Комаров буд, ки он солхои тулони китоби руимизии ботаникхои водии Фаргона гардид ва хануз хам мавриди истифодаи донишчуён ва ходимони илм мебошад.

Кафедра дар тули фаъолияти худ бо якчанд донишкада ва донишгоххои собик ИЧШС ва чумхуриамон, аз чумла бо Пажухишгохи ситология ва генетикаи шахри Новосибирск, бо Пажухишгохи физиология ва биофизикаи рустанихои АУ Чумхурии Точикистон, бо Боги ботаникии Маркази илмии Хучанд, бо Пажухишгохи рустанипарварии Санкт-Петербург ба номи И.И.Вавилов ва гайра хамкори ва робитахои пурсамар дорад. Кафедраи ботаника аз с.1936 то ин дам мустакилона амал мекунад ва аз с.1999 ба номгуи фанхои кафедра физиологияи рустанихо илова карда шуд.

Пас аз ба нафака рафтани Б.М.Комаров кафедраро шогирдони олим сарвари карданд. Дар солхои гуногун ба кафедра устодони зерин рохбари кардаанд: А.А.Отаев (1959-76), Г.А.Домишлинетс (1977-78), О.Д.Дадобоева (1978-82), М.Г.Точибоев (1982-97). Аз с.1997 мудирии кафедраро доктори илмхои биология, М.Д.Бобочонова бар ухда дорад.

Аъзои кафедра дотсентон Г.А.Домишлинетс, А.С.Саидов, О.Д.Дадобоева ва И.Т.Туракулов солхои гуногун сарварии факултаро низ ба зимма доштанд.

Холо кафедраи ботаника ва физиологияи рустанихо яке аз кафедрахои калонтарини факулта буда, аз ду шуъба: ботаника ва физиологияи рустанихо иборат аст.

Дар кафедра 7 номзади илм, 3 сармуаллим, 1 муаллим корхои таълими ва тарбияви мебаранд.

Аъзои кафедраи ботаника ва физиологияи рустанихо аз руи накшаи дурнамои барои солхои 2006-2010 мураттабёфта оид ба мавзуи «Флора ва рустанихои Точикистони Шимоли» тадкикоти илми мебаранд.

Дотсенти кафедра О.Д.Дадобоева монографияи худро бо номи «Рустанихои шифобахши флораи Точикистон» с.1999 мунташир сохт. Китоби дигари у бо номи «Гелиотрок опущеноплодный-кукмараз сорное растение» аз чоп баромад.

Кафедраи географияи иктисоди ва ичтимои яке аз кафедрахои асосии факултаи фанхои табиии ДДХ ба номи академик Б.Гафуров ба хисоб рафта аз 1-уми сентябри с.1992 фаъолият дорад.

Сохтори фанхои таълимии кафедра ба се гурух чудо карда шудааст:

1.Фанхои таълимии иктисоди-географи-зиёда аз 10 номгуй;

2. Фанхои марбут ба услуби таълими география-зиёда аз 6 номгуй;

3. Фанхои тахассусманди, ки аз соли сеюми тахсил таълим дода мешаванд- зиёда аз 10 номгуй;

Барои татбики назария дар амалия ва аз нигохи географии иктисоди гани гардонидани чахонбинии илми дар назди кафедра тачрибаомузии  таълими-сахрои ва омузгори чори карда шудааст.

Кафедра бо максади халли масоили иктисоди ва ичтимои, таълим ва тарбия дар назди худ чунин вазифахоро гузоштааст:

1. Ба дарачаи баланди илми-методи ташкил кардану гузаронидани раванди таълими назарияви ва амали;

2. Баланд бардоштани чахонбинии илми-географи ва иктисодии донишчуён;

3. Дастрас намудани навигарихои иктисоди ва ичтимои дар сохахои гуногуни халк, маориф, маданият, саноат ва кишоварзи.

Холо дар кафедра устодони варзида, дотсент С.Камолиддинов, мудири кафедра М.Д.Хайдаров, сармуаллимон З.Муинова, С.Охунова ва дигарон фаъолият доранд, ки сахми онхо дар таълиму тарбияи шогирдон назаррас мебошад. Устодони номвар, аз кабили Дадочон Музаффаров, Обидчон Гиёсов, Бахром Хайдаров ва Абдулло Каримов, ки имруз дар кайди хаёт нестанд, дар тарбияи кадрхои баландихтисос сахми арзанда гузоштаанд.

Кафедраи географияи иктисоди ва ичтимои бо донишгоххои бонуфузи ИДМ, аз кабили Донишгохи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, донишгоххои ш.Санкт-Петербург, Тошканд, Бишкек ва Душанбе робита ва хамкорихои илми дорад. Имруз дастпарварони кафедра З.Зокиров ва М.Зокирова дар аспирантураи Донишгохи ш.Маскав тахсил мекунанд. Мухаккикон С.Охунова ва Д.Саидова дар арафаи анчом додани рисолахои номзади мебошанд. Кафедра аз соли тахсили 2006-2007 аз руи мавзуи илмии тасдикгардида тахти унвони «Тадкикоти комплексии иктисодию географи ва усулхои омузиши таълими фанхои география дар вилояти Сугд» чустучухои илми бурда истодааст. Бо ин максад дар нохияхои Ашт, Истаравшан, Шахристон, Айни, Панчакент экспедитсияхои илми гузаронида, маводи ба даст омада мавриди тахлил карор мегирад.

 

Кафедраи географияи табии с.1965 бо ташаббуси профессор Х.Г.Очилов ташкил ёфта буд. Дар ташкили шуъбаи география сахми устодон Х.Г.Очилов, Б.Максудов, Б.М.Хайдаров, В.И.Сурмачевский назаррас буд. Солхои шастуми карни бистум барои мустахкам гардонидани пойгохи моддию техникии кафедра ва наздик намудани фанни география бо табиати Точикистон дар барномахои таълим омузиши сарватхои табиии кишвар ба рох монда шуд.

Тули солхои мавчудияти кафедра ба он устодон Х.Г.Очилов, О.Гиёсов, А.Рачабов, Д.Ёкубов, А.А.Зайниддинов сарвари кардаанд. Аз с.2005 доктори илмхои геология-минералогия, профессор С.Я.Абдурахимов мудирии кафедраи географияи табииро дар ухда дорад.

Кафедраи географияи табии рохи мураккаби ташаккулёбиро аз сар гузаронидааст. Барои тайёр кардани мутахассисони сохаи география фанхои тахассусии «Географияи табиии материкхо», «Географияи табиии ИДМ», «Географияи табиии Точикистон» омузонида мешаванд, ки онхо як кисми таркибии фанхои заминшиноси, обухавосанчи ва иклимшиноси, геологияи динамики, географияи хок, геологияи таърихи, гидрология, топография, картография, геоморфология, ландшафтшиноси ба шумор мераванд. Солхои тулони таълими ин фанхоро устодон (Х.Г.Очилов), (Б.Максудов), (В.И.Сурмачевский), (М.Ю.Турдиев), С.Я.Абдурахимов, (Н.Т.Тимофеев), (А.Рачабов), М.Набиев, А.А.Зайниддинов, (О.Гиёсов), Д.Ёкубов, М.Хайдаров, М.Исмоилова, Л.Исмоилова, М.Хочаев, Т.М.Турдиев, М.Хочибоева, Р.Рахматуллоева, М.Аминов, З.Амонова, З.Зайнуддинова, М.Шарифова ба зимма доштанд ва доранд.  

Барои гузаштан аз омузиши тасвири ба омузиши амалии географияи муосир олимон С.Я.Абдурахимов, А.А.Зайнуддинов, М.Х.Хочаев, Т.М.Турдиев, М.Хайдаров ва М.Гуфронов сахм гирифтаанд.

Бо максади бо амалия пайвастани раванди таълим кафедра лозим донист, ки соли 2005 бунёди осорхонаи «Сарватхои табиии Точикистон»-ро шуруъ намояд. Холо дар он намунахои нотакрори минералхои конхои кишвари кухистони мо хифз мегарданд. Минералхо, чинсхои кухи, сангхои ороиши ва бозёфтхои  палеонтологи дар чараёни таълим мавриди истифода карор гирифта, осорхонаи навбунёд аз хисоби экспонантхои дар рафти тачрибаомузии таълимии сахрои, ки дар манотики мухталифи Точикистон мегузарад, ба даст омада, гани гардонида мешавад. 

Кормандони кафедра тибки барномаи дурнамои тадкикоти илмии «Сарватхои табиии Точикистони Шимоли ва идоракунии он» корхои тадкикоти илмиашонро ба рох мемонанд. Рохбари илмии пажухиш профессор С.Я.Абдурахимов буда, ичрокунандагон устодон М.Х.Хочаев, А.А.Зайнуддинов, М.А.Хочибоева, хамчунин муаллимони кафедрахои дигар Д.Н.Саидова, М.Х.Аминов, З.Г.Амонова ва Э.Х.Иброхимов мебошанд. Дастовардхои илми дар чараёни хондани лексияхо, гузаронидани дарсхои лаборатори ва амали истифода гардида, дар заминаи барномаи мазкур мактаби илмии доктори илмхои геология ва минералогия, профессор Садриддин Яминович Абдурахимов арзи вучуд намудааст. Мактаби илми нерухои аклонии марбут ба улуми геология, гидрология, геоэкология, географияи табии, ландшафтшиноси, геоморфология, палеогеография ва палеонтологияро муттахид намуда, ба ин ришта мухаккикон М.Хочаев, А.Зайнуддинов, А.Рахимов, Ф.Очилова, М.Гуфронов, хамчунин Д.Саидова, М.Аминов, З.Амонова, З.Зокиров, М.Зокирова, Д.Юсуфова, Х.Хомидов ва Д.Хакимов шомиланд. Олимон ва мухаккикон бо омузиши проблемахои пешгуйи ва инкишофи равандхои табии ва техногени, функсияи экологии литосфера, тагйирёбии техногении ландшафт, равандхои тагйирёбии табии ва техногении хавзахои обгундор, пахншавии  фулузоти вазнин дар об, хок ва хаво, сабабхои пайдоиши заминхои вайроншуда ва коркарди онхо, мониторинги системахои табии ва техногени машгуланд.

Максади олимон ва мухаккикон омухтан, пешгуи кардан ва мукаррар сохтани худудхо мебошад, ки дар онхо хавфи руй додани офатхои табии, аз кабили кандашави, фурурави ва г. вучуд доранд. Омузиши ин проблемахо ба идоракуни, истифодаи сарватхои табии ва техногени, пешгуи ва нигох доштани мувозинати экологи мусоидат мекунад. Проблемаи омузиши гидрологи кисман аз тарафи номзади илмхои география М.Хочаев амали гардонида мешавад.

Усули пешгуи ва тагйирёбии мухити геоэкологии нохияхои коркарди саноати кухи аз тарафи профессор С.Абдурахимов пешниход гардид. Омузиш ва ичрои корхои тадкикоти илмии сахрои бо максади пажухиши худудхои алохидаи Точикистон ба тарики зайл чараён мегирад:

- асосноккунии геологи, географи ва геоэкологи;

- фазои чойгиршавии худуди тадкикоти;

- методхои ба хисобгирии даврахои мушохида;

- низоми чамъоварии маълумоти сахрои;

- тартиб ва ташкили мониторинги табии, техногени, геоэкологи.

Баробари бехтар намудани раванди таълим ва баланд бардоштани сатхи дониши толибилмон олимони кафедра минбаъд бо омузиш ва асосноккунии проблемахои муосири геоэкологии Осиёи Маркази, равандхои табии: экзогени ва эндогени, конуниятхои чойгиршавии канданихои фоиданок, истехсол ва идоракунии он, коркарди конхои техногени, пешгуи кардани равандхои табии ва техногени, монеахои геохимияви, функсияи экологии литосфера, пахншавии фулузоти вазнин дар организмхои зинда, аз чумла инсон, тахияи харитахои  махсуси геоэкологи ва гидроэкологи иштигол меварзанд.

 

Кафедраи географияи Точикистон ва демография 30 августи с.1997 бо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б.Гафуров ташкил шуда, профессор С. Худойбердиев мудири кафедра таъин гардид. Р

Аз соли аввал муаллимон А.Рахимов, Р.Сиддикова, М.Исмоилова, Г.Камарова, Ф.Чураев, Г.Юнусов, каме дертар А.Чураев, З.Зокиров, Д.Абдукодирова, Д.Насриддинова, С.Бобочонова, З.Хасанова дар кафедра ба кор шуруъ намуданд. Дар давоми 10 соли мавчудияти кафедра муаллимон як катор китобхои таълими оид ба кишваршиноси ва географияи Точикистон таълиф намуда, ба нашр расониданд, ки иборатанд аз: «Кишваршиносии чугрофи» (2 кисм), «Оё Шумо шахри худ - Хучандро медонед?», «Ватандусти аз омузиши кишвари худ сар мешавад», «Чугрофидонхои Оли Сомон», «Ахлок ва одоби экологи», «Кух ва одамон», «Табиати пурэъчоз», «Тести географи», «Атласи вилояти Ленинобод», «Роххои бехтаргардонии экологияи шахр», «Ленинабадской области 60 лет», китоби дарсии «Чугрофияи Точикистон» (ба забонхои точики ва узбеки), «Вилояти Сугд: ба 1000 савол чавоб». Аз соли 2002 таълими «Асосхои демография» дар хачми 20 соат барои хатмкунандагони хамаи факултахо чори карда шуд. Аз соли хониши 2003-2004 бошад дар назди кафедра ихтисоси демограф-географ ташкил карда шуд. Аксарияти аъзои кафедра ба тадкикоти илми машгуланд. Дар назди кафедра семинари назарияви доир ба географияи иктисодии Точикистон ва сиёсати демографи ташкил карда шудааст. 10 сол аст ки махфили донишчуён тахти унвони «Географияи Точикистон» фаъолият мебарад.

 Кафедраи зоология аз чумлаи кафедрахои нахустташкили Донишгох махсуб ёфта, дар ибтидо он ба хайъати кафедраи химияю биология (мудираш и.в. проф. А.А.Диброва) ва аз соли хониши 1933-34 ба кафедраи биология (мудираш и.в. проф. Б.М.Комаров) шомил буд. Дар соли хониши 1937-38 кафедраи биология ба 2 кафедраи мустакил - зоология (мудираш М.Ф.Коновалова) ва дарвинизм (мудираш проф. А.В.Буртсев, сипас проф. В.С.Шердаков) кисмат мешавад. Соли 1941 кафедраи дарвинизм ба кафедраи зоология хамрох карда шуд.

Кафедраи зоологияро дар гузашта М.Ф.Коновалова, С.Ю.Мадаминов, номзадхои илм И.М.Уткина, В.М.Веретенникова, Ю.Р.Дониёров, доктори илмхои биология, профессор Т.К.Хобилов сарвари кардаанд. Аз с.1996 то с.2007 мудири он дотсент М.М.Мухаммадкулов буд. Айни хол мудири ин кафедра дотсент З.Домуллоева мебошад.

Дар ибтидо таълими фанхои зоологиро дар катори олимони номбурда омузгорони чавон М.А. Носиров, М.И.Константинова, В.Ш.Шамсиев, Б.Я. Танатин, А.Я.Крбилов ба зимма доштанд, ки аксарашон шогирдони А.Н.Данский будаанд.

Бо такозои замон с.1968 аз кафедраи зоология кафедраи анатомия, физиология ва гигиенаи мактаби чудо шуд, ки онро солхои тулони дотсентон М.К.Маллахучаев, Г.М.Мухаммадов, А.Б.Мухиддинов, Т.К.Хобилов сарвари карданд.

Дар кафедраи номбурда сармуаллимон С.А.Олимов, Э.Р.Рахматов, С.Р.Рахматова, Э.И.Ефремова, С.И.Архипова, Т.А.Ахмадов, А.А.Абдукаххоров, Ш.Э.Шарифова, З.К.Дадобоева, Ф.Г.Ганиев мехнат кардаанд. Соли 1996 кафедраи мазкур бо кафедраи зоология муттахид карда шуд.

Дар рушду нумуи корхои таълимию илми, тарбияву ба воя расонидани мутахассисони баландихтисоси биология сахми аъзои кафедра шодравон С.Ю.Мадаминов, Ш.В.Шамсиев, А.Эшибоев, У.Д.Чалилов, М.Добросмислов, С.Ансиферова, Р.А.Мирзобаходуров, Р.Ю.Дониёров, И.Ф.Иброхимов, Э.И.Ефремова, С.Р.Рахматова калон аст.

Алхол дар кафедра доктори илмхои биологи, профессор Т.К.Хобилов, номзадони илмхои биология, дотсентон Н.Г.Гаврилова, О.Х.Хомидов, М.М.Мухаммадкулов, З.Р.Рачабова, С.Б.Каримов, номзадони илмхои биология И.Р.Эргашбоев, З.Д.Домуллоева, Ш.Р.Мирзобаходурова, М.Обидова, сармуаллимон Э.Р.Рахматов, С.А.Олимов, 3.Б.Бобоева, А.А.Абдукаххоров, З.К.Дадобоева, сармуаллим, номзади илмхои биология Х.Хидиров ва сарлаборанти кафедра М.Х.Хучаева, Г.Ш.Чураева, М.Б.Болтабоева, З.К.Кодиров фаъолият доранд.

Аъзои кафедра имконоти мавчудаи пойгохи моддию таълимии кафедраро хаматарафа истифода бурда, фаъолияти омузгориро бо корхои тадкикоти илми дар самтхои зерин мохирона пайваста истодаанд: териология, паразитология ва энтомология. Онхо тахти рохбарии профессор Т.К.Хобилов мувофики дурнамо дар мавзуи «Хайвоноти нодири мухрадори Точикистони Шимолию Маркази ва масъалахои мухофизати онхо» корхои тадкикоти илмиро идома медиханд.

Кормандони кафедра бо хамрохии олимони Пажухишгохи зоология ва паразитологияи АУ ЧТ дар хочагии «40-солагии Точикистон»-и н.Зафаробод усулхои интегратсионии мубориза алайхи хашароти зараррасони пахтаро истифода намуданд.

Соли 1998 бо ташаббуси кафедра нахустин конфронси байналхалкии экологхои кишвархои Осиёи Маркази дар мавзуи «Гуногуншаклии хаёт» баргузор гардид. Натичахои пажухишхои илмии аъзои кафедра дар рисолаву асархои илмии Т.К.Хобилов «Фаунаи ЧШС Точикистон» (чилди ХХ), «Дастболон» (Д., 1992), Ю.Р.Дониёров «Гамбускхои хокии заминхои бекорхобидаи лалми ва заминхои нав азхудшудаи Точикистони Шимоли» (Д., 1982), М.М.Мухаммадкулов «Фаунаи эктопаразитхои паррандагони Точикистон» (Хучанд, 1998), З.Р.Рачабова «Фаунаи парвонахои Точикистони Шимоли» (Хучанд, 1999) ва гайра акс ёфтаанд. Омузгорони кафедра хамчунин чандин дастурхои методиро ба забонхои точикию узбеки нашр карданд, ки онхо барои донишчуёни факулта кумак мерасонанд.

Осорхонаи зоологи хамсинни кафедра ба шумор рафта, дар бунёди он мутахассисон М.Ф.Коновалова, С.Ю.Мадаминов сахми арзанда гузоштаанд. Холо дар он зиёда аз 5100 нигора (экспонат) аз гуруххои асосии олами хайвоноти Точикистони Шимоли, хамчунин китъахои Амрико, Австралия ва укёнусхо чамъ оварда шудааст.

Осорхонаи зоологи дар раванди таълиму тарбияи донишчуён, дар донишомузии онхо аз сикли фанхои зоологи, назарияи эволютсиони, дарвинизм, биологияи умуми, хифзи табиат ёрии амали расонида, онхоро бо олами хайвоноти Точикистон, хайвоноти нодири ба Китоби сурх дохилгашта шинос менамояд. Осорхона барои омузгорони фанхои биологи ва толибилмони мактабхои шахру навохии в.Сугд маркази маърифат махсуб мегардад.

Кафедраи зоология бо мактабхои таълимоти хамагони, литсею коллечхои вилоят алокаи зич дорад. Ба хусус кафедра бо литсей-гимназияи №3-и ш.Хучанд робитаи наздик дошта, барои ташкили кабинети биология, гузаронидани «Иди паррандагон» ва дигар чорабинихо ёрии илмию амали расонида истодааст.

Омузгорон ва кормандони кафедра дустдорони асили табиатанд, бинобар ин хангоми таъсис ёфтани «Ассотсиатсияи дустдорони табиат»-и в.Сугд фаъолияти чашмрас нишон доданд. Кормандони кафедра профессор Т.К.Хобилов муовини аввали раис, дотсент М.М.Мухаммадкулов узви раёсати ассотсиатсияи мазкур интихоб гардиданд.

Кафедраи зоология барои комёбихо дар раванди таълиму тарбия ва тадкикоти илми, иштироки фаъолона дар корхои чамъиятии донишгох ду маротиба сазовори Ифтихорномаи Донишгох (1978, 1979) гардидааст.

Музеи зоологии ба номи Рахмон Алиевич Мирзобаходуров. Музеи зоологии Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Гафурови факултаи фанхои табии хамсоли Донишгох аст, чунки нахустин экспонантхои он хануз соли 1932 дарёфт карда шуданд. Дар ташкил ва тадричан гани гардонидани музей нахустин мутахассисон-зоологхо М.Ф.Коновалова ва С.Ю.Мадаминов хизмати босазо ва арзанда кардаанд. Аз рузхои нахустини таъсисаш музей  бо коллексияхо, хусахо ва дигар маводи аз манотики берун аз Точикистон оварда ва махалли пурра карда мешуд. Махсусан донишчуён дар давраи тачрибахои таълимии сахрои бо рохбаладии устодон намунахои фаунаи Точикистонро оварда, баъди коркарди махсус дар музей мегузоштанд.

Соли 1977 музеи зоологи пурра тачдид ва таъмир карда, бо витринахои нави замонави мучаххаз гардид. Хамзамон тамоми экспонантхои музей ба як низоми муайян аз руи синф ва гурухи олами хайвонот гузошта шуданд. Акнун муштариён нахуст аз хайвоноти бемухра дидан намуда, сипас намояндагони ширхоронро тамошо мекунанд.

Алхол дар музей беш аз 5200 экспонант махфузанд, ки ба тамоми гуруххои олами хайвонот мансубанд. Махсусан намояндагони бемухрагон-синфи тортанакшаклон ва хашарот бартари доранд. Намояндагони мухрадорон-синфи хазандагон ва паррандагон нисбатан бештар ба маърази намоиш гузошта шудаанд. Яке аз экспонантхои чолиби музей тазарв аст. Тазарв аз оилаи мургмонандхо буда, он бо зебои ва мавзунии худ симои хеле дилкаш дорад. Тазарв паррандаи нодир буда, дар Точикистон се зернамуди он дида мешавад: сиёхтобу тиллоранг ё точикистони, зарафшони ва сирдарёи.

Байни  экспонантхо гурухи хайвоноти нодир, эндемики ва кам тадкикшуда низ ба назар мерасанд. Хамчунин дар музей намояндагони олами хайвоноти китъахои Америка ва Австралияро, аз кабили зирехпуш, моллюскхо ва исфанчхо аз бахри Кариб, сангпушти бахри ва кенгуруи азимчусса аз Австралия дучор омадан мумкин аст. Фаунаи Точикистони Шимоли, ба монанди мохии белбинии Сирдарё, сусмори хокистарранг, ки ба Китоби сурхи Точикистон дохил карда шудаанд, барои омузиши олами хайвоноти диёрамон накши калон дорад. Аз катори морхо мори гурза, ки сокини Осиёи Маркази аст, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Хамзамон диккати касро катори дастболхо аз оилаи куршабпаракхо ба худ мекашад. Ареали пахншавии куршабпаракхои камёфт водихои Хисор, Вахш, Зарафшон  ва Точикистони Шимоли буда, дар омузиши ин чонварони ачоиб  профессор Т.К.Хобилов солхои тулони тадкикоти илми бурдааст.

Музеи зоологии ба номи Р.А.Мирзобаходуров барои тарбияи экологи ва зебоипарастии донишчуёни донишгоххо ва хонандагони макотиби миёна сахми назаррас дорад. Музеи зоологии кафедраи зоология ва физиологияи одаму хайвонот, бешак барои ганигардонии раванди таълим ва хифзи табиати диёр, олами хайвонот мавкеи сазовор касб кардааст. Олами хайвоноти Точикистон табиатан рангин буда, мухофизат ва тачдиди саршумори хайвоноти нодир ва кам шудаистода, ки сокинони биосфераи Замин мебошанд, яке аз масъалахои умдаи имруз махсуб меёбанд.

 

Кафедраи тарбияи эстетики ва табиатшиноси с.1973 ташкил шудааст. Солхои 1973-80 рохбарии он ба зиммаи олим ва омузгори бомахорат, номзади илмхои география Б.М.Хайдаров гузошта шуда буд. Номзади илмхои биология С.Б.Каримов солхои 1991-96 ба фаъолияти кафедра рохбари кардааст. Аз с.1996 то июни с.2007 мудири кафедра дотсент А.Р.Назаров буд. Аз мохи июни с.2007 ба кафедра дотсент С.Валламатова сарвари дорад.

Нахустин устодони кафедра М.Темиров, М.Муродова, З.Рачабова, С.Валламатова, М.Холматов ва Ш.Нисоновро имрузхо кормандони факултаи педагоги бо неки ба забон меоваранд, чунки аксари онхо беш аз 35 сол дар донишгох фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро ба камол расонидаанд.

Аксари олимону омузгорони кафедра хатмкардагони факултаи табиатшиносию география буда, дар марказхои илмии шахрхои Санкт-Петербург ва Душанбе рисолахои номзадии худро дифоъ намудаанд. Онхо аз махзани илму адаби устодони худ бахраи фаровон бурда, имруз бахри таълиму тарбияи мутахассисони баркамол содикона ва пурсамар мехнат мекунанд. Аъзои кафедра бештар аз 10 номгуй фанхои мухталифи биологию эстетикиро дар шуъбахои рузона ва гоибона таълим медиханд. Хайъати дотсентону омузгорон тибки накшаи тадкикоти илми тахти рохбарии дотсентон А.Р.Назаров ва С.Валаматова рочеъ ба «Олами хайвонот ва набототи Точикистони Шимоли» (Омузиш, мухофизат ва истифодаи окилонаи он) чустучуи илми мебаранд. Устодони кафедра наздик 20 дастури таълими-методи ва 100 маколаю фишурдаи илми-методиро ба чоп расонидаанд.

Кафедраи химия мохи январи с.1933 дар заминаи шуъбаи агробиологи, ки с.1932 таъсис ёфта буд, бо ташаббуси и.в.профессор А.А.Диброва ташкил гардида, мавсуф то с.1945 сарварии кафедраро ба зимма дошт. Солхои аввал дар кафедра 3 нафар кор мекарданд: мудири  кафедра А.А.Диброва, як лаборант ва як ташрехгар.

Соли хониши 1936-37 дар хаёти кафедра соли хотирмон буд, чунки аввалин мутахассисони сохаи химия-биология донишкадаро хатм намуданд.

Хамон сол хатмкардагони хеле болаёкат З.С. Осимов ва А.А Отаев дар кафедраи химия ва ботаника ба кор кабул шуданд.

Соли 1939 бо ташкил ёфтани факултаи химия кафедраи химия ба ду кафедраи мустакил чудо шуд: кафедраи химияи умуми ва гайриорганики ва кафедраи химияи органики. Тирамохи соли 1940 ин ду кафедра аз нав дар кафедраи химия муттахид гардид.

Бо огози Чанги Бузурги Ватани омўзгорони кафедра М.А.Ализода, З.С. Осимов, Б.Н. Раупов, Р.Мавзутов ва дигарон барои химояи ватан ихтиёри ба чанг рафтанд.

Ба кафедра дар солхои гуногун устодони зерин рохбари кардаанд: А.С.Сулаймонов (1952-56), М.А.Ализода (1956-63), дотсент Х.К.Косимов (1963-73), Р.К.Каримов (1973-75), дотсент М. Мухиддинов (1975-80), дотсент Н.Хакимхўчаев (1980-93). Аз с.1993 то с.1996, яъне то ба ду кафедра: кафедраи  химияи умуми ва услуби таълими он ва кафедраи химияи органики ва амали чудо шуданаш мудир дотсент Р.Охунов буд. Сипас баъди чудо шудан Р.Охунов то с. 1999 мудирии кафедраи химияи умуми ва услуби таълими онро ба зимма дошт. Солхои 1999-2004 ба кафедра дотсент Н.Хакимхучаев сарвари кардааст. Аз с. 2004 мудири кафедра профессор Р.Охунов мебошад. Алхол дар кафедраи химияи умуми  ва услуби таълими он мутахассисони сохибунвон ва омўзгорони сохибтачриба, профессор Р.Охунов, дотсентон Н.Хакимхўчаев, М.Мухиддинов, Р.А.Чулиев, сармуаллим М.И.Сабуров, муаллимон У.Р.Охунова, З.Ахмедова инчунин лаборантон М.Турдиалиев, Н.Чураева, М.Фахриддинова ва ташрехгар Д.Азимова фаъолият мебаранд. Кобили таъкид аст, ки аъзоёни кафедра фаъолияти таълими ва тарбиявиро дар хам бастаги бо тадкикоти илми пеш мебаранд.

Тахти рохбарии профессор Р.Охунов омузгорон М.И.Сабуров, Р.А.Чўлиев ва У.Р.Охунова бо синтези фторокомплексхои 3d- металлхо, металлхои ишкори ва омўхтани хосиятхои физикию химиявии онхо машгуланд. Гузашта аз ин омўзгорони кафедра бо корхои илми-методи машгул буда, аз тарафи онхо якчанд рахнамохои таълим ва дастурхои таълимию методи тахия ва нашр гардидаанд.

Кафедраи химияи органики ва амали бо такозои замон 1 январи с.1996 бо номи кафедраи химияи органики, физикию коллоиди ва технологияи химияви баъди 56 соли бархамхурии кафедраи химияи органики (1939-40, мудираш дотсент Л.Ш.Рачабов) таъсис ёфтааст.

Номзади илмхои химия М.С.Мухаммадчонов мудири кафедра таъин гардид (1996). Дар кафедра дотсентон Х.Косимов, Г.А.Мирзобоев ва А.Иброхимов ва сармуаллимон С.Самадова ва Х.М.Насриддинов ба фаъолият шуруъ карданд.

Устодон, аспирантон ва унвончуёни кафедра дар асоси як барномаи тадкикоти илми «Химияи бензодитиепинхо» фаъолияти илми мебаранд, ки то имруз се нафарашон рисолаи номзади дифоъ кардаанд.

Бори аввал дар таърихи 75-солаи шуъбаи химия тули дах соли охир тадкикоти илми дар кафедра мутобики фармоиш-нарядхои Вазорати маорифи ЧТ ичро карда мешавад (рохбари мавзуъ М.С.Мухаммадчонов).

Гурухи мухаккикон тахти рохбарии М.С.Мухаммадчонов солхои 1985-88 корхои тадкикоти илмиро дар асоси шартномаи хочаги ичро намуданд, ки кисме аз дастовардхои он дар НКХХ ИЧШС намоиш дода шуда буд. Кумитаи тадорукот М.С.Мухаммадчоновро бо медали нукра, М.Т.Каримова ва Н.Хакимхучаевро бо медалхои биринчи ва Донишгохро бо Дипломи дарачаи дувуми Намоишгох сарфароз гардонид .

Бо максади сахехтар ва ба вазифааш наздиктар намудан соли 2004 кафедра - кафедраи химияи органики ва амали ном гирифт .

Кафедра гузориши машгулиятхои лексиони ва лаборатории химияи органики, физики, коллоиди, биологи, технологияи химияви, химияи кванти, сохти модда, биологияи молекулави, экологияи химияви ва токсикологияи экологиро барои донишчуени ихтисосхои «011000-Химия», «011600-Биология» ва «013100-Экология»-и шуъбахои рузона ва гоибона ба рох мондааст.

Алхол дар кафедра мутахассисони сохибунвон ва омузгорони сохибтачриба - дотсентон М.С.Мухаммадчонов, А.Иброхимов, Д.А.Ортикова, сармуаллима М.Р.Зоидова, ассистентон П.И.Орифчонова, М.Т.Зоидова, мухандис, номзади илмхои физикаю математика А.Усмонов, мудири лаборатория Ш.Ф.Зайниддинов, лаборантон Ч.Бердиев, Г.Чумъаева, Л.Махмудова ва М.Алиев бахри  тайёр кардани мутахассисони ба талаботи айём чавобгу фаъолият доранд.

Чои ифтихор аст, ки дар байни хатмкардагони кафедра академикхо, узвхои вобастаи АУ ЧТ, профессорон, докторхо ва номзадхои илм аз фанхои мухталиф, аълочиёни маориф ва муаллимони шоиста хастанд,ки дар сохахои гуногуни хочагии халк фаъолият бурда, дар тарбияи насли наврас дар рухи ватандусти, хештаншиноси, инсондусти ва рушди илми химия дар Точикистон сахми назаррас мегузоранд.

Кафедра бо дастпарварони: академики АУ ЧТ, собик директори Пажўхишгохи химияи ба номи В.И.Никитини АУ ЧТ профессор И.У.Нўъмонов, собик ректори Донишкадаи политехники, дотсент А.С.Сулаймонов; мудири кафедраи химияи умуми ва услуби таълими он, профессор А.Охунов; дотсентон: Я.Солиев, М.Солиев, И.Азизов, Г.Мирзоев, Г.Мирзобоев, А.Иброхимов, Х.Рачабова, М.Мухиддинов, мудири кафедраи химияи органики ва амали Мухаммадчонов М.С, мудири шўъбаи аспирантураи ДДХ ба номи академик Б.Гафуров М.Т.Каримова, Н.Тошхўчаев, Р.А.Чўлиев ва С.Н.Хакимхўчаев ифтихор дорад.

Кафедраи экология ва усули таълими табиатшиноси 29 июни с.1969 ташкил карда шуда, дар ибтидо бо номи кафедраи методикаи таълими табиатшиноси ва география фаъолият мекард.

Аввалин мудири кафедра номзади илмхои биологи, дотсент О.Дадобоева, аъзои кафедра дотсентон А.Б.Мухиддинов, С.Ш.Худойбердиев, сармуаллимон Т.С.Солиев, К.К.Назаров ва асистентон Л.И.Костроматина, сарлаборант М.Алибоева ва ташрехгар О.И.Буйварено буданд.

Кафедраи методикаи таълими табиатшиноси таълими фанхои методикаи таълими биология, химия, география, воситахои техникии таълим, тахияи воситахои аёни, гузаронидани тачрибахои омузгори ва сахроиро аз методикаи таълими биология ба зимма дошт.

Соли 1978 ба вазифаи мудирии кафедра номзади илмхои биологи, дотсент Р.А.Мирзобаходуров таъин гардид. Тахти рохбарии М. утокхои фанниву лабораторияхо чихозонида, китъаи таълиму тарбиявии назди мактаби (дар назди агробиостансияи донишкада) ташкил карда шуд. Ба кафедра як катор муаллимон ва кормандони чавону пургайрат чун Х.Ашуров, О.Гиёсов, Х.Хакимова, Г.Мухаммадов, С.Каримов ба кор омаданд.

Солхои 1985-87 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмхои биологи, дотсент Г.Мухаммадов ба ухда дошт. Аз с.1987 то с.1996 ба кафедра номзади илмхои биологи, дотсент И.Туракулов сарвари намуд.

Солхои 1987-91 дар кафедра дотсентон И.Т.Туракулов, С.Ш.Худойбердиев, О.Гиёсов, номзади илмхои биологи С.Б.Каримов, сармуаллимон М.Темиров, Т.Курбонов, Г.Гаффоров, муаллимон Г.Ортикбоев, Х.Хакимова фаъолият доштанд.

Соли 1991 сармуаллими кафедра Г.Гаффоров дар мавзуи «Флора ва систематикаи хавзхои дарёи Хочабокиргон» дар Пажухишгохи ботаникаи АУ Чумхурии Узбекистон рисолаи номзади дифоъ намуд.

Соли 1994 сармуаллими кафедра И.Ортикбоев рисолаи номзадиро дар мавзуи «Методикаи ба амал баровардани тарбияи мехнатии хонандагони синфхои 6-7 хангоми омухтани экологияи рустани» дар ш.Санкт-Петербург дифоъ намуда, ба дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои педагоги шарафёб гардид. Азбаски фанни усули таълими химияи умуми ва усули таълими география ба кафедраи географияи иктисоди гузаронида шуд, кафедра (аз с.1992) номи методикаи таълими биологияро гирифт.

Соли 1998 он кафедраи биологияи умуми ва методикаи таълими он номида шуда, 24 майи с.1996 баъди бархам хурдани кафедраи геоэкология кормандони он ба кафедраи биологияи умуми ва методикаи таълими он хамрох шуданд, ки он минбаъд кафедраи биологияи умуми ва хифзи табиат унвон гирифт.

Аз мохи феврали с.1996 то декабри с.2000 вазифаи мудири кафедраи биологияи умуми ва хифзи табиатро олими чавон дотсент Г.Гаффоров ба зимма дошт.

Солхои 90-ум дар кафедра мутахассисони гуногунсоха: профессор-мушовири кафедра Х.Г.Очилов, номзадхои илмхои биологи, дотсентон И.Т.Туракулов, Г.Гаффоров, Ё.Р.Хомидов, И.Эргашбоев, номзади илмхои геология-минералогия, дотсент С.Я.Абдурахимов, номзади илмхои педагоги, дотсент И.М.Ортикбоев, номзади илмхои техники, сармуаллим М.С.Гуфронов, номзади илмхои география, Э.Х.Иброхимов, сармуаллимон Х.Хакимова, М.Х.Аминов, А.Рахимов, муаллимон Л.Исмоилова, Ч.Т.Хучамбердиев, сарлаборант М.Болтубоева, лаборант Ш.Мирзоева фаъолият намуданд.

Мохи декабри с.2000 дар заминаи кафедраи биологияи умуми ва хифзи табиат кафедраи экология ва методикаи таълими табиатшиноси ташкил карда шуд, ки вазифаи мудирии онро (2000-03) дотсент С.Б.Каримов ба ухда дошт.

Аз мохи феврали с.2003 ба кафедра номзади илмхои биологи, дотсент Ё.Р.Хомидов сарвари менамояд.

Алхол дар кафедра 4 нафар номзади илмхои биологи, дотсентон Ё.Р.Хомидов, Г.Гаффоров, С.Б.Каримов, Ф.Х.Очилова, 1 нафар номзади илмхои кишоварзи, дотсент А.Н.Бобочонов, 1 нафар номзади илмхои педагоги, сармуаллим Ч.Т.Хучамбердиев, 3 нафар сармуаллимон Х.А.Хакимова, Н.Х.Аминов, З.Г.Амонова ва ассистентон М.И.Собитова, М.Ю.Улмасов ва сарлаборантон М.Хайдарова ва М.Мирзокалонова фаъолият доранд.

Алхол кафедра мутахассисони ихтисоси экологияро барои сохахои гуногуни хочагии халк тайёр менамояд. Соли 2006 аввалин мутахассисони сохаи экология донишгохро хатм намуданд.

Дар кафедра барои ихтисоси сохави тахассусмандии «Гуногуншаклии биологи ва хифзи табиат» ташкил карда шудааст. Аъзои кафедра дар раванди ислохоти таълим дар донишгох фаъолона иштирок менамоянд.

Аъзои кафедра дар мавзуи «Хусусиятхои биоэкологии баъзе рустанихои нодир ва махвшуда истодаи флораи Точикистони Шимоли дар шароити боги ботаникии Хучанд» тадкикоти илми мебаранд.